¤ Ирфон ¤ Ҳикмат ¤ Панд ¤ Шеър ¤ Байт ¤ Ғазал ¤ Андеша (аз бузургони олами классикӣ ва ҷадид) http/t.me/ADABIYOTI_KLASSIKI
Ғубори муҳлати ҳастӣ касе чӣ бишкофад,
Зи хок мешунавем, ин ки бод зиндонист.Макун таҳияи ороиши дигар, Бедил,
Чароғи маҳфили таслим чашми қурбонист.
#Бедил
Ғазали зебое аз #Мавлоно_Румӣ
Худовандо ба қудрат беназирӣ,
Ки ҳусни лоназирӣ бартанидӣ.
Бигӯ, эй гул, ки ин лутф аз ки дори,
На хори хушк буди мехалидӣ.
Ту ҳам , эй чашм ҷинси хок будӣ,
Бигуфти ман чи бинам, ҳам бидидӣ.
Ту ҳам , эй пой , барҷо монда будӣ,
Давонидат давонанда давидӣ.
Биё уммед бин, ки нек набувад,
Дар ин уммед , беҳад ноумедӣ....
#Шарҳи_ғазал
Яке аз зеботарин ва ғанитарин ғазал, дар васфи Худованди беҳамто.
Хитоб ба Аллоҳи мутаъол ки дар қудрату халқ зебою беназир аст.
Ва ба таври истиора хитоб.ба гул ки аз он шохаи хушки пур аз хор ин ҳама латофати мавҷуд дар гулро аз куҷо оварди?
Ва боз хитоб ба чашм ки ту ки аз хок будӣ чигуна қодир ба дидан шудӣ?
Ва боз хитоб ба пой ки туро он давонанда қодир ба давидан кард , вагарна ту қодир ба ҳаракат набудӣ.
Бо ин ҳама осори саршор аз уммед , ноумеди ҷойгоҳе надорад.....
Афтод санге аз боме,
Бар сари орифи накӯноме,
Гуфт: -Ҳамд, эй Худои банданавоз,
Шокирам, эй Карими сангандоз.
Роҳраве гуфт: -Ин чи гуфтор аст?
Кай Худо шукрхоҳи озор аст?
Хандае карду гуфт он доно:
-Ту чи донӣ ҳадиси ӯ бо мо?
Хост гӯяд хуфя дар гӯшам:
-Эй, фалонӣ нестӣ фаромӯшам!..
Дило, то кай ҳамеҷӯйи манеро
Чи дорӣ дӯст ҳарза душманеро?!
Чаро ҷӯйӣ вафо аз бевафое
Чи кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро?!
@ADABIYOTI_KLASSIKI
Ё раб, назаре бар мани саргардон кун,
Лутфе ба мани 'дилшудаи ҳайрон кун,
Бо ман макун, он чи ман сазои онам,
Он чи аз караму лутфи ту зебад он кун...
#Абӯсаид_Абӯлхайр
*дилшуда- ошиқ, шефтаву шайдо
Панҷ чиз аст ки наметавон онҳоро боз гардонд;
🍃Санг пас аз партоб шудан;
🍃Ҳарф пас аз гуфтан;
🍃Мавқеъият пас аз поён ёфтан;
🍃Замон пас аз гузаштан;
🍃Дил пас аз шикастан.
Ҳаргиз аз касе ҳасодат накун, ба хотири неъмате ки Худо ба ӯ дода,
зеро ту намедонӣ Худованд чи чизеро аз ӯ гирифтааст...
Ва ҳаргиз ғамгин мабош вақте Парвардигор чизеро аз ту гирифт, зеро ту намедони , ки Аллоҳи мутаъол чи чизеро ба ивази он ба ту хоҳад дод....
Одам аз бехирадӣ бандагии одам кард,
Гавҳаре дошт, вале назри Қубоду Ҷам кард,
Яъне дар хӯи ғуломи зи сагон хортар аст,
Ман надидам ки саге пеши саге сар хам кард.
#Иқболи_Лоҳурӣ
Субҳу ману як даста гулу ёсуману ноз,
Як шох наботу ғазали Ҳофизи Шероз,
Имруз дуову ғазалам *бадрақаи ту,
Зебо бишавад рузи ту аз лаҳзаи оғоз....
*бадрақа- раҳнамо, роҳбалад
Вой, агар марди гадо, як шаба султон бишавад,
Мисли ин аст, ки гурге саги чӯпон бишавад.
Ҳар куҷо ҳудҳуди доно биравад кунҷи қафас,
Ҷуғди вайронанишин муршиди мурғон бишавад.
Сарзамине, ки дар он қаҳт шавад озодӣ,
Гарчӣ девор надорад, худи зиндон бишавад.
Боғбоне, ки ба наҷҷор диҳад боғашро,
Фаслҳояш ҳама ҳамранги зимистон бишавад.
Нохудо! Дилхуши ин оби ором набош!
Вой аз он лаҳза, ки ҳамгомаи тӯфон бишавад.
Дорам сухане бо туву гуфтан натавонам,
В-ин дарди ниҳонсуз нуҳуфтан натавонам.
Ту гарми сухан гуфтану аз ҷоми нигоҳат,
Ман маст чунонам ки шунуфтан натавонам.
Шодам ба хаёли ту чу маҳтоби шабонгаҳ,
Гар домани васли ту гирифтан натавонам.
Бо партави моҳ ояму чун сояи девор,
Гоме зи сари кӯи ту рафтан натавонам.
Дур аз ту, мани сӯхта дар домани шабҳо,
Чун шамъи саҳар як мижжа хуфтан натавонам.
Фарёд зи бемеҳриат ,эй гул , ки дар ин боғ,
Чун ғунчаи поиз шукуфтан натавонам.
Эй, чашми сухангӯй ту бишнав зи нигоҳам,
Дорам сухане бо туву гуфтан натавонам...
#Шафеъи Кадканӣ
Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.
Хар бош, ки онон зи харӣ чандонанд,
Ҳар, к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.
*_*_*_*_*_*
В кругу невежд, чья знает спесь, вестимо,Что ими мира знание светимо,
И ты ослом будь. В их ослином братстве
Всяк не осёл слывёт большим кретином.
#Абӯалӣ ибн Сино / #Авиценна
Ҳикмате аз #Маснавии_Мавлоно
Ақлро хидмат куни дар иҷтиҳод,
Поси ақл он аст , к-афзояд рашод...
#Шарҳ:
Агар ба талошу кушиш ақли худро ба кор бибандӣ, подошат рушду камол ёфтан аст....
*рашод- ростӣ, росткорӣ
*иҷтиҳод- саъй , ҷидду ҷаҳд
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,
Ақлҳо мар ақлро ёрӣ диҳад.
Гуфт Пайғамбар: “Бикун, эй ройзан,
Машварат, калмусташору муътаман”
#Мавлоно
Хўйи бад дар табиъате, ки нишаст,
Надиҳад ҷуз ба вақти марг аз даст!
#Саъдӣ
Назари пок тавонад рухи ҷонон дидан,
Ки дар ойина назар ҷуз ба сафо натвон кард!
#Ҳофиз
Афв аз гуноҳ фазл бувад, интиқом адл,
З-он то ба ин зи чархи барин то замин раҳ аст. Кай фазлро гузораду орад бар адл рўй
Доно, ки аз тафовути ин ҳар ду огаҳ аст?
#Ҷомӣ
Дустони азиз, субҳи ҳамагон ба хайр !
Имшаб дар яке аз саҳфаҳои интернетӣ як шеъри ҳаҷвиеро хондам ки касро вориди андеша месозад.
Мунозира бо хар
Рӯзе ба раҳе маро гузар буд,
Хобида ба роҳ ҷаноби хар буд.
Аз хар ту нагӯ ки чун гуҳар буд,
Чун соҳиби дониши ҳунар буд.
Гуфтам ки ҷаноб дар чи ҳоли?
Гуфто ки вазъ бошад олӣ!
Гуфтам , ки биё харӣ раҳо кун,
Одам шаву баъд аз он сафо кун.
Гуфто , ки бирав маро раҳо кун,
Захми тани хешро даво кун.
На зулм ба дигаре намудем,
На аҳли риёву макр будем.
Розӣ чу ба ризқи хеш будем,
Аз суфраи кас нон нарабудем.
Диди ту харе кушад хареро?
Ё ин ки бурад зӣ тан сареро?
Диди ту харе ки кам фурӯшад?
Ё баҳри фиреби халқ кӯшад?
Диди ту харе ки ришвахӯр аст?
Ё бар хари дигаре савор аст?
Диди ту харе шикаста паймон?
Ё ин ки зӣ дигаре барад нон?
Дидам суханаш ҳама матин аст,
Фармоиши ӯ ҳама яқин аст.
Гуфтам ки зи одами сари ту,
Ҳарчанд ба диди мо хари ту.
Биншастаму орзу намудам,
Бар халқи хеш рӯ намудам.
Эй, кош ки қонуни харият,
Ҷорӣ бишавад ба одамият...
Ба зудӣ тӯша кун, эй бехабар, азми сафар дорӣ,
Чаро дилбастагӣ бо ин ҷаҳони раҳгузар дорӣ?
Ки охир сар ба болиниву ҷон дар чанги Азроил,
Нафас дар ғарғара печида хун андар ҷигар дорӣ.
Чи суд аз бистару болин, ки рӯйи тахта меоӣ,
Ба гӯри тангу торики лаҳад рафта мақар дорӣ.
Ба аҷзи хеш, эй мушти ғубори хаста, қоил шав,
Чӣ мушкилиҳо, ки андар пеши рӯ, эй бехабар, дорӣ.
Бикун хайре, ки дар гармои маҳшар соябон гардад,
Ҳамон рӯзе, ки бо сад доғ сар аз хок бардорӣ.
Зи девони лаҳад ояд ба дастат номаи аъмол,
Зи ваҳми додани аз сӯйи чап ҳар сӯ назар дорӣ.
Ба дил нуре агар аз зикри Ҳақ пайдо кунӣ ин ҷо,
Миёни аҳли маҳшар рӯй чун нури қамар дорӣ.
Барои худ чаро дорӣ бинои хонаи рангин,
Макони хобгаҳ,эй бехабар, ҷои дигар дорӣ.
Ҷунунӣ, гар ба фардо ҷилваи дидор мехоҳӣ,
Ду дида доимо аз иштиёқи дӯст тар дорӣ.
#МАВЛАВИ_ҶУНУНӢ
Офот аз ҳавас ба сарат ҳола мешавад,
Ин шуълаҳо зи дасти ту ҷаввола мешавад.
З-ин корвон чӣ суд, ки ҳар кас чу нақши поАз саъй пеш тохта, дунбола мешавад.
#Бедил
Аҷаб ай ишқ!
Чи ҳоле, чи дарде, чи шигифте!?
Чу даҳонам бигрифтӣ, ба дарун рафт баёнам...
Ҳикмате. аз #Маснавии_маънавии_МавлоноҚавлу феъли 'бетаноқуз боядат
То қабул андар замон пеш оядат...
#Шарҳ:
Агар мехоҳи барои ҳамеша мақбул ва қобили эътимод бошӣ, бояд байни сухан ва аъмолат ихтилоф набошад...
*таноқуз - мухолифат.
Мутриби ишқ аҷаб созу навое дорад,
Нақши ҳар нағма ки зад , роҳ ба ҷое дорад,
Олам аз нолаи ушшоқ мабодо холӣ,
Ки хуш оҳангу фараҳбахш навое дорад....
#Ҳофиз
Шукри Яздон тавқи ҳар гардан бувад,
Не ҷидолу рӯ турш кардан бувад...
Шукру сипоси Ҳақ Таъоло монанди тавқест дар ҳар гардан ва шукру сипосгузорӣ бар ҳар кас воҷиб аст, на ин ки аз ин тавқ биноливу рӯй турш кунӣ.
Ҳатто агар зиндагӣ ба комат хуш наёмад , шукр баҷо биёвар ва гилоя накун...
Субҳи зебои дустони азиз ба хайр бод!
Бароятон рузи хушу пурфайзу барокатро аз Аллоҳи мутаъол хоҳонам.
🍃🌹🍃🌹🍃🌹
Сухан хубаст зи аввал, хотири касро наранҷонад,
Ки баъд аз гуфтугӯ, суде надорад , лаб газиданҳо...
#Қасоби_Кошонӣ
Ту некўравиш бош, то бадсигол,
Ба нақси ту гуфтан наёбад маҷол!
Чу оҳанги барбат бувад мустақим,
Кай аз дасти мутриб хўрад гўшмол?!
#Саъдӣ
Саҳар бо бод мегуфтам ҳадиси орзумандӣ,
Хитоб омад ки восиқ шав ба алтофи Худовандӣ,
Дуои субҳу оҳи шаб калиди мақсудаст,
Бад - ин роҳу равиш мерав, ки бо дилдор бипайвандӣ....
#Хоҷа_Ҳофиз
*восиқ - мутмаъин, боэътимод
Ё раб, ту гилам сириштаӣ, ман чи кунам,
Пашму қасабам ту риштаӣ, ман чи кунам.Ҳар неку баде, ки аз ман ояд ба вуҷуд,
Ту бар сари ман навиштаӣ, ман чи кунам.
#ХАЙЁМ
Такя бар тақвову дониш дар тариқат кофарист,
Роҳрав, гар сад ҳунар дорад, таваккул боядаш!
#Ҳофиз
Обид, ки на аз баҳри Худо гўша нишинад,Бечора дар ойинайи торик чӣ бинад?
#Саъдӣ
Ҳамчу сайёде, ки гирад сояе,
Соя кай гардад варо сармояе?
Сояи мурғе гирифта мард сахт,
Мурғ ҳайрон гашта бар шохи дарахт.
#Мавлоно