Намегардад дили огаҳ шод аз ишрати дунё,
Дар ин мотамсаро ё тифл , ё девона механдад...
#Соиб_Табрезӣ
Сад шукри Худо аз нав, моҳи Рамазон омад,
Хушнудиву пирӯзӣ, бар пиру ҷавон омад.
Дилҳо зи фараҳ саршор, к-омад маҳи истиғфор,
Озодӣ зи сӯзи нор, бар пиру ҷавон омад.
Ин моҳи сафо бошад, ҳам моҳи дуо бошад,
Олам ҳама нурафшон, чун ҷони ҷаҳон омад.
Фарз аст азизи ман, ин рӯза ба марду зан,
Ҳам қуввати ҷисму тан, ҳам роҳати ҷон омад.Овози азон омад, моҳи Рамазон омад,
Шайтон ба фиғон омад, моҳи Рамазон омад.
Масҷид мунаввар шуд, аз ишқ муаттар шуд,
Хуршеди замон омад, моҳи Рамазон омад.Ёрон ба бари ёрон, яктан шудаву якҷон,
Ислом ба миён омад, моҳи Рамазон омад.
Аз булбули хушилҳом, чаҳ-чаҳ бишунав Қуръон,
Шури дилу ҷон омад, моҳи Рамазон омад.
Аз ҳарфи Ҳақу Аҳмад, нур аст ба дил беҳад,
Имон ба амон омад, моҳи Рамазон омад.
Бар хайру сахо бингар, бар рӯзӣ шаке н-овар,
Сад файз ба хон омад, моҳи Рамазон омад.
Дар сина такон бишнав, илҳоми ниҳон хамрав,
Шеърат бихонам акнун, моҳи Рамазон омад.
#РАМАЗОН
Ба рафъи чашмзахми халқ гумномӣ фусун дорад,
Бурун тоз аз дари шуҳрат, ки шуҳрат бўйи хун дорад.
#Бедил
Сухан он гаҳ кунад ҳаким оғоз,
Ё сарангушт сўйи луқма дароз.
Ки зи ногуфтанаш халал зояд,
Ё зи нохўрданаш ба ҷон ояд.
Лоҷарам, ҳикматаш бувад гуфтор,
Хўрданаш тандурустӣ орад бор.
#Саъдӣ
Охир, эй ҷони ҷаҳон бо ман ҷафо то кай кунӣ?
Дасти аҳд аз домани сӯҳбат раҳо то кай кунӣ?
Чун ба ҷуз ҷавру ҷафо коре надорӣ рӯзу шаб.
Пас, маро биғораи меҳру вафо то кай кунӣ?
Бохтаам дар нарди ишқат ин ҷаҳону он ҷаҳон,
Чун ҳама дар бохтаам, бо ман дағо то кай кунӣ?
Чун кулоҳи хоҷагӣ якбора бинҳодам зи сар,
Ҷони ман, пироҳани сабрам қабо то кай кунӣ ?Аз вафои Анварӣ чун рӯй гардонидаӣ.
Шарм дор аз рӯи ӯ, охир, ҷафо то кай кунӣ?!
Авҳадиддин Алӣ бинни Муҳаммад бинни Исҳоқ- #Анварӣ
#Ҳикоят
Фарде чанд чаҳормағзе ба Баҳлул доду гуфт:
-Бишкану бихӯр , ва барои ман дуо кун.
Баҳлул чаҳормағзҳоро шикасту хӯрд, аммо дуо накард!
Он мард гуфт:
-Нуши ҷон, вале ман садои дуои туро нашнидам!
Баҳлул гуфт:
-Мутъмаин бош!
Агар дар роҳи Худо додаи , Худо худаш садои шикастани чаҳормағзҳоро шунида аст....
#Байти_Ҳофиз:
Ту бандагӣ чу гадоён ба шарти музд макун,
Ки хоҷа худ равиши бандапарварӣ дорад...
Аз #Шайх_Баҳоӣ пурсиданд:-Сахт мегузарад ? Чи бояд кард?
Гуфт:-Худат мегӯи сахт мегузарад , сахт ки намемонад!
Пас Худоро шокир бош ки мегузараду намемонад!
Имрӯзат хуб ё бад гузашт, фардо рӯзи дигар аст.
#Ҳикмати_орифон
Ҳеҷ тасбеҳе надорад он дараҷ,
Сабр кун, ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.
#Маснавии_Мавлоно
Дараҷ-мақом, арзиш
Мифтоҳул фараҷ-калиди кушоишБолотарин тасбеҳу зикри Аллоҳ, аз назари Мавлоно, сабр аст.
Сабр калидест аз дарҳои неъматҳои илоҳӣ.
Батаҳқиқ Ҳаққ Таъоло собиронро дӯст медорад.
Дар кӯи харобот маро ишқ кашон кард,
Он дилбари айёр маро дид, нишон кард.
Ман дар паи он дилбари айёр бирафтам,
Ӯ рӯи худ, он лаҳза зӣ ман боз ниҳон кард.
Ман дар аҷаб афтодам аз он қутби ягона,
К-аз як назараш ҷумла вуҷудам ҳама ҷон кард...
Аллоҳ туӣ, аз дилам огоҳ туӣ,
Дармонда манам далели ҳар роҳ туӣ,
Гар мӯрчае дам занад, дар таки чоҳ,
Огаҳ зӣ дами мӯрчаи дар чоҳ туӣ...
#Абӯсаид_Абулхайр
عشق آمد و شد چو خونم اندر رگ و پوست
تا کرد مرا تهی و پر کرد از دوست
اجزای وجود من همه دوست گرفت
نامیست ز من ، بر من و باقی همه اوست
#مولانای_جان
Ишқ омаду шуд чу хунам андар рагу пӯст,
То кард маро тиҳиву пур кард аз дӯст.
Аҷзои вуҷуди ман ҳама дӯст гирифт,
Номест зи ман бар ману, боқӣ ҳама ӯст...
#Мавлоно
Эй марг мерасӣ ба ман, аммо чи қадар зуд,
Эй ишқ мерасам ба ту, аммо чи қадар дер.
Мурдоби зиндагӣ, ҳамаро ғарқ мекунад,
Эй ишқ ҳиммате бикуну дасти маро бигир.
#Фозил_Назарӣ
زادگاهِ رستم و شاهان ساسانی یکیست
شوکت شهنامه و فرهنگ ایرانی یکیست
ارزش خاک بخارا و سمرقندِ عزیز
نزد ما با گوهر و لعل بدخشانی یکیست
ما اگر چون شاخهها دوریم از هم عیب نیست
ریشۀ کولابی و بلخی و تهرانی یکیست
از درفش کاویان آواز دیگر میرسد:
بازوان کاوه و شمشیر سامانی یکیست
چیست فرق شعر حافظ، با سرود مولوی؟
مکتب هندی، عراقی و خراسانی یکیست
فرق شعر بیدل و اقبال و غالب در کجاست؟
رودکی و حضرت جامی و خاقانی یکیست
مرزها دیگر اساس دوریِ ما نیستند
ای برادر! اصل ما را نیک میدانی یکیست
«تاجکی»، یا «فارسی»، یا خویش پنداری «دری»
این زبان پارسی را هرچه میخوانی، یکیست!
---------------------------------
Зодгоҳи Рустаму шоҳони Сосонӣ якест,
Шавкати "Шоҳнома"-ву фарҳанги иронӣ якест.Арзиши хоки Бухорову Самарқанди азиз,
Назди мо бо гавҳару лаъли Бадахшонӣ якест.
Мо агар чун шохаҳо дурем аз ҳам айб нест,
Решаи Кӯлобиву Балхиву Теҳронӣ якест.
Аз дарафши коваён овози дигар мерасад:
Бозувони Коваю шамшери Сомонӣ якест.
Чист фарқи шеъри Ҳофиз, бо суруди Мавлавӣ?
Мактаби Ҳиндӣ, Ироқиву Хуросонӣ якест.
Фарқи шеъри Бедилу Иқболу Ғолиб дар куҷост?
Рӯдакиву Ҳазрати Ҷомиву Хоқонӣ якест.
Марзҳо дигар асоси дурии мо нестанд,
Эй бародар! Асли моро нек медонӣ якест.Тоҷикӣ ё форсӣ ё хеш пиндори дарӣ,
Ин забони порсиро ҳарчӣ мехонӣ якест!!!
Ҳар он ки хотири маҷмӯъву ёри нозанин дорад,
Саодат ҳамдами ӯ гашту давлат ҳамнишин дорад.
Ҳарими ишқро даргаҳ басе болотар аз ақл аст,
Касе он остон бӯсад, ки ҷон дар остин дорад...
#Ҳофиз
Дўстони азиз! Фаро расидани моҳи шарифи Рамазон бароятон муборак бод! Бигзор ин моҳи фархунда дар умру кори Шумо, дўсту ақрабо ва аҳли хонадонатон файзу баракат оварда, хамаи орзухои некатон ҷомаи амал пўшад.
Ассалому алайкум вараҳматуллоҳи вабарокатуҳ!!!
Чу кам хўрдан табиъат шуд касеро,
Чу сахтӣ пешаш ояд, саҳл гирад.
Ва гар танпарвар аст андар фарохӣ,
Чу тангӣ бинад, аз сахтӣ бимирад.
#Саъдӣ
Гар сафеҳе ба ҳукми нафсу ҳаво
На ба вафқи хирад кунад коре,
Бар ту нафсу ҳаво чу ғолиб нест,
Ҷуз ба роҳи хирад марав боре.
#Ҷомӣ
Гурбаи мискин, агар пар доштӣ,
Тухми гунҷишк аз замин бардоштӣ.
Он ду шохи гов, агар хар доштӣ,
Одамиро назди худ нагзоштӣ.
Бе ишқ будаму даме ба ту дил додам,
Носанҷидаву нодида манзил додам.
Дар манзили дил хайма задӣ то охир,
Ин манзилу ин дил ба бедил додам!
Лола дидам рӯи зебои туам омад ба ёд,
Шӯъла дидам саркашиҳои туам омад ба ёд.
Буд ларзон шӯълаи шамъ дар оғӯши насим,
Ларзиши зулфи сумансои туам омад ба ёд.
Аз бари сайдафкане оҳуи сармасте рамид,
Иҷтиноби рағбатафзои туам омад ба ёд.
Пои сарве ҷӯйборе зорӣ аз ҳад бурда буд,
Ҳойҳои гиря дар пои туам омад ба ёд.
Шаҳр пурҳангома аз девонае дидам , Раҳӣ,
Аз туву аз девонагиҳои туам омад ба ёд...
#Раҳии_Муъайярӣ
Ғазали зебое аз ашъори #Фахриддини_Ироқӣ
Шод кун ҷони ман, ки ғамгин аст,
Раҳм кун бар дилам, ки мискин аст.
Рӯзи аввал дидамаш, ки гуфтам,
Инки рӯзам сияҳ кунад ин аст.
Рӯй бинмой то наззора кунам,
К-орзуи ман аз ҷаҳон ин аст.
Дили бечораро бо васл даме,
Шодмон кун, ки бе ту ғамгин аст.
Бе рухат дини ман ҳама куфр аст,
Бо рухат куфри ман ҳама дин аст.
Ки гаҳе ёд кун ба дашномам,
Сухани талх аз ту ширин аст.
Дил ба ту додаму донистам,
Ки туро кибру ноз чандин аст.
Кина бигзору дилнавози кун,
Ки Ироқӣ на дархӯри кин аст...
Боядат будан мусалмон ба тамом,
Кифоят набвадат тоатат бидон.
Боядат бетамаъ, кунӣ ҷо-он ҳама,
Омолат ҳамеша ҷодаи паёмбарон.
#Ҳикмате аз #Баҳоуддин_Муҳаммади_Валад маъруф бо унвони #Султон_Валад , фарзанди #Ҷалолуддини_Румӣ
Дар одамӣ ду сифат, заминӣ ва осмонӣ ҳаст ҳар сифат ки бар ӯ ғолиб шавад, ӯро бад-он сифат хонанд.
Агар аз асли покон бошад, дар талаби покӣ хоҳад рафт ва агар аз хокиён бошад , хокро ҷӯяд, ва турфа ( аҷиб) онки сифати ҳар касро дар тарозуи хостааш санҷад.
#Ҳикоят:
Гургу оҳуе бо ҳам ҷуфт шуданд, аз ишон бачае пайдо шуд. Аз муфтие пурсиданд :
Инро гург гирем ё оҳу?
Номашро чи ниҳем?
Фатво дод:
Дастаи гиёҳу устухонҳо пеши ин бача ниҳед, агар майл ба устухон кунад , гург аст ва агар майл бад- он гиёҳ кунаду хӯрдани он, оҳу бошад....
Ҳамчунон Ҳаққ Таъоло он ҷаҳону ин ҷаҳонро ва осмонро бо замин омехту ҷуфт кард, ки мо бачагони ин дуем , агар майл ба илм кунем , осмонӣ бошем ва агар майл ба хобу хӯр ва наъмову ( неъматҳо) малбусоти ( хуроку пӯшок) ин ҷаҳон кунем , заминӣ бошем.
Рақсон шав , эй , қуроза , к-аз асли, асли конӣ,
Ҷӯёи ҳар чӣ ҳастӣ, медон ки айни онӣ.
🍃Чизест агар бирезад ҳеҷ намешавад ҷамъ кард;
мисли обрӯи одам.
🍃Чизест ки агар бихури , бо ҳеҷ чиз наметавони пас диҳи;
мисли моли ятим,
мисли моли фақир!
🍃Касеро ки қадрашро ба таври лозими намедонем;
мисли модар,
мисли падар!
🍃Як чизест, ки ҳеҷ намешавад тағйир дод ;
мисли гузаштаҳо!
🍃Чизест, ки бо ҳеҷ пул намешавад , харид кард;
мисли муҳаббат!
🍃Ва касеро ки ҳеҷ вақт набояд аз даст дод;
мисли дӯсти воқеъи!
Насиҳатест гар бишнавӣ, зиён накунӣ,
Ки эътимод бар авзои ин ҷаҳон накунӣ.
Зи сад рафиқ яке меҳрабон фитад, ҳуш дор!
Ки тарки сӯҳбати ёрони меҳрабон накунӣ.
Бувад рафиқи кӯҳан чун майи кӯҳан, зинҳор!
Ки аз рафиқу майи тоза саргарон накунӣ.
Гар аздиёди муҳиббонат орзуст, бикӯш,
Ки имтиҳоншударо дигар имтиҳон накунӣ.
Агар ба дасти ту душман зӣ по фитод, эй дӯст,
Мабош ғарра ки худ умри ҷовидон накунӣ.
Ба ҷуз матоъи муҳаббат, ки тамомати умр,
Бад-ин матоъ тиҷорат кунӣ, зиён накунӣ...
#Маликушшуаро_Баҳор
"издиёд- афзуншавӣ
📖#Китобу_китобхонӣ
✍#Фаридун_Муширӣ
Китобро ки боз.мекуни, ду боли як паррандаро кушодаӣ, паррандае ки туро аз замин ба шаҳрҳои дур ба боғҳои нур мебарад.
Зи ҳар куҷо, ки бигзарад ба армуғоне аз хирад, ба хонае пур аз равшанӣ меоварад.
Кушуда бод болҳои ӯ, ки ҷовидона бар фароз мепарад....
📖#Ҳикмат
✍#Шамси_Табрезӣ
Коинот вуҷуди воҳид аст.
Ҳама чизу ҳама кас бо нахи номаръӣ ( махфӣ) бо ҳам бастаанд.
Мабодо дигареро бахусус агар аз ту заифтар бошад, биёзори, фаромӯш накун ки андӯҳи одами танҳо дар он сӯи дунё мумкин аст ҳамаи инсонҳоро андӯҳгин кунад, ва шодмонии як нафар мумкин аст ҳамаро шодмон кунад
📖#Маснавии_маънавӣ
✍#Мавлоно_Румӣ
Ҳар хаёле к-ӯ кунад дар дил ватан,
Рӯзи маҳшар сурате хоҳад шудан.
Ҳар чи аз феълу қавл , фикру хаёли мо , ин нишонае аз ботини мо аст.
Мо на танҳо масъули гуфтаҳову кардаҳои худ, ҳамчунон посухгӯи хаёлоти худ ҳам хоҳем буд.
Аз хаёлоти нек кирдори нек бармеояд , ва хаёлоти бад рафтори бадро пайдо мекунанд.
Аз ин ҷост ки бояд мароқиби хаёлоти худ бошем, нек биандешем , ва соҳиби аъмоли нек бошем...