Гуфтам, ки дилам моили ҳар фанд набошад,
Дар баҳси Бухорову Самарқанд набошад.
Фарёд расид аз сари девонасириштам,
Ку пой дар ин роҳ, ки дар банд набошад!?
Дар хуни Зарафшони ман оҳанги тилоист,
Зарбофи фалакро магар ин панд набошад?!
Девони муҳаббат хати сарҳад нашиносад,
Девори замон садди ҳунарманд набошад!
Дар кӯчаву бозори Самарқанду Бухоро
Гуфтори дарӣ ҳаст, чӣ сон қанд набошад!?
Эй қадди ниҳолат суханомӯзи дили мо,
Ку мева, агар решаву пайванд набошад?!
Маргам расад он лаҳза, ки аз лаъли лабонат
Уммеди насибе ба шакарханд набошад!
Аз озару рахши нигаҳат шукр, ғамам дод,
Ношукр, ки аз қаҳри ту хурсанд набошад!
#ОЗАРАХШ
Бе гули рӯят нахоҳам зинда ҷони хештан,
Ғайри гул булбул нахоҳад ошёни хештан.
Нест боди субҳро дар гулшани ҳусни туро,
Кардаи то зулфи мушкин посбони хештан.
Гар барояд ҷон зи тан, ҳасрат намеояд бурун,
Додаам чун мағз ҷой дар устухони хештан.
Бурдаам гуйи иҷобатро ба умеди дуо,
Сохтаам то номи ту вирди забони хештан,
Ашк чун резад зи чашмам дар канори орзу.
Гар бурун орам зи дил рози ниҳони хештан,
Ҳамчу Махфӣ хеҷ кас дар ошиқӣ нарде набохт,
Бохт андар нарди аввал хонумони хештан.
✍
Асри нав гуфтему худро пок кардем аз гуноҳ,
Ҳоли худро дар гуноҳу маъсият кардем табоҳ.
Асри нав не ҷони ширин, одамон н-одам,
Хулқи худро пок бинмо дар ниёзи субҳгоҳ.
#Муҳаммадиқболи_Раштӣ✍️
Ба ҳангоми сахти машав ноумед,
К- аз абри сияҳ борад оби сапед.
Дар чорасозӣ ба худ дар мабанд,
Ки бисёр талхӣ бувад судманд.
Гираҳ дар маёвар бар абрӯи хеш,
Дар оина фатҳ бини рӯи хеш.
#Низомии_Ганҷавӣ
✍#Мавлоно_Румӣ
📚#Фийҳо_мо_фиҳӣ
Одамӣ ҳамеша ошиқи чизест, ки надида аст, нашнида аст ва фаҳм накарда аст, ва шабу рӯз онро металабад.
Аммо аз ончӣ фаҳм карда ва дида малулу гурезон аст...
Як субҳ ба ҳавои тоза берун шудам,
Мехоҳи бидони аз ғазаб чун шудам.
Бар гуш расид садое аз ҳамсоя,
Мегуфт ба занаш чи менамои соя.
Таҳқири ба ноҳақе равонаш бинмуд,
Як мушту шаппоти дар даҳонаш бинмуд.
Гӯфтам, эй мард магар ту аз ҳайвони?
Ин ҷумла чаро ба суи зан мерони.
Гуфто, ки ба зан чунин мебояд кард,
Ин ҳақи зан аст,тундиву рафтори сард.
Гӯфтам, ки магар надори ту шарму ҳаё,
Аз меҳру муҳаббатат чашон умри варо.
Зан нобиғаи замонаи даргузар аст,
Афсус, ки туро фаҳмише аз гову хар аст.
Таҳқир ба зан,аз раҳи ахлоқ дур аст,
Ин оби ҳаёт бе будани зан шӯр аст.
Зан ҳаст, ки чароғи хонаат рахшон аст,
Гар зан, ки набошад ин ҷаҳон зиндон аст.
✍️
СУБҲИ САИДИ ҶУМЪА МУБОРАК ДУСТОНИ ГИРОМИҚАДР!!
Аз тӯҳмати суханчин,
Аз ғайбати суханчин,
Аз ғурбати суханчин,
Дорад паноҳ Худоҷон,
Ҳар бандаи мусалмон !
Аз теғи дасти номард,
Аз чангу шасти номард,
Аз қасди пасти номард,
Дорад паноҳ Худоҷон,
Ҳар бандаи мусалмон !
Аз ҳар бади замона,
Деву дади замона,
Аз тӯҳмати замона,
Дорад паноҳ Худоҷон,
Ҳар бандаи мусалмон !
Аз рӯбарӯи наҳсе,
Аз ҳар балову баҳсе,
Аз нокаси ҷанаҳсе,
Дорад паноҳ Худоҷон,
Ҳар бандаи мусалмон !
Аз ҳар шикасти паймон,
Аз хурдани пушаймон,
Аз душманони Кайҳон,
Дорад паноҳ Худоҷон,
Ҳар бандаи мусалмон.
ОМИН🤲
Кайҳон Суфӣ✍️
Ханда ҳам доруст мегӯянд хато аст ин сухан,
Фош мегӯям хато аст ин сухан.
Хандаи бисёр мемиронад дилро андар бадан,
Дур месозад зи ҳушу гуши мо ёди кафан.
Муҳаммадиқболи Раштӣ ✍️
Кушодам чашм то бинам фазоро,
Вафодории ин халқи Худоро.
Ба гӯшам инчунин омад садое,
Намеёби аз ин мардум вафоро.
Ҳақиқат пушти дарҳо банд гаштааст,
Ба дунё одами побанд гаштааст.
Касеро дар дилаш тарси Худо нест,
Дареғо он, ки оҳанги садо нест.
Хиёнат бо иҳонат ҳамнишин аст,
Ба зоҳир одамӣ побанди дин аст.
Вале фармони шайтон мекунад гӯш,
Ба ҳар гӯша ҷавонон масту майнуш.
Куҷост тарсу ҳаросе аз қиёмат,
Ки то кай мекунанд бо шар иқомат.
Иллоҳо қалби моро ту во кун,
Дили торикӣ сангашро даво кун!
✍️
Ё Муҳаммад дар фироқи рӯи ту девонаам,
Рӯзу шаб атрофи шамъу ғуссаҳо парвонаам.
Бе ту ин олам надорад зебу зиннат ё Расул,
Худ шафоъат кун, ки гардад ҳазрати ҳақро қабул.
В-арна бо ин ҷурму исён бандаи шармандаам,
Рӯзу шаб андар хатоҳо ман чунин як бандаам.
Дур гаштам аз шариъат по ба роҳи нораво,
Оҳ набинмудам замоне ин ҷаҳон кори раво.
Ё Муҳаммад ман ғуломи ҳазрати Ҷонони ту,
Саъй месозам, ки бошам дар раҳи яздони ту.
Умматонат ғарқи дунё гаштаанд ғофил зи Раб,
Бе хабар аз роҳи дину додаи савту тараб.
Ё илоҳо ҷумларо боби ҳидоят боз кун,
Ин гили каҷ рафтаро бори дигар худ соз кун.
То, ки бигзаштанд масири Мустафо дар зиндагӣ,
Бар ту меорем паноҳ аз он дами шармандагӣ.
Қалби моро ту рӯшан кун ба дастури Наби,
То наафтад андар олам дар фиреби аҷнабӣ.
✍️#Муҳаммадиқболи_Раштӣ
✍#Мавлоно_Румӣ
📚#Маснавии_маънавӣ
Мӯрчаи кӯчак дид ки, қаламе рӯи коғаз ҳаракат мекунад ва нақшҳои зебо расм мекунад.
Ба мӯри дигаре гуфт;
Ин қалам нақшҳои зебо ва аҷибе расм мекунад, нақшҳое ки монанди гули ёсуман ва савсан аст.
Он мӯр гуфт:
Ин кори қалам нест, фоъили аслӣ ангуштон ҳастанд ки қаламро ба нигориш водор месозанд.
Мӯри саввум гуфт:
На, фоили аслӣ ангушт нест;
балки бозу аст, зеро ангушт аз неруи бозу кӯмак мегирад.
Мӯрчагон ҳамчунон баҳсу гуфтугӯ мекарданду баҳс ба боло ва болотар кашида шуд, ҳар мурча назари олимонатаре медод то ин ки масъала ба бузурги мӯрчагон расид, ӯ ки бисёр донову боҳуш буд, гуфт:
Ин ҳунар аз олами моддӣ , сурат ва зоҳир нест, ин кори ақл аст.
Тани моддии инсон бо омадани хобу марг , беҳушу бехабар мешавад, тан либос аст, ин нақшҳоро ақли он мард расм мекунад.
Аммо...Он мӯрчаи оқил ҳам ҳақиқатро намедонист , ақл бидуни хости худованд мисли санг аст. Агар худо як лаҳза ақлро ба ҳоли худ раҳо кунад, ҳамин ақли зираку бузург, нодониҳо ва хатоҳое дардноке анҷом медиҳад!
#Ғазал
#Соиб_Табрезӣ
Ваҳшат бувад , зи мардум, аз хеш бехабарро,
Пайванд нест ҳоҷат ин нахли бесамарро.
Хунин диле ,ки бо ишқ як кӯчаро рафтааст,
Киштии Нӯҳ донад дарёи пурхатарро.
Аз силии муаллим гардад равон сабақҳо,
Афзун шавад равоӣ аз сикка симу зарро.
Дил чун расад ба ҷонон , безори ҷисм гардад,
Кай пеши шамъ хоҳад парвона болу парро.
Ҳиҷрон ба дил гуворо з- уммеди васл гардад,
Шаҳдаст оби дарё лабташнаи гуҳарро.
Аз гуфтугӯи ширин дил аз ҷаҳон намебурд,
Тӯти агар намедошт , дар чошнӣ шакарро.
Ҷони ту ломакону рӯҳи ту осмонист,
То кай куни иморат , ин ҷисми мухтасарро?
Матлаб зи ишқбозӣ, таҳсили хоксорист,
Афтодагист ҳосил аз пухтаги самарро.
Чанд обрӯ тавон рехт бар остони хуршед,
Ки аз калаф сиёҳ аст пайваста дил қамарро....
*калаф-доғи сурх
*равоӣ - ривоҷу равнақ
Гуфтанд: Ҳақ таолоро дар дунё биҳишт аст ва дӯзах аст. Биҳишт офият ва дӯзах балост; офият он аст, ки кори худ бо Худой гузорӣ ва дӯзах он аст, ки кори Худой бо нафси хеш гузорӣ.
#ҳикмат
#тазкирату_л_авлиё
Зинда шавад ҳар кӣ пеши дӯст бимирад,
Мурдадил аст он кӣ ҳеҷ дӯст нагирад!
Ҳар кӣ зи завқаш даруни сина сафо нест,
Ҷамъи дилаш рози шоҳиде нагузирад.
Ғолиби ишқӣ, диле чу мум ба даст ор!
Санги сияҳ сурати нигин напазирад.
Сад чу мани хаста дар фироқи ту мирад,
В-он ки туро бинаду ба дӯст нагирад!
Сурати сангиндиле кушандаи Саъдист,
Ҳар кӣ бад-ин сураташ кушанд, намирад!
#САЪДӢ
Ошиқона, содиқона дӯст медорам,
Аз таҳи дил, бе баҳона дӯст медорам.
Ишқи ман оғозу анҷоме надорад, лек
Мутмаинам, ҷовидона дӯст медорам!
Қиссаи ман қиссаи Лайливу Маҷнун не,
Дар ҳақиқат бефасона дӯст медорам.
Мӯйи мушкини туро бо панҷаҳои хеш,
Шона карда, дона-дона дӯст медорам.
Чун зи расми Амрикову Аврупо дурам,
Тоҷикам ман, тоҷикона дӯст медорам.
Ман туро дар маҳфили руъёи шеъри худ,
Бо суруду бо тарона дӯст медорам.
Ошиқат аз ҳарфи хушат илҳом мегирад,
Шоират ман, шоирона дӯст медорам.
✍️
Худовандо, нигаҳ дорӣ маро аз макри шайтонӣ,
Ҳидоят бо сироталмустақим кун сӯи раҳмонӣ.
Умеди том ҳар банда аз он лутфи азал дорад,
Нашуд аммо касе воқиф аз он мактуби пешонӣ.
Ба рӯзи- сахти маҳшар бандаи бечора дар монад, .
Ба ин дармондагон абри карамро зуд афшонй.
Нашуд воқиф касе аз қисмати неку бад ин ҷо,
Ман ин асрори пинҳонро намедонам, ту медонӣ.
Ба ҳар дине, ки бошӣ, бош мӯъмин рав дами охир,
Ҷудо гардад ба вақти марг куфрон аз мусулмонӣ.
Ба ҳоли оҷизон ё раб, кунӣ дар муҳтазар раҳме,
Ки байни ҷону эмон мубтало банда ба ҳайронӣ.
Ба ҳар дарде агар ҳар бандаи бечора дармонад,
Набошад ғайри фазли ту ба ҳар дармонда дармоне.
Диламро сӯи худ каш з-ин ғами гирдоби бепоён,
Мабодо ки дар ғафлат равам бо ин парешонӣ.
Ҷунунро дил аз андӯҳи ҷон кандан тапад дар хун,
Кушо ин уқдаро ё раб,ба фазли худ ба осонӣ.
✍️
Табаҳкорию бадкорӣ, чи лозим мардумозорӣ,
Табобат кун дили худро аз ин анвоъи беморӣ.
Миёни одамӣ ҳаргиз машав бадноми номи хеш,
Қадам сӯи Худо бигзор, ки то ёби накукорӣ.
✍️
Меравам, имшаб, туро бедор хоҳам карду рафт,
Нақди ҷонро сарфи як дидор хоҳам карду рафт.
Баски гирям дар фироқат ҳамчу абри навбаҳор,
Водии ҳиҷрон гулу гулзор хоҳам карду рафт.
Наштаре дорам ниҳон дар синаи ҳар нолае,
Бас дили аҳли ситам афгор хоҳам карду рафт.
Дин агар ин асту имон ину, аҳли қибла ин,
Риштаи тасбеҳро зуннор хоҳам карду рафт.
#Зебуннисо ✍️
📚#Тазкират_ул_авлиё
✍#Фаридуддини_Аттор
Зикри Фузайли Аёз раҳматуллоҳи алайҳ
Гуфтанд :Асли дин чист?
Гуфт : Дар ақл.
Гуфтанд :Асли ақл чист?
Гуфт: Дар ҳилм.
Гуфтанд: Асли ҳилм чист?
Гуфт : Дар сабр.
Даме бошад макун фикре,каме роҳат фароғат кун,
Табассум кун машав ғамгин, фақат шукри саломат кун.
Тасалои дили худ кун, агар бадтинате ранҷонд,
Ба кӯнҷи хилвате бошу Худоро зикру тоат кун.
Тиҳимағзу даҳан бадбӯй дилатро гар сиёҳе кард,
Ҷавобашро мадеҳу як нафас сабреву тоқат кун.
Маранҷ аз ҳар ҷаҳолатдил, матарс аз ҳайбату ваҳмаш,
Ба одоби мусалмони ба роҳи ҳақ шафоат кун.
Агар ё хушкмағзе хушкдимоғе обрӯят рехт,
Гуноҳатро Худо резад машав ғамгин ибодат кун.
Агар номарду беномус ва бенанге ҳақорат кард,
Надоди дар ҷавобаш муштро худро маломат кун.
Ба нохунҳои лавзаш дилхароше гар харошид дил,
Ба гулгаште бирав бо бӯи гул худро табобат кун.
Агар сангиндиле санги мӯсибатро ба суят зад,
Бидон ин кори Аллоҳ аст бирав хайру саховат кун.
Машав ғамгин, басири умри беҳосил равад рӯзе,
Машав дилдодаи дунё, фақат фикри қиёмат кун.
✍️
Биё, эй нури чашму ҷони дида,
Зи ман бишнав яке панди ҳамида.
Зи илму дини обо¹ тўша андӯз,
Дигар фанни маоши аср омӯз.
На он илме, ки мӯътоди замон аст,
Маолаш саллаву зеби чапон аст.
Ҳамон илме, ки динат гардад обод,
Туро созад зи банди фақр озод.
Ҳамон илме, ки бошад ҳосилаш ганҷ,
Бувад бе ганҷ илмат мояи ранҷ.
Ба таҳсили камолу фазл мекӯш,
Дар ин дег аз барои пухтагӣ ҷӯш.
Намегӯям, ки тақлиди қазо кун,
Футури дин ба ришват иқтизо кун.
Ба мӯҳре номи худро соз аълам,
Зи мӯҳрат то физояд меҳри дирҳам.
Қаламдону давоте чун гирифтӣ,
Туро ин бас бувад хонанд муфтӣ.
Зи вазъи саллаи гумбадаломат,
Бирав бо масҷиде мекун имомат.
Ва ё бар ҷамъи маъдуду муҳаввис,
Ба устоди худатро кун мударрис.
Маошат з-ин намат гар ҳосил ояд,
Туро бехи яқин мустаъсил ояд.
Зи ман ин илм омӯзу саноат,
Қаноат кун, қаноат кун, қаноат.
`обо - падар
#шеър #ҳикмат #насиҳат
Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад,
Ҷигарҳо хун шавад, то як писар мисли падар гардад.
Падар аз шавқи дил дар кӯдакӣ дасти писар гирад,
Ба уммеде, ки дар пирӣ писар дасти падар гирад.
Сафедори баланд як навдаю сад барги тар дорад,
Писар дар кӯи ишқ афтад, чӣ парвои падар дорад.
Агар фарзанди қобил рафта аз ҳолаш хабар гирад.
Вале фарзанди ноқобил гиребони падар гирад.
#шеър #ҳикмат #панд
Ҳаргиз ту дили нозӯки хоҳар машикан,
Аз баҳри занат аҳди бародар машикан.
Зан ёфт шавад хоҳару додар зи куҷо?
Ҷон деҳу вале ду тоҷи бар сар машикан.
Ин хона бассо ғуссаву дарде дорад,
Аз одамизот ба ном марде дорад.
Ё раб чи шудааст раъияти моёнро,
Ин кулба чаро оташи сарде дорад.
Не аҳду вафову не раҳи сидқу сафо,
Ин дӯсти қарин бодаи зарде дорад.
Он кас, ки чу соя дар барам қоим буд,
Андар сари худ фикри набарде дорад.
Ё Раб зи ту ман паноҳи хеш металабам,
Ин орзуро ҳазор фарде дорад.
Иқбол махур ғуссаи ҳар гургу шағол,
Ин аср чунин шеваву гарде дорад.
✍️Муҳаммадиқболи Раштӣ
Бар мазорам гиря кун ашкат маро ҷон медиҳад,
Нолаҳоят буи ишқу буи борон медиҳад.
Даст бар қабрам бикаш то ҳис куни марги маро,
Дастҳоят дардҳоямро тасалло медиҳад.
Бо мани дармондаву шайдо суханро тоза кун,
Ҳарфҳоят таъми ширини баҳорон медиҳад.
Вақти рафтан лаҳзае баргарду қабрамро бубин,
Ин нигоҳи охират умеди мондан медиҳад.
Рафтиву чашмам ба дунболи қадамҳоят гирист,
Захмҳои мурдаамро рафтанат ҷон медиҳад.
Нест аз ман қудрати бусидани чашмони Ту,
Бод мебусад ба ҷоям қалб имон медиҳад.
✍️
Дар дарвозаи Қабристон чунин нависта шуда буд:
Эй марди шариф агар дилат огоҳ аст,
Умри ману ту дар ин ҷаҳон кӯтоҳ аст.
Инҷо ба дуо бош, ки оромгоҳ аст,
Хоки тани дарвешу вазиру шоҳ аст.
Эй роҳгузар аз мо шунав арзу садо,
Мо шоҳу вазирему ҳақирему гадо.
Моро ту агар бипурси аз баҳри Худо,
Муҳтоҷи дуоему дуоему дуо.
✍️
Рӯзи ҷумъа барои дӯстони гиромӣ пурфайзу барокат бод!
Ғазали зебое аз ашъори #Ҳофизи_Шерозӣ тақдими азизон...
Ҳумои авҷи саодат ба доми мо афтад,
Агар туро гузаре бар мақоми мо афтад.
Ҳубобвор барандозам аз нишот кулоҳ,
Агар зи рӯи ту аксе ба ҷоми мо афтад.
Шабе, ки моҳи мурод аз уфуқ шавад толеъ,
Бувад, ки партави нуре ба боми мо афтад.
Ба боргоҳи ту чун бодро набошад бор,
Кай иттифоқи маҷоли саломи мо афтад?
Чу ҷон фидои лабаш шуд, хаёл мебастам,
Ки қатрае зи зулолаш ба коми мо афтад.
Хаёли зулфи ту гуфто, ки «Ҷон васила масоз,
К-аз ин шикор фаровон ба доми мо афтад!»
Ба ноумедӣ аз ин дар марав, бизан фоле,
Бувад, ки қуръаи давлат ба номи мо афтад.
Зи хоки кӯи ту ҳар гаҳ ки дам занад Ҳофиз,
Насими гулшани ҷон дар машоми мо афтад.
Хирадро кору боре чун сухан нест,
Ҷаҳонро ёдгоре чун сухан нест.
Гаҳе лабро нишоти ханда орад,
Гаҳ аз дида нами андӯҳ борад.
Аз ӯ хандад лаби андӯҳмандон,
В-аз ӯ гирён шавад лабҳои хандон.
#Абдураҳмони_Ҷомӣ
Гуфтанд: Аз суҳбати панҷ кас ҳазар кунед:
СУБҲ БА ХАЙР ДУСТОН
РӮЗИ ХУБЕ ДОШТА БОШЕД!!
ХУДОЁ ХУДОВАНДО
Шармандаи ин дунёву бозори қиёмат накӯнӣ, аз туҳмати ногаҳону балои охирузамон, аз марги мафоҷот ва қазои муаллақ Худат дар паноҳи исматат нигоҳ дорӣ. Намозу рӯзаи ҷумла бандагони калимагӯю уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро ба даргоҳат қабул гардонӣ. Аз дасти гирову пойи равон, аз чашми бинову забони гӯёву гуши шунаво намононда барӣ, муҳтоҷи касу нокас нагардонӣ, гуноҳони кардаи моро мағфират кунӣ, оқибати корҳоро бахайр гардонӣ, пешомади корҳоро нек гардонӣ, баракати оби равону донаи деҳқон ва тинҷии замону ободии маконро диҳӣ, моро аз ризқу рӯзии ҳалолу фаровони Худ ато намоӣ, ҷумла уммати калимагӯйро фарзандони боодобу оқилу солеҳ ато фармуда, хизматгузори падару модаронашон гардонӣ ва ҳамаро феълу хӯи нек ато фармоӣ.
ОМИН🤲🤲