#Ҳикмат
Ориферо пурсиданд:
-Зиндагӣ ба хабар аст, ё бо ихтиёр?
Посух дод:
-Имрӯз ба ихтиёр аст, то чи бикорем, аммо фардо хабар аст.
Чаро ки ба ахбор бояд дарав кунем , ҳар он чиро ки дирӯз ба ихтиёр кишта будем....
Эй, дил чу фироқи ёр диди хун шав,
Ва эй, дида мувофиқат бикун Ҷайҳун шав.
Эй, ҷон ту азизтар наи аз ёрам,
Бе ёр нахоҳамат, зӣ тан берун шав...
#Абӯсаид_Абулхайр
📖#Аз_хазинаи_маърифат
✍#Шайх_Муҳаммад_Ғаззолӣ
Чун Алҳамдулиллаҳ гӯяд бояд ки неъматҳои Ҳақ Таъоло бар дил тоза гардонад ва ҳамаи дили вай ба сифати шакар гардад, ки ин калима шакар аст ва шакар бар дил бувад...
Ҳар он чи металабӣ , аз кушодарӯён хоҳ,
Ки файзи субҳ диҳад , ҷабҳае ки бе чин аст...
#Соиб_Табрезӣ
Рӯзи бигзашта хаёласт ки аз нав ояд,
Фурсати рафта маҳоласт ки аз аз сар гардад.
Зиндагӣ ҷуз нафас нест, ғанимат шумораш,
Нест уммед ки ҳамвора нафас баргардад.....
#Парвин Эътисомӣ
🌺Барои хушҳол кардани як зан;
❤️Мисли як дӯст , барояш ҳамдардӣ кун!
❤️Мисли падар , ӯро муҳофизат кун!
❤️Мисли як мард , дӯсташ дошта бош!
Боз як субҳи зебо барои азизон бахайр! Рӯзатон саршор аз раҳмату барокати Ҳаққ таъоло бод!
مایهٔ خوشدلی آنجاست که دلدار آنجاست
میکنم جهد که خود را مگر آنجا فکنم
#حافظ
Мояи хушдилӣ онҷост ки дилдор онҷост,
Мекунам ҷаҳд ки худро магар онҷо фиканам...
#Ҳофиз
Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махӯр
Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр!
Эй дили ғамдида ҳолат беҳ шавад, дил бад макун,
В-ин сари шӯрида бозояд ба сомон, ғам махӯр!
Гар баҳори умр бошад, боз бар тахти чаман
Чатри гул дар сар кашӣ, эй мурғи хушхон, ғам махӯр
Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,
Доим яксон намонад ҳоли даврон, ғам махӯр!
Ҳон машав навмед, чун воқиф наӣ аз сирри ғайб,
Бошад андар парда бозиҳои пинҳон, ғам махӯр!
Эй дил, ар сели фано бунёди ҳастӣ барканад,
Чун туро Нӯҳ аст киштибон, зи тӯфон, ғам махӯр.
Дар биёбон гар ба шавқи Каъба хоҳӣ зад қадам,
Сарзанишҳо гар кунад хори муғелон, ғам махӯр!
Гарчи манзил бас хатарнок асту мақсад бас баид,
Ҳеч роҳе нест, к-онро нест поён, ғам махӯр!
Ҳоли мо дар фурқати ҷонону иброми рақиб,
Ҷумла медонад Худои ҳолгардон, ғам махӯр!
Ҳофизо, дар кунҷи фақру хилвати шабҳои тор,
То бувад вирдат дуову дарс Қуръон, ғам махӯр
#Ҳофизи_Шерозӣ
Аҳволи одамӣ дар синни мухталиф аз нигоҳи #Низомии_Ганҷавӣ
Ҳадиси кӯдакиву худпарастӣ,
Раҳо кун, к- он хаёл буду мастӣ.
Чу умр аз си гузашт ё худ аз бист,
Намешояд дигар чун ғофилон зист.
Нишоти умр бошад то чиҳил сол,
Чиҳил сола фурӯ резад пару бол.
Пас аз панҷоҳ набошад тандурустӣ,
Басар кундӣ пазирад, пой сустӣ...
Чу шаст омад, нишаст омад падидор,
Чу ҳафтод омад , афтод олат аз кор.
Ба ҳаштоду навад чун даррасидӣ,
Басо сахтӣ ки аз гетӣ кашидӣ.
В-аз онҷо гар ба сад манзил расонӣ,
Бувад марге ба сурат зиндагонӣ.
Агар сад сол мони, в-ар яке рӯз,
Бибояд рафт аз ин кохи дилафрӯз....
Ай бародар, аз ту беҳтар ҳеҷ кас нашносадат,
З-он чи ҳастӣ, як сари мў хешро афзун манеҳ!
Гар фузун аз қадри ту бистоядат нобихраде,
Қадри худ бишносу пой аз ҳадди худ берун манеҳ!
#Ҷомӣ
Тавонгарӣ на ба мол аст пеши аҳли камол,
Ки мол то лаби гур асту баъд аз он аъмол.
#Саъдӣ
Одами баднафсро нони даҳонаш мекушад,
Шахси бадгуфторро захми забонаш мекушад.
Шавқу шӯри навҷавониро пайи ишрат мабар,
Беадабро ҷунбиши хуни ҷавонаш мекушад.
Кӯдаконашро агар н-омухт одобе падар,
Оқибат ноодамии кӯдаконаш мекушад.
Мебари бо худ камон аз тири он андеша кун,
Марди беандешаро тири камонаш мекушад.
Гар шиновар хешро бар сели дарё мезанад,
Ҳалқаи гирдоби дарёи равонаш мекушад.
То ки қад боло кунад по монд дар болои дӯст,
Бевафоро дар ҷудои душманонаш мекушад.
Гуфт Айюби сухан аз синаи бедарду ғам,
Дарди он бедардҳои достонаш мекушад.
#Айюби
Бузурге фармуда:
Шод будан РАҲМАТ аст,
аммо шод кардан, ИБОДАТ.Агар ба касе тавони шодиву нишот бахшиданро надоред, ҳадди ақал бикӯшед то диле аз шумо ранҷуру озурда набошад.
Хулосаи ахлоқи одамият дар ду калом аст;МАРАНҶ ВА МАРАНҶОН...
Дили фориғ зӣ дарди ишқ дил нест!
Тани бедарди дил ҷуз обу гил нест..
Зӣ олам рӯят овар дар ғами ишқ,
Ки бошад оламе хуш олами ишқ...
#Абдураҳмони_Ҷомӣ
Ба ғами касе асирам ки зи ман хабар надорад,
Аҷаб аз муҳаббати ман ки дар ӯ асар надорад.
Ғалат аст, ҳар ки гӯяд ки ба дил раҳ аст , дилро,
Дили ман зӣ ғусса хун шуд, дили ӯ хабар надорад...
#Ваҳши_Бофқӣ
Бузургтарин хиёнати инсон дар мавриди худаш тарс аз ин ки дигарон дар мавридаш чи мегӯянд...
Бузурге фармуда;
Бо мардум зиндагӣ кун , аммо барои мардум зиндагӣ накун!
Хидматгузори мардум бош, аммо ҳаргиз тобеъи рангу салиқаи мардум набош!!
#Ҳикматҳо
Агар мехоҳи арзиши хешро бидонӣ, бингар ки ба чи чизе дил бастаӣ...
#Шайх_Баҳоӣ
Эй толиб!
То ту бар ҷону моли худ меларзӣ, ҳаққо ки ба ду ҷу намеарзӣ.
Бингар ки чӣ меварзӣ ( дилбастагӣ), ҳамонро арзи ки меварзӣ.
Бандаи онӣ ки дар банди они.
#Хоҷа_Абдуллоҳи_Ансорӣ
То дар талаби гавҳари кони, кони
То дар ҳаваси луқмаи нони, нони,
Ин нуктаи рамз агар бидонӣ , донӣ,
Ҳар чиз ки дар ҷустани онӣ, онӣ...
#Мавлоно_Румӣ
Шеър аз ҳаким #Умар_Хайёми_Нишопурӣ дар девори яке аз донишкадаҳои пизишкии #Амрико :
Тунги майи лаъл хоҳаму девонӣ,
Шадди рамақе бояду нисфи ноне,
В- онгаҳ ману ту нишаста дар вайронӣ,
Хуштар бувад он зӣ мулкати султонӣ...
*тунгӣ- қувват , тавоноӣ
*девонӣ- амали боло, мансабдорӣ
Шаби дӯстони азиз бо ғазали зебои #Саъдии хушкалом хуш бод!
Ҳар киро боғчае ҳаст, ба бустон наравад,
Ҳар кӣ маҷмӯъ нишастаст, парешон наравад.
Он ки дар доманаш овехта бошад хоре,
Ҳаргизаш гӯшаи хотир ба гулистон наравад.
Сафари қибла дароз асту муҷовир бо дӯст,
Рӯй дар қиблаи маънӣ ба биёбон наравад.
Гар биёранд калиди ҳама дарҳои биҳишт,
Ҷони ошиқ ба тамошогаҳи ризвон наравад.
Гар сарат маст кунад бӯи ҳақиқат рӯзе,
Андарунат ба гулу лолаву райҳон наравад.
Ҳар кӣ донист, ки манзилгаҳи маъшуқ куҷост,
Муддаъӣ бошад, агар бар сари пайкон наравад.
Сифати ошиқи содиқ ба дурустӣ он аст,
Ки гараш сар биравад, аз сари паймон наравад.
Ба насиҳатгари дилшефта мебояд гуфт:
Бирав, эй хоҷа, ки ин дард ба дармон наравад.
Ба малоик набаранд аз дили мо сурати ишқ,
Нақш бар санг набишта-ст, ба тӯфон наравад.
Ишқро ақл намехост, ки бинад, лекин
Ҳеч айёр набошад, ки ба зиндон наравад.
Саъдиё, гар ҳама шаб шарҳи ғамаш хоҳӣ гуфт,
Шаб ба поён раваду шарҳ ба поён наравад.
Имруз як ҳикоятеро хондам ки бисёр ба зиндагии имрузаи мо мардум шабоҳат дорад .
Дар як мурдоб қурбоққаҳо лаклакҳо ва морҳо зиндагӣ мекарданд.
Лаклакҳо бо қурбоққаҳо дӯсти доштанд, аммо морҳо қурбоққаҳоро мехурданд.
Аз ин бебасомонӣ қурбоққаҳо бисёр андӯҳгин буданд, ва алайҳи морҳо ба лаклакҳо шикоят карданд.
Лаклакҳо теъдоде аз морҳоро хурданд, қисме аз морҳо аз мурдоб фирор карданд.
Муддате чанд аз рузгор даргузашту лаклакҳо худ ба хурдани қурбоққаҳо шуруъ карданд.
Ғуссаи қурбоққаҳо афзуд, чун кушандаи онҳо акнун дӯсти онҳо буд, дустеки онҳо ба вай эътимод доштан, дӯсте ки аз вай ҳимоят мехостанд.
Аз ин ҳол морҳо хабар ёфтанд ,ба мурдоб баргаштанд ва ин бор ҳампои лаклакҳо ба хурдани қурбоққаҳо шурӯъ карданд!
Ҳоло дигар иродаи қурбоққаҳо шикаст, ва ба он муттақид шуданд ки барои хурда шудан ба дунё омадаанд...
Вале танҳо як мушкил буд ки барои онҳо ҳал нашуда монд, аз дасти дӯст кушта шаванд ё аз дасти душман!
Ва ин аст зиндагии имрузаи мо....
Дар интихоби дӯст иштибоҳ накунем..
گفتم عزیزم! بودنت را دوست دارم
طرز محبت کردنت را دوست دارم
گفتی چرا عاشق شدی داری دلیلی؟
گفتم که با من ماندنت را دوست دارم
گفتی بگو چندین دلیل عاشقانه
من حالِ خوب با مَنَت را دوست دارم
با کلِ قلبم عاشقم طوری که حتی
عطر خوش پیراهنت را دوست دارم
وقتی صدایت میکنم با عشق و احساس
جانم عزیزم، گفتنت را دوست دارم
هرنیمه شب طبق قراری شاعرانه
دیوان حافظ خواندنت را دوست دارم
وقتی نگاهت میکنم من دلبرانه
دندان نما ، خندیدنت را دوست دارم
در آسمان تیره ی قلبم تو ماهی
ماهم من این تابیدنت را دوست دارم....!
#سارا_یوسفی
Гуфтам азизам! Буданатро дӯст дорам,
Тарзи муҳаббат карданатро дӯст дорам.
Гуфти чаро ошиқ шуди дори далел?
Гуфтам ки бо ман монданатро дӯст дорам.
Гуфти бигӯ чандин далели ошиқона,
Ман ҳоли хуби бо манатро дӯст дорам.
Бо кулли қалбам ошиқам , тавре ки ҳатто,
Атри хуши пероҳанатро дӯст дорам.
Вақте садоят мекунам бо ишқу эҳсос,
Ҷонам, азизам ,гуфтанатро дӯст дорам.
Ҳар нимашаб тибқи қарори ошиқона,
Девони Ҳофиз хонданатро дӯст дорам.
Вақте нигоҳат мекунам ман дилбарона,
Дандоннамо хандиданатро дӯст медорам.
Дар осмони тираи қалбам ту моҳи,
Моҳам , ман тобиданатро дӯст медорам... !
#Соро Юсуфӣ
Ҳар ки гардад пок тинат, маҳрами дилҳо шавад,
Ҳар ки дар хун соф гардад, қобили мино шавад.
Аз даҳони гул шунидам, бар сари бозор гуфт,
Ҳар ки бо нокас нишинад, оқибат расво шавад.
Гавҳари худро мазан бар санги ҳар ноқобиле,
Сабр кун, гавҳаршиноси қобиле пайдо шавад...
#Соиби_Табрезӣ
#Аз_ганҷинаи_хирад
Агар бастаи ишқи халосӣ маҷӯ,
Ва гар куштаи ишқи қасос маҷӯ...
Ки ишқ оташи сӯзон асту баҳри бекарон аст,
ҳам ҷон асту ҷонро ҷонон аст,
ва қиссаи бепоён асту дарди бедармон аст,
ақл дар идроки вай ҳайрон ва дил аз дарёфти вай нотавон аст .
Ниҳонкунандаи аён асту аёнкунандаи ниҳон аст..
Агар хомӯш бошад дилро чок кунад ва аз ғайри худаш пок кунад...
Ишқ дард нест ,вале ба дард орад...
Бало нест вале балоҳо ба сар орад....
Чунон ки иллати ҳаёт аст, ҳамчунон сабаби мамот аст...
Муҳаббат муҳибро сӯзад на маҳбубро
Ишқ толибро сӯзад на матлубро....
Шарҳи ишқро ман бигӯям бардавом,
Сад қиёмат бигзарад он нотамом.
📖#Муҳаббатнома_Боби_Ишқ
✍#Хоҷа_Абдуллоҳи_Ансорӣ
Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ,
Фардо маро чу қисса фаромӯш мекунӣ.
Ин дур(р) ҳамеша дар садафи рӯзгор нест,
Мегӯямат, вале ту куҷо гӯш мекунӣ.
Дастам намерасад, ки дар оғӯш гирамат,
Эй моҳ бо ки даст дар оғӯш мекунӣ.?
Дар соғари ту чист, ки бо ҷуръаи нахуст,
Ҳушёру мастро ҳама мадҳуш мекунӣ.
Май ҷӯш мезанад ба дили хум биё бубин,
Ёде агар зи хуни Сиёвуш мекунӣ.
Гар гӯш мекунӣ сухани хӯш бигӯямат,
Беҳтар зи гавҳаре, ки ту дар гӯш мекунӣ.
Ҷоми ҷаҳон зи хуни дили ошиқон пур аст,
Ҳурмат нигаҳ дор агараш нӯш мекунӣ.
Соя, чу шамъи шӯъла дарафкандаи ба ҷамъ,
З-ин достон ки бо лаби хомӯш мекунӣ
#Ҳушанг_Ибтиҳоҷ_Соя
#Ҳикоят
Дар асрҳои пешин дар Европа кашишон (руҳониён) бо роҳи фиребу тарсондан биҳиштро барои мардум мефурӯхтанд.
Мардуми нодону ҷоҳил ҳам бо пардохти миқдори зиёди пул қисмате аз биҳиштро аз они худ мекарданд.
Кашишҳо ба ивази пул ба онҳо санаде ( ҳуҷҷат) тақдим мекарданд.
Фарди доное ки аз ин нодонии мардум ранҷ мебурд, даст ба ҳар амале зад натавонист мардумро аз анҷоми ин кори аҳмақона боз дорад, то ин ки фикре ба зеҳнаш расид...
Ба калисо рафт ва ба кашиши масъули фуруши биҳишт гуфт:
-Қиммати ҷаҳаннам чи қадар аст?
Кашиш бо тааҷҷуб гуфт:
-Ҷаҳаннам??
Марди доно гуфт:
-Бале ҷаҳаннам?
Кашиш бидуни ҳеҷ фикре қиммати баландеро баён кард.
Мард маблағро пардохт, санади ҷаҳаннамро гирифту хушҳолона аз калисо хориҷ шуд.
Ба майдони шаҳр рафт ва фарёд зад:
- Ман тамоми ҷаҳаннамро харидам, ин санадаш аст.
Аз ин пас лозим нест ки биҳиштро бихаред , чун ман ҳеҷ касро ба ҷаҳаннам роҳ намедиҳам.
Мардум баъд аз ин кор "харидани биҳиштро"
бас карданд...ва ин шахс бо ин ҳаракат тавонист мардумро аз гумраҳӣ раҳо созад....
Дар ҷаҳон танҳо як фазилат вуҷуд дорад ва он ОГОҲӢ аст...
Ва танҳо як гуноҳ ва он ҶОҲИЛӢ аст..
#Аз_хазинаи_маърифат
Ман ғуломи қамарам ғайри
қамар ҳеҷ магӯ,
Пеши ман ҷуз сухани шаҳду шакар ҳеҷ магӯ.
Сухани ранҷ магу , ҷуз сухани ганҷ магӯ.
Вар аз ин бехабари ранҷ мабар ҳеҷ магӯ.
Дӯш девона шудам ишқ маро диду бигуфт,
Омадам наъра мазан, ҷома мадар , ҳеҷ магӯ.
Гуфтам : ай ишқ, ман аз чизи дигар метарсам,
Гуфт: он чизи дигар нест дигар ҳеҷ магӯ.
Ман ба гӯши ту суханҳои ниҳон хоҳам гуфт,
Сар биҷунбон, ки бале , ҷуз ки ба сар ҳеҷ магӯ.
Қамари ҷон сифате дар раҳи дил пайдо шуд,
Дар раҳи дил чи латиф аст сафар ҳеҷ магӯ.
Гуфтам: ай дил , чи маҳ аст , ин дил ишорат мекард,
Ки на андозаи туст ин бигзар ҳеҷ магӯ.
Гуфтам: ин рӯи фариштаст аҷаб ё башар аст,
Гуфт : ин ғайри фариштасту башар ҳеҷ магӯ.
Гуфтам: ин чист бигӯ зеру забар хоҳам шуд,
Гуфт: мебошӣ чунин зеру забар ҳеҷ магӯ.
Ай нишаста ту дар ин хонаи пурнақшу хаёл
Хайр аз ин хона бирав , рахт бибар ҳеҷ магӯ.
#Мавлоно
Нафси саркашро мусаххар ақли пуртадбир кард,
Саг чу шуд девона, ӯро метавон занҷир кард.
Бемураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
Бо бузургони ҷаҳон густох будан хуб нест,
Охир ин беиззатӣ бар Кӯҳкан таъсир кард.
Беибо натвон ба базми тундхӯён по ниҳод,
Бемуҳобо такя натвон бар дами шамшер кард.
То ба пои хум нарафтам соғарам ёрӣ надод,
Дастгирӣ бо мани афтода рӯҳи пир кард.
Мераванд аҳли тамаъ дар базмҳо девонавор,
Метавон дарҳои меҳмонхонаро занҷир кард.
Қомати хилватшинон мекунад кори камон,
Метавон мисвоки зоҳидро нишони тир кард.
Водии девонагӣ ҷои фароғат будааст,
Хоби роҳат пои мо дар хонаи занҷир кард.
Сайидо, музди ҳунарвар мерасад дархурди кор,
Рӯзии Фарҳодро гардун зи ҷӯи шир кард.
#Сайидои_Насафӣ
#Панд_аз_Мавлонои_бузургвор:
Ба дил гуфтам зи дигарон беш мабош,
Рав марҳаму реш шав, чун неш мабош.
Хоҳи, ки зӣ ҳеҷ кас ба ту бад.нарасад,
Бадгӯйу бадомӯзу бадандеш мабош....