adabiyoti_klassiki | Unsorted

Telegram-канал adabiyoti_klassiki - 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

796

¤ Ирфон ¤ Ҳикмат ¤ Панд ¤ Шеър ¤ Байт ¤ Ғазал ¤ Андеша (аз бузургони олами классикӣ ва ҷадид) http/t.me/ADABIYOTI_KLASSIKI

Subscribe to a channel

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ақбае дигар набошад рӯҳи аз тан растаро,
Нест бими сӯхтан дуди зи оташ ҷастаро.
Шиква аз гардун далели тангдастиҳои мост,
Нола дар парвоз бошад тоири парбастаро.
Интизоми офият аз олами касрат махоҳ,
Бесабот аст эътибори рангу бӯ гулдастаро.
Ҳамчу сарв озодагонро қайди улфат ростист,
Хатти мистар дом бошад мисраи барҷастаро.
Аз забони чарбу нарми халқ дорам ваҳшате,
К-аз даҳони шер нашносам даҳони пистаро.
Аз шикастан дил намеафтад зи чашми эътибор,
Кас намехоҳад таҳи по шишаи бишкастаро.
Мавҷ чун бо якдигар ҷӯшид, гавҳар мешавад,
Дил тавон гуфтан нафасҳои ба ҳам пайвастаро.
Ғунчаҳо дар бистари захми ҷигар осудаанд,
Эй насим, оташ мазан дилҳои улфатхастаро.
Ҷавҳари ворастагон мушкил, агар монад ниҳон,
Роҳ дар чашм аст гарди бар замин наншастаро.
Бо каломи обдорат кай расад лофи гуҳар?
Бедил, ин ҷо эътиборе нест ҳарфи бастаро.

#БЕДИЛ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ба руҳи Рудакиву Ибни Сино,
Ба тоҷу тахти сомонии воло.
Ба хишти қасри "шоҳи зинда" савганд,
Ки моем аз Самарқанду Бухоро
.


Дар олами сангиндилу бемеҳру мадоро,
Шоир ба чи кор ояду шеъраш ба чи коро?!

Ку гуш, ки оҳанги писанде бишиносад?
Ку шавқ, ки девона кунад синаи моро?!

Ҳангомафурушон сари бозори замонанд,
Афсонаашон номи Самарқанду Бухоро

Аммо чи Самарқанд, агар канд набошад?
Аммо чи Бухоро, ба дили санги чу хоро?!

Бағдоду Димишқ аз назари дину дил афтод,
Дар кишвари нафсанд мусалмону насоро!

Он кудаки афғон, ки бизоданд дами ҷанг,
Пирона суи сулҳ кашидаст асоро…

Пайваста ба як хаста чи Ирону чи Нирон,
Афканда ба як варта чи шоҳу чи гадоро!

Буҳрони самоиву заминиву замонӣ,
Афтода, ки бишнос ту худрову Худоро!

Моему шунидан ба ҳамон одати тифлӣ,
Афсонаи гургу бузаки ҷингилапоро…
#ОЗАРАХШ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Тааҷҷуб дар ҷавононӣ замона,
Ба зоҳир марду рафтори занона.

Худо накнад, ки корат банд гардад,
Таку танҳо бимони, чун ягона.

Иллоҳо бар касе мӯҳтоҷ нагардам,
Ки меорад ҳазору як баҳона.

Раҳи марди ба ҷои гул, зи хор аст,
Ба зоҳир дӯсти ҷоният қатор аст.

Вале бе шак касе ғампарварат нест,
Зи пой мони, агар кас ёварат нест.

Макун бовар баин айёми пуршар,
Ба ҷуз соя касе андар барат нест.

Ҳазорон ҷон диҳи гар баҳри ёрон,
Касе андар ғами дарди сарат нест.

Кушо чашму бихон ин гуфтаҳоро,
Замона ғамбари чашми тарат нест,

Мани Иқбол,ғами даврон кашидам.
Вале дидам касе болу парат нест.✍️

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

То ҷавон ҳастӣ, ҷавониро намедонӣ, ки чист,
Хуш равон ҳастӣ, равониро намедонӣ, ки чист.

Шоми ғам ҳаргиз набинад рӯзгори хуррамат,
Шод монӣ, шодмониро намедонӣ, ки чист.

Хуш замоне, бар замин по монданат безаҳмат аст,
Ранҷҳои осмониро намедонӣ, ки чист.

Мисли он кӯдак, ки аз дунёи модар ғофил аст,
Дар амон астӣ, амониро намедонӣ, ки чист.

Нозҳои инзамониро ба ҷон парвардаӣ,
Розҳои инзамониро намедонӣ, ки чист.

Чашми бад дур аз муҳаббатҳои ёри ҳамдилат,
Лаззати ин ҳамзабониро намедонӣ, ки чист.

Озарахшо, қадри давлат баъди давлат гуфтаанд,
Зинда бошӣ, зиндагониро намедонӣ, ки чист.

#ОЗАРАХШ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дар дӯзах агар васли ту бар чанг ояд,
Моро зи ҳоли биҳиштиён нанг ояд.
Гар бе ту ба саҳрои биҳиштам хонанд,
Саҳрои биҳишт бар дилам танг ояд.


Он кас ки туро шинохт, ҷонро чӣ кунад?
Фарзанду аёлу хонумонро чӣ кунад?
Девона кунӣ, ҳар ду ҷаҳонаш бахшӣ,
Девонаи Ту ҳарду ҷаҳонро чӣ кунад?


Хушо онон, ки бо иззат зи гетӣ,
Ба соти хеш барчиданду рафтанд.
Зи колохоти ин ошуфтабозор,
Муҳаббатро пасандиданду рафтанд.

#панд

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ассалому алейкум дустони хубам оғози субҳи нав аз ҳамаи шумо ба хайру шоди бошад!!
Биёен ҳамакаса дар ин субҳи босафо ба Пайғамбарамон Муҳаммад (с.а.в) салавот фиристоданро фаромӯш насозем.


Эй садру бадри олам, ё Мустафо Муҳаммад,
Эй нури ҳарду олам, ё Мустафо Муҳаммад.

Ман, ки туро надидам, номи хушат шунидам,
Дини ту баргузидам, ё Мустафо Муҳаммад.

Дар осмон фаришта, меҳрат ба ҷон сиришта,
Бар тоқи Арш навишта, ё Мустафо Муҳаммад.

Фардо ба рӯзи маҳшар, монӣ кулоҳ бар сар,
Сардори ҳавзи Кавсар, ё Мустафо Муҳаммад.

Мурғони марғзорӣ, кабкони кӯҳсорӣ,
Васфат кунанд баҳорӣ, ё Мустафо Муҳаммад.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Хазонам гул кунад рӯзе, ки хандӣ, эй баҳори ман,
Нағунҷам дар ҳама олам, чу ғунҷӣ дар канори ман.

Вале афсӯсу вовайло, ки аз васли ту маҳрумам,
Чу тиллои Зарафшон нестӣ дар ихтиёри ман.

Зи дастам барнамеояд, ки дастат гираму гӯям:
Гули оташпарасти ман, зи сар то по шарори ман,

Маро аз сӯхтан боке набошад, лек метарсам,
Ки оташбозии ишқат бисӯзад ёдгори ман.

Туӣ оташ, манам оташ, кунад оташ зи оташ гул,
Ки баъди мо гули оташ бирӯяд аз мазори ман…
✍️
#Лоиқ_Шералӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Саҳар бархезу тоат кун, ки тоат беҳ зи ҳар кор аст,
Саодат он касе дорад, ки пеш аз субҳ бедор аст.
Дилам гӯяд, ки бархезам, ҳаво гўяд, ки дам гирам,
Ҳаворо зери по орам, ки он ҷо амри Ҷаббор аст.
Чу мурғон ҳар саҳар гўянд: "Қум ё айюҳалғофил",
Ки ту дар хобию надонӣ, касе донад, ки бедор аст.
Аз ин беҳтар, ки бархезӣ, зи дида хуни дил резӣ,
Зи дасти чаҳл бигрезӣ, ки шайтон сахт маккор аст.
Аё эй Шамси Табрезӣ, гаҳе шаҳду шакар резӣ,
Агар сад сол бигрезӣ, ки охир марг даркор аст.
#МАВЛОНО

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

То ба кай, дар зиндагӣ саргаштаву овораам?
То куҷо, бечораву дар ҷустуҷӯӣ чораам?

Дар масири зиндагӣ омад шикасте пушти ҳам,
Бо тани нимҷонаму ҳам бо дили садпораам.

Мардии ғам аз ҳама номардиҳо болотар аст,
Чунки ғам ҳарҷо, ки рафтам, буд дар пуштораам.

Дӯстони хешро нафрӯхтам бар нархи ҷон,
Бар ду сомонӣ фурӯхтанд, ҳамчу оҳанпораам.

Навду нӯҳ дар сад агар дорад бароям эътимод,
Бар яке маҳқул намегардад, гаҳе истораам.

Баъди модар бар кӣ гӯям аз ғаму сӯзи дилам?
Хоки буду хок гардид, модари ғамхораам.

Дод гӯям, бо тамоми ҳастиям Маҳкампурӣ,
Бар Сурайё мерасад, фарёду оҳу зораам.
✍️
#Ҷамшеди_Маҳкампур

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Балое чун расад бар ту, махӯр ғам, ҳикмате дорад,
Чу дардеро Худо бахшад, яқинан қимате дорад.

Яке розӣ зи тақдиру яке ҳам норизо аз он,
Ки ҳар одам ба ҳар чизе насибу қисмате дорад.

Яке афтода аз ғамҳо, ки нолидан бувад кораш,
Яке фориғ зи заҳматҳо, ки бахту роҳате дорад.

Марав бар кӯи сармастӣ, ки охар оварад пастӣ,
Ба некӣ кўш, эй ҷонам, ки дунё фурсате дорад.

Даво кун хастаҳолеро чу мебинӣ ки ранҷур аст
Ки бадбахтии ў ҳатман замону муддате дорад.

Биёбӣ ганҷи беранҷе, чу аз каф рафт, меранҷӣ,
Бидон, ҳар кас диҳад ноне, ба рӯзе миннате дорад.

Зи нодорӣ чӣ менолӣ, қаноат пеша кун, зеро
Дами ҷон канданаш доро ба молаш лаънате
дорад.
@adabiyoti_klassiki

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ҳ И К О Я Т
Подшоҳе ба вазираш гуфт:
– Се суол мекунам, фардо ҷавоб додӣ, дар мансаб бимонӣ ва илло аз мақомат барканор мешавӣ!
Суоли аввал: Худованд чӣ мехӯрад?
Суоли дуввум: Худованд чӣ мепӯшад?
Суоли саввум: Худованд чӣ кор мекунад?
Вазир, ки ҷавоби суолҳоро намедонист, нороҳат шуд. Ғуломи донову зираке дошт, ба ӯ гуфт:
– Шоҳ се суол аз ман пурсидааст. Агар ҷавоб пайдо накунам, аз мансабам барканор мешавам. Ғулом гуфт:
– Ҷавоби суолҳоро медонам, вале ҳоло ду ҷавобро мегӯям: Ҷавоби аввалӣ: Худованд чӣ мехӯрад? Худованд ғами бандагонашро мехӯрад. Ҷавоби дуввум: Худованд чӣ мепӯшад? Худованд айби бандагонашро мепӯшад. Аммо посухи саввумро бо иҷозаи шумо фардо назди подшоҳ мегӯям.
Фардо вазир ва ғулом назди подшоҳ рафтанд. Вазир ба ду суол ҷавоб дод. Шоҳ гуфт:
– Дуруст аст! вале бигӯ, ки ҷавобҳоро худат пайдо кардӣ ва ё аз касе пурсидӣ? Вазир гуфт:
– Ин ғуломи ман инсони бофазлу доноест, ҷавобҳоро ӯ дод. Шоҳ гуфт:
– Пас либосҳои вазириатро бикаш ва ба ӯ бидеҳ! Ғулом низ либоси навкариашро ба вазир дод. Сипас вазир ба ғулом гуфт:
– Пас суоли саввум чӣ шуд? Ғулом гуфт:
– Оё ҳанӯз нафаҳмидӣ, ки Худованд чӣ кор мекунад? Худованд дар як лаҳза ғуломро вазир мекунаду вазирро ғулом!

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

ХУДОЁ
Гузаштагонӣ моро раҳмат, бозмондагонӣ моро мағфират, муъминонро истиқомат, беморонро тани сиҳат, хонаводаҳоро меҳру муҳаббат, аҳли ҳақро сабру нусрат, аҳли ботилро шикасту зиллат, зиндониёнро халосиву офият, муҳоҷиронро саломату амният, қарздоронро халлоси аз миннат, ҷавононро тақвову маърифат, мардонро ғайрату ҳиммат ва занонро покдоманиву иффат ато бикун!!
ОМИН🤲🤲
СУБҲИ САИДИ ҶУМЪА МУБОРАК ДУСТОН.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Биҳишти ҷовидон хоҳӣ, биё Қуръон тиловат кун,
Ҳузури ломакон хоҳӣ, биё Қуръон тиловат кун.

Зи гулҳои гулистонаш, муаттар кун димоғи дил,
Сафои ҷисму ҷон хоҳӣ, биё Қуръон тиловат кун.

Бувад то ҳафтсад аз даҳ, савоби ҳар ҳуруфи он,
Ту ганҷи шойгон хоҳӣ, биё Қуръон тиловат кун.

Сифоти Холиқи ҷонро румузи аҳли инсонро,
Агар шарҳу баён хоҳӣ, биё Қуръон тиловат кун.

Агар сад муддао дорӣ, тариқи илтиҷо дорӣ,
Ту коми дил аён хоҳӣ, биё, Қуръон тиловат кун.

Чу хоҳӣ бо Худо гӯӣ сухан, рӯй бар намоз овар,
Каломи безабон хоҳӣ,биё Қуръон тиловат кун.

Чаро Наққош мағрурӣ, зи ҳикматҳои ҳақ дурӣ,
Зи дӯзах гар амон хоҳӣ, биё Қуръон тиловат кун.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Хабарат ҳаст, ки бе рӯи ту оромам нест?

Тоқати бори фироқ ин ҳама айёмам нест?
#Саъдӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Гар маро ҳеҷ набошад на ба дунё, на ба уқбо,

Чун ту дорам ҳама дорам, дигарам ҳеҷ набояд...
#Саъдӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ҷумъа – боз омад чӣ қадар бобаракат аст,
Ҷумъа – сар то сар шукӯҳу неъмат аст.

Ҷумъа – иди аҳлу имону сафост,
Ҷумъа – рӯзе дар ҳузури Мустафост.

Рӯзи такбиру дуруду ваъзат аст,
Рӯзи ихлос асту рӯзи ваҳдат аст.

Ҷумъа – рӯзи ҳамдиливу ҳиммат аст,
Рӯзи танзили ҳумои раҳмат аст.

Рӯзи хуршед асту, нур асту сафост,
Рӯзи ҷумъа рӯзи хосони Худост.

Рӯзи иқбол ва қабули дуъост,
Рӯзи неки истимоъи хутбаҳост.

Рӯзи панду ваъзу рӯзи раббаност,
Рӯзи ҷуду раҳмати бемунтаҳост.

Ҷумъа – мухтаси ҳабиби кибриёст,
Рӯзи васли хешу вораҳми шумост.

Ҷумъаро Аҳмад чӣ зебо васф кард,
Ҷумъаро, иди мусокин расм кард.

Ассалому алейкум ба кулли мардуми ин канал, Субҳи Саиди ҶУМЪА муборактон бошад.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ё Раб Ту маро даст бигир ёрам бош,
Дар рӯи ҷаҳон ягона ғамхорам бош.

Ҷуз ту ба касе такя набитвонам кард,
Донандаи сад гуфтаву асрорам бош.

Танҳо ба ту ман роз кушои созам,
Малҳам ба тану синаи беморам бош.

Шаб, ки ҳама дар хоби ширин хобиданд,
То субҳи саҳар ҳамраҳи бедорам бош.

Ҷуз ту ба касе нест маро бовари худ,
Бар қулф калиде ба ҳама корам бош.

Гарчи ҳама чун шаб ба сиёҳи рафтанд,
Худ шамъу чароғе ба шаби торам бош.

Ин банда ба ҷӯз,суи ту роҳе наравад,
Хушҳолии ин қомати афгорам бош.

Муҳаммадиқболи Раштӣ. ✍

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

#Ҳикмате_аз_Мавлоно

Банд бигсал, бош озод, эй писар,
Чанд бошӣ банди симу банди зар.
Гар бирезӣ баҳрро дар кӯзае,
Чанд ғунҷад? Қисмати як рӯзае...


#Шарҳ

Эй туе, ки дар масири огоҳӣ ҳастӣ, бандҳо ва занҷирҳои тааллуқоти дунёро аз пои хеш боз кун.
Агар бикӯшӣ дарёро дар кӯзае биғунҷонӣ, дар ниҳоят, саҳми ту ба қадри ғунҷоиши он кӯза аст.
Баҳраи одамӣ ҳам аз моддиёт ба қадри саҳми ӯ аз дунёст.
Бинобарин одамӣ ҳар чи қадар ҳам бикӯшад, бештар аз ончӣ саҳму рӯзии ӯст, наметавонад баҳрае ҳосил кунад

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Аё Модар дилу ҷонам фидои хандаҳои ту,
Фидои он ҳама панду нигоҳи бебаҳои ту.

Равонам бар масири гуфтаат эй нури чашмонам,
Аё эй Модари ҷонам маро воҷиб дуои туст.

Ба ҳар ҷое, ки по монам, туро пеши назар дорам,
Кунам ҳар лаҳзае ёди дуову ҳам садои ту.

Иллоҳо қомати нозат набинад, ҳусни пириро,
Набинам то дами маргам иллоҳо гиряҳои ту.

Шабу рӯз аз барои мо кашиди ранҷу душвори,
Агар қадрад намедонам, намебахшад Худои ту.

Ҳамон гарди раҳат Модар, ки болои ду чашмон аст,
Чун сурма мекашам зеро, ки нур аст аз фазои ту.

Худо умри дарози беғаме баҳрат Ато созад,
Надорам тоқати оҳу фиғону нолаҳои ту.

Дуоям деҳ, ки то гардам дар ин олам зи офат дур,
Аё эй Модари ҷонам маро воҷиб дуои туст.✍️

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ҷаҳон пур аз рафиқони ба зоҳир марду номард аст,
Чи созам ин дили бечораро пур аз ғаму дард аст.

Ба ҷуз некӣ чи бинмудем аз ин мардони занпайкар,
Зи дасти нокасони давр тану ҷонам яхи сард аст.

Шабу рӯз паҳлуи ағёр нишаста аз забон ғайбат,
Худоё раҳнамои кун, ки дустам ин чунин фард аст.

Ба пеши ӯ баровардам тамоми сири пинҳонӣ,
Куҷо донам, ки ханҷар мезанад ӯ инчунин мард аст.

Машав ғамгин, ту ай Иқбол Худо дорӣ чӣ ғам дорӣ,
Агар чи аз ҷафои нокасон қалби ту пурдард аст.
✍️

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Аз ҳукамое шахси ориф кист гуфта пурсиданд ва дар ҷавоб гуфта шуд:


-Шахси Аллоҳро шиносанда, ки ӯ дорои 6 нишона аст:

1) Аллоҳро ба ёд биёрад бо мусалмони будани худ фахр мекунад ва шукронаи оне, ки ӯро аз масоили гӯяндагони калимаи Аллоҳ гардонидааст, мекунад.

2) Агар худро ба ёд биёварад, ҳақир ва заиф будани худро мефаҳмад ва сар хам мекунад...

( Эй башар аз чи гумон кардӣ, ки дунё моли туст?
В-ар напиндорӣ, ки ҳар лаҳза аҷал дунболи туст.
Ҳар чи хурдӣ моли мӯру ҳар чи ҳастӣ моли гӯр,
Ҳар чи дорӣ моли ворис, ҳар чи кардӣ моли туст. )

3) Ба махлуқот назар карда, ибрат мегирад (вақте бандаҳои худоношиносро мебинад, мегӯяд алҳамдулиллоҳ ки маро аз масри чунинон нагардонидааст вагарна чи кор мекардам, ҳолам чи мешуд).

4) Қалбаш ба гуноҳ моил бошад, ҳушёртар мешавад ва онро аз шайтон дониста астағфируллоҳ мегӯяд.

5) Новобаста аз бузургии гуноҳаш ба бахшидани Аллоҳ боварӣ ва умед дорад.

6) Гуноҳҳои худро ба ёд биёварад, парешон (хиҷолат) мешавад ва истиғфор мегӯяд.

#ҲИКМАТ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ҳар суханат сахо кунад ҷоизаи ниҳониям,
Ҳар нигаҳат ато кунад қуввати осмониям.

Аз ҳама нодири манӣ, эй ки бурун кашидаӣ,
Ин ҳама бозёфтро аз дили бостониям.

Аз кӣ ба кист хаткашон роҳи кабӯтаронаам,
Номаи нонавиштаам, қосиди бенишониям.

Шукр, ки ёфтам туро дар бадали сулуки дил,
Шукр, ки ёфтам туро, одами ормониям.

Чашми баҳоркеши ту ҳеч набахшад ин гуноҳ,
Ин ки шикояте кунам аз талафи ҷавониям.

Бахш маро, ки як туӣ бахшиши Офаридгор,
Бош, ки буданат шавад ҳуҷҷати зиндагониям.
#Фарзонаи_Хуҷандӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ту биё шаҳри дилам, бо ту муҳаббат бикунам,
Инак аз ноз бадар ояму улфат бикунам.

Нафаси сабзи гули ёс барам то ба дарат,
В-андарон нусрати хандидани соат бикунам.

Гарчи сад ранг биомехт ба рӯзам ҳавасат,
Бас ба ҳар марҳалаи ишқи ту одат бикунам.

Ҳамчу мадҳушу майи пир дар ин сояи ишқ,
Лаҳзаи хуррамӣ аз лутфи саодат бикунам.

Ман бар он олами мармузи дилат меоям,
Ба ҳавое, ки дар он қасди иқомат бикунам.

Давлате нест чу имрӯзи манат доманадор,
Ҳама чун хоҳиши дил, аз чӣ шикоят бикунам.

Ман ба шукре, ки маро бо ту расонид Худой,
Умри ин якдамаро сарфи ибодат бикунам.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Субҳи дӯстони гиромӣ, ба хайр!
Бо арзи эҳтиром , ғазале аз ашъори султони ишқ #Мавлоно_Румӣ тақдими азизон!

Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест,
Мо таҷруба кардем, касе ёри касе нест.

Ҳар марди шутурдор, Увайси қаранӣ нест,
Ҳар шишаи гулранг, ақиқи яманӣ нест.

Ҳар сангу гиле гавҳари ноёб нагардад,
Ҳар Аҳмаду Маҳмуд расули маданӣ нест.

Бар мурдадилон панд мадеҳ хеш маёзор,
Зеро, ки Абӯҷаҳл мусалмон шуданӣ нест.

Бо марди Худо панҷа маяфкан чу Намруд,
Ин ҷисми Халил аст, ки оташ заданӣ нест.

Хушнуд машав душман агар кард муҳаббат,
Хандидани ҷаллод зи ширинсуханӣ нест.

Ҷое, ки бародар ба бародар накунад раҳм,
Бегона барои ту бародар шуданӣ нест!

Сад бор агар доя ба тифли ту диҳад шир,
Ғофил машав, эй дӯст, ки модар шудани нест!

Мавлоно Балхӣ-Румӣ.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Эй Қодири Қудратнамо, ҷонам фидои номи Ту ,
В-эй Роҳими мушкилкушо, вирди забонам номи Ту.

Номи Ту ҳар шому саҳар бар синаам дорад шарар,
Ширинтар аз шаҳду шаккар андар даҳонам номи Ту,

Ҳоҷатбарори кори ман, осонгари душвори ман.
Ҳам ёри ман, ғамхори ман дар ду ҷаҳонам номи Ту ,

Ё Раб ба сӯят гаштаам, дар
ҷустучӯят гаштаам.
Бо гуфтугӯят гаштаам, оҳу фиғонам номи Ту,

Булбулсифат дорам фиғон, гум карда роҳи ошиён.
Ҳам Кавсару боғи ҷинон, ҳам гулситонам номи Ту.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Гар ишқ набудиву ғами ишқ набудӣ,

Чандин сухани нағз ки гуфтӣ, ки шанидӣ?

В-ар бод набудӣ, ки сари зулф рубудӣ,

Рухсораи маъшуқ ба ошиқ ки намудӣ?

#Шаҳобуддин_Саҳравардӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Эй бо ману пинҳон чу дил, аз дил саломат мекунам,
Ту Каъбаӣ, ҳар ҷо равӣ, қасди мақомат мекунам.
Ҳар ҷо, ки ҳастӣ, ҳозирӣ, аз дур дар мо нозирӣ,
Шаб хона равшан мешавад, чун ёди номат мекунам.
Гаҳ ҳамчу бози ошно бар дасти ту пар мезанам,
Гаҳ чун кабӯтар парзанон оҳанги бомат мекунам.
Гар ғоибӣ ҳар дам чаро осеб бар дил мезанӣ,
В-ар ҳозирӣ пас ман чаро дар сина домат мекунам.
Дурӣ ба тан, лек аз дилам андар дили ту равзанест,
3-он равзани дуздида ман чун маҳ саломат мекунам.
Эй офтоб, аз дур ту, бар мо фиристӣ нур ту,
Эй ҷони ҳар маҳҷур ту, чонро ғуломат мекунам.
Ман ойнай дилро зи ту ин ҷо саққолӣ медиҳам,
Ман гӯши худро дафтари лутфи каломат мекунам.
Дар гӯши ту, дар ҳуши ту в-андар дили пурҷӯши ту,
Инҳо чӣ бошад, ту манӣ в-ин васфи омат мекунам.
Эй дил, на андар моҷаро мегуфт он дилбар туро,
Ҳарчанд аз ту кам шавад, аз худ тамомат мекунам.
Эй чора, дар ман чорагар, ҳайроншаву наззорагар,
Бингар, к-аз ин ҷумла сувар ин дам кадомат мекунам.
Гаҳ рост монанди алиф, гаҳ гаж чу ҳарфи мухталиф,
Як лаҳза пухта мешавӣ, як лаҳза хомат мекунам.
Гар солҳо раҳ мебарӣ чун мӯҳрае дар дасти ман,
Чизе ки ромаш мекунам, з-он чиз ромат мекунам.
Эй Шаҳ Ҳисомиддин Ҳасан, мегӯй бо ҷонони ман:
Ҷонро гуломи маърифат баҳри Ҳисомат мекунам.
#МАВЛОНО

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ба ин дунёи баргардон чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Ҳавасмандону дилбандон чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Яке обод мехонад, яке вайрона медонад,
Ба ин вайронаободон, чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Ба меҳмонии серӯза, ба дӯшат заллаву кӯза,
Қатори ошу обу дон чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Сафо ҳам доштӣ боре, вафо ҳам коштӣ боре?
Ба фарзандону пайвандон чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Касе аз ҳикмати одам, гираҳ накшод дар олам,
Ту эй донотарин нодон, чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Ҳар он чӣ додаӣ, ояд, ҳам он чӣ бурдаӣ, бояд,
Ба даҳчандону садчандон чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Расидӣ аз дурахши худ мисоли Озарахши худ,
Гаҳе гирён, гаҳе хандон, чӣ овардӣ, ки хоҳи бурд?
#ОЗАРАХШ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Он чунон меҳри туам дар дилу ҷон ҷой гирифт,

Ки агар сар биравад, аз дилу аз ҷон наравад...
#Ҳофиз

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Оё шумо Забони Русиро омӯхтан мехоҳед⁉️
Он гоҳ ба мо қӯш шавед 🇹🇯🇷🇺

🇹🇯 Омӯзиши Забони Руси 🇷🇺

Читать полностью…
Subscribe to a channel