Салому дуруди бепоён ба муштариёни гиромӣ!Оғози рӯзи наватон ба хайр!
Ҳамеша хушҳолу шодмон бошед!!
Ҷон фидои ту, ки ҳам ҷониву ҳам ҷононӣ,
Ҳар кӣ шуд хоки дарат, раст зи саргардонӣ.
Сарсарӣ аз сари кӯйи ту наёрам бархост,Кори душвор нагиранд бад-ин осонӣ.
Хомро тоқати парвонаи парсӯхта нест,
Нозуконро набувад шеваи ҷонафшонӣ.Бе ту ором гирифтан бувад аз нокомӣ,
Бо ту густох нишастан бувад аз ҳайронӣ.
Фош карданд рақибони ту сирри дили ман,Чанд пӯшида бимонад сухани пинҳонӣ?
То бимонад тару шодоб ниҳоли қади ту,
Воҷиб он аст, ки бар чашми манаш биншонӣ.
Дар хами зулфи ту дидам дили худро рӯзе,
Гуфтамаш: «Чуниву чун мекунӣ, эй зиндонӣ?»
Гуфт: «Оре, чӣ кунӣ, гар набарӣ рашк ба ман,Ҳар гадоро набувад мартабаи султонӣ!
Ростӣ ҳадди ту, Ҳофиз, набувад сӯҳбати мо,Бас, агар бар сари ин кӯй кунӣ дарбонӣ"
#ҲОФИЗ
Ҳеҷ ранҷе то абад монданӣ нест!
Ноумедӣ аз онҷо шурӯъ мешавад, ки одамизод дар даргири кутоҳмуддат бо ранҷҳо бовар мекунад, ки қарор аст то абад идомадор бошад.
Ва ин боварии абадӣ будани мушкилоту ранҷҳо якҷо ӯро аз пой меуфтонад.
Тафаккури абадӣ будани ранҷҳои зиндагиро канор бигзоред, то зиндагӣ рӯи хуши худро ба шумо нишон диҳад!Аллоҳ мададгоратон!
Гуфт: Ай Шаҳ! Марги ман аз буди ўст,
Худ сиёҳ ин рўзи ман аз дуди ўст.
Ў чу омад, ман куҷо ёбам қарор?
К-ў барорад аз ниҳоди ман дамор.
#Мавлоно
Ай бародар, аз ту беҳтар ҳеҷ кас нашносадат,
З-он чи ҳастӣ, як сари мў хешро афзун манеҳ!
Гар фузун аз қадри ту бистоядат нобихраде,
Қадри худ бишносу пой аз ҳадди худ берун манеҳ!
#Ҷомӣ
Бахшида ба
рузи бузургдошти султони ишқ #Мавлоно_Ҷалолуддини_Румӣ
Инҷо чанд факт оиди ҳаёту фаъолияти Мавлоно
тақдими дӯстони гиромӣ.
🌱Мавлоноро ҳамчун яке аз намояндагони беҳтарини аҳли тасаввуфу ирфон мешиносанд
🌱Мавлоно писари воизи машҳуртарини замони хеш Баҳоуддин ибни Валад аст ,ки насли эшон ба Абӯбакри Сиддиқ мерасад.
🌱Адиб асаре дорад ба номи "Маҷолиси саъба" ,яъне *ҳафт маҷлис* , ки вазъу насиҳатҳои пеш аз вохӯрӣ бо Шамси Табрезиро дар бар мегирад.
🌱Асари дигари Сӯфӣ Девони Шамс мебошад, ки ҷамъи ғазалиёти ӯро дар бар мегирад.
🌱Шогирди вафодор
девони ғазалиёташро ба устоди худ Шамсиддини Табрезӣ бахшидааст ва дар ғазалҳояш ҳам Шамс , Шамси Табрезӣ, Шамсиддин (ва ғ.) тахаллус кардааст.
🌱Фиҳи мо Фиҳи" китобест, ки аз тарафи шогирдони устод навишта шудааст. Он аксар фикру андешаҳои мутафаккирро дар бар мегирад.
🌱Маснависаро китобе бо номи "Маснавии маънавӣ" дорад ,ки онро Қуръони паҳлавӣ ё худ порсӣ низ мегӯянд;
Маснавии маънавии Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ(А. Ҷомӣ).
Китоби мазкур соли 2014 бо адади 250 ҳазор дар ИМА чоп шудааст ва дар муддати кӯтоҳ хонандагони худро ёфтааст.
🌱Мегӯянд, ки дар ҷанозаи зиндаёд, Мавлавӣ, ҳам суннӣ ҳам шиъа ва ҳам ғайри мусулмон ҳузур дошт. Оре имрӯзҳо низ шаҳри Рум ба туфайли Румӣ мезбони ҳазорҳо инсон аст, ки ба зиёрати ӯ меоянд.
Ишқ дар кори дили саргаштаи мо оҷиз аст,
Баҳр натвонад кушодан уқдаи гирдобро...
#Соиби_Табрезӣ
Агар бар дили мо дусад қуфл бошад,
Калиди фурсативу дарро кушойӣ,
Даро дар дили мо, ки равшан чароғӣ,
Даро дар ду дида, ки хуш тӯтиёӣ...
#Мавлоно_Румӣ
Ҳофизо, аз боди хазон дар чамани даҳр маранҷ,
Фикри маъқул бифармо, гули бехор куҷост...
#Ҳофизи Шерозӣ
🔶Чаҳор нуни роҳкушо
Барои робитаи хуб ва иҷоди оромиш:
✨набин
✨нагӯ
✨нашнав
✨напурс
Дар чи маврид, чи гуна?
🍁 Набин
1 -айби мардумро набин;
2 -масоили ҷазои дар зиндагӣ, хонаводагиро набин;
3 -корҳои хуби худатро, ки барои дигарон анҷом медиҳӣ, набин;
4 -гоҳе бояд вонамуд кунӣ, ки надидӣ;
🍁 Нагӯ
1 -ҳар чи шунидӣ нагӯ;
2 -ба касе, ки ҳарфат дар ӯ таъсир надорад нагӯ;
3 -сухане, ки диле наёзорад нагӯ;
4 -ҳар сухани ростеро, ҳар ҷо нагӯ;
5 -ҳар хайре, ки дар ҳаққи дигарон карди нагӯ;
6 -розро нагӯ, ҳатто ба наздиктарин афрод;
🍁 Нашнав
1 -ҳар сухан арзиши шунидан надорад;
2 -вақте ду нафар оҳиста сухан мегӯянд, сайъ кун нашнавӣ;
3 -ғайбатро нашнав;
4 -гоҳе вонамуд кун, ки нашнидӣ;
🍁 Напурс
1 -он чиро, ки ба ту марбут нест напурс;
2 -он чи ки шахс аз гуфтанаш шарм дорад напурс;
3 -ончи боиси озори шахс мешавад, напурс;
4 -он пурсише, ки дар он фоидае нест напурс;
5 -он чи ки муҷиби ихтилоф ва низоъ мешавад, напурс;
Гавҳари пурбаҳое аз ашъори #Мавлоно
тақдим барои азизон!
Шаби дустони гиромӣ пур меҳру оромиш бод!
Биё, то қадри яқдигар бидонем,
Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.
Чу мўъмин оинаи мўъмин яқин шуд,
Чаро бо оина мо рўгаронем?
Каримон ҷон фидои дўст карданд,
Сагӣ бигзор, мо ҳам мардумонем.
Фусуни «қул аъузу қул ҳуваллоҳ»
Чаро дар ишқи ҳамдигар нахонем.
Ғаразҳо тира дорад дўстиро,
Ғаразҳоро чаро аз дил наронем.
Гаҳе хушдил шавӣ аз ман, ки мирам,
Чаро мурдапарасту хасми ҷонем?
Чу баъд аз марг хоҳӣ оштӣ кард,
Ҳама умр аз ғамат дар имтиҳонем.
Кунун пиндор: мурдам, оштӣ кун,
Ки дар таслим мо чун мурдагонем.
Чу бар гўрам бихоҳӣ бўса додан,
Рухамро бўса деҳ, к-акнун ҳамонем.
Хамўш кун мурдавор, эй дил, азеро,
Ба ҳастӣ муттаҳам мо з-ин забонем.
Худоё,
Диламонро дар ҷуйбори раҳматат чунон шустӯшу деҳ,
ки ҳар ҷо нафрат ҳаст дӯстӣ,
ҳар ҷо яъс ( навмедӣ) ҳаст, уммед ва ҳар куҷо захме ҳаст , дармон ҷояшро бигирад.....
Субҳи зебои азизон ба хайр бод!
Сухан он гаҳ кунад ҳаким оғоз,
Ё сарангушт сўйи луқма дароз.
Ки зи ногуфтанаш халал зояд,
Ё зи нохўрданаш ба ҷон ояд.
Лоҷарам, ҳикматаш бувад гуфтор,
Хўрданаш тандурустӣ орад бор.
#Саъдӣ
Он шунидастӣ, ки дар ақсойи Ғўр,
Борсолоре бияфтод аз сутур.
Гуфт: “Чашми танги дунёдорро
Ё қаноъат пур кунад ё хоки гўр!”
#Саъдӣ
Ҳар ҷо ки бошӣ, ва дар ҳар ҳоле ки бошӣ, ҷаҳд кун то муҳибб бошӣ...
#Фиҳи_мо_фиҳӣ
#Мавлоно
Чун булбули маст роҳ дар бӯстон ёфт,
Рӯи гулу ҷоми бодаро хандон ёфт,
Омад ба забони ҳол, дар гӯшам гуфт:
«Дарёб, ки умри рафтаро натавон ёфт».
#ХАЙЁМ
Аз кӯҳ санге чун фитад, сад сангро беҷо кунад,
Марде чу номардӣ кунад, сад мардро расво кунад.
Нодон чу доноӣ кунад, аҳсан бигӯемаш ҳама,
Аммо чи битвон кард, агар нодоние, доно кунад?
Шавқе агар саркӯб шуд, нохуб шуд - нохуб шуд,
Аз кӯрзавқе дод, агар истеза бар бино кунад.
Ҳар кас тавонад рӯдро бо ҷӯйҳо созад ҷудо,
Он кист к-аз дарёдилӣ, як қатраро дарё кунад?
Ҳар кас тавонад мурдаро бар хок биспорад, вале,
Он кист хоки мурдаро, тоҷи сари дунё кунад?
Ман бо касе ҳамдостон, эй дӯстон, эй ростон,
Имрӯзи худро зинае, то қуллаи фардо кунад.
#Лоиқ Шералӣ
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.
#Сайидо
Ушшоқ чун фасонаи таҳқиқ сар кунанд,
Ойина бишкананду сухан мухтасар кунанд.Бо гавҳари ҳаё написанданд инфиъол,
Сад айбро ба як мижа бастан ҳунар кунанд.
#Бедил
Дар роҳи ишқ бо дили шайдо фитодаем,
Чандон давидаем ки аз по фитодаем,
Ошиқ басе ба кӯи ту афтодааст, лек,
Мо дар миёнаи ҳама расво фитодаем...
#Ваҳшии_Бофқӣ
Аз хирадманде пурсиданд:
Хашм чист?
Ӯ посухи зебое дод:
Хашм муҷозоте аст, ки мо ба худамон медиҳем, ба хотири иштибоҳи дигарон...
Кардам аз ақл суоле, ки магар имон чист?
Ақл бар гӯши дилам гуфт , ки имон адаб аст.
Одамизод агар беадаб аст, одам нест,
Фарқи байни бани Одаму ҳайвон адаб аст!
Имруз рузи бузургдошти одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аст!
Ин рузи бузургвор барои дустдорони назми форсу тоҷик муборак бод! Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯ шоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ!
#Соиби_Табрезӣ зебо гуфта:Ман аз беқадрии хори сари девор донистам,
Ки нокас кас намегардад аз ин боло нишастанҳо...
Кай сер ба дарди гушнагӣ зор шавад,
Бе дард куҷо шарики бемор шавад.
Бигзашта равад савора аз раҳ чу бод,
Аз ҳоли пиёда кай хабардор шавад.
#Лоиқ
Ончи напсандӣ ба худ, эй шайхи дин,
Чун писандӣ бар бародар, эй амин?
Ин надонӣ, ки пайи ман чаҳ канӣ,
Ҳам дар он чаҳ оқибат худ афканӣ?
“Ман ҳафар биъран…” нахондӣ аз хабар?Ончи хондӣ, кун амал, ҷони падар
.
#Мавлоно
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будааст,
Гарданда фалак низ ба коре будааст.
Зинҳор қадам ба хок оҳиста ниҳӣ,
К-он мардумаки чашми нигоре будааст.
#Хайём