Дилхуш аз онем ки Ҳаҷ меравем,
Ғофил аз онем ки каҷ меравем,
Каъба ба дидори Худо меравем,
Ӯ ки ҳаминҷост куҷо меравем,
Ҳаҷ ба Худо ҷуз ба дили пок нест,
Шустани ғам аз дили ғамнок нест...
Ба ҳусни ту набошад ёри дигар,
Даро, ай моҳи хубон бори дигар,
Маро ғайри тамошои ҷамолат,
Мабодо дар ду олам кори дигар.
Ба як хона ду беморанду ошиқ,
Манам бемору дил бемор дигар...
Дар чашми покбин набувад расми имтиёз,
Дар офтоб, сояи шоҳу гадо якест...
#Соиб_Табрезӣ
Ҳикмати руз аз #Соиб_Табрезӣ:Рутбае ҳаргиз надидам, беҳтар аз уфтодагӣ,
Ҳар ки худро кам зӣ мо медонад, аз мо беҳтар аст...
^уфтодагӣ - хоксори, фурӯтанӣ
Эй, рӯзидиҳандаи беминнат, имрӯз моро ба самти дарҳои кушода аз раҳматат ҳидоят кун, то беҳтаринҳо насиби мо гардад...
Читать полностью…Салому дуруди бепоён ба муштариёни гиромӣ!Оғози рӯзи наватон ба хайр!
Ҳамеша хушҳолу шодмон бошед!!
Ҷон фидои ту, ки ҳам ҷониву ҳам ҷононӣ,
Ҳар кӣ шуд хоки дарат, раст зи саргардонӣ.
Сарсарӣ аз сари кӯйи ту наёрам бархост,Кори душвор нагиранд бад-ин осонӣ.
Хомро тоқати парвонаи парсӯхта нест,
Нозуконро набувад шеваи ҷонафшонӣ.Бе ту ором гирифтан бувад аз нокомӣ,
Бо ту густох нишастан бувад аз ҳайронӣ.
Фош карданд рақибони ту сирри дили ман,Чанд пӯшида бимонад сухани пинҳонӣ?
То бимонад тару шодоб ниҳоли қади ту,
Воҷиб он аст, ки бар чашми манаш биншонӣ.
Дар хами зулфи ту дидам дили худро рӯзе,
Гуфтамаш: «Чуниву чун мекунӣ, эй зиндонӣ?»
Гуфт: «Оре, чӣ кунӣ, гар набарӣ рашк ба ман,Ҳар гадоро набувад мартабаи султонӣ!
Ростӣ ҳадди ту, Ҳофиз, набувад сӯҳбати мо,Бас, агар бар сари ин кӯй кунӣ дарбонӣ"
#ҲОФИЗ
Ҳеҷ ранҷе то абад монданӣ нест!
Ноумедӣ аз онҷо шурӯъ мешавад, ки одамизод дар даргири кутоҳмуддат бо ранҷҳо бовар мекунад, ки қарор аст то абад идомадор бошад.
Ва ин боварии абадӣ будани мушкилоту ранҷҳо якҷо ӯро аз пой меуфтонад.
Тафаккури абадӣ будани ранҷҳои зиндагиро канор бигзоред, то зиндагӣ рӯи хуши худро ба шумо нишон диҳад!Аллоҳ мададгоратон!
Гуфт: Ай Шаҳ! Марги ман аз буди ўст,
Худ сиёҳ ин рўзи ман аз дуди ўст.
Ў чу омад, ман куҷо ёбам қарор?
К-ў барорад аз ниҳоди ман дамор.
#Мавлоно
Ай бародар, аз ту беҳтар ҳеҷ кас нашносадат,
З-он чи ҳастӣ, як сари мў хешро афзун манеҳ!
Гар фузун аз қадри ту бистоядат нобихраде,
Қадри худ бишносу пой аз ҳадди худ берун манеҳ!
#Ҷомӣ
Бахшида ба
рузи бузургдошти султони ишқ #Мавлоно_Ҷалолуддини_Румӣ
Инҷо чанд факт оиди ҳаёту фаъолияти Мавлоно
тақдими дӯстони гиромӣ.
🌱Мавлоноро ҳамчун яке аз намояндагони беҳтарини аҳли тасаввуфу ирфон мешиносанд
🌱Мавлоно писари воизи машҳуртарини замони хеш Баҳоуддин ибни Валад аст ,ки насли эшон ба Абӯбакри Сиддиқ мерасад.
🌱Адиб асаре дорад ба номи "Маҷолиси саъба" ,яъне *ҳафт маҷлис* , ки вазъу насиҳатҳои пеш аз вохӯрӣ бо Шамси Табрезиро дар бар мегирад.
🌱Асари дигари Сӯфӣ Девони Шамс мебошад, ки ҷамъи ғазалиёти ӯро дар бар мегирад.
🌱Шогирди вафодор
девони ғазалиёташро ба устоди худ Шамсиддини Табрезӣ бахшидааст ва дар ғазалҳояш ҳам Шамс , Шамси Табрезӣ, Шамсиддин (ва ғ.) тахаллус кардааст.
🌱Фиҳи мо Фиҳи" китобест, ки аз тарафи шогирдони устод навишта шудааст. Он аксар фикру андешаҳои мутафаккирро дар бар мегирад.
🌱Маснависаро китобе бо номи "Маснавии маънавӣ" дорад ,ки онро Қуръони паҳлавӣ ё худ порсӣ низ мегӯянд;
Маснавии маънавии Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ(А. Ҷомӣ).
Китоби мазкур соли 2014 бо адади 250 ҳазор дар ИМА чоп шудааст ва дар муддати кӯтоҳ хонандагони худро ёфтааст.
🌱Мегӯянд, ки дар ҷанозаи зиндаёд, Мавлавӣ, ҳам суннӣ ҳам шиъа ва ҳам ғайри мусулмон ҳузур дошт. Оре имрӯзҳо низ шаҳри Рум ба туфайли Румӣ мезбони ҳазорҳо инсон аст, ки ба зиёрати ӯ меоянд.
Ишқ дар кори дили саргаштаи мо оҷиз аст,
Баҳр натвонад кушодан уқдаи гирдобро...
#Соиби_Табрезӣ
Агар бар дили мо дусад қуфл бошад,
Калиди фурсативу дарро кушойӣ,
Даро дар дили мо, ки равшан чароғӣ,
Даро дар ду дида, ки хуш тӯтиёӣ...
#Мавлоно_Румӣ
Ҳофизо, аз боди хазон дар чамани даҳр маранҷ,
Фикри маъқул бифармо, гули бехор куҷост...
#Ҳофизи Шерозӣ
Хушахлоқӣ ё хӯи нек
Ҳазрат #Мавлоно фармуда:
Ман надидам дар ҷаҳони ҷустуҷӯ,Ҳеҷ аҳлият беҳ аз хӯйи накӯ.
Зарбулмасале ҳаст, ки мефармояд:
Мулло шудан чи осон, одам шудан чи?- Мушкил!
Ба ростӣ, чаро алорағми аҳамияти илму дониш, ҳеҷ чизе беҳтар аз ахлоқи хуш намебошад?!
Хӯи некро бояд омӯхт чи ба худ, чи ба дигарон, алалхусус ба кӯдакон ва барои касби он бояд саъю кушиш кард ва бояд дар ин роҳ мушкилотро ба ҷон харид, то ин неъмату аҳлиятро лоиқу сазовор шавем.
Яке аз орифони форсизабон #Шайх_Алоуддавла_ Самононӣ ки фарҳангу мазҳаби зиёдеро барраси кардаву омӯхтааст мегӯяд:
Кеши ҳафтоду ду миллат, ҳамаро санҷидам,
Ончи маҳбуби Худо буд, накӯкори буд...
^аҳлият- шоистагӣ, сазоворӣ
Моҳе чу рухат фалак надорад,
Қурси маҳи ӯ намак надорад.
Лутфе, ки ту дар сиришт дорӣ,
Инсон чи бувад, малак надорад.
Холе ба рухат бизан, ки бе хол
Чашмест, ки мардумак надорад.
Аз бода бувад нуфури зоҳид
Қалб орзуи маҳак надорад.
Ҳар кас даҳани ту дид хандон
Дар қисмати нукта шак надорад.
Шаб бе ту маро ба зери паҳлӯ
Гул _ҷуз халиши хасак надорад.
Ҷомӣ, ки ҳазор хуб донад
Ҷуз ту сари ҳеҷ як надорад.
#Абдураҳмони_Ҷомӣ
Ишқат ба дилам даромаду шод бирафт,
Боз омаду рахти хеш бинҳод бирафт,Гуфтам ба такаллуф ду се руз бинишин,
Биншасту кунун рафтанаш аз ёд бирафт...
#МАВЛОНО
Ҳар кас ки дар ин замона соҳибпул аст,
Ҳарфи ғалаташ дар ҳама ҷо мақбул аст.
Бе пул агар каломи ҳикмат гӯяд,
Гӯянд ки девонаву номақбул аст.
Дар дунёи имрӯза:
Фақр оташе аст, ки хубиҳоро месӯзонад ва сарват пардае аст, ки бадиҳоро мепӯшонад...
Ва чи беинсофанд ононе, ки якеро мепӯшонанд, ба эҳтироми доштаҳояш ва дигареро месузонанд ба ҷурми надоштан!!!
Аз шабакаи:
#Анҷумани_хирадмандон
Дӯстӣ ҳамчун зар, боло чун оташ аст,
Зарри холис дар дили оташ хуш аст
.
#МАСНАВИИ_МАЪНАВӢ'
Дӯсти воқеи монанди тиллои холис аст, ки агар бо ӯ дар оташ биравӣ, аслияташро гум намекунад, тағйир намеёбад ва бо ту монданӣ аст...
Ҳар ҷо ки бошӣ, ва дар ҳар ҳоле ки бошӣ, ҷаҳд кун то муҳибб бошӣ...
#Фиҳи_мо_фиҳӣ
#Мавлоно
Чун булбули маст роҳ дар бӯстон ёфт,
Рӯи гулу ҷоми бодаро хандон ёфт,
Омад ба забони ҳол, дар гӯшам гуфт:
«Дарёб, ки умри рафтаро натавон ёфт».
#ХАЙЁМ
Аз кӯҳ санге чун фитад, сад сангро беҷо кунад,
Марде чу номардӣ кунад, сад мардро расво кунад.
Нодон чу доноӣ кунад, аҳсан бигӯемаш ҳама,
Аммо чи битвон кард, агар нодоние, доно кунад?
Шавқе агар саркӯб шуд, нохуб шуд - нохуб шуд,
Аз кӯрзавқе дод, агар истеза бар бино кунад.
Ҳар кас тавонад рӯдро бо ҷӯйҳо созад ҷудо,
Он кист к-аз дарёдилӣ, як қатраро дарё кунад?
Ҳар кас тавонад мурдаро бар хок биспорад, вале,
Он кист хоки мурдаро, тоҷи сари дунё кунад?
Ман бо касе ҳамдостон, эй дӯстон, эй ростон,
Имрӯзи худро зинае, то қуллаи фардо кунад.
#Лоиқ Шералӣ
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.
#Сайидо
Ушшоқ чун фасонаи таҳқиқ сар кунанд,
Ойина бишкананду сухан мухтасар кунанд.Бо гавҳари ҳаё написанданд инфиъол,
Сад айбро ба як мижа бастан ҳунар кунанд.
#Бедил
Дар роҳи ишқ бо дили шайдо фитодаем,
Чандон давидаем ки аз по фитодаем,
Ошиқ басе ба кӯи ту афтодааст, лек,
Мо дар миёнаи ҳама расво фитодаем...
#Ваҳшии_Бофқӣ
Аз хирадманде пурсиданд:
Хашм чист?
Ӯ посухи зебое дод:
Хашм муҷозоте аст, ки мо ба худамон медиҳем, ба хотири иштибоҳи дигарон...
Кардам аз ақл суоле, ки магар имон чист?
Ақл бар гӯши дилам гуфт , ки имон адаб аст.
Одамизод агар беадаб аст, одам нест,
Фарқи байни бани Одаму ҳайвон адаб аст!