adabiyoti_klassiki | Unsorted

Telegram-канал adabiyoti_klassiki - 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

796

¤ Ирфон ¤ Ҳикмат ¤ Панд ¤ Шеър ¤ Байт ¤ Ғазал ¤ Андеша (аз бузургони олами классикӣ ва ҷадид) http/t.me/ADABIYOTI_KLASSIKI

Subscribe to a channel

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Эй дил аз пасту баланди рӯзгор андеша кун,
Дар барӯмандӣ, зӣ қаҳтии баргу бор андеша кун.

Аз насиме дафтари айём барҳам мехӯрад,
Аз варақгардонии лайлу наҳор андеша кун.

Бар лаби боми хатар натвон ба хоби амн рафт,
Эминӣ хоҳӣ, зӣ авҷи эътибор андеша кун.

Нест бе заҳри пушаймонӣ ҳузури ин ҷаҳон,
Аз раги хоби фароғат ҳамчу мор андеша кун.

Рӯй дар нуқсон гузорад моҳ чун гардад тамом,
Чун шавад лабрез ҷомат аз хумор андеша кун.

Гӯшагирӣ дардисар бисёр дорад дар камин,
Дар муҳити пуршару шӯр аз канор андеша кун.

#Соиб_Табрезӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

#Мавлонои_Румӣ
Пок кун ду чашмро аз мӯи айб,
То бубини боғу сарвистони ғайб.

Дафъ кун аз мағзу аз бини зуком,
То ки реҳ*Аллоҳ дарояд дар машом.

#Шарҳ
Агар хоҳӣ ки аз неъматҳои Худованд баҳраманд бошӣ, аз айби мардум чашм бипӯш, агар ҳамеша дар паи айбҷӯи бошӣ, ин кирдори бад мисли мӯест ки ба чашмат халида , туро азобу шиканҷа медиҳад.

Рафтору кирдори бад мисли зуком ки ба нафас кашидан роҳ намедиҳад, шахси баднияту бадкирдорро аз насимҳои хуши ( неъматҳо) Аллоҳ мутаъол маҳрум месозад.
*реҳ - насим, бод

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Чун пир шудӣ, зи кўдакӣ даст бидор,
Бозию зарофат ба ҷавонон бигузор!
#САЪДӢ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ғазали зебое аз #Мавлоно_Румӣ

Худовандо ба қудрат беназирӣ,
Ки ҳусни лоназирӣ бартанидӣ.

Бигӯ, эй гул, ки ин лутф аз ки дори,
На хори хушк буди мехалидӣ.

Ту ҳам , эй чашм ҷинси хок будӣ,
Бигуфти ман чи бинам, ҳам бидидӣ.

Ту ҳам , эй пой , барҷо монда будӣ,
Давонидат давонанда давидӣ.

Биё уммед бин, ки нек набувад,
Дар ин уммед , беҳад ноумедӣ....

#Шарҳи_ғазал

Яке аз зеботарин ва ғанитарин ғазал, дар васфи Худованди беҳамто.
Хитоб ба Аллоҳи мутаъол ки дар қудрату халқ зебою беназир аст.
Ва ба таври истиора хитоб.ба гул ки аз он шохаи хушки пур аз хор ин ҳама латофати мавҷуд дар гулро аз куҷо оварди?
Ва боз хитоб ба чашм ки ту ки аз хок будӣ чигуна қодир ба дидан шудӣ?
Ва боз хитоб ба пой ки туро он давонанда қодир ба давидан кард , вагарна ту қодир ба ҳаракат набудӣ.
Бо ин ҳама осори саршор аз уммед , ноумеди ҷойгоҳе надорад.....

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Кунун ки гардиши айёмро саботе нест,

Ҳамон хуш аст, ки дар ишқ бигзарад айём,

Ман он мақоми баланд аз куҷо ба даст орам,

Ки ошиқона биёбам, дар он баланд мақом....

#Маликушшуаро_Баҳор

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дар яке аз саҳфаҳои интернети гуфта шуда буд ки , ин акси Лайливу Маҷнун аст, ки дар яке осорхонаҳои ( музей) Фаронса мавҷуд аст....ва ҳаққо , ки " ба Лайлӣ ба чашмони Маҷнун бингар".

#Ҳикоят
Овардаанд ки аҳли қабилаи Маҷнун гирд омаданд ва ба қавми Лайлӣ гуфтанд:
Ин мард аз ишқ ҳалок хоҳад шуд, чи зиён дорад агар якбор дастурӣ бошад, то ӯ Лайлиро бинад?
Гуфтанд:
Моро аз ин маъни ҳеҷ бахилӣ нест...
Валекин Маҷнун худ тоби дидори ӯро надорад.
Маҷнунро биёварданд ва дар хиргоҳи Лайлӣ баргирифтанд. Ҳанӯз сояи Лайлӣ пайдо нагашта буд ки Маҷнунро "маҷнун" дарбоист гуфтан.
Бар хок дар паст шуд.
Гуфтанд:
Мо гуфтем ки ӯ тоқати дидори ӯро надорад, инҷо бувад ки бо хоки сари кӯи ӯ коре дорад.

#Байт
Гар менидиҳад ҳаҷр ба васлат борам,
Бо хоки сари кӯи ту коре дорам...

#Аҳмад_Ғаззолӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Диловар, ки н-андешад аз пилу шер,
Ту девона хонаш, махонаш далер.
#Фирдавсӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Нон аз баройи кунҷи ибодат гирифтаанд
Соҳибдилон, на кунҷи ибодат баройи нон!

#Саъдӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дар дили мӯъмин чор зан зиндагӣ мекунад.
Онҳо:
Модар
Ҳамсар
Хоҳар
Духтар

Модар;
Ризои ӯ амри Аллоҳ аст ва зери қудумаш Биҳишт аст.

Ҳамсар;
Гироми доштани ӯро
Паёмбар саллолоҳу алайҳи васаллам васият карда.

Хоҳар;
Мушфиқаест, ки кони раҳму меҳрабонист.

Духтар;
Тарбияи дурусти ӯ, бароятон кушоиши дарҳои Биҳишт аст.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Иштиёқе, ки ба дидори ту дорад дили ман,
Дили ман донаду ман донаму дил донаду ман.
Хоки ман гил шаваду гул шукуфад аз гили ман,
То абад меҳри ту берун наравад аз дили ман.
#МАВЛОНО

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

То ҳастаму то ҳастӣ, ҳамрози ту хоҳам буд,
То сози даме дорам, дамсози ту хоҳам буд.

Андар дили пуршӯрам то нашъаи дарде ҳаст
Мафтуни табу сӯзи овози ту хоҳам буд.

Чун ҷон на барои тан, шоистаи ҷонон аст,
То ҷону ҷаҳон дорам, ҷонбози ту хоҳам буд.

Бар қасди ҳама қаҳру шӯру шари тақдирам,
Қурбони як имою як нози ту хоҳам буд.

То нола кунад ҷонам, то шиква кунад рӯҳам,
Бо болу пари шеърам парвози ту хоҳам буд.

Ором намеҷӯям, анҷом намехоҳам,
То охири умри дил оғози ту хоҳам буд."

#Лоиқ_Шералӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Маҷмӯъаи амалҳо ки дар тарбияи фарзандон набояд роҳ дода шавад:

🌸 Якдигарро ҳақорат кардани волидайн, ҷанҷолҳо бо овози баланд, инҳо ба шахсияти фарзандон таъсири манфӣ мерасонад. Оромиву осоиштаги ва якдигарфаҳми дар оила барои фарзандон пару бол мебахшад.

🌸Муқоиса кардани фарзандон; яъне таърифи яке аз фарзандон барои сарзаниш кардани дигараш, ин фарзанди шуморо на танҳо рӯҳафтода мекунад, ҳатто метавонад нафратро нисбати бародару хоҳараш ба вуҷуд оварад.

🌸Дустдори бо шарт; яъне ман туро дӯст медорам агар ту ин тавр ҳаракату рафтор куни ё баръакс,.
Ба ҷои ин бигӯед;
Ман туро ҳамеша дӯст медорам , аммо рафтори нолоиқатро не.

🌸Ба писаратон ҳеҷ гоҳ нагӯед; мард ашк намерезад , ё гиря накун айб аст!
Ин дили фарзадатонро сангин месозад, мард бояд ашк рехта тавонад, бояд раҳмдил бошад.

Агар мо имруз ба тарбияи фарзандон ба хусус писарон аҳамияти калон диҳем ,дар пиронсоли дар канори мо мардҳои ғамхор раҳмдил ва қавииродаро мебинем.

Рӯзгоратон саршор аз самимияту ишқу муҳаббат бод!

#Аз_тарбияи_исломӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Шарҳи байтҳои #Мавлонои бузургвор:

Чун ки бад карди , битарс эмин мабош,
З-он ки тухм асту бирӯёнад, Худош,

Чанд гоҳе ӯ бипӯшонад , ки , то,
Оядат з - он бадпушаймониву ҳаё.

#Маснавии_Мавлоно

Агар бадӣ мекунӣ , аз оқибати он битарс.
Бадӣ монанди тухмест , ки дар замин мекориву лоҷарам рӯзе, меваашро мебинӣ.
Агар Худованд мӯҳлате медиҳаду чанде айбатро мепӯшонад, барои он аст, роҳи бозгаштатро ба ҷонибаш набаста бошад....

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Зи ишқ оғоз кун то нақши гардунро бигардонӣ,

Ки танҳо ишқ созад нақши гардунро дигаргунаш.

Ба меҳр овезу ҷонро рӯшноӣ деҳ, ки ин оин,

Ҳама шодист фармонаш, ҳама ёрист қонунаш...

#Фаридун_Муширӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Имрӯз рӯзи бузургдошти Саъдии Шерозӣ мебошад, ҳаводорони назми форсиро бо ин рӯз табрик мегӯем.
Ғазали машҳури бузургвор тақдим ба дӯстони азиз!

Эй сорбон, оҳиста рон, к -ороми ҷонам меравад!
Он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад!

Ман мондаам маҳҷур аз ӯ, бечораву ранҷур аз ӯ,
Гӯӣ, ки неше дур аз ӯ бар устухонам меравад.

Гуфтам ба найрангу фусун, пинҳон кунам рози дарун,
Пинҳон намемонад, ки хун бар остонам меравад!

Бигзашт ёри саркашам, бигзошт айши нохушам,
Чун миҷмаре пуроташам, к -аз сар духонам меравад.

Бо ин ҳама бедоди ӯ, в-ин аҳди бебунёди ӯ,
Дар сина дорам ёди ӯ, то бар забонам меравад!

Маҳмил бидор эй сорбон, тундӣ макун бо корвон,
К -аз ишқи он сарви равон, гӯӣ равонам меравад!

Боз ою бар чашмам нишин, эй дилфиреби нозанин,
К -ошӯбу ғавғо аз замин бар осмонам меравад!

Шаб то саҳар менағнавам в -андарзи кас менашнавам
Ин раҳ на қосид меравам, к -аз каф инонам меравад.

Сабр аз висоли ёри ман, баргаштан аз дилдори ман,
Гарчӣ набошад кори ман, ҳам кор аз онам меравад.

Дар рафтани ҷон аз бадан, гӯянд ҳар навъе сухан,
Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад.

Саъдӣ фиғон аз дасти мо, лоиқ набуд, эй бевафо!
Тоқат намеорам ҷафо, кор аз фиғонам меравад!
#САЪДӢ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

То надонӣ, ки сухан айни савоб аст, магўй,
В-он чӣ донӣ, ки на некўш ҷавоб аст, магўй!
#Саъдӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Бирав, савдои беҳуда мапаймой,
Манеҳ берун зи ҳадди хештан пой!
#АТТОР

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дерест, ки дилдор паёме нафиристод,
Нанвишт саломеву каломе нафиристод.

Сад нома фиристодаму он шоҳи саворон
Пайке надавониду саломе нафиристод.

Сӯи мани ваҳшисифати ақлрамида,
Оҳуравише, кабкхироме нафиристод.

Донист, ки хоҳад шуданам мурғи дил аз даст
В-аз он хати чун силсила доме нафиристод.

Фарёд, ки он соқии шаккарлаби сармаст
Донист, ки махмураму ҷоме нафиристод.

Чандон, ки задам лофи каромоту мақомот,
Ҳеҷам хабар аз ҳеҷ мақоме нафиристод.

Ҳофиз, ба адаб бош, ки вохост набошад,
Гар шоҳ паёме ба ғуломе нафиристод.

#Ҳофизи_Шерозӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Бе пир марав, ки дар бимонӣ,
Ҳарчанд ки Сикандари замонӣ.
#ҲОФИЗ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

То нақши хаёли дӯст бо мост, дило,

Моро ҳама умр худ тамошост, дило,

В- онҷо , ки муроди дил барояд, ай дил,

Як хор беҳ аз ҳазор хурмост, дило...

#Мавлоно_Румӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Бар шонаи шикастаи ман бори олам аст,
Ин дардро барои ту чун мекашам,  кам аст.

Васли ту гар нагашт муяссар, фироқ ҳаст
Шодӣ насиб агар нашавад, саҳми ман ғам аст.

Оташ ҳам аз масири ту боле намезанад
То осмони чашми ту пурдуду пурнам аст.

Бояд ғубори хотира зин карду тунд  рафт
Инҷо на саъйи Ҳоҷару на чоҳи Замзам аст.

Машкан дили марову макун тира субҳи халқ
То кохи орзуи ту бар шонаи "бам"аст.

#Муҳаммад_Азизӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Имрӯз рузи таваллуди шоири беназир, маҳбуби дилҳо, устод Лоиқ Шералӣ аст.
Ин рӯз барои ҳаводорони шеъри ноби Лоиқ муборак бод!
🌸🌹🌹🌹🌸

Имрӯз агар он табу он сӯзи дилам нест,
З-он аст, ки ғамхораву дилсӯзи дилам нест.

Ин соату ин лаҳзаю ин они гурезон
Ҳар рӯзи худо ҳаст, вале рӯзи дилам нест.

Бо ҳар зарабон меравадам нақди дил аз даст,
Кас воқифи ангораи мармузи дилам нест.

Ман мондаму дил мондаву вайронаи сина
Дар мушкили дил маслиҳатомӯзи дилам нест.

Рӯзе, ки танам мурд, кафандӯзи танам ҳаст,
Рӯзе, ки дилам мурд, кафандӯзи дилам нест.

#ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Беадабро ҳар куҷо дидӣ, бикӯб,
Хирс мулло мешавад, аз зарби чӯб.

@ADABIYOTI_KLASSIKI

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Зи куҷо омадаам, боз куҷо хоҳам рафт?
Зи Худо омадаам, сӯйи Худо хоҳам рафт.

Пок аз кинаву тазвиру риё омадаам,
Пок аз кинаву тазвиру риё хоҳам рафт.

Нест дар рафтани ман ҳеч нишоне зи адам,
Аз шумо чун биравам, сӯи шумо хоҳам рафт.

Нарму оҳиставу хомӯш бубинӣ саҳаре,
Зи кафи дасти ту чун ранги ҳано хоҳам рафт.

Гарчи аз чарх ҳама санги ҷафо меборад,
Ба кафам шишаи номуси вафо хоҳам рафт.

То шифои дили бемори ту хоҳам зи Худо,
Зи лаби гарми табат мисли дуъо хоҳам рафт.

#Рустами_Ваҳҳоб

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Инсонҳо се гуна мемиранд:
Марги руҳ;
Марги виҷдон;
Марги ҷисм;

Марги руҳ , яъне;
Шикастани виқору ғурури як инсон ба дасти дигаре....

Марги виҷдон;
Яъне истифода аз инсонҳо барои мақсадҳои шахсӣ, бидуни ҳеҷ гуна пушаймониву тараҳҳум...

Марги ҷисм ;
Яъне қатъ гардидани нафасу таппиши қалб....

Дардноктарини маргҳо марги руҳ аст!
Ваҳшатноктарин марг , марги виҷдон аст!
Ва осонтарин марг , марги ҷисм!

Худованд саодати ҳар ду дунёро бароятон насиб гардонад.
Мамнун аз ҳамроҳиятон🙏

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Тӯфони гулу хушбаҳор аст бибинед,

Акнун ки ҷаҳон бар сари кор аст бибинед...

#Соиб_Табрезӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ошиқ ки бошӣ, шеър шӯри дигаре дорад,

Лайливу Маҷнун қиссаи ширинтаре дорад.

Девони Ҳофизро шабе сад дафъа мебӯсӣ,

Ҳар дафъа аз он дафъа фоли беҳтаре дорад.

#Баҳман_Сабоғзода

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ҳар ки ҳақ бошад чу ҷон андар танаш,
Хам нагардад пеши ботил гарданаш.
Хавфро дар синаи ӯ роҳ нест,
Хотираш мар ӯ ба "Ғайруллоҳ" нест!
Гар Худо дорӣ зи ғам озод шав,
Аз хиёли бешу кам озод шав.
Қуввати имон ҳаётат афзоядат,
Вирди "Ло хавфун алайҳим" боядат.
Чун калими сӯи Фиръавнӣ равад,
Қалби ӯ аз "Ло таҳаб" махкам шавад.
То асои "Ло Иллоҳ" дорӣ ба даст,
Ҳар тилисми хавфро хохӣ шикаст!


@ADABIYOTI_KLASSIKI

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Яке аз чаҳор ёри босафои Расули Акрам саллолоҳу алайҳи васаллам, Ҳазрат Алӣ разияллоҳу анҳу фармуда:

Огоҳ бош!
Он Худое, ки хазоини осмону замин дар ихтиёри ӯст, ба ту иҷозаи дуоъ (талабу дархост) додааст.
Ва иҷобати онро замонат (кафилӣ) намуда, ва дастур дода, аз Ӯ бихоҳӣ ба ту ато кунад, ва раҳматашро биталабӣ то раҳмат орад.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃
Ассалому алайкум, муштариёни гиромӣ.
Иди Саиди Фитрро барои ҳамаи шумо муборак бод , мегӯем.
Зиндагиатон саршор аз сафову самимият ва рӯзгоратон пурфайзу баракот бод .
Аллоҳи мутаъол ибодату дуоҳои моро қабули даргоҳаш кунад ва раҳмату инояташро аз мо дареғ надорад.
🍃🌹🍃🌹🍃
🌹🍃🌹🍃🌹🍃🌹
🍃🌹🍃🌹🍃🌹🍃🌹

Читать полностью…
Subscribe to a channel