Ноумедиҳо чу ояд ошно душман шавад,
Ғам ҷудо, шодӣ ҷудо, фарзанд ҷудо душман шавад,
Ҳар ки пеш аз марг, дармонхоҳи дарди хеш шуд,
Гар табибаш Бӯалӣ бошад, даво душман шавад...
Ҳеҷ гоҳ ноумед набошед, умед ба раҳмати Ҳақ таъоло беҳтарин неъмат ва шифои маризиҳо аст...
Ба ҳамаи онҳое ки ба тозаги ба мо ҳамроҳ шуданд хуш омадед мегӯем!
Дустонатонро ҳам ба гуруҳи мо даъват кунед!
t.me/ADABIYOTI_KLASSIKI
#РОБИАИ_БАЛХӢ
Робиа духтари Каъби Қуздорӣ аввалин суханварест аз ҷумлаи занон, ки номи ў дар радифи шоирони форсӣгўй зикр шудааст. Ў аз муосирони Рўдакӣ буд. Шайх Аттор дар маснавии «Илоҳинома» достоне аз зиндагии ў нақл кардааст, ки беасос буданаш ба ҳақиқат наздиктар менамояд, вале мазмунаш ғзалҳои шўрангезу равони Робиаро тавзеҳ медиҳад.
Ба гуфтаи Аттор Робиа духтари ҳокими Балх буд. Баъди марги падар бародари бузургаш Ҳорис ўро сарпарастӣ мекард. Робиа ба Бектош ном ғуломи бародараш ошиқ шуда ва дар ишқи ў шеър мегуфт. Вақте ки асрори ошиқон фош гардид, бо фармони Ҳорис Робиаро дар ҳаммоми тафсон андоҳта, раги ҳунашро буриданд ва ў ҳалок шуд. Ризоқулиҳони Ҳидоят ҳам дар ин мавзўъ манзумае ба номи «Гулистони Ирам» навиштааст.
Бе тоати дин , биҳишти раҳмон маталаб,
Бе хотими Ҳақ мулки Сулаймон маталаб,
Чун оқибати кор аҷал хоҳад , буд,
Озори дили ҳеҷ мусалмон маталаб...
#Каломи_бузургон
Имон зироате аст, ки меваи он вақти марг чида мешавад, ва осоишу баҳраи он баъд аз марг ошкор мешавад.
Ин зироат бояд ба пиндору гуфтору кирдори нек обёри шавад, то нумӯъ намуда табоҳ нагардад.....
📖#Рисолаи_панди_солеҳ
#Каломи_орифон
Дӯстонро дар дил ранҷҳо бошад ки он ба ҳеҷ доруе хуш нашавад;
на ба хуфтан,
на ба гаштан,
ва на ба хӯрдан,
илло ба дидори дӯст , ки
дидори дӯст шифои бемор аст..
✍#Мавлоно
📖#Фиҳи_мо_фиҳ
ФИЛМИ ҲАЗРАТИ ЮСУФ (алайҳиссалом)
1 - 45 ҚИСМҲО
📌 ЗАБОН - ФОРСӢ 🇮🇷 ВА РУСӢ 🇷🇺
ПРОРОК ЮСУФ (МИР ЕМУ) 1 - 45 СЕРИИ
📌 ЯЗЫК - ПЕРСИДСКИЙ 🇮🇷 И РУССКИЙ 🇷🇺
/channel/hazratiyusufa
Ҳамаи он азизонро ки ба тозаги ба мо ҳамроҳ шуданд , хуш омадед мегӯем!
Дустонатонро ҳам ба гуруҳи мо таклиф кунед!
Бо мо бошед!
t.me/ADABIYOTI_KLASSIKI
Хушахлоқӣ ё хӯи нек
Ҳазрат #Мавлоно фармуда:
Ман надидам дар ҷаҳони ҷустуҷӯ,Ҳеҷ аҳлият беҳ аз хӯйи накӯ.
Зарбулмасале ҳаст, ки мефармояд:
Мулло шудан чи осон, одам шудан чи?- Мушкил!
Ба ростӣ, чаро алорағми аҳамияти илму дониш, ҳеҷ чизе беҳтар аз ахлоқи хуш намебошад?!
Хӯи некро бояд омӯхт чи ба худ, чи ба дигарон, алалхусус ба кӯдакон ва барои касби он бояд саъю кушиш кард ва бояд дар ин роҳ мушкилотро ба ҷон харид, то ин неъмату аҳлиятро лоиқу сазовор шавем.
Яке аз орифони форсизабон #Шайх_Алоуддавла_ Самононӣ ки фарҳангу мазҳаби зиёдеро барраси кардаву омӯхтааст мегӯяд:
Кеши ҳафтоду ду миллат, ҳамаро санҷидам,
Ончи маҳбуби Худо буд, накӯкори буд...
^аҳлият- шоистагӣ, сазоворӣ
Моҳе чу рухат фалак надорад,
Қурси маҳи ӯ намак надорад.
Лутфе, ки ту дар сиришт дорӣ,
Инсон чи бувад, малак надорад.
Холе ба рухат бизан, ки бе хол
Чашмест, ки мардумак надорад.
Аз бода бувад нуфури зоҳид
Қалб орзуи маҳак надорад.
Ҳар кас даҳани ту дид хандон
Дар қисмати нукта шак надорад.
Шаб бе ту маро ба зери паҳлӯ
Гул _ҷуз халиши хасак надорад.
Ҷомӣ, ки ҳазор хуб донад
Ҷуз ту сари ҳеҷ як надорад.
#Абдураҳмони_Ҷомӣ
Ишқат ба дилам даромаду шод бирафт,
Боз омаду рахти хеш бинҳод бирафт,Гуфтам ба такаллуф ду се руз бинишин,
Биншасту кунун рафтанаш аз ёд бирафт...
#МАВЛОНО
Ҳар кас ки дар ин замона соҳибпул аст,
Ҳарфи ғалаташ дар ҳама ҷо мақбул аст.
Бе пул агар каломи ҳикмат гӯяд,
Гӯянд ки девонаву номақбул аст.
Дар дунёи имрӯза:
Фақр оташе аст, ки хубиҳоро месӯзонад ва сарват пардае аст, ки бадиҳоро мепӯшонад...
Ва чи беинсофанд ононе, ки якеро мепӯшонанд, ба эҳтироми доштаҳояш ва дигареро месузонанд ба ҷурми надоштан!!!
Аз шабакаи:
#Анҷумани_хирадмандон
Дӯстӣ ҳамчун зар, боло чун оташ аст,
Зарри холис дар дили оташ хуш аст
.
#МАСНАВИИ_МАЪНАВӢ'
Дӯсти воқеи монанди тиллои холис аст, ки агар бо ӯ дар оташ биравӣ, аслияташро гум намекунад, тағйир намеёбад ва бо ту монданӣ аст...
Ҳар ҷо ки бошӣ, ва дар ҳар ҳоле ки бошӣ, ҷаҳд кун то муҳибб бошӣ...
#Фиҳи_мо_фиҳӣ
#Мавлоно
Дустони азиз, шабатон хуш !
Имшаб дар яке аз саҳфаҳои интернетӣ як шеъри ҳаҷвиеро хондам ки касро вориди андеша месозад.
Мунозира бо хар
Рӯзе ба раҳе маро гузар буд,
Хобида ба роҳ ҷаноби хар буд.
Аз хар ту нагӯ ки чун гуҳар буд,
Чун соҳиби дониши ҳунар буд.
Гуфтам, ки ҷаноб дар чи ҳолӣ?
Гуфто, ки вазъ бошад олӣ!
Гуфтам, ки биё харӣ раҳо кун,
Одам шаву баъд аз он сафо кун.
Гуфто, ки бирав маро раҳо кун,
Захми тани хешро даво кун.
На зулм ба дигаре намудем,
На аҳли риёву макр будем.
Розӣ чу ба ризқи хеш будем,
Аз суфраи кас нон нарабудем.
Дидӣ ту харе кушад хареро?
Ё ин ки бурад зӣ тан сареро?
Дидӣ ту харе, ки кам фурӯшад?
Ё баҳри фиреби халқ кӯшад?
Дидӣ ту харе, ки ришвахӯр аст?
Ё бар хари дигаре савор аст?
Дидӣ ту харе шикаста паймон?
Ё ин ки зӣ дигаре барад нон?
Дидам суханаш ҳама матин аст,
Фармоиши ӯ ҳама яқин аст.
Гуфтам, ки зи одамӣ сарӣ ту,
Ҳарчанд ба диди мо хари ту.
Биншастаму орзу намудам,
Бар халқи хеш рӯ намудам.
Эй, кош ки қонуни харият,
Ҷорӣ бишавад ба одамият...
Аз #РОБИА 7 ғазал, 4 дубайтӣ ва 2 фардбайт боқӣ мондааст;
Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,
Чаман ранги «Аржанг»-и Моно гирифт.
Сабо нофаи мушки Тиббат надошт,
Ҷаҳон бўи мушк аз чӣ маъно гирифт?!
Магар ҷашми Маҷнун ба абр-андар аст,
Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт.
Ҳаме монад андар ақиқин қадаҳ,
Сиришке, ки дар лола маъво гирифт.
Қадаҳ гир чандею дунё магир,
Ки бадбахт шуд, он ки дунё гирифт.
Сари наргиси тоза аз зарру сим,
Нишони сари тоҷи Кисро гирифт.
Чу раҳбон шуд андар либоси кабуд
Бунафша, магар дини тарсо гирифт?!
Байти зебое аз #Саъдии бузургвор:
Зикри ту аз забони ман, фикри ту аз хаёли ман,
Чун биравад?
Ки рафтаи дар рагу дар мафосилам...
*мафосил- бандҳои устухон
#Каломи_орифон
Агар одамиро шодӣ дар дил ояд , ҷазои он аст , ки касеро шод карда ва агар ғамгин мешавад, касеро ғамгин карда....
Ин армуғонҳои он олам аст, то бад - ин андак , он бисёрро фаҳм кунанд...
📖#Фиҳи_мо_Фиҳ
✍#Мавлоно_Румӣ
Зи ишқ оғоз кун то нақши гардунро бигардонӣ,
Ки танҳо ишқ созад нақши гардунро дигаргунаш.
Ба меҳр овезу ҷонро рӯшноӣ деҳ, ки ин оин,
Ҳама шодист фармонаш, ҳама ёрист қонунаш...
#Фаридун_Муширӣ
#Каломи_бузургон
#Порчае_аз_китоб
💦Одамӣ агар паёмбар ҳам бошад аз забони мардум осуда нест, зеро;
💧Агар бисёр кор кунад мегӯянд аҳмақ аст.
💧Агар кам кор кунад мегӯянд танбал аст.
💧Агар бахшиш кунад , мегуянд ифрот мекунад.
💧Агар ҷамъгаро бошад , мегӯянд бахил аст.
💧Агар сокит ва хомӯш бошад мегӯянд лол аст.
💧Агар забоноварӣ кунад , мегӯянд ,варроҷ аст,
💧Агар рӯза дораду шабҳо намоз гузорад мегӯянд риёкор аст, ва агар накунад мегӯянд кофар асту бедин...
💦Аз ин рӯ набояд бар ҳамду санои мардум эътимод кард ва ҷуз аз Худованд набояд аз касе тарсид.
Пас он , чи бошед ки дӯст доред.
Шод бошед; муҳим нест ки ин шодӣ чи гуна қазоват шуд....
📖#Кашкӯли_Шайх_Баҳоӣ
Ай қаноъат, тавонгарам гардон,
Ки вароъи ту ҳеҷ неъмат нест!
Кунҷи сабр ихтиёри Луқмон аст,
Ҳар киро сабр нест, ҳикмат нест!
#Саъдӣ
ХУДОЁ,
Ба ҳурмати рӯзи Ҷумъа
Ва фурсати зебои зиндагӣ,
Некӯтарин сарнавиштҳо,
Ҳалолтарин ризқҳо,
Холистарин ниятҳо,
Солеҳтарин аъмол,
Мақбултарин ибодатҳо,
Ва болотарин дараҷотро
барои ҳамаи бандагонат муқаддар бифармо...((( Омин )))
Дилхуш аз онем ки Ҳаҷ меравем,
Ғофил аз онем ки каҷ меравем,
Каъба ба дидори Худо меравем,
Ӯ ки ҳаминҷост куҷо меравем,
Ҳаҷ ба Худо ҷуз ба дили пок нест,
Шустани ғам аз дили ғамнок нест...
Ба ҳусни ту набошад ёри дигар,
Даро, ай моҳи хубон бори дигар,
Маро ғайри тамошои ҷамолат,
Мабодо дар ду олам кори дигар.
Ба як хона ду беморанду ошиқ,
Манам бемору дил бемор дигар...
Дар чашми покбин набувад расми имтиёз,
Дар офтоб, сояи шоҳу гадо якест...
#Соиб_Табрезӣ
Ҳикмати руз аз #Соиб_Табрезӣ:Рутбае ҳаргиз надидам, беҳтар аз уфтодагӣ,
Ҳар ки худро кам зӣ мо медонад, аз мо беҳтар аст...
^уфтодагӣ - хоксори, фурӯтанӣ
Эй, рӯзидиҳандаи беминнат, имрӯз моро ба самти дарҳои кушода аз раҳматат ҳидоят кун, то беҳтаринҳо насиби мо гардад...
Читать полностью…Салому дуруди бепоён ба муштариёни гиромӣ!Оғози рӯзи наватон ба хайр!
Ҳамеша хушҳолу шодмон бошед!!
Ҷон фидои ту, ки ҳам ҷониву ҳам ҷононӣ,
Ҳар кӣ шуд хоки дарат, раст зи саргардонӣ.
Сарсарӣ аз сари кӯйи ту наёрам бархост,Кори душвор нагиранд бад-ин осонӣ.
Хомро тоқати парвонаи парсӯхта нест,
Нозуконро набувад шеваи ҷонафшонӣ.Бе ту ором гирифтан бувад аз нокомӣ,
Бо ту густох нишастан бувад аз ҳайронӣ.
Фош карданд рақибони ту сирри дили ман,Чанд пӯшида бимонад сухани пинҳонӣ?
То бимонад тару шодоб ниҳоли қади ту,
Воҷиб он аст, ки бар чашми манаш биншонӣ.
Дар хами зулфи ту дидам дили худро рӯзе,
Гуфтамаш: «Чуниву чун мекунӣ, эй зиндонӣ?»
Гуфт: «Оре, чӣ кунӣ, гар набарӣ рашк ба ман,Ҳар гадоро набувад мартабаи султонӣ!
Ростӣ ҳадди ту, Ҳофиз, набувад сӯҳбати мо,Бас, агар бар сари ин кӯй кунӣ дарбонӣ"
#ҲОФИЗ
Ҳеҷ ранҷе то абад монданӣ нест!
Ноумедӣ аз онҷо шурӯъ мешавад, ки одамизод дар даргири кутоҳмуддат бо ранҷҳо бовар мекунад, ки қарор аст то абад идомадор бошад.
Ва ин боварии абадӣ будани мушкилоту ранҷҳо якҷо ӯро аз пой меуфтонад.
Тафаккури абадӣ будани ранҷҳои зиндагиро канор бигзоред, то зиндагӣ рӯи хуши худро ба шумо нишон диҳад!Аллоҳ мададгоратон!