¤ Ирфон ¤ Ҳикмат ¤ Панд ¤ Шеър ¤ Байт ¤ Ғазал ¤ Андеша (аз бузургони олами классикӣ ва ҷадид) http/t.me/ADABIYOTI_KLASSIKI
Ғафлат охир медиҳад дилро ба бод,
Занг ҷуз болу пари оина нест.
Дўстон, бояд ғами дил хўрду бас,
Фаҳми маънӣ ҷавҳари оина нест.
Худнамоӣ то ба кай, ҳушёр бош,
Олам аст ин, манзари оина нест.
#Бедил
Ба печу тоби нафас дил мабанд, фориғ бош,
Ки ин ғубори тапиш кокули парешонист.
Ғурур шеваи аҳли адаб намебошад.
Саре, ки мавҷи гуҳар мекашад, гиребонист.
#Бедил
_'Қ И С М А Т И _ А В В А Л'_
Дар масҷиду дар Каъба ба дунболи Худоем,
Аз ҳисси Худо дар диламон дуру ҷудоем.
Ҳам масҷиду ҳам Каъба ва ҳам қибла баҳонаст,
Диққат бикунед нури Худо дохили хонаст.
Дар масҷиду дар Каъба ба дунболи чӣ ҳастӣ?
Аввал ту бубин қалби касеро нашикастӣ?
Ингуна чаро дар паи исботи Худоем?
Ҳамсояи мо гушнаву мо сер бихобем.
Дар хилқати мо розу муаммои Худо чист?
Инсон худаш оинаи як Каъба магар нист?
Бархезу каме Каъбаи амоли худат бош,
Чанге ба ниқобат бизану моли худат бош!
Тасвири Худо пушти ҳамин кӯҳна ниқоб аст,
Тасвири Худо возеҳ, чашмони ту хоб аст.
Гӯё, ки Худо дар бадану дар танамон аст,
Наздиктар аз хуну раги гарданамон аст.
Воллоҳ Худо қудрати парвози парандаст,
Ё ғурриши бе вуқфи, як шери дарандаст.
Дар пиллаи парвона магар дасти Худо нист?
Пайдоиши парвона бигӯ муъҷизаи кист?
Шаби сӯҳбат ғанимат дон, ки баъд аз рӯзгори мо,
Басе гардиш кунад гардун, басе лайлу наҳор ояд..
Баҳори умр хоҳ ,эй дил вагарна ин чаман ҳар сол,
Чу насрин сад гул орад бору чун булбул ҳазор ояд....
#Ҳофизи Шерозӣ
Худоё манро соли нав ёр бош,
Зӣ ҳар ранҷу сахти нигаҳдор бош!
Ба ман раҳ бинмо ба сӯи хушӣ,
Наҷотам бибахш аз ғаму нохуши.
Ба умре ки мондаст маро бо ҷое,
Ба суи накӯи маро раҳнамоӣ...
НАВРӮЗАТОН ПИРӮЗ БОД!
Зиндагиатон ин солу ҳама солҳо саршор аз хушиву ишқу оромиш бод!!
Гар газандат расад, таҳаммул кун,
Ки ба афв аз гуноҳ пок шавӣ!
Ай бародар, чу хок хоҳӣ шуд,
Хок шав, пеш аз он, ки хок шавӣ!
#Саъдӣ
Ва гуфт;
Намоз ва рӯза бузург аст, лек кибру ҳасаду ҳирс аз дил берун кардан бузургтар аст.
📖#Тазкират_ул_авлиё
✍#Фаридуддини_Аттор
Зикри #Шайх_Абулҳасани_Ҳарақонӣ
Уфтодаги омӯз агар толиби файзи,
Ҳаргиз нахурад об, замине ки баланд аст...
#Мавлоно
Намегардад дили огаҳ шод аз ишрати дунё,
Дар ин мотамсаро ё тифл , ё девона механдад...
#Соиб_Табрезӣ
Сад шукри Худо аз нав, моҳи Рамазон омад,
Хушнудиву пирӯзӣ, бар пиру ҷавон омад.
Дилҳо зи фараҳ саршор, к-омад маҳи истиғфор,
Озодӣ зи сӯзи нор, бар пиру ҷавон омад.
Ин моҳи сафо бошад, ҳам моҳи дуо бошад,
Олам ҳама нурафшон, чун ҷони ҷаҳон омад.
Фарз аст азизи ман, ин рӯза ба марду зан,
Ҳам қуввати ҷисму тан, ҳам роҳати ҷон омад.Овози азон омад, моҳи Рамазон омад,
Шайтон ба фиғон омад, моҳи Рамазон омад.
Масҷид мунаввар шуд, аз ишқ муаттар шуд,
Хуршеди замон омад, моҳи Рамазон омад.Ёрон ба бари ёрон, яктан шудаву якҷон,
Ислом ба миён омад, моҳи Рамазон омад.
Аз булбули хушилҳом, чаҳ-чаҳ бишунав Қуръон,
Шури дилу ҷон омад, моҳи Рамазон омад.
Аз ҳарфи Ҳақу Аҳмад, нур аст ба дил беҳад,
Имон ба амон омад, моҳи Рамазон омад.
Бар хайру сахо бингар, бар рӯзӣ шаке н-овар,
Сад файз ба хон омад, моҳи Рамазон омад.
Дар сина такон бишнав, илҳоми ниҳон хамрав,
Шеърат бихонам акнун, моҳи Рамазон омад.
#РАМАЗОН
Ба рафъи чашмзахми халқ гумномӣ фусун дорад,
Бурун тоз аз дари шуҳрат, ки шуҳрат бўйи хун дорад.
#Бедил
Дўст дорад ёр ин ошуфтагӣ,
Кўшиши беҳуда беҳ аз хуфтагӣ!
#Мавлоно
Сухан он гаҳ кунад ҳаким оғоз,
Ё сарангушт сўйи луқма дароз.
Ки зи ногуфтанаш халал зояд,
Ё зи нохўрданаш ба ҷон ояд.
Лоҷарам, ҳикматаш бувад гуфтор,
Хўрданаш тандурустӣ орад бор.
#Саъдӣ
Охир, эй ҷони ҷаҳон бо ман ҷафо то кай кунӣ?
Дасти аҳд аз домани сӯҳбат раҳо то кай кунӣ?
Чун ба ҷуз ҷавру ҷафо коре надорӣ рӯзу шаб.
Пас, маро биғораи меҳру вафо то кай кунӣ?
Бохтаам дар нарди ишқат ин ҷаҳону он ҷаҳон,
Чун ҳама дар бохтаам, бо ман дағо то кай кунӣ?
Чун кулоҳи хоҷагӣ якбора бинҳодам зи сар,
Ҷони ман, пироҳани сабрам қабо то кай кунӣ ?Аз вафои Анварӣ чун рӯй гардонидаӣ.
Шарм дор аз рӯи ӯ, охир, ҷафо то кай кунӣ?!
Авҳадиддин Алӣ бинни Муҳаммад бинни Исҳоқ- #Анварӣ
#Ҳикоят
Фарде чанд чаҳормағзе ба Баҳлул доду гуфт:
-Бишкану бихӯр , ва барои ман дуо кун.
Баҳлул чаҳормағзҳоро шикасту хӯрд, аммо дуо накард!
Он мард гуфт:
-Нуши ҷон, вале ман садои дуои туро нашнидам!
Баҳлул гуфт:
-Мутъмаин бош!
Агар дар роҳи Худо додаи , Худо худаш садои шикастани чаҳормағзҳоро шунида аст....
#Байти_Ҳофиз:
Ту бандагӣ чу гадоён ба шарти музд макун,
Ки хоҷа худ равиши бандапарварӣ дорад...
Агар сад сол монӣ в-ар яке рўз,
Бибояд рафт аз ин кохи дилафрўз.
Пас, он беҳтар, ки худро шод дорӣ,
Дар он шодӣ Худоро ёд дорӣ!
#Низомии_Ганҷавӣ
Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст.
Бедод макун ин ҳамаро дар дили Махфӣ,
Андеша намо ғайри ту ҳам додгаре ҳаст.
#Зебуннисо
Агар мушки холи надорӣ, магўй,
В-арат ҳаст, худ фош гардад ба бўи!
#Саъдӣ
Ин се кор аст, к-иш нигорад зишт
Аз се кас хомаи нигоранда:
Тундхўии подшоҳи қавӣ,
Ҳирси донову бухли доранда.
#Ҷомӣ
Шунидам, гўспандеро бузурге,
Раҳонид аз даҳону дасти гурге.
Шабонгаҳ корд дар ҳалқаш бимолид,
Равони гўспанд аз вай бинолид.
Ки аз чанголи гургам даррабудӣ,
Чу дидам, оқибат худ гург будӣ!
#Саъдӣ
Субҳи имруз , худоё, чи муборак бидамид,
Ки ҳаме аз нафасаш бӯи абир ояду уд.
Раҳмати бори Худое ки латиф асту карим,
Карими банданавозе, ки раҳим асту вадуд.
Гар касе шукргузори кунад ин неъматро,
Натавонад ки ҳама умр барояд зи суҷуд.
Шарти ишқаст ки ҳоҷат ба ҳар кас набарад,
Ки на аз ҳар дилу дасте карам ояд ба вуҷуд.
Номи некӯ талабу оқибати нек андеш,
Ин ду бунёд ҳаме монаду дигар маҳдуд...
#Саъдии_Шерозӣ
Субҳи моҳи шарифи Рамазон барои ҷамъи мусалмонон муборак бод!
*вадуд - ғамхор, мушфиқ
Ҳар чи мардро ба Худо бирасонад, ислом аст;
ва ҳар чи мардро аз роҳ боз дорад куфр аст...
#Шайх_Айнулқуззот_Ҳамадонӣ
Дўстони азиз! Фаро расидани моҳи шарифи Рамазон бароятон муборак бод! Бигзор ин моҳи фархунда дар умру кори Шумо, дўсту ақрабо ва аҳли хонадонатон файзу баракат оварда, хамаи орзухои некатон ҷомаи амал пўшад.
Ассалому алайкум вараҳматуллоҳи вабарокатуҳ!!!
Чу кам хўрдан табиъат шуд касеро,
Чу сахтӣ пешаш ояд, саҳл гирад.
Ва гар танпарвар аст андар фарохӣ,
Чу тангӣ бинад, аз сахтӣ бимирад.
#Саъдӣ
Гар сафеҳе ба ҳукми нафсу ҳаво
На ба вафқи хирад кунад коре,
Бар ту нафсу ҳаво чу ғолиб нест,
Ҷуз ба роҳи хирад марав боре.
#Ҷомӣ
Эй бехабар, бикўш, ки соҳибхабар шавӣ,
То роҳрав
набошӣ, кай роҳбар
шавӣ?!
#Ҳофиз
Гурбаи мискин, агар пар доштӣ,
Тухми гунҷишк аз замин бардоштӣ.
Он ду шохи гов, агар хар доштӣ,
Одамиро назди худ нагзоштӣ.
Бе ишқ будаму даме ба ту дил додам,
Носанҷидаву нодида манзил додам.
Дар манзили дил хайма задӣ то охир,
Ин манзилу ин дил ба бедил додам!
Лола дидам рӯи зебои туам омад ба ёд,
Шӯъла дидам саркашиҳои туам омад ба ёд.
Буд ларзон шӯълаи шамъ дар оғӯши насим,
Ларзиши зулфи сумансои туам омад ба ёд.
Аз бари сайдафкане оҳуи сармасте рамид,
Иҷтиноби рағбатафзои туам омад ба ёд.
Пои сарве ҷӯйборе зорӣ аз ҳад бурда буд,
Ҳойҳои гиря дар пои туам омад ба ёд.
Шаҳр пурҳангома аз девонае дидам , Раҳӣ,
Аз туву аз девонагиҳои туам омад ба ёд...
#Раҳии_Муъайярӣ