Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.
Хар бош, ки онон зи харӣ чандонанд,
Ҳар, к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.
*_*_*_*_*_*
В кругу невежд, чья знает спесь, вестимо,Что ими мира знание светимо,
И ты ослом будь. В их ослином братстве
Всяк не осёл слывёт большим кретином.
#Абӯалӣ ибн Сино / #Авиценна
Ҳикмате аз #Маснавии_Мавлоно
Ақлро хидмат куни дар иҷтиҳод,
Поси ақл он аст , к-афзояд рашод...
#Шарҳ:
Агар ба талошу кушиш ақли худро ба кор бибандӣ, подошат рушду камол ёфтан аст....
*рашод- ростӣ, росткорӣ
*иҷтиҳод- саъй , ҷидду ҷаҳд
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,
Ақлҳо мар ақлро ёрӣ диҳад.
Гуфт Пайғамбар: “Бикун, эй ройзан,
Машварат, калмусташору муътаман”
#Мавлоно
Назари пок тавонад рухи ҷонон дидан,
Ки дар ойина назар ҷуз ба сафо натвон кард!
#Ҳофиз
Бузургон мефармоянд:
Хушкии чашм
аз сахтии қалб аст,Сахтии қалб
ҳам ба хотири гуноҳони зиёд аст,Зиёд будани гуноҳон
ба хотири фаромӯш кардани марг аст,Фаромӯш кардани марг
ба хотири доштани орзуҳои тӯлонӣ аст,Доштани орзуҳои тӯлонӣ
ба хотири ҳирси зиёд аст,Ҳирси зиёд
ҳам ба хотири дӯст доштани дунё аст
Ва дӯст доштани дунё
решаи бисёре гуноҳон аст.
Пеши арбоби хирад мояи имон адаб аст,
Лоҷарам пеши мардони сухандон адаб аст.
Бе адабро ба самовоти бақо манзил нест,
Дар самовоти бақо манзили мардон адаб аст.Одамизод агар беадаб аст, одам нест,
Фарқ дар ҷинсу бани одаму хайвон адаб аст.
Кардам аз ақл саволе, ки бигу имон чист?
Ақл дар куйи дилам гуфт, ки имон адаб аст!
Дида бикушову бубин, ҷумла Каломуллоҳро,
Оят - оят ҳамагӣ маънои Қуръон адаб аст.
Агар ту хоҳӣ, ки қадам бар сари иблис ниҳӣ,
Дида бикушову бубин қотили шайтон адаб аст.Як ду се рӯз, ки дар хонаи тан меҳмонӣ,
Боадаб бош, ки хосияти меҳмон адаб аст.
Шамси Табрезӣ туӣ сирри Худои Малакут,
Нағмапардоз даме мурғи саҳархон адаб аст.
#ШАМСИ_ТАБРЕЗӢ
Нуктае, к-он ҷаст ногаҳ аз забон,
Ҳамчу тире дон, ки он ҷаст аз камон.
Вонагардад аз раҳ он тир, эй писар!
Банд бояд кард селеро зи сар,
Чун гузашт аз сар, ҷаҳонеро гирифт,
Гар ҷаҳон вайрон кунад, набвад шигифт.
#Мавлоно
Аз марг тарсӣ, эй зиндаҷовид,
Марг аст сайде, ту дар каминӣ.
Ҷоне, ки бахшанд, дигар нагиранд,
Одам бимирад аз беяқинӣ.
#Иқбол
Ба Маҷнун гуфт рӯзе айбҷӯе,
Ки пайдо кун беҳ аз Лайлӣ накӯе!
Ки Лайлӣ гарчӣ дар чашми ту ҳурест,
Ба ҳар ҷузве зи аъзояш қусурест!Зи ҳарфи айбҷӯ Маҷнун барошуфт,
Дар он ошуфтагӣ хандон шуду
гуфт:
«Агар дар дидаи Маҷнун нишинӣ,
Ба ғайр аз хубии Лайлӣ набинӣ!
Ту кай донӣ, ки Лайлӣ чун накӯест,
К-аз ӯ чашмат ҳамин бар зулфу рӯйест?!
Ту қад бинию Маҷнун ҷилваии ноз,
Ту чашму ӯ нигоҳи новакандоз!
Ту мӯ биниву Маҷнун печиши мӯ,
Ту абрӯ, ӯ ишоратҳои абрӯ!...»
#Ваҳшии Вофқӣ
Сухандони парварда, пири куҳан,
Бияндешад, он гаҳ бигӯяд сухан.
Мазан, то тавонӣ, ба гуфтор дам,
Накӯ гӯӣ, гар дер гӯӣ, чи ғам?!
Бияндешу он гаҳ баровар нафас,
В-аз он пеш бас кун, ки гӯянд бас!
Ба нутқ одамӣ беҳтар аст аз давоб,
Давоб аз ту беҳ, гар нагӯӣ савоб!
#Саъдӣ
“давоб” (чамъ: “добба”; ҷамъи ҳаийвоноти дар замин ҷунбандаву ҷуландаву хазанда)
Ин деҳ, ки ҳисори беҳушон аст,
Иқтоъдеҳи забункушон аст.
Бе шердиле басар наёяд,
В-аз говдилон ҳунар наёяд.
#Низомӣ
Гар бар сари кори худ ғалтад назарат,
Аз кини касон гул макунад ҷуз ҳазарат
Теғе, ки ба рӯйи дигарон мебозӣ,
Гар вонигарӣ, баргашта ёбӣ зи сарат!
#Бедил
Саҳар бо бод мегуфтам ҳадиси орзумандӣ,
Хитоб омад ки восиқ шав ба алтофи Худовандӣ,
Дуои субҳу оҳи шаб калиди мақсудаст,
Бад - ин роҳу равиш мерав, ки бо дилдор бипайвандӣ....
#Хоҷа_Ҳофиз
*восиқ - мутмаъин, боэътимод
Ё раб, ту гилам сириштаӣ, ман чи кунам,
Пашму қасабам ту риштаӣ, ман чи кунам.Ҳар неку баде, ки аз ман ояд ба вуҷуд,
Ту бар сари ман навиштаӣ, ман чи кунам.
#ХАЙЁМ
Такя бар тақвову дониш дар тариқат кофарист,
Роҳрав, гар сад ҳунар дорад, таваккул боядаш!
#Ҳофиз
Обид, ки на аз баҳри Худо гўша нишинад,Бечора дар ойинайи торик чӣ бинад?
#Саъдӣ
Ҳамчу сайёде, ки гирад сояе,
Соя кай гардад варо сармояе?
Сояи мурғе гирифта мард сахт,
Мурғ ҳайрон гашта бар шохи дарахт.
#Мавлоно
Писандидаст бахшойиш,
валекин
,
Манеҳ бар реши халқозор марҳам.
Надонист он, ки раҳмат кард бар мор,
Ки он зулм аст бар фарзанди Одам!
#Саъдӣ
Чаро худро асири ғам зи фикри
бешу кам дорӣ?
Ки нагзорад туро муҳтоҷ Эзид, то
ки дам дорӣ.
Машав бе дасту по аз муфлисиву
бекасӣ ҳаргиз,
Магар нашнидаӣ Бедил, Худо
дорӣ, чи ғам дорӣ?!
#БЕДИЛ
Ҳар ки худро мекунад дар базми нодонон сифат,
Пеши кўрон даъвии соҳибҷамолӣ мекунад.
#САЙИДОИ НАСАФӢ
Тавон шинохт ба як рўз дар шамойили мард,Ки то куҷош расидаст пойгоҳи улум.
Вале зи ботинаш эмин мабошу ғарра машав,
Ки хубси нафс нагардад ба солҳо маълум!
#Саъдӣ
Гар сафеҳе ба ҳукми нафсу ҳаво
На ба вафқи хирад кунад коре,
Бар ту нафсу ҳаво чу ғолиб нест,
Ҷуз ба роҳи хирад марав боре.
#Ҷомӣ
Олами асбоби ҳастӣ аз адам чизе надошт,
Ҳар киро дидем, дарвеш омаду дарвеш рафт.
#Бедил
Чу бишнавӣ сухани аҳли дил, магӯ, ки хатост,
Суханшинос найӣ, ҷони ман, хато ин ҷост!
Ҳофиз, аз боди хазон дар чамани даҳр маранҷ,
Фикри маъқул бифармо, гули бехор куҷост?!
#Ҳофиз
Як ҳикояти ибратомӯз аз эҷодиёти
#Парвин_Эътисомӣ:
Гӯянд: Деҳқоне миқдори гандум дар домани либоси пирамарди фақире рехт, пирамард хушҳол шуд, гӯшаи доманашро гираҳ карду рафт.
Дар роҳ аз фақириву нодориаш менолиду бо парвардигор сухан мегуфт:-Эй кушояндаи гираҳҳои нокушода, иноят фармо ва гираҳе аз гираҳҳои зиндагиамро бигшой.
Дар ҳамин ҳол ногаҳон гираҳи доманаш боз шуду гандум ба замин рехт.
Ӯ бо нороҳатӣ гуфт:
Ман туро гуфтам, эй ёри азиз,
К- ин гираҳро бигшою гандумро бирез?Он гираҳро чун наёрастӣ кушуд,
Ин гираҳ бигшоданат дигар чи суд?
Нишаст ва гирён гандумҳоро аз замин ҷамъ мекард, гандумҳо то рафт таги хок мешуданд, пирамард заминро мекофт то гандумҳоро ҷамъ созад. Дар камоли нобовари дид, донаҳои гандум рӯи зарфе пур аз тилло рехтаанд.
Нидо омад, ки:Ту мабин андар дарахти ё ба чоҳ,
Ту маро бин, ки манам мифтоҳи^ роҳ...
мифтоҳ - кушоянда, калид
;