¤ Ирфон ¤ Ҳикмат ¤ Панд ¤ Шеър ¤ Байт ¤ Ғазал ¤ Андеша (аз бузургони олами классикӣ ва ҷадид) http/t.me/ADABIYOTI_KLASSIKI
Аз #Шайх_Баҳоӣ пурсиданд:-Сахт мегузарад ? Чи бояд кард?
Гуфт:-Худат мегӯи сахт мегузарад , сахт ки намемонад!
Пас Худоро шокир бош ки мегузараду намемонад!
Имрӯзат хуб ё бад гузашт, фардо рӯзи дигар аст.
#Ҳикмати_орифон
Ҳеҷ тасбеҳе надорад он дараҷ,
Сабр кун, ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.
#Маснавии_Мавлоно
Дараҷ-мақом, арзиш
Мифтоҳул фараҷ-калиди кушоишБолотарин тасбеҳу зикри Аллоҳ, аз назари Мавлоно, сабр аст.
Сабр калидест аз дарҳои неъматҳои илоҳӣ.
Батаҳқиқ Ҳаққ Таъоло собиронро дӯст медорад.
Дар кӯи харобот маро ишқ кашон кард,
Он дилбари айёр маро дид, нишон кард.
Ман дар паи он дилбари айёр бирафтам,
Ӯ рӯи худ, он лаҳза зӣ ман боз ниҳон кард.
Ман дар аҷаб афтодам аз он қутби ягона,
К-аз як назараш ҷумла вуҷудам ҳама ҷон кард...
Аллоҳ туӣ, аз дилам огоҳ туӣ,
Дармонда манам далели ҳар роҳ туӣ,
Гар мӯрчае дам занад, дар таки чоҳ,
Огаҳ зӣ дами мӯрчаи дар чоҳ туӣ...
#Абӯсаид_Абулхайр
عشق آمد و شد چو خونم اندر رگ و پوست
تا کرد مرا تهی و پر کرد از دوست
اجزای وجود من همه دوست گرفت
نامیست ز من ، بر من و باقی همه اوست
#مولانای_جان
Ишқ омаду шуд чу хунам андар рагу пӯст,
То кард маро тиҳиву пур кард аз дӯст.
Аҷзои вуҷуди ман ҳама дӯст гирифт,
Номест зи ман бар ману, боқӣ ҳама ӯст...
#Мавлоно
Эй марг мерасӣ ба ман, аммо чи қадар зуд,
Эй ишқ мерасам ба ту, аммо чи қадар дер.
Мурдоби зиндагӣ, ҳамаро ғарқ мекунад,
Эй ишқ ҳиммате бикуну дасти маро бигир.
#Фозил_Назарӣ
زادگاهِ رستم و شاهان ساسانی یکیست
شوکت شهنامه و فرهنگ ایرانی یکیست
ارزش خاک بخارا و سمرقندِ عزیز
نزد ما با گوهر و لعل بدخشانی یکیست
ما اگر چون شاخهها دوریم از هم عیب نیست
ریشۀ کولابی و بلخی و تهرانی یکیست
از درفش کاویان آواز دیگر میرسد:
بازوان کاوه و شمشیر سامانی یکیست
چیست فرق شعر حافظ، با سرود مولوی؟
مکتب هندی، عراقی و خراسانی یکیست
فرق شعر بیدل و اقبال و غالب در کجاست؟
رودکی و حضرت جامی و خاقانی یکیست
مرزها دیگر اساس دوریِ ما نیستند
ای برادر! اصل ما را نیک میدانی یکیست
«تاجکی»، یا «فارسی»، یا خویش پنداری «دری»
این زبان پارسی را هرچه میخوانی، یکیست!
---------------------------------
Зодгоҳи Рустаму шоҳони Сосонӣ якест,
Шавкати "Шоҳнома"-ву фарҳанги иронӣ якест.Арзиши хоки Бухорову Самарқанди азиз,
Назди мо бо гавҳару лаъли Бадахшонӣ якест.
Мо агар чун шохаҳо дурем аз ҳам айб нест,
Решаи Кӯлобиву Балхиву Теҳронӣ якест.
Аз дарафши коваён овози дигар мерасад:
Бозувони Коваю шамшери Сомонӣ якест.
Чист фарқи шеъри Ҳофиз, бо суруди Мавлавӣ?
Мактаби Ҳиндӣ, Ироқиву Хуросонӣ якест.
Фарқи шеъри Бедилу Иқболу Ғолиб дар куҷост?
Рӯдакиву Ҳазрати Ҷомиву Хоқонӣ якест.
Марзҳо дигар асоси дурии мо нестанд,
Эй бародар! Асли моро нек медонӣ якест.Тоҷикӣ ё форсӣ ё хеш пиндори дарӣ,
Ин забони порсиро ҳарчӣ мехонӣ якест!!!
Ҳар он ки хотири маҷмӯъву ёри нозанин дорад,
Саодат ҳамдами ӯ гашту давлат ҳамнишин дорад.
Ҳарими ишқро даргаҳ басе болотар аз ақл аст,
Касе он остон бӯсад, ки ҷон дар остин дорад...
#Ҳофиз
#Ҳикмат
Ориферо пурсиданд:
-Зиндагӣ ба хабар аст, ё бо ихтиёр?
Посух дод:
-Имрӯз ба ихтиёр аст, то чи бикорем, аммо фардо хабар аст.
Чаро ки ба ахбор бояд дарав кунем , ҳар он чиро ки дирӯз ба ихтиёр кишта будем....
Эй, дил чу фироқи ёр диди хун шав,
Ва эй, дида мувофиқат бикун Ҷайҳун шав.
Эй, ҷон ту азизтар наи аз ёрам,
Бе ёр нахоҳамат, зӣ тан берун шав...
#Абӯсаид_Абулхайр
📖#Аз_хазинаи_маърифат
✍#Шайх_Муҳаммад_Ғаззолӣ
Чун Алҳамдулиллаҳ гӯяд бояд ки неъматҳои Ҳақ Таъоло бар дил тоза гардонад ва ҳамаи дили вай ба сифати шакар гардад, ки ин калима шакар аст ва шакар бар дил бувад...
Ҳар он чи металабӣ , аз кушодарӯён хоҳ,
Ки файзи субҳ диҳад , ҷабҳае ки бе чин аст...
#Соиб_Табрезӣ
Рӯзи бигзашта хаёласт ки аз нав ояд,
Фурсати рафта маҳоласт ки аз аз сар гардад.
Зиндагӣ ҷуз нафас нест, ғанимат шумораш,
Нест уммед ки ҳамвора нафас баргардад.....
#Парвин Эътисомӣ
🌺Барои хушҳол кардани як зан;
❤️Мисли як дӯст , барояш ҳамдардӣ кун!
❤️Мисли падар , ӯро муҳофизат кун!
❤️Мисли як мард , дӯсташ дошта бош!
Боз як субҳи зебо барои азизон бахайр! Рӯзатон саршор аз раҳмату барокати Ҳаққ таъоло бод!
مایهٔ خوشدلی آنجاست که دلدار آنجاست
میکنم جهد که خود را مگر آنجا فکنم
#حافظ
Мояи хушдилӣ онҷост ки дилдор онҷост,
Мекунам ҷаҳд ки худро магар онҷо фиканам...
#Ҳофиз
Ғазали зебое аз ашъори #Фахриддини_Ироқӣ
Шод кун ҷони ман, ки ғамгин аст,
Раҳм кун бар дилам, ки мискин аст.
Рӯзи аввал дидамаш, ки гуфтам,
Инки рӯзам сияҳ кунад ин аст.
Рӯй бинмой то наззора кунам,
К-орзуи ман аз ҷаҳон ин аст.
Дили бечораро бо васл даме,
Шодмон кун, ки бе ту ғамгин аст.
Бе рухат дини ман ҳама куфр аст,
Бо рухат куфри ман ҳама дин аст.
Ки гаҳе ёд кун ба дашномам,
Сухани талх аз ту ширин аст.
Дил ба ту додаму донистам,
Ки туро кибру ноз чандин аст.
Кина бигзору дилнавози кун,
Ки Ироқӣ на дархӯри кин аст...
Боядат будан мусалмон ба тамом,
Кифоят набвадат тоатат бидон.
Боядат бетамаъ, кунӣ ҷо-он ҳама,
Омолат ҳамеша ҷодаи паёмбарон.
#Ҳикмате аз #Баҳоуддин_Муҳаммади_Валад маъруф бо унвони #Султон_Валад , фарзанди #Ҷалолуддини_Румӣ
Дар одамӣ ду сифат, заминӣ ва осмонӣ ҳаст ҳар сифат ки бар ӯ ғолиб шавад, ӯро бад-он сифат хонанд.
Агар аз асли покон бошад, дар талаби покӣ хоҳад рафт ва агар аз хокиён бошад , хокро ҷӯяд, ва турфа ( аҷиб) онки сифати ҳар касро дар тарозуи хостааш санҷад.
#Ҳикоят:
Гургу оҳуе бо ҳам ҷуфт шуданд, аз ишон бачае пайдо шуд. Аз муфтие пурсиданд :
Инро гург гирем ё оҳу?
Номашро чи ниҳем?
Фатво дод:
Дастаи гиёҳу устухонҳо пеши ин бача ниҳед, агар майл ба устухон кунад , гург аст ва агар майл бад- он гиёҳ кунаду хӯрдани он, оҳу бошад....
Ҳамчунон Ҳаққ Таъоло он ҷаҳону ин ҷаҳонро ва осмонро бо замин омехту ҷуфт кард, ки мо бачагони ин дуем , агар майл ба илм кунем , осмонӣ бошем ва агар майл ба хобу хӯр ва наъмову ( неъматҳо) малбусоти ( хуроку пӯшок) ин ҷаҳон кунем , заминӣ бошем.
Рақсон шав , эй , қуроза , к-аз асли, асли конӣ,
Ҷӯёи ҳар чӣ ҳастӣ, медон ки айни онӣ.
🍃Чизест агар бирезад ҳеҷ намешавад ҷамъ кард;
мисли обрӯи одам.
🍃Чизест ки агар бихури , бо ҳеҷ чиз наметавони пас диҳи;
мисли моли ятим,
мисли моли фақир!
🍃Касеро ки қадрашро ба таври лозими намедонем;
мисли модар,
мисли падар!
🍃Як чизест, ки ҳеҷ намешавад тағйир дод ;
мисли гузаштаҳо!
🍃Чизест, ки бо ҳеҷ пул намешавад , харид кард;
мисли муҳаббат!
🍃Ва касеро ки ҳеҷ вақт набояд аз даст дод;
мисли дӯсти воқеъи!
Насиҳатест гар бишнавӣ, зиён накунӣ,
Ки эътимод бар авзои ин ҷаҳон накунӣ.
Зи сад рафиқ яке меҳрабон фитад, ҳуш дор!
Ки тарки сӯҳбати ёрони меҳрабон накунӣ.
Бувад рафиқи кӯҳан чун майи кӯҳан, зинҳор!
Ки аз рафиқу майи тоза саргарон накунӣ.
Гар аздиёди муҳиббонат орзуст, бикӯш,
Ки имтиҳоншударо дигар имтиҳон накунӣ.
Агар ба дасти ту душман зӣ по фитод, эй дӯст,
Мабош ғарра ки худ умри ҷовидон накунӣ.
Ба ҷуз матоъи муҳаббат, ки тамомати умр,
Бад-ин матоъ тиҷорат кунӣ, зиён накунӣ...
#Маликушшуаро_Баҳор
"издиёд- афзуншавӣ
📖#Китобу_китобхонӣ
✍#Фаридун_Муширӣ
Китобро ки боз.мекуни, ду боли як паррандаро кушодаӣ, паррандае ки туро аз замин ба шаҳрҳои дур ба боғҳои нур мебарад.
Зи ҳар куҷо, ки бигзарад ба армуғоне аз хирад, ба хонае пур аз равшанӣ меоварад.
Кушуда бод болҳои ӯ, ки ҷовидона бар фароз мепарад....
📖#Ҳикмат
✍#Шамси_Табрезӣ
Коинот вуҷуди воҳид аст.
Ҳама чизу ҳама кас бо нахи номаръӣ ( махфӣ) бо ҳам бастаанд.
Мабодо дигареро бахусус агар аз ту заифтар бошад, биёзори, фаромӯш накун ки андӯҳи одами танҳо дар он сӯи дунё мумкин аст ҳамаи инсонҳоро андӯҳгин кунад, ва шодмонии як нафар мумкин аст ҳамаро шодмон кунад
📖#Маснавии_маънавӣ
✍#Мавлоно_Румӣ
Ҳар хаёле к-ӯ кунад дар дил ватан,
Рӯзи маҳшар сурате хоҳад шудан.
Ҳар чи аз феълу қавл , фикру хаёли мо , ин нишонае аз ботини мо аст.
Мо на танҳо масъули гуфтаҳову кардаҳои худ, ҳамчунон посухгӯи хаёлоти худ ҳам хоҳем буд.
Аз хаёлоти нек кирдори нек бармеояд , ва хаёлоти бад рафтори бадро пайдо мекунанд.
Аз ин ҷост ки бояд мароқиби хаёлоти худ бошем, нек биандешем , ва соҳиби аъмоли нек бошем...
Дили фориғ зӣ дарди ишқ дил нест!
Тани бедарди дил ҷуз обу гил нест..
Зӣ олам рӯят овар дар ғами ишқ,
Ки бошад оламе хуш олами ишқ...
#Абдураҳмони_Ҷомӣ
Ба ғами касе асирам ки зи ман хабар надорад,
Аҷаб аз муҳаббати ман ки дар ӯ асар надорад.
Ғалат аст, ҳар ки гӯяд ки ба дил раҳ аст , дилро,
Дили ман зӣ ғусса хун шуд, дили ӯ хабар надорад...
#Ваҳши_Бофқӣ
Бузургтарин хиёнати инсон дар мавриди худаш тарс аз ин ки дигарон дар мавридаш чи мегӯянд...
Бузурге фармуда;
Бо мардум зиндагӣ кун , аммо барои мардум зиндагӣ накун!
Хидматгузори мардум бош, аммо ҳаргиз тобеъи рангу салиқаи мардум набош!!
#Ҳикматҳо
Агар мехоҳи арзиши хешро бидонӣ, бингар ки ба чи чизе дил бастаӣ...
#Шайх_Баҳоӣ
Эй толиб!
То ту бар ҷону моли худ меларзӣ, ҳаққо ки ба ду ҷу намеарзӣ.
Бингар ки чӣ меварзӣ ( дилбастагӣ), ҳамонро арзи ки меварзӣ.
Бандаи онӣ ки дар банди они.
#Хоҷа_Абдуллоҳи_Ансорӣ
То дар талаби гавҳари кони, кони
То дар ҳаваси луқмаи нони, нони,
Ин нуктаи рамз агар бидонӣ , донӣ,
Ҳар чиз ки дар ҷустани онӣ, онӣ...
#Мавлоно_Румӣ
Шеър аз ҳаким #Умар_Хайёми_Нишопурӣ дар девори яке аз донишкадаҳои пизишкии #Амрико :
Тунги майи лаъл хоҳаму девонӣ,
Шадди рамақе бояду нисфи ноне,
В- онгаҳ ману ту нишаста дар вайронӣ,
Хуштар бувад он зӣ мулкати султонӣ...
*тунгӣ- қувват , тавоноӣ
*девонӣ- амали боло, мансабдорӣ
Шаби дӯстони азиз бо ғазали зебои #Саъдии хушкалом хуш бод!
Ҳар киро боғчае ҳаст, ба бустон наравад,
Ҳар кӣ маҷмӯъ нишастаст, парешон наравад.
Он ки дар доманаш овехта бошад хоре,
Ҳаргизаш гӯшаи хотир ба гулистон наравад.
Сафари қибла дароз асту муҷовир бо дӯст,
Рӯй дар қиблаи маънӣ ба биёбон наравад.
Гар биёранд калиди ҳама дарҳои биҳишт,
Ҷони ошиқ ба тамошогаҳи ризвон наравад.
Гар сарат маст кунад бӯи ҳақиқат рӯзе,
Андарунат ба гулу лолаву райҳон наравад.
Ҳар кӣ донист, ки манзилгаҳи маъшуқ куҷост,
Муддаъӣ бошад, агар бар сари пайкон наравад.
Сифати ошиқи содиқ ба дурустӣ он аст,
Ки гараш сар биравад, аз сари паймон наравад.
Ба насиҳатгари дилшефта мебояд гуфт:
Бирав, эй хоҷа, ки ин дард ба дармон наравад.
Ба малоик набаранд аз дили мо сурати ишқ,
Нақш бар санг набишта-ст, ба тӯфон наравад.
Ишқро ақл намехост, ки бинад, лекин
Ҳеч айёр набошад, ки ба зиндон наравад.
Саъдиё, гар ҳама шаб шарҳи ғамаш хоҳӣ гуфт,
Шаб ба поён раваду шарҳ ба поён наравад.
Имруз як ҳикоятеро хондам ки бисёр ба зиндагии имрузаи мо мардум шабоҳат дорад .
Дар як мурдоб қурбоққаҳо лаклакҳо ва морҳо зиндагӣ мекарданд.
Лаклакҳо бо қурбоққаҳо дӯсти доштанд, аммо морҳо қурбоққаҳоро мехурданд.
Аз ин бебасомонӣ қурбоққаҳо бисёр андӯҳгин буданд, ва алайҳи морҳо ба лаклакҳо шикоят карданд.
Лаклакҳо теъдоде аз морҳоро хурданд, қисме аз морҳо аз мурдоб фирор карданд.
Муддате чанд аз рузгор даргузашту лаклакҳо худ ба хурдани қурбоққаҳо шуруъ карданд.
Ғуссаи қурбоққаҳо афзуд, чун кушандаи онҳо акнун дӯсти онҳо буд, дустеки онҳо ба вай эътимод доштан, дӯсте ки аз вай ҳимоят мехостанд.
Аз ин ҳол морҳо хабар ёфтанд ,ба мурдоб баргаштанд ва ин бор ҳампои лаклакҳо ба хурдани қурбоққаҳо шурӯъ карданд!
Ҳоло дигар иродаи қурбоққаҳо шикаст, ва ба он муттақид шуданд ки барои хурда шудан ба дунё омадаанд...
Вале танҳо як мушкил буд ки барои онҳо ҳал нашуда монд, аз дасти дӯст кушта шаванд ё аз дасти душман!
Ва ин аст зиндагии имрузаи мо....
Дар интихоби дӯст иштибоҳ накунем..