adabiyoti_klassiki | Unsorted

Telegram-канал adabiyoti_klassiki - 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

796

¤ Ирфон ¤ Ҳикмат ¤ Панд ¤ Шеър ¤ Байт ¤ Ғазал ¤ Андеша (аз бузургони олами классикӣ ва ҷадид) http/t.me/ADABIYOTI_KLASSIKI

Subscribe to a channel

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Иттилоот дар мавриди Паёмбарон ( а)

🔹4 нафар аз Паёмбароне ки арабзабон буданд:

Ҳазрати Ҳуд (а)
Ҳазрати Солеҳ(а)
Ҳазрати Шуъайб( а)
Ҳазрати Муҳаммад ( с)

🔹Паёмбароне ки бо ҳам писари хола буданд:

Ҳазрати Исо( а) ва Ҳазрати Яҳё ( а)

🔹Паёмбароне ки ҳаргиз издивоҷ накарданд:

Ҳазрати Исо(а)
Ҳазрати Яҳё(а)

🔹Паёмбароне ки бо ҳам бародар буданд:

Ҳазрат Мӯсо(а) ва
Ҳазрати Ҳорун( а)

Ҳазрати Исмоил ( а) ва
Ҳазрати Исҳоқ (а)

🔹Паёмбароне ки падару писар буданд:

Ҳазрати Иброҳим ( а) ва
Ҳазрати Исмоил (а)

Ҳазрати Иброҳим ( а) ва
Ҳазрати Исҳоқ( а)

Ҳазрати Яъқуб ( а)
ва Ҳазрати Юсуф( а)

🔹Паёмбароне ки ду ном доштанд:

Ҳазрати Муҳаммад ( с) - Аҳмад
Ҳазрати Юнус ( а) - Зуннун
Ҳазрати Исо( а) - Масеҳ
Ҳазрати Хизр (а)- Малиқо ( дар Қуръони Карим аз ӯ зикр шуда, дар мавриди ин ки паёмбар буд ё на , дар байни уламо ихтилофот вуҷуд дорад)
Ҳазрати Яъқуб ( а) - Исроил
Ҳазрати Юшаъ бин Нун ( а) - Зулкифл

Паёмбари акрам ( с) чанд маротиба Меърож рафтанд ?
Ду  маротиба

🔹Ҳазрати Юнус ( а) чанд шабонаруз дар шиками моҳӣ буданд?

Ҳафт  шабонарӯз

🔹Теъдоди паёмбароне ки дар Бани Исроил мабъус шуданд:

600 Паёмбар

🔹Паёмбароне ки подшоҳи рӯи замин буданд:

Ҳазрати Сулаймон( а)
Ҳазрати Зулқарнайн ( а). ( дар Қуръони Карим аз ӯ зикр шуда, марде буд аз солиҳин ва Худованд ӯро дӯст медошт)

🔹Охирин паёмбаре ки вориди Биҳишт мешавад:

Ҳазрати Сулаймон( а)

🔹Паёмбароне ки бо ҳам ҳамаср буданд:

Ҳазрати Хизр ( а)
Ҳазрати Мусо ( а)
Ҳазрати Шуъайб ( а)
Ҳазрати Иброҳим ( а)
Ҳазрати Яқуб( а)
Ҳазрати Юсуф( а)

🔹Паёмбароне ки мақоми имоматӣ ҳам доштанд:

Ҳазрати Муҳаммад ( с)
Ҳазрати Иброҳим ( а)

Кадом Паёмбар дар кишвари Ирон мадфун аст?

Ҳазрати Дониёли набӣ ( а)

🔹Кадоме аз Паёмбаронро сар буриданд?

Ҳазрати Яҳё ( а)

Қабри Ҳазрати Мӯсо ( а)  тавассути чи касе канда шуд?

Ҳазрати Азроил ( а)

🔹Кадом Паёмбар домоди дигаре аз Паёмбарон буд?

Ҳазрати Мӯсо( а) домоди
Ҳазрати Шуайб ( а) буд.
🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃
Дуо барои як бор дар умр:

Ривоят шуда аз Ҳазрати Муҳаммад ( С);
Ҳар касе ин дуоро дар ҳар вақт ки бихонад гӯё;

360 ҳаҷ адо намуда
360 Қуръон хатм карда
360 ғулом озод карда
360 динор садақа дода

Дар ҳамон ҳол Ҳазрат Ҷаброил ( а) низ хитоб ба Ҳазрати Муҳаммад (а) фармуданд:
Ё Расулаллоҳ, ҳар бандае аз бандагон , Худо ин дуоро бихонад, агар чи як бор дар умр, Худованд ба Азамату Ҷалоли худ қасам хӯрда ки барои ӯ ҳафт чиз зомин мешавам;
 
1. Аз ӯ фақр ва тангдастӣ рафъ мешавад;

2. Аз саволи Мункару Накир дар амон мемонад

3. Ӯро бо суҳулат ( осонӣ) аз пули сирот убур медиҳам

4.Ӯро аз марги ногаҳонӣ муҳофизат мекунам.

5. Дохил шудани ҷаҳаннамро барои ӯ ҳаром мекунам

6.Аз тангии қабр ӯро ҳифозат мекунам.

7.Аз хашму ғазаби золим ӯро амонӣ медиҳам.

Ин аст дуо:

󾬌بِسمِ‌اللّٰهِ الْرَّحمٰنِ‌الْرَّحیم󾬌

لا اله إلا اللهُ الجليلُ الجبّار
لا اله إلا اللهُ الواحدُ القهّار
لا اله إلا اللهُ الكريمُ الستّار
لا اله إلا الله الكبيرُ المُتَعالْ
لا اله إلا الله وَحْدَهُ لا شريكَ لهُ إلَهاً واحداً، ربَّاً و شاهداً، اَحَداً صمداً و نحنُ لهُ مُسْلِمونْ
لا اله إلا اللهُ وحدهُ لا شريك لهُ إلهاً واحداً ربَّا و شاهداً احداً صمداً و نحنُ لهُ عابدونْ
لا اله إلا اللهُ وحدهُ لا شريكَ لهُ إلهاً واحداً ربَّاً و شاهداً احداً صمداً و نحنُ لهُ قانِتونْ
لا اله إلا الله وحدهُ لا شريك لهُ إلهاً واحداً ربَّا و شاهداً احداً صمداً و نحن له صابرونْ
لا اله إلا اللهُ مُحَّمدٌ رسولُ الله
اللهُمَ إليكَ فَوَّضْتُ أمريْ و عليكَ تَوَكَلتُ يا أرحمَ الراحمينْ
«صدق الله و صدق رسول الله الكريم»

🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃
Оё медонед ки фоидаи гуфтани :

🔹Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳийм

дар оғози ҳар кор чист?

Агар шумо одат кунед   ки дар ибтидои ҳар кор

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳийм

бигӯед, фардо дар рузи қиёмат вақте номаи аъмолатон ба дастатон  дода мешава , қабл аз он ки онро бихонед

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳийм

мегӯед ва ногаҳон мебинед ки ҳама гуноҳатон аз номаи аъмолатон  пок шудааст, мепурсед :чи шуд?
Дар ин замон аз тарафи Худованд нидо меояд ки ;
Эй, банда  ту Моро Раҳмону Раҳим фарохондаӣ, пас Мо ҳам бо ту муқобала ба мисл кардаем, ва гуноҳонатро бахшидаем.
🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃
Ҳоло агар мехоҳед ин матнро барои касе бифристед ,аввал

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳийм

бигӯед....

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

#Хушбахтона...
Шабакаи мо дар Instagram (баъди муддатҳои тӯлонӣ) боз фаъолияти худро давом медиҳад.

@adabiyoti_klassiki (telegramm, instagram) - моро инҷо пазиро бошед...

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ мавлоно нашуд Мавлои Рум
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
#МАВЛОНО

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Машав мағрури мулку ганҷу динор,
Ки дунё ёд дорад чун ту бисёр.

Худоро з -он параст аз ҷони пурнур,
Ки истеҳқоқ^ дорад аз тамаъ дур.

Баҳри коре Худоро ёд медор,
Худоро то туӣ аз ёд магзор...

#Аттор_Нишопурӣ

Истеҳқоқ - шоистагӣ, ҳақдорӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Аллоҳи мутаъол ба фариштаҳо шуъур дод бидуни шаҳват;
Ба ҳайвонот шаҳват дод бидуни шуъур;
Ва ба инсон ҳар дуро дод.

Инсоне ки шуъураш ба шаҳваташ ғалаба кунад аз фаришта болотар аст.

Ва инсонеки шаҳваташ бар шуъураш ғолиб ояд, аз ҳайвон пасттар аст...

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Қироати зебои шеър аз Саид Халилуллаҳ аз Кобул...

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ҷавоне, ки солҳо боз ба сафар
баромада буд ва хабаре аз Ӯ
набуд, модараш ҳамеша
дар хона нишаста дуо мекард то солим ба
хона баргардад. Ин зан ҳар рқз барои
аъзои хонаводааш нон
мепухт ва як нони изофӣ ҳам ба номи
писараш мепухт ва онро пушти дар
мегузошт, то роҳгузар ё
мусофири гуруснае онро гирифта бихӯрад.
Ҳар руз марди кузапуште аз он ҷо
мегузашт ва онро нонро
гирифта ба ҷои он , ки сипосгузори кунад,
мегуфт:
Ҳар кори палиде, ки бикунед бо шумо
мемонад , ва ҳар кори неке анҷом диҳед ба
шумо боз мегардад.Чун
ин марди роҳгузари кӯзапушт ҳар руз ин
суханашро такрор мекард, зан нороҳат
шуда ба худ гуфт: ин
мард на танҳо ташаккур намекунад,
балки ҳар руз ин суханашро такрор
мекунад, намедонам
мақсадаш чист?
Як руз зан, ки аз шунидани ин суханон
бисёр нороҳат шуда буд, ба худ гуфт ман
бояд коре кунам аз
шари ин марди кӯзапушти фақир халос
шавам. Нонро заҳролуд карду бо дастони
ларзон онро пушти
дар гузошт. Аммо пас аз чанд лаҳзае ба
худ омаду гуфт: ин чи корест, ки ман
мекунам? Дарҳол нонро
гирифту нони дигаре пухта пушти дар
гузошт.Мард чун одат омада нонро
гирифту чунин суханонашро
такрор карду ба рохи худ рафт.
Худи хамон шаб дари хонаи занро касе
кӯбид, вақте ин пиразан дарро кушод, дид
ҷавони лоғар ва
хамидае бо тани хаставу гурусна ва
либосҳои порашуда пушти дар истодааст,
зан вақте хӯбтар
нигарист дид фарзанди худаш аст. Гуфт:
фарзанди чонам! Туро чи шудааст?Ҷавон
гуфт: модар агар ин
муъҷиза намебуд наметавонистам худро
ба назди шумо бирасонам. Дар роҳ ба
инҷо чунон гурусна ва
нотавон шуда будам, ки дар роҳ афтода
наздик буд аз ҳуш биравам. Ногаҳон
роҳгузари кӯзапуштеро
дидам, ки аз дур ба наздам омад ва аз Ӯ
луқмаи ғизое хостам, Ӯ ба ман як нон
дод ва гуфт: ин ягона
чизе аст, ки ҳар руз ман онро мехурам ва
имруз онро ба ту медиҳам, зеро ту ба он
бештар аз ман ниёз
дори.Вакте модар ин моҷароро шунид
ранг аз чеҳрааш парид ва ба ёд овард, ки
нони захролуде барои
он мард пухта буд, агар ба садои
виҷдонаш гуш накарда буд ва нони дигаре
барои Ӯ напухта буд, чи
ҳоле ба сари фарзандаш омада меомад.
Ин ҷо буд, ки зан маънои суханони
рузонаи марди кӯзапуштро
дарёфт, ки мегуфт:Ҳар кори палиде, ки
бикунед бо шумо мемонад ва ҳар кори
неке анҷом диҳед ба
шумо боз мегардад.​ "👉Бародарон ва
хоҳарони муъмин-а ин қисаҳое,ки
мехонед , инҳо на барои
худнамои балки барои панд ва насиҳат
ва барои ибрате ,ки шояд яке аз мову
Шумо якеро аз роҳи бад ба
роҳи нек баргардонем...
"

@tojikzabononinihon

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

نه هر کس از محبت مایه دار است
نه با هر کس محبت سازگار است

بروید لاله با داغ جگر تاب
دل لعل بدخشان بی شرار است

دل من روشن از سوز درون است
جهان بین چشم من از اشک خون است

ز رمز زندگی بیگانه تر باد
کسی کو عشق را گوید جنون است


#اقبال‌لاهوری

На ҳар кас аз муҳаббат моядор аст,
На бо ҳар кас муҳаббат созгор аст.

Бирӯяд лола бо доғи ҷигартоб,
Дили лаъли бадахшон бешарор аст.

Дили ман равшан аз сӯзи дарун аст,
Ҷаҳон бин, чашми ман аз ашк хун аст.

Зи рамзи зиндагӣ бегонатар бод,
Касе к- ӯ ишқро гӯяд ҷунун аст.

#Иқбол Лоҳурӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

🍃🍃🍃🍃🌸🍃🍃🍃🍃

Рузи ҷумъа рузи ҳаҷҷи мискин аст,

Рузи саййид, рузи бахти рангин аст.

Рузи тавба рузи аҷр асту савоб,

Рузи мақбули дуои муъмин аст.

Рузи ҷумъа рузи нек, айёми нек,

Рузи ҷумъа рузи садҳо таҳсин аст.

Сураҳои поку таскинсози дил,

Рузи оромии қалби муҳсин аст.

Хутбаҳои панду ҳикматофарин,

Амру наҳяш ҷумла аҳкоми дин аст.

Аз ҳадису фиқх ёбем огаҳи,

Рузи илҳомовару фазли дин аст.

Ҷаннатулмаъво биҳиште дар Замин,

Рузи ҷумъа явми атри мушкин аст...

Асадуллоҳи Ниҳон

🍃🍃🍃🍃🌸🍃🍃🍃🍃

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дилогоҳон, дилогоҳон, дилам танг аст, медонед?
Ҳадисам аз мақоли шишаву санг аст, медонед?

Нафасгирӣ чӣ душвор аст ҳангоми нафасгирӣ!
Ҳамин ҳангома бо ҷонам ҳамоҳанг аст, медонед?

Гурўҳе дар найистони замона ранг мерезанд,
Най андар ранг чун омехт, найранг аст, медонед?

Бисўзад решаи он оштӣ, к-аз ҷанг бархезад!
Ҷаҳон бо ҷони ман дар оштиҷанг аст, медонед?

Ба чашми танги Чингизӣ само хунрез метобад,
Ба пои ланги Темурӣ замин ланг аст, медонед?

Чӣ ҷои осмони тираи таърихи инсонӣ!
Замин як пора гўристони фарҳанг аст, медонед?

Садо ояд ба гўшам, Озарахш, аз Зуҳраи чангӣ,
Навои чангатон дар чанги харчанг аст, медонед?!

#ОЗАРАХШ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Имрӯз зодрӯзи устод Лоиқ Шералӣ, гӯяндаи беҳтарин шеъри ноби тоҷикӣ, ошиқтарин шоир ва шоиртарин ошиқи асри 20-ро ба ҳар яки шумо самимона шодбош мегӯям. Рӯҳатон шод бод устоди бузургвор.

* * *
Туӣ буду набудам, миллати ман,
Туӣ самти суҷудам, миллати ман.
Суруди умри ман поён пазирад,
Ту мехонӣ сурудам, миллати ман.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Эй карда зи ҳоли ман фаромӯш,
Чун ҷон, ки кунад зи тан фаромӯш.
Гуфтам, ки бари ту қисса гӯям,
К-он гуна макун зи ман фаромӯш.
Дидам рӯҳи ту зи дуру кардам,
Аз қиссаи хештан фаромӯш.
Бо ҷонканиям замона кардааст,
Аз меҳнати кӯҳкан фаромӯш.
Ҳар ҷо, ки мусофирест карда,
Дар кӯи ту аз ватан фаромӯш.
Бо бӯи ту карда ҷони Яъқуб,
Аз Юсуфу пироҳан фаромӯш.
Карда ба ҳавои тарфи бомат,
Мурғи чаман аз чаман фаромӯш.
Ҷоми суханат шуниду бар вай,
Шуд қоидаи сухан фаромӯш.
#АБДУРАҲМОНИ_ҶОМӢ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дубайтиҳои дилошӯб аз ашъори султони ишқ
#МАВЛОНО_РУМӢ

Қ И С М А Т И Д У В В У М

-11-
Аз шабнами ишқ хоки одам гил шуд,
Сад фитанаву шӯр дар ҷаҳон ҳосил шуд.
Сад наштари ишқ бар раги рӯҳ заданд,
Як қатра аз ӯ чакиду номам дил шуд,

-12-
Мастони ғамат бори дигар шӯриданд,
Девонадилонат сари маҳро диданд.
Омад сари моҳ, силсила ҷунбониданд,
Пероҳани сабру ақлро бидриданд,

-13-
Дар синаи ҳар касе ки заррае дил бошад,
Бе ишқи ту зиндаги-ш мушкил бошад.
Бо зулфи чу занҷир гиреҳ дар гиреҳат,
Девона касе бувад, ки оқил бошад.

-14-
Ёди ту кунам дилам тапидан гирад,
Хуноба зи дидагон чакидан гирад.
Бо номи ту ором кунам з-ин пас ман,
То ғайри ту аз дилам рамидан гирад.

-15-
Онон, ки муҳаққиқони ин даргоҳанд,
Назди дили аҳли дил чу барги коҳанд.
Аҳли дили хосагон шоҳаншоҳанд,
Боқӣ ҳама ҳар чи ҳаст, ҳарҷи роҳанд

-16-
Хун дар дили ошиқон чу ҷайҳун гардад,
Ошиқ чу кафе бар сари он хун гардад.
Ҷисми ту чу осиёву обаш ошиқ,
Чун об набошад, осиё чун гардад?

-17-
Ҳар лаҳза, ки ғамза он диловез кунад,
Ошиқ зи бало чӣ гуна парҳез кунад?
Бод аст насиҳати ҷаҳон бар гӯшам,
Аммо боде, ки оташам тез кунад!

-18-
Лабҳои ту он гаҳ, ки боситез бувад,
Дар ҳар ду ҷаҳон аз ту шакаррез бувад.
Гар дар дили танги худ ту моҳе бинӣ,
Аз ман бишнав, ки Шамси Табрез бувад.

-19-
Шӯри аҷабе дар сари мо мегардад,
Дил мурғ шудасту дар ҳаво мегардад.
Ҳар зарраи мо ҷудо-ҷудо мегардад,
Дилдор магар дар ҳама ҷо мегардад?!

-20-
Рузе, ки хаёли дилситон рақс кунад,
Як ҷон чӣ кунад, ки сад ҷаҳон рақс кунад.
Ҳар парда, ки мезананд, дар хонаи дил,
Мискинтани бенаво ҳамон рақс кунад.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Санамо, бо ғами ишқи ту чӣ тадбир кунам,
То ба кай дар ғами ту нолаи шабгир кунам.
Дили девона аз он шуд, ки насиҳат шунавад,
Магараш ҳам зи сари зулфи ту занҷир кунам.
Он чӣ дар муддати ҳиҷри ту кашидам, ҳайҳот,
Дар яке нома муҳол аст, ки таҳрир кунам.
Бо сари зулфи ту маҷмӯи парешонии хеш
Ку маҷоле, ки саросар ҳама тақрир кунам?
Он замон, к-орзуи дидани ҷонам бошад,
Дар назар нақши рухи хуби ту тасвир кунам.
Гар бидонам, ки висоли ту бад-ин даст диҳад.
Дину дилро ҳама дарбозаму тавфир кунам.
Дур шав аз барам, эй воизу беҳуда магӯй,
Ман на онам, ки дигар гӯш ба тазвир кунам.
Нест уммеди салоҳе зи фасоди Ҳофиз,
Чунки тақдир чунин аст, чӣ тадбир кунам?
#ҲОФИЗ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Аз боғи ибодат гули хушбуи ҷаҳон рафт,
Он моҳи иҷобат, моҳи меҳр зуду давон рафт.
Ё Раб, ҳама моҳат хубу фархунда бароям,
Аммо, моҳи фархундатаринат-Рамазон рафт.
То соли дигар фурсати ҳастӣ талаби мо,
Ҳар касро насиб созӣ, Худоё нигарон рафт.
Ҳар каф ба дуо дар ҳаққи онҳо, ки набошанд,
То соли дигар гуфта шавад, он ки фалон рафт.
Мо ҳам биравем пас паси ҳам аз пайи тақдир,
Рузе, ки гусаст риштаи умре, ки ба ҷон рафт.
Эй дӯст манол пеши касон аз аҷалу марг,
Зеро, касеро, ки Худо хост, ҳамон рафт...
#РАМАЗОН

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ишқ яъне ашки тавба дар Қунут,
Хонданаш бо номи Ғаффор -уз- зунуб.

Ишқ яъне чашмҳо ҳам дар рукуъ,
Шармгин аз номи Саттор -ул- уюб.

Ишқ яъне сар суҷуду дил суҷуд,
Зикри "Ё Раб, ё Раб" аз умқи вуҷуд...

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Об вақте ба ҷӯш омад аз худаш каму каср мешавад.
Ту ҳам вақте ҷӯшиву асабонӣ мешавӣ, худат каму сабук мешавӣ.
Зарфи обро агар аз рӯи учоқ бардоштаву ҷобаҷо кунӣ, роҳат аз ҷӯш меафтад.
Ту ҳам вақте хашм кардиву ҷӯшиди, агар ҷоятро тағъир диҳи хеле зуд ором мешавӣ...

Дар ин маврид хирадманде фармуда:
Хашм, оташи фурӯзон аст, ҳар кас хашми худро фурӯ хурад, ин оташро хомӯш карда ва ҳар кас ҷилави онро раҳо кунад, худаш дар он оташ месӯзад...

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ва гуфт:
Намозу рӯза амалест бузург.
Лекин кибру ҳасад аз дил берун кардан, бузургтар аст.
Ки дил ҷои назари Худованд аст.

📖Тазкират - ул - авлиё
#Фаридудини_Аттор
✍Зикри #Шайх_Абуҳасани_Ҳарақонӣ

Ҷумла хашм аз кибр хезад, аз такаббур пок шав.

Гар нахоҳӣ кибрро, рав, бетакаббур xок шав...

#Мавлоно_Румӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ғафлати дил аз шароби ноб мегардад зиёд,

Тирагӣ оинаро аз об мегардад зиёд,

Чашму дилро пардаҳои хоб ғафлат мешавад,

Камхирадро ҳар қадар асбоб мегардад зиёд...

#Соиб_Табрезӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Боязиди Бастомиро пурсиданд:
Агар дар рӯзи растохез Худованд бигӯяд чи овардаӣ , чи хоҳӣ гуфт?

Боязид гуфт:
Вақте фақире бар кариме ворид мешавад , ба ӯ намегуяд чи овардаӣ,
балки мегӯяд , чи мехоҳӣ?

Боязид Бастомӣ дар ҷамъе гуфт:
Ман аз Худо доротарам?

Ҳама ӯро сарзаниш карданд, аммо ӯ маҳкам истодаву ҳамин иддаоро такрор мекард.

Аз ӯ тавзеҳ хостанд.
Гуфт:
Худо манро дораду ман Худоро.
Оё ман доротар аз Ҳақ таъоло нестам?!

📖"Тазкират - ул - авлиё"
#Фаридуддини_Аттор
✍Зикри Шайх_Боязиди_Бастомӣ

Чу Худо бувад паноҳат, чи хатар бувад зӣ роҳат,
Ба фалак расад кулоҳат, чу сари ҳама саронӣ.

Чи накӯ тариқ бошад, чу Худо рафиқ бошад,
Сафаре дуруст гардад, чу Биҳишти ҷовидонӣ...

#Мавлонои Румӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

مﺸﮏ ﺭﺍ ﮔﻔﺘﻨﺪ:
ﺗﻮ ﺭﺍ ﯾﮏ ﻋﯿﺐ ﻫﺴﺖ،
ﺑﺎ ﻫﺮ ﮐﻪ ﻧﺸﯿﻨﯽ
ﺍﺯ ﺑﻮﯼ ﺧﻮﺷﺖ ﺑﻪ ﺍﻭ ﺩﻫﯽ.

گفت :
ﺯﯾﺮﺍ ﮐﻪ ﻧﻨﮕﺮﻡ ﺑﺎ ﮐﯽ ﺍﻡ،
ﺑﻪ ﺁﻥ ﺑﻨﮕﺮﻡ ﮐﻪ ﻣﻦ ﮐﯽ ﺍﻡ!

ﻭ ﺍﯾﻦ ﯾﻌﻨﯽ
ﺭﺳﯿﺪﻥ ﺑﻪ ﺁﺭﺍﻣﺸﯽ ﺑﯽ ﺍﻧﺘﻬﺎ...

حضرت_مولانا

Мушкро гуфтанд:

- Туро як айбе ҳаст, бо ҳар кас нишинӣ , аз бӯи хушат ба ӯ диҳӣ.

Гуфт:

- Зеро ки нангарам бо киям, ба он бингарам ки ман киям!

Ва ин яъне расидан ба оромиши беинтиҳо....

Ҳазрат Мавлоно

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Эй ғунчаи хобида чу наргис нигарон хез,
Кошонаи мо рафт ба тороҷи замон хез.
Аз нолаи мурғи чаман, аз бонги азон хез,
Аз гармии ҳангомаи оташнафасон хез.
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез,
Аз хоби гарон хез!

Хуршед, ки пироя ба симои саҳар баст,
Овеза ба гӯши саҳар аз хуни ҷигар баст.
Аз дашту ҷабал қофилаҳо рахти сафар баст,
Эй чашми ҷаҳонбин ба тамошои ҷаҳон хез.
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез,
Аз хоби гарон хез!

Ховар ҳама монанди ғубори сари роҳест,
Як нолаи хомӯшу асарбохта оҳест.
Ҳар зарраи ин хок гиреҳхӯрда нигоҳест,
Аз Ҳинду Самарқанду Ироқу Ҳамадон хез.
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез,
Аз хоби гарон хез!

Дарёи ту дарёст, ки осуда чу саҳрост,
Дарёи ту дарёст, ки афзун нашуду кост.
Бегонаи ошӯбу наҳанг аст, чӣ дарёст?
Аз синаи чокаш сифати мавҷи равон хез.
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез,
Аз хоби гарон хез!

Ин нукта кушояндаи асрори ниҳон аст,
Мулк аст тани хокиву дин рӯҳи равон аст.
Тан зиндаву ҷон зинда зи рабти тану ҷон аст,
Бо хирқаву саҷҷодаву шамшеру синон хез.

Номуси азалро ту аминӣ, ту аминӣ,
Дорои ҷаҳонро ту ясорӣ, ту яминӣ.
Эй бандаи хокӣ ту замонӣ, ту заминӣ,
Саҳбои яқин баркашу аз дайри гумон хез.
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез,
Аз хоби гарон хез!

Фарёд зи афрангу диловезии афранг,
Фарёд зи ширинию парвизии афранг.
Олам ҳама вайрона зи чингизии афранг,
Меъмори ҳарам, боз ба таъмири ҷаҳон хез.
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез,
Аз хоби гарон хез!

#МУҲАММАД_ИҚБОЛ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Эй, ки мепурсӣ нишони ишқ чист,
Ишқ чизе ҷуз зуҳури меҳр нест!

Ишқ, яъне меҳри бе аммою агар,
Ишқ, яъне рафтан бо пои сар!

Ишқ, яъне дил тапидан баҳри дӯст,
Ишқ, яъне ҷони ман Қурбони Ӯст!

Ишқ, яъне мастӣ аз чашмони Ӯ,
Белабӯ, беҷуръа, бемай, бесабӯ!

Ишқ, ранҷи меҳрубонӣ доштан,
Захми дарки осмонӣ доштан!

Ишқ, яъне гул ба ҷои хор бош,
Пул ба ҷои ин ҳама девор бош!

Ишқ, яъне чун Муҳаммад (с) по ба роҳ,
Ишқ, яъне ҳамчу Юсуф (а) қаъри чоҳ!

Ишқ, яъне шаб нахуфтан то саҳар,
Ишқ, яъне саҷда бо чашмони тар!

Ишқ, яъне интизору интизор,
Ишқ, яъне ҳар чӣ бинӣ акси ёр!

Ишқ, яъне дида бар дар дӯхтан,
Ишқ, яъне дар фироқаш сӯхтан!

Ишқ, яъне як нигоҳи ошно,
Дидани афтодагони зери по!

Ишқ, озодӣ, раҳоӣ, эминӣ,
Ишқ, зебоӣ, зулолӣ, равшанӣ!

Эй, тавоно нотавони ишқ бош,
Паҳлавоно паҳлавони ишқ бош!

Ишқ, яъне зоҳири ботиннамо,
Ботине оганда аз нури Худо!

Солик, оре ишқ рамзе дар дил аст,
Шарҳу васфи ишқ коре мушкил аст!

Ишқ, яъне шӯри ҳастӣ дар калом,
Ишқ, яъне шеър, мастӣ, вассалом...

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дар Самарқанду Бухорои Шариф чанде касиф мактаби Тоҷикиро дар бастаанд,
Махзани Тоҷикро дуздиданд, синаи таърихро бибридаанд,
Дар Самарқанди самарманд аз ғурури тоҷикӣ тарсидаанд.

Дар Самарқанду Бухорои Шариф бар Тоҷикон дода бас аснодҳои зӯракӣ,
Бар ҷигаргоҳи нумӯи Ориён, захмҳо зад кордҳои зӯракӣ.
Дар Самарқанду Бухорову Хуҷанд, ошиқи лафзи дарӣ бисёр буд,
Форсӣ хонданд намози хештан дар замоне ки Араб ҷаррор буд.
Эй Хуҷанди Бостон шаҳри азизи ростон эй диёри Рӯдакӣ эй сарзамини Суғдиён.
Эй дилу ҷонам Самарқанд, эй дилу ҷонам Бухоро,
Эй дӯст, эй Самарқанд, эй Биҳишт.
Эй махзани ирфону илм хуфта дар зери лиҳофи ғафлатат бинам чаро - бинам чаро.

Ман Самарқандии бе майхонаам, ман Самарқандии бе майхонаам,
Гашта чун дил шаҳри манзил вайронаам.
Ман намедонам Худованд баҳри чи дур намуд аз Осмонҳо нолаам,
Ман намозамро ба номат мегузорам Тоҷикӣ,
Ифтихорам Тоҷикӣ дору надорам Тоҷикӣ,
Атромезу фараҳ афзо ҳавои Кишварам,
Лафзи ширину забони ширадорам Тоҷикӣ.
Аҳли Сомонам мусулмонам имонам комил аст,
Аз Худойи меҳрубон умедворам Тоҷикӣ.
@ADABIYOTI_KLASSIKI

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Аз кӯҳ санге чун фитад, сад сангро беҷо кунад,
Марде чу номардӣ кунад, сад мардро расво кунад.

Нодон чу доноӣ кунад, аҳсан бигӯемаш ҳама,
Аммо чӣ битвон кард агар нодоние доно кунад?

Шавқе агар саркӯб шуд, нохуб шуд, нохуб шуд,
Аз кӯрзавқе дод, агар истеза бо бино кунад!

Ҳар кас тавонад рӯдро бо ҷӯйҳо созад ҷудо,
Он кист, к-аз дарёдилӣ як қатраро дарё кунад?

Ҳар кас тавонад мурдаро бар хок биспорад, вале,
Он кист, хоки мурдаро тоҷи сари дунё кунад?

Ман бо касе ҳамдостон, эй дӯстон, эй ростон,
К-имрӯзи худро зинае то қуллаи фардо кунад.

197
3

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

وقت است که بنشینی و گیسو بگشایی
تا با تو بگویم غم شب های جدایی

بزم تو مرا می طلبد ، آمدم ای جان
من عودم و از سوختنم نیست رهایی

تا در قفس بال و پر خویش اسیرست
بیگانه ی پرواز بود مرغ هوایی

با شوق سرانگشت تو لبریز نواهاست
تا خود به کنارت چه کند چنگ نوایی

عمری ست که ما منتظر باد صباییم
تا بو که چه پیغام دهد باد صبایی

ای وای بر آن گوش که بس نغمهٔ این نای
بشنید و نشد آگه از اندیشهٔ نایی

افسوس بر آن چشم که با پرتو صد شمع
در اینه ات دید و ندانست کجایی

آواز بلندی تو و کس نشنودت باز
بیرونی ازین پرده ی تنگ شنوایی

در اینه بندان پریخانه ی چشمم
بنشین که به مهمانی دیدار خود آیی

بینی که دری از تو به روی توگشایند
هر در که براین خانه ی ایینه گشایی

چون سایه مرا تنگ در آغوش گرفته ست
خوش باد مرا صحبت این یار سرایی


#هوشنگ_ابتهاج

Вақтестки биншиниву гесӯ бигшойи,
То бо ту бигӯяи ғами шабҳои ҷӯдойи.

Базми ту маро металабад , омадам эй ҷон
Ман удаму аз сухтанам нест раҳойи.

То дар қафаси болу пари хеш асираст
Бегонаи парвоз буд мурғи ҳавойе

Бо шавқи сарангушти ту лабрези навоҳост
То худ ба канорат чи кунад чангу навойе

Умрест ки мо мунтазири боди сабойем
То бӯ ки пайғом диҳад боди сабойе

Эй вой бар он гӯш ки бас нағмаи ин ной
Бишниду нашуд огаҳ аз андешаи нойе.

Афсӯс бар он чашм ки бо партави сад шамъ
Дар оинаат дида надонист куҷойе.

Овози баланди туву кас нашнавадат боз
Беруни аз ин пардаи танги шунавои.

Дар оина бандони парихонаи чашмам
Биншин ки ба меҳмонии дидори худ ойи.

Бини ки даре аз ту ба рӯи ту кушоянд
Ҳар дар ки дар ин хонае оина кушойи.

Чун соя маро танг дар оғуш гирифтаст
Хуш бод маро сӯҳбати ин ёри саройи.

Ҳушанг Ибтиҳоҷ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дубайтиҳои дилошӯб аз ашъори султони ишқ
#МАВЛОНО_РУМӢ

Қ И С М А Т И С А В В У М

-21-
Чун дид рухи зарди ман он шӯҳранигор,
Гуфто, ки дигар ба васлам уммед мадор.
Зеро, ки туро зидд шудӣ дар дилдор,
Ту ранги хазон дорию ман ранги баҳор.

-22-
Гуфтам: Чашмам! Гуфт: Ба роҳаш медор,
Гуфтам: Ҷигарам! Гуфт: ба оҳаш медор!.
Гуфтам, ки дилам! Гуфт: чӣ дорӣ дар дил?
Гуфтам: Ғами ту! Гуфт: Нигоҳаш медор!

-23-
Ҷоно сифати қадам зи абрут бипурс,
Ошуфтагиям зи зулфи ҳиндут бипурс.
Ҳоли дилам аз даҳони тангат биталаб,
Бемории ман зи чашми ҷодут бипурс.

-24-
Бечораи дилсӯхтаи меҳнаткаш,
Дар оташи ишқи ту ҳамесӯзад к-аш.
Ишқат ба мани сӯхтадил афтод,
Оре ҳама дар сӯхта гирад оташ.

-25-
Бар дил чу шугуфта гашт асрори ғамаш,
Надҳам ба гули ҳама ҷаҳон хори ғамаш.
Мо пушт сӯви ҷаҳони шодӣ кардем,
З-ин пас рухи зарди мову девори ғамаш.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дубайтиҳои дилошӯб аз ашъори султони ишқ
#МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ

Қ И С М А Т И А В В А Л

-1-
Бар раҳгузари бало ниҳодам дилро,
Хос аз пайи ӯ пой кушодам дилро.
Аз бод маро бӯи ту омад имрӯз,
Шукронаи он ба бод додам дилро!

-2-
Парвард ба нозу неъмат он дӯст маро,
Бардӯхт мураққаъ зи рагу пӯст маро.
Тан хирқаву андар дили ман сӯфист,
Олам ҳама савмаасту теғ ӯст маро.

-3-
То аз ту ҷудо шудаст оғӯш маро,
Аз гиря касе надида хомӯш маро.
Дар ҷону дилу дида фаромӯш наӣ,
Аз баҳри худо макун фаромӯш маро.

-4-
Эй дил, ду-се рӯз то саҳаргоҳ махусб,
Дар фурқати офтоб чун моҳ махусб.
Чун далв дар ин зулмат роҳи чаҳ мекун,
Бошад, ки барои ба сари чоҳ махусб.

-5-
Султони малоҳат маҳи мавзуни манаст,
Дар силсилааш ин дили маҷнуни манаст.
Бар хоки дараш хуни ҷигар мерезам,
Ҳарчанд, ки хоки ӯ беҳ аз хуни манаст.

-6-
Ишқат ба дилам даромаду шод бирафт,
Боз омаду рахти боз бинҳод, бирафт.
Гуфтам ба такаллуф ду-се рӯзе биншин,
Биншасту кунун рафтанаш аз ёд бирафт.

-7-
Ҳошо, ки ба олам аз ту хуштар ёрест!
Ё хубтар аз дидани рӯят корест?
Андар ду ҷаҳон дилбару ёрам ту басе,
Ҳам партави туст, ҳар куҷо дилдорест!

-8-
Мегиряму зору ёр гуяд зарқ аст,
Чун зарқ бувад, ки дида дар хун ғарқ аст?
Ту пиндорӣ, ки ҳар диле чун дили туст,
Ней-не санамо, миёни дилҳо фарқ аст!

-9-
Дилтангаму дидори ту дармони манаст,
Бе ранги рухат замона зиндони манаст.
Бар ҳеҷ диле мабоду бар ҳеҷ тане,
Он-ч аз ғами ҳиҷрони ту бар ҷони манаст.

-10-
То бо ғами ишқу ту маро кор афтод,
Бечора дилам дар ғами бисёр афтод.
Бисёр фитода буд дил дар ғами ишқ,
Аммо начунин зор, ки ин бор аф
тод!

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ишқат на сарсарист, ки аз сар бадар шавад,
Меҳрат на оразист, ки ҷои дигар шавад.
Ишқи ту дар вуҷудаму меҳри ту дар дилам,
Бо шир дар дарун шуду бо ҷон бадар шавад.
Дардест дарди ишқ, ки андар илоҷи ӯ,
Ҳарчанд саъй беш намоӣ, батар шавад.
Аввал яке манам, ки дар ин шаҳр ҳар шабе
Фарёди ман зи ишқ бар афлок бар шавад.
Гар з-он, ки ман сиришк фишонам ба Зиндарӯд.
Кишти Ироқ ҷумла ба якбор тар шавад.
Дӣ дар миёни зулф бидидам рухи нигор,
Бар ҳайъате, ки абр муҳити қамар шавад.
Гуфтам, ки: «Ибтидо кунам аз бӯса», Гуфт: «на!
Бигзор то, ки моҳ зи ақраб бадар шавад!»
Эй дил, ба ёди лаъли вай ар бода мехурӣ,
Магзор, ҳон, ки муддаиёнро хабар шавад.
Ҳофиз сар аз лаҳад ба дар орад ба пойбӯс,
Гар хоки ӯ ба пои шумо пою пар шавад.
#ҲОФИЗ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Хун гиря кунед, ки Рамазон мегузарад,
Тасбеҳу таровеҳу дуъо мегузарад!

Иди рамазон омади моҳи рамазон рафт!
Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт!!!

Сад дареғо моҳи моҳон меравад,
Моҳи эҳсон моҳи Раҳмон меравад!!!

Карда моро ҳамчун тифли бе гуноҳ,
Моҳи ҳақ аз хони эҳсон меравад!!!

Ҷисму ҷонро пок карда аз гунаҳ,
Поксози қалби инсон меравад!!!

Даҳаи аввал ки раҳмат бор буд,
Раҳм фузун карда хандон меравад!!!

Буд гунаҳсӯз даҳаи мағфираташ,
Карда фориғ аз гуноҳ он меравад!!!

З-оташи дӯзах раҳо карда ҳама,
Итқум_минан_нор алъон меравад!!!

Мӯъҷизаофар шаби қадраш чи хуш,
Моҳи имон моҳи Қуръон меравад!!!

Меҳрубонӣ карда баҳри муслимин,
Моҳи покӣ, моҳи моҳон меравад!!!

#РАМАЗОН

Читать полностью…
Subscribe to a channel