Чаро худро асири ғам зи фикри
бешу кам дорӣ?
Ки нагзорад туро муҳтоҷ Эзид, то
ки дам дорӣ.
Машав бе дасту по аз муфлисиву
бекасӣ ҳаргиз,
Магар нашнидаӣ Бедил, Худо
дорӣ, чи ғам дорӣ?!
#БЕДИЛ
Ҳар ки худро мекунад дар базми нодонон сифат,
Пеши кўрон даъвии соҳибҷамолӣ мекунад.
#САЙИДОИ НАСАФӢ
Тавон шинохт ба як рўз дар шамойили мард,Ки то куҷош расидаст пойгоҳи улум.
Вале зи ботинаш эмин мабошу ғарра машав,
Ки хубси нафс нагардад ба солҳо маълум!
#Саъдӣ
Гар сафеҳе ба ҳукми нафсу ҳаво
На ба вафқи хирад кунад коре,
Бар ту нафсу ҳаво чу ғолиб нест,
Ҷуз ба роҳи хирад марав боре.
#Ҷомӣ
Олами асбоби ҳастӣ аз адам чизе надошт,
Ҳар киро дидем, дарвеш омаду дарвеш рафт.
#Бедил
Чу бишнавӣ сухани аҳли дил, магӯ, ки хатост,
Суханшинос найӣ, ҷони ман, хато ин ҷост!
Ҳофиз, аз боди хазон дар чамани даҳр маранҷ,
Фикри маъқул бифармо, гули бехор куҷост?!
#Ҳофиз
Як ҳикояти ибратомӯз аз эҷодиёти
#Парвин_Эътисомӣ:
Гӯянд: Деҳқоне миқдори гандум дар домани либоси пирамарди фақире рехт, пирамард хушҳол шуд, гӯшаи доманашро гираҳ карду рафт.
Дар роҳ аз фақириву нодориаш менолиду бо парвардигор сухан мегуфт:-Эй кушояндаи гираҳҳои нокушода, иноят фармо ва гираҳе аз гираҳҳои зиндагиамро бигшой.
Дар ҳамин ҳол ногаҳон гираҳи доманаш боз шуду гандум ба замин рехт.
Ӯ бо нороҳатӣ гуфт:
Ман туро гуфтам, эй ёри азиз,
К- ин гираҳро бигшою гандумро бирез?Он гираҳро чун наёрастӣ кушуд,
Ин гираҳ бигшоданат дигар чи суд?
Нишаст ва гирён гандумҳоро аз замин ҷамъ мекард, гандумҳо то рафт таги хок мешуданд, пирамард заминро мекофт то гандумҳоро ҷамъ созад. Дар камоли нобовари дид, донаҳои гандум рӯи зарфе пур аз тилло рехтаанд.
Нидо омад, ки:Ту мабин андар дарахти ё ба чоҳ,
Ту маро бин, ки манам мифтоҳи^ роҳ...
мифтоҳ - кушоянда, калид
;
То надонӣ, ки сухан айни савоб аст, магўй,
В-он чӣ донӣ, ки на некўш ҷавоб аст, магўй!
#Саъдӣ
Дерест, ки дилдор паёме нафиристод,
Нанвишт саломеву каломе нафиристод.
Сад нома фиристодаму он шоҳи саворон Пайке надавониду саломе нафиристод.
Сӯи мани ваҳшисифати ақлрамида,
Оҳуравише, кабкхироме нафиристод.
Донист, ки хоҳад шуданам мурғи дил аз даст
В-аз он хати чун силсила доме нафиристод.
Фарёд, ки он соқии шаккарлаби сармаст
Донист, ки махмураму ҷоме нафиристод.
Чандон, ки задам лофи каромоту мақомот,
Ҳеҷам хабар аз ҳеҷ мақоме нафиристод.
Ҳофиз, ба адаб бош, ки вохост набошад, Гар шоҳ паёме ба ғуломе нафиристод.
#Ҳофизи_Шерозӣ
То нақши хаёли дӯст бо мост, дило,
Моро ҳама умр худ тамошост, дило,
В- онҷо , ки муроди дил барояд, ай дил,
Як хор беҳ аз ҳазор хурмост, дило...
#Мавлоно_Румӣ
Бар шонаи шикастаи ман бори олам аст,
Ин дардро барои ту чун мекашам, кам аст.
Васли ту гар нагашт муяссар, фироқ ҳаст
Шодӣ насиб агар нашавад, саҳми ман ғам аст.
Оташ ҳам аз масири ту боле намезанад
То осмони чашми ту пурдуду пурнам аст.
Бояд ғубори хотира зин карду тунд рафт
Инҷо на саъйи Ҳоҷару на чоҳи Замзам аст.
Машкан дили марову макун тира субҳи халқ
То кохи орзуи ту бар шонаи "бам"аст.
#Муҳаммад_Азизӣ
Нуктае, к-он ҷаст ногаҳ аз забон,
Ҳамчу тире дон, ки он ҷаст аз камон.
Вонагардад аз раҳ он тир, эй писар!
Банд бояд кард селеро зи сар,
Чун гузашт аз сар, ҷаҳонеро гирифт,
Гар ҷаҳон вайрон кунад, набвад шигифт.
#Мавлоно
Аз марг тарсӣ, эй зиндаҷовид,
Марг аст сайде, ту дар каминӣ.
Ҷоне, ки бахшанд, дигар нагиранд,
Одам бимирад аз беяқинӣ.
#Иқбол
Ба Маҷнун гуфт рӯзе айбҷӯе,
Ки пайдо кун беҳ аз Лайлӣ накӯе!
Ки Лайлӣ гарчӣ дар чашми ту ҳурест,
Ба ҳар ҷузве зи аъзояш қусурест!Зи ҳарфи айбҷӯ Маҷнун барошуфт,
Дар он ошуфтагӣ хандон шуду
гуфт:
«Агар дар дидаи Маҷнун нишинӣ,
Ба ғайр аз хубии Лайлӣ набинӣ!
Ту кай донӣ, ки Лайлӣ чун накӯест,
К-аз ӯ чашмат ҳамин бар зулфу рӯйест?!
Ту қад бинию Маҷнун ҷилваии ноз,
Ту чашму ӯ нигоҳи новакандоз!
Ту мӯ биниву Маҷнун печиши мӯ,
Ту абрӯ, ӯ ишоратҳои абрӯ!...»
#Ваҳшии Вофқӣ
Сухандони парварда, пири куҳан,
Бияндешад, он гаҳ бигӯяд сухан.
Мазан, то тавонӣ, ба гуфтор дам,
Накӯ гӯӣ, гар дер гӯӣ, чи ғам?!
Бияндешу он гаҳ баровар нафас,
В-аз он пеш бас кун, ки гӯянд бас!
Ба нутқ одамӣ беҳтар аст аз давоб,
Давоб аз ту беҳ, гар нагӯӣ савоб!
#Саъдӣ
“давоб” (чамъ: “добба”; ҷамъи ҳаийвоноти дар замин ҷунбандаву ҷуландаву хазанда)
Ин деҳ, ки ҳисори беҳушон аст,
Иқтоъдеҳи забункушон аст.
Бе шердиле басар наёяд,
В-аз говдилон ҳунар наёяд.
#Низомӣ
Гар бар сари кори худ ғалтад назарат,
Аз кини касон гул макунад ҷуз ҳазарат
Теғе, ки ба рӯйи дигарон мебозӣ,
Гар вонигарӣ, баргашта ёбӣ зи сарат!
#Бедил
Эй дил аз пасту баланди рӯзгор андеша кун,
Дар барӯмандӣ, зӣ қаҳтии баргу бор андеша кун.
Аз насиме дафтари айём барҳам мехӯрад,
Аз варақгардонии лайлу наҳор андеша кун.
Бар лаби боми хатар натвон ба хоби амн рафт,
Эминӣ хоҳӣ, зӣ авҷи эътибор андеша кун.
Нест бе заҳри пушаймонӣ ҳузури ин ҷаҳон,
Аз раги хоби фароғат ҳамчу мор андеша кун.
Рӯй дар нуқсон гузорад моҳ чун гардад тамом,
Чун шавад лабрез ҷомат аз хумор андеша кун.
Гӯшагирӣ дардисар бисёр дорад дар камин,
Дар муҳити пуршару шӯр аз канор андеша кун.
#Соиб_Табрезӣ
#Мавлонои_Румӣ
Пок кун ду чашмро аз мӯи айб,
То бубини боғу сарвистони ғайб.
Дафъ кун аз мағзу аз бини зуком,
То ки реҳ*Аллоҳ дарояд дар машом.
#Шарҳ
Агар хоҳӣ ки аз неъматҳои Худованд баҳраманд бошӣ, аз айби мардум чашм бипӯш, агар ҳамеша дар паи айбҷӯи бошӣ, ин кирдори бад мисли мӯест ки ба чашмат халида , туро азобу шиканҷа медиҳад.
Рафтору кирдори бад мисли зуком ки ба нафас кашидан роҳ намедиҳад, шахси баднияту бадкирдорро аз насимҳои хуши ( неъматҳо) Аллоҳ мутаъол маҳрум месозад.
*реҳ - насим, бод
Ғазали зебое аз #Мавлоно_Румӣ
Худовандо ба қудрат беназирӣ,
Ки ҳусни лоназирӣ бартанидӣ.
Бигӯ, эй гул, ки ин лутф аз ки дори,
На хори хушк буди мехалидӣ.
Ту ҳам , эй чашм ҷинси хок будӣ,
Бигуфти ман чи бинам, ҳам бидидӣ.
Ту ҳам , эй пой , барҷо монда будӣ,
Давонидат давонанда давидӣ.
Биё уммед бин, ки нек набувад,
Дар ин уммед , беҳад ноумедӣ....
#Шарҳи_ғазал
Яке аз зеботарин ва ғанитарин ғазал, дар васфи Худованди беҳамто.
Хитоб ба Аллоҳи мутаъол ки дар қудрату халқ зебою беназир аст.
Ва ба таври истиора хитоб.ба гул ки аз он шохаи хушки пур аз хор ин ҳама латофати мавҷуд дар гулро аз куҷо оварди?
Ва боз хитоб ба чашм ки ту ки аз хок будӣ чигуна қодир ба дидан шудӣ?
Ва боз хитоб ба пой ки туро он давонанда қодир ба давидан кард , вагарна ту қодир ба ҳаракат набудӣ.
Бо ин ҳама осори саршор аз уммед , ноумеди ҷойгоҳе надорад.....
Кунун ки гардиши айёмро саботе нест,
Ҳамон хуш аст, ки дар ишқ бигзарад айём,
Ман он мақоми баланд аз куҷо ба даст орам,
Ки ошиқона биёбам, дар он баланд мақом....
#Маликушшуаро_Баҳор
Дар яке аз саҳфаҳои интернети гуфта шуда буд ки , ин акси Лайливу Маҷнун аст, ки дар яке осорхонаҳои ( музей) Фаронса мавҷуд аст....ва ҳаққо , ки " ба Лайлӣ ба чашмони Маҷнун бингар".
#Ҳикоят
Овардаанд ки аҳли қабилаи Маҷнун гирд омаданд ва ба қавми Лайлӣ гуфтанд:
Ин мард аз ишқ ҳалок хоҳад шуд, чи зиён дорад агар якбор дастурӣ бошад, то ӯ Лайлиро бинад?
Гуфтанд:
Моро аз ин маъни ҳеҷ бахилӣ нест...
Валекин Маҷнун худ тоби дидори ӯро надорад.
Маҷнунро биёварданд ва дар хиргоҳи Лайлӣ баргирифтанд. Ҳанӯз сояи Лайлӣ пайдо нагашта буд ки Маҷнунро "маҷнун" дарбоист гуфтан.
Бар хок дар паст шуд.
Гуфтанд:
Мо гуфтем ки ӯ тоқати дидори ӯро надорад, инҷо бувад ки бо хоки сари кӯи ӯ коре дорад.
#Байт
Гар менидиҳад ҳаҷр ба васлат борам,
Бо хоки сари кӯи ту коре дорам...
#Аҳмад_Ғаззолӣ