adabiyoti_klassiki | Unsorted

Telegram-канал adabiyoti_klassiki - 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

796

¤ Ирфон ¤ Ҳикмат ¤ Панд ¤ Шеър ¤ Байт ¤ Ғазал ¤ Андеша (аз бузургони олами классикӣ ва ҷадид) http/t.me/ADABIYOTI_KLASSIKI

Subscribe to a channel

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дар яке аз саҳфаҳои интернети гуфта шуда буд ки , ин акси Лайливу Маҷнун аст, ки дар яке осорхонаҳои ( музей) Фаронса мавҷуд аст....ва ҳаққо , ки " ба Лайлӣ ба чашмони Маҷнун бингар".

#Ҳикоят
Овардаанд ки аҳли қабилаи Маҷнун гирд омаданд ва ба қавми Лайлӣ гуфтанд:
Ин мард аз ишқ ҳалок хоҳад шуд, чи зиён дорад агар якбор дастурӣ бошад, то ӯ Лайлиро бинад?
Гуфтанд:
Моро аз ин маъни ҳеҷ бахилӣ нест...
Валекин Маҷнун худ тоби дидори ӯро надорад.
Маҷнунро биёварданд ва дар хиргоҳи Лайлӣ баргирифтанд. Ҳанӯз сояи Лайлӣ пайдо нагашта буд ки Маҷнунро "маҷнун" дарбоист гуфтан.
Бар хок дар паст шуд.
Гуфтанд:
Мо гуфтем ки ӯ тоқати дидори ӯро надорад, инҷо бувад ки бо хоки сари кӯи ӯ коре дорад.

#Байт
Гар менидиҳад ҳаҷр ба васлат борам,
Бо хоки сари кӯи ту коре дорам...

#Аҳмад_Ғаззолӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Диловар, ки н-андешад аз пилу шер,
Ту девона хонаш, махонаш далер.
#Фирдавсӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Нон аз баройи кунҷи ибодат гирифтаанд
Соҳибдилон, на кунҷи ибодат баройи нон!

#Саъдӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дар дили мӯъмин чор зан зиндагӣ мекунад.
Онҳо:
Модар
Ҳамсар
Хоҳар
Духтар

Модар;
Ризои ӯ амри Аллоҳ аст ва зери қудумаш Биҳишт аст.

Ҳамсар;
Гироми доштани ӯро
Паёмбар саллолоҳу алайҳи васаллам васият карда.

Хоҳар;
Мушфиқаест, ки кони раҳму меҳрабонист.

Духтар;
Тарбияи дурусти ӯ, бароятон кушоиши дарҳои Биҳишт аст.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Иштиёқе, ки ба дидори ту дорад дили ман,
Дили ман донаду ман донаму дил донаду ман.
Хоки ман гил шаваду гул шукуфад аз гили ман,
То абад меҳри ту берун наравад аз дили ман.
#МАВЛОНО

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

То ҳастаму то ҳастӣ, ҳамрози ту хоҳам буд,
То сози даме дорам, дамсози ту хоҳам буд.

Андар дили пуршӯрам то нашъаи дарде ҳаст
Мафтуни табу сӯзи овози ту хоҳам буд.

Чун ҷон на барои тан, шоистаи ҷонон аст,
То ҷону ҷаҳон дорам, ҷонбози ту хоҳам буд.

Бар қасди ҳама қаҳру шӯру шари тақдирам,
Қурбони як имою як нози ту хоҳам буд.

То нола кунад ҷонам, то шиква кунад рӯҳам,
Бо болу пари шеърам парвози ту хоҳам буд.

Ором намеҷӯям, анҷом намехоҳам,
То охири умри дил оғози ту хоҳам буд."

#Лоиқ_Шералӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Маҷмӯъаи амалҳо ки дар тарбияи фарзандон набояд роҳ дода шавад:

🌸 Якдигарро ҳақорат кардани волидайн, ҷанҷолҳо бо овози баланд, инҳо ба шахсияти фарзандон таъсири манфӣ мерасонад. Оромиву осоиштаги ва якдигарфаҳми дар оила барои фарзандон пару бол мебахшад.

🌸Муқоиса кардани фарзандон; яъне таърифи яке аз фарзандон барои сарзаниш кардани дигараш, ин фарзанди шуморо на танҳо рӯҳафтода мекунад, ҳатто метавонад нафратро нисбати бародару хоҳараш ба вуҷуд оварад.

🌸Дустдори бо шарт; яъне ман туро дӯст медорам агар ту ин тавр ҳаракату рафтор куни ё баръакс,.
Ба ҷои ин бигӯед;
Ман туро ҳамеша дӯст медорам , аммо рафтори нолоиқатро не.

🌸Ба писаратон ҳеҷ гоҳ нагӯед; мард ашк намерезад , ё гиря накун айб аст!
Ин дили фарзадатонро сангин месозад, мард бояд ашк рехта тавонад, бояд раҳмдил бошад.

Агар мо имруз ба тарбияи фарзандон ба хусус писарон аҳамияти калон диҳем ,дар пиронсоли дар канори мо мардҳои ғамхор раҳмдил ва қавииродаро мебинем.

Рӯзгоратон саршор аз самимияту ишқу муҳаббат бод!

#Аз_тарбияи_исломӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Шарҳи байтҳои #Мавлонои бузургвор:

Чун ки бад карди , битарс эмин мабош,
З-он ки тухм асту бирӯёнад, Худош,

Чанд гоҳе ӯ бипӯшонад , ки , то,
Оядат з - он бадпушаймониву ҳаё.

#Маснавии_Мавлоно

Агар бадӣ мекунӣ , аз оқибати он битарс.
Бадӣ монанди тухмест , ки дар замин мекориву лоҷарам рӯзе, меваашро мебинӣ.
Агар Худованд мӯҳлате медиҳаду чанде айбатро мепӯшонад, барои он аст, роҳи бозгаштатро ба ҷонибаш набаста бошад....

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Зи ишқ оғоз кун то нақши гардунро бигардонӣ,

Ки танҳо ишқ созад нақши гардунро дигаргунаш.

Ба меҳр овезу ҷонро рӯшноӣ деҳ, ки ин оин,

Ҳама шодист фармонаш, ҳама ёрист қонунаш...

#Фаридун_Муширӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Имрӯз рӯзи бузургдошти Саъдии Шерозӣ мебошад, ҳаводорони назми форсиро бо ин рӯз табрик мегӯем.
Ғазали машҳури бузургвор тақдим ба дӯстони азиз!

Эй сорбон, оҳиста рон, к -ороми ҷонам меравад!
Он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад!

Ман мондаам маҳҷур аз ӯ, бечораву ранҷур аз ӯ,
Гӯӣ, ки неше дур аз ӯ бар устухонам меравад.

Гуфтам ба найрангу фусун, пинҳон кунам рози дарун,
Пинҳон намемонад, ки хун бар остонам меравад!

Бигзашт ёри саркашам, бигзошт айши нохушам,
Чун миҷмаре пуроташам, к -аз сар духонам меравад.

Бо ин ҳама бедоди ӯ, в-ин аҳди бебунёди ӯ,
Дар сина дорам ёди ӯ, то бар забонам меравад!

Маҳмил бидор эй сорбон, тундӣ макун бо корвон,
К -аз ишқи он сарви равон, гӯӣ равонам меравад!

Боз ою бар чашмам нишин, эй дилфиреби нозанин,
К -ошӯбу ғавғо аз замин бар осмонам меравад!

Шаб то саҳар менағнавам в -андарзи кас менашнавам
Ин раҳ на қосид меравам, к -аз каф инонам меравад.

Сабр аз висоли ёри ман, баргаштан аз дилдори ман,
Гарчӣ набошад кори ман, ҳам кор аз онам меравад.

Дар рафтани ҷон аз бадан, гӯянд ҳар навъе сухан,
Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад.

Саъдӣ фиғон аз дасти мо, лоиқ набуд, эй бевафо!
Тоқат намеорам ҷафо, кор аз фиғонам меравад!
#САЪДӢ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Иттилоот дар мавриди Паёмбарон ( а)

🔹4 нафар аз Паёмбароне ки арабзабон буданд:

Ҳазрати Ҳуд (а)
Ҳазрати Солеҳ(а)
Ҳазрати Шуъайб( а)
Ҳазрати Муҳаммад ( с)

🔹Паёмбароне ки бо ҳам писари хола буданд:

Ҳазрати Исо( а) ва Ҳазрати Яҳё ( а)

🔹Паёмбароне ки ҳаргиз издивоҷ накарданд:

Ҳазрати Исо(а)
Ҳазрати Яҳё(а)

🔹Паёмбароне ки бо ҳам бародар буданд:

Ҳазрат Мӯсо(а) ва
Ҳазрати Ҳорун( а)

Ҳазрати Исмоил ( а) ва
Ҳазрати Исҳоқ (а)

🔹Паёмбароне ки падару писар буданд:

Ҳазрати Иброҳим ( а) ва
Ҳазрати Исмоил (а)

Ҳазрати Иброҳим ( а) ва
Ҳазрати Исҳоқ( а)

Ҳазрати Яъқуб ( а)
ва Ҳазрати Юсуф( а)

🔹Паёмбароне ки ду ном доштанд:

Ҳазрати Муҳаммад ( с) - Аҳмад
Ҳазрати Юнус ( а) - Зуннун
Ҳазрати Исо( а) - Масеҳ
Ҳазрати Хизр (а)- Малиқо ( дар Қуръони Карим аз ӯ зикр шуда, дар мавриди ин ки паёмбар буд ё на , дар байни уламо ихтилофот вуҷуд дорад)
Ҳазрати Яъқуб ( а) - Исроил
Ҳазрати Юшаъ бин Нун ( а) - Зулкифл

Паёмбари акрам ( с) чанд маротиба Меърож рафтанд ?
Ду  маротиба

🔹Ҳазрати Юнус ( а) чанд шабонаруз дар шиками моҳӣ буданд?

Ҳафт  шабонарӯз

🔹Теъдоди паёмбароне ки дар Бани Исроил мабъус шуданд:

600 Паёмбар

🔹Паёмбароне ки подшоҳи рӯи замин буданд:

Ҳазрати Сулаймон( а)
Ҳазрати Зулқарнайн ( а). ( дар Қуръони Карим аз ӯ зикр шуда, марде буд аз солиҳин ва Худованд ӯро дӯст медошт)

🔹Охирин паёмбаре ки вориди Биҳишт мешавад:

Ҳазрати Сулаймон( а)

🔹Паёмбароне ки бо ҳам ҳамаср буданд:

Ҳазрати Хизр ( а)
Ҳазрати Мусо ( а)
Ҳазрати Шуъайб ( а)
Ҳазрати Иброҳим ( а)
Ҳазрати Яқуб( а)
Ҳазрати Юсуф( а)

🔹Паёмбароне ки мақоми имоматӣ ҳам доштанд:

Ҳазрати Муҳаммад ( с)
Ҳазрати Иброҳим ( а)

Кадом Паёмбар дар кишвари Ирон мадфун аст?

Ҳазрати Дониёли набӣ ( а)

🔹Кадоме аз Паёмбаронро сар буриданд?

Ҳазрати Яҳё ( а)

Қабри Ҳазрати Мӯсо ( а)  тавассути чи касе канда шуд?

Ҳазрати Азроил ( а)

🔹Кадом Паёмбар домоди дигаре аз Паёмбарон буд?

Ҳазрати Мӯсо( а) домоди
Ҳазрати Шуайб ( а) буд.
🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃
Дуо барои як бор дар умр:

Ривоят шуда аз Ҳазрати Муҳаммад ( С);
Ҳар касе ин дуоро дар ҳар вақт ки бихонад гӯё;

360 ҳаҷ адо намуда
360 Қуръон хатм карда
360 ғулом озод карда
360 динор садақа дода

Дар ҳамон ҳол Ҳазрат Ҷаброил ( а) низ хитоб ба Ҳазрати Муҳаммад (а) фармуданд:
Ё Расулаллоҳ, ҳар бандае аз бандагон , Худо ин дуоро бихонад, агар чи як бор дар умр, Худованд ба Азамату Ҷалоли худ қасам хӯрда ки барои ӯ ҳафт чиз зомин мешавам;
 
1. Аз ӯ фақр ва тангдастӣ рафъ мешавад;

2. Аз саволи Мункару Накир дар амон мемонад

3. Ӯро бо суҳулат ( осонӣ) аз пули сирот убур медиҳам

4.Ӯро аз марги ногаҳонӣ муҳофизат мекунам.

5. Дохил шудани ҷаҳаннамро барои ӯ ҳаром мекунам

6.Аз тангии қабр ӯро ҳифозат мекунам.

7.Аз хашму ғазаби золим ӯро амонӣ медиҳам.

Ин аст дуо:

󾬌بِسمِ‌اللّٰهِ الْرَّحمٰنِ‌الْرَّحیم󾬌

لا اله إلا اللهُ الجليلُ الجبّار
لا اله إلا اللهُ الواحدُ القهّار
لا اله إلا اللهُ الكريمُ الستّار
لا اله إلا الله الكبيرُ المُتَعالْ
لا اله إلا الله وَحْدَهُ لا شريكَ لهُ إلَهاً واحداً، ربَّاً و شاهداً، اَحَداً صمداً و نحنُ لهُ مُسْلِمونْ
لا اله إلا اللهُ وحدهُ لا شريك لهُ إلهاً واحداً ربَّا و شاهداً احداً صمداً و نحنُ لهُ عابدونْ
لا اله إلا اللهُ وحدهُ لا شريكَ لهُ إلهاً واحداً ربَّاً و شاهداً احداً صمداً و نحنُ لهُ قانِتونْ
لا اله إلا الله وحدهُ لا شريك لهُ إلهاً واحداً ربَّا و شاهداً احداً صمداً و نحن له صابرونْ
لا اله إلا اللهُ مُحَّمدٌ رسولُ الله
اللهُمَ إليكَ فَوَّضْتُ أمريْ و عليكَ تَوَكَلتُ يا أرحمَ الراحمينْ
«صدق الله و صدق رسول الله الكريم»

🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃
Оё медонед ки фоидаи гуфтани :

🔹Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳийм

дар оғози ҳар кор чист?

Агар шумо одат кунед   ки дар ибтидои ҳар кор

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳийм

бигӯед, фардо дар рузи қиёмат вақте номаи аъмолатон ба дастатон  дода мешава , қабл аз он ки онро бихонед

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳийм

мегӯед ва ногаҳон мебинед ки ҳама гуноҳатон аз номаи аъмолатон  пок шудааст, мепурсед :чи шуд?
Дар ин замон аз тарафи Худованд нидо меояд ки ;
Эй, банда  ту Моро Раҳмону Раҳим фарохондаӣ, пас Мо ҳам бо ту муқобала ба мисл кардаем, ва гуноҳонатро бахшидаем.
🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃
Ҳоло агар мехоҳед ин матнро барои касе бифристед ,аввал

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳийм

бигӯед....

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

#Хушбахтона...
Шабакаи мо дар Instagram (баъди муддатҳои тӯлонӣ) боз фаъолияти худро давом медиҳад.

@adabiyoti_klassiki (telegramm, instagram) - моро инҷо пазиро бошед...

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ мавлоно нашуд Мавлои Рум
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
#МАВЛОНО

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Машав мағрури мулку ганҷу динор,
Ки дунё ёд дорад чун ту бисёр.

Худоро з -он параст аз ҷони пурнур,
Ки истеҳқоқ^ дорад аз тамаъ дур.

Баҳри коре Худоро ёд медор,
Худоро то туӣ аз ёд магзор...

#Аттор_Нишопурӣ

Истеҳқоқ - шоистагӣ, ҳақдорӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Аллоҳи мутаъол ба фариштаҳо шуъур дод бидуни шаҳват;
Ба ҳайвонот шаҳват дод бидуни шуъур;
Ва ба инсон ҳар дуро дод.

Инсоне ки шуъураш ба шаҳваташ ғалаба кунад аз фаришта болотар аст.

Ва инсонеки шаҳваташ бар шуъураш ғолиб ояд, аз ҳайвон пасттар аст...

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Бар шонаи шикастаи ман бори олам аст,
Ин дардро барои ту чун мекашам,  кам аст.

Васли ту гар нагашт муяссар, фироқ ҳаст
Шодӣ насиб агар нашавад, саҳми ман ғам аст.

Оташ ҳам аз масири ту боле намезанад
То осмони чашми ту пурдуду пурнам аст.

Бояд ғубори хотира зин карду тунд  рафт
Инҷо на саъйи Ҳоҷару на чоҳи Замзам аст.

Машкан дили марову макун тира субҳи халқ
То кохи орзуи ту бар шонаи "бам"аст.

#Муҳаммад_Азизӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Имрӯз рузи таваллуди шоири беназир, маҳбуби дилҳо, устод Лоиқ Шералӣ аст.
Ин рӯз барои ҳаводорони шеъри ноби Лоиқ муборак бод!
🌸🌹🌹🌹🌸

Имрӯз агар он табу он сӯзи дилам нест,
З-он аст, ки ғамхораву дилсӯзи дилам нест.

Ин соату ин лаҳзаю ин они гурезон
Ҳар рӯзи худо ҳаст, вале рӯзи дилам нест.

Бо ҳар зарабон меравадам нақди дил аз даст,
Кас воқифи ангораи мармузи дилам нест.

Ман мондаму дил мондаву вайронаи сина
Дар мушкили дил маслиҳатомӯзи дилам нест.

Рӯзе, ки танам мурд, кафандӯзи танам ҳаст,
Рӯзе, ки дилам мурд, кафандӯзи дилам нест.

#ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Беадабро ҳар куҷо дидӣ, бикӯб,
Хирс мулло мешавад, аз зарби чӯб.

@ADABIYOTI_KLASSIKI

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Зи куҷо омадаам, боз куҷо хоҳам рафт?
Зи Худо омадаам, сӯйи Худо хоҳам рафт.

Пок аз кинаву тазвиру риё омадаам,
Пок аз кинаву тазвиру риё хоҳам рафт.

Нест дар рафтани ман ҳеч нишоне зи адам,
Аз шумо чун биравам, сӯи шумо хоҳам рафт.

Нарму оҳиставу хомӯш бубинӣ саҳаре,
Зи кафи дасти ту чун ранги ҳано хоҳам рафт.

Гарчи аз чарх ҳама санги ҷафо меборад,
Ба кафам шишаи номуси вафо хоҳам рафт.

То шифои дили бемори ту хоҳам зи Худо,
Зи лаби гарми табат мисли дуъо хоҳам рафт.

#Рустами_Ваҳҳоб

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Инсонҳо се гуна мемиранд:
Марги руҳ;
Марги виҷдон;
Марги ҷисм;

Марги руҳ , яъне;
Шикастани виқору ғурури як инсон ба дасти дигаре....

Марги виҷдон;
Яъне истифода аз инсонҳо барои мақсадҳои шахсӣ, бидуни ҳеҷ гуна пушаймониву тараҳҳум...

Марги ҷисм ;
Яъне қатъ гардидани нафасу таппиши қалб....

Дардноктарини маргҳо марги руҳ аст!
Ваҳшатноктарин марг , марги виҷдон аст!
Ва осонтарин марг , марги ҷисм!

Худованд саодати ҳар ду дунёро бароятон насиб гардонад.
Мамнун аз ҳамроҳиятон🙏

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Тӯфони гулу хушбаҳор аст бибинед,

Акнун ки ҷаҳон бар сари кор аст бибинед...

#Соиб_Табрезӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ошиқ ки бошӣ, шеър шӯри дигаре дорад,

Лайливу Маҷнун қиссаи ширинтаре дорад.

Девони Ҳофизро шабе сад дафъа мебӯсӣ,

Ҳар дафъа аз он дафъа фоли беҳтаре дорад.

#Баҳман_Сабоғзода

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ҳар ки ҳақ бошад чу ҷон андар танаш,
Хам нагардад пеши ботил гарданаш.
Хавфро дар синаи ӯ роҳ нест,
Хотираш мар ӯ ба "Ғайруллоҳ" нест!
Гар Худо дорӣ зи ғам озод шав,
Аз хиёли бешу кам озод шав.
Қуввати имон ҳаётат афзоядат,
Вирди "Ло хавфун алайҳим" боядат.
Чун калими сӯи Фиръавнӣ равад,
Қалби ӯ аз "Ло таҳаб" махкам шавад.
То асои "Ло Иллоҳ" дорӣ ба даст,
Ҳар тилисми хавфро хохӣ шикаст!


@ADABIYOTI_KLASSIKI

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Яке аз чаҳор ёри босафои Расули Акрам саллолоҳу алайҳи васаллам, Ҳазрат Алӣ разияллоҳу анҳу фармуда:

Огоҳ бош!
Он Худое, ки хазоини осмону замин дар ихтиёри ӯст, ба ту иҷозаи дуоъ (талабу дархост) додааст.
Ва иҷобати онро замонат (кафилӣ) намуда, ва дастур дода, аз Ӯ бихоҳӣ ба ту ато кунад, ва раҳматашро биталабӣ то раҳмат орад.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃
Ассалому алайкум, муштариёни гиромӣ.
Иди Саиди Фитрро барои ҳамаи шумо муборак бод , мегӯем.
Зиндагиатон саршор аз сафову самимият ва рӯзгоратон пурфайзу баракот бод .
Аллоҳи мутаъол ибодату дуоҳои моро қабули даргоҳаш кунад ва раҳмату инояташро аз мо дареғ надорад.
🍃🌹🍃🌹🍃
🌹🍃🌹🍃🌹🍃🌹
🍃🌹🍃🌹🍃🌹🍃🌹

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ишқ яъне ашки тавба дар Қунут,
Хонданаш бо номи Ғаффор -уз- зунуб.

Ишқ яъне чашмҳо ҳам дар рукуъ,
Шармгин аз номи Саттор -ул- уюб.

Ишқ яъне сар суҷуду дил суҷуд,
Зикри "Ё Раб, ё Раб" аз умқи вуҷуд...

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Об вақте ба ҷӯш омад аз худаш каму каср мешавад.
Ту ҳам вақте ҷӯшиву асабонӣ мешавӣ, худат каму сабук мешавӣ.
Зарфи обро агар аз рӯи учоқ бардоштаву ҷобаҷо кунӣ, роҳат аз ҷӯш меафтад.
Ту ҳам вақте хашм кардиву ҷӯшиди, агар ҷоятро тағъир диҳи хеле зуд ором мешавӣ...

Дар ин маврид хирадманде фармуда:
Хашм, оташи фурӯзон аст, ҳар кас хашми худро фурӯ хурад, ин оташро хомӯш карда ва ҳар кас ҷилави онро раҳо кунад, худаш дар он оташ месӯзад...

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ва гуфт:
Намозу рӯза амалест бузург.
Лекин кибру ҳасад аз дил берун кардан, бузургтар аст.
Ки дил ҷои назари Худованд аст.

📖Тазкират - ул - авлиё
#Фаридудини_Аттор
✍Зикри #Шайх_Абуҳасани_Ҳарақонӣ

Ҷумла хашм аз кибр хезад, аз такаббур пок шав.

Гар нахоҳӣ кибрро, рав, бетакаббур xок шав...

#Мавлоно_Румӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ғафлати дил аз шароби ноб мегардад зиёд,

Тирагӣ оинаро аз об мегардад зиёд,

Чашму дилро пардаҳои хоб ғафлат мешавад,

Камхирадро ҳар қадар асбоб мегардад зиёд...

#Соиб_Табрезӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Боязиди Бастомиро пурсиданд:
Агар дар рӯзи растохез Худованд бигӯяд чи овардаӣ , чи хоҳӣ гуфт?

Боязид гуфт:
Вақте фақире бар кариме ворид мешавад , ба ӯ намегуяд чи овардаӣ,
балки мегӯяд , чи мехоҳӣ?

Боязид Бастомӣ дар ҷамъе гуфт:
Ман аз Худо доротарам?

Ҳама ӯро сарзаниш карданд, аммо ӯ маҳкам истодаву ҳамин иддаоро такрор мекард.

Аз ӯ тавзеҳ хостанд.
Гуфт:
Худо манро дораду ман Худоро.
Оё ман доротар аз Ҳақ таъоло нестам?!

📖"Тазкират - ул - авлиё"
#Фаридуддини_Аттор
✍Зикри Шайх_Боязиди_Бастомӣ

Чу Худо бувад паноҳат, чи хатар бувад зӣ роҳат,
Ба фалак расад кулоҳат, чу сари ҳама саронӣ.

Чи накӯ тариқ бошад, чу Худо рафиқ бошад,
Сафаре дуруст гардад, чу Биҳишти ҷовидонӣ...

#Мавлонои Румӣ

Читать полностью…
Subscribe to a channel