Мо диле дорему он бар дилбаре хоҳем баст,
Нақши рӯи зард бар хоки даре хоҳем баст.
Ҳар касе банданд баҳри симу зар бар худ камар,
Мо камар дар хидмати симинбаре хоҳем баст.
Гарчи дил бо ёри худ бастему бас чун зулфи ёр,
То надонад дигаре, бар дигаре хоҳем баст.
Бор агар бандем дар кӯи ту боре бар рақиб,
Чун ба азми роҳ боре бар харе хоҳем баст.
Подшоҳон сайдҳо банданд бар фитрокҳо,
Мо бад-он фитрок ҷоневу саре хоҳем баст.
Ранг аз рӯи гулу аз гул варақ хоҳем сохт,
Сурати ӯ гар ба рӯи дафтаре хоҳем баст.
Дар миёни гиря чун бӯсем пои ӯ, Камол,
Аз дур(р)у ёқут бар вай зеваре хоҳем баст.
#КАМОЛИ_ХУҶАНДӢ
Метарошад фикри мо ҳар дам худованде дигар,
Рост аз як банд, то афтод ба банде дигар.
Ба сари бом о, ниқоб аз чеҳра бебокона каш,
Нест дар кӯйи ту чун ман орзуманде дигар!
Баски ғайрат мебарам аз дидаи бинои хеш,
Аз нигаҳ бофам ба рухсори ту рӯбанде дигар.
Як нигаҳ, як хандаи дуздида, як тобанда ашк,
Баҳри паймони муҳаббат нест савганде дигар.
Ишқро нозам, ки аз бетобии рӯзи фироқ,
Ҷони маро баст бо дарди ту пайванде дигар.
То шавӣ бебоктар дар нолаи мурғи баҳор,
Оташе гир дар ҳарими синаам чанде дигар.
Чанги темурӣ шикаст, оҳанги темурӣ баҷост,
Сар бурун меорад аз 《Сози Самарқанде》 дигар,
Раҳ мадеҳ дар Каъба, эй пири Ҳарам, Иқболро,
Ҳар замон дар остин дорад худованде дигар.
#МУҲАММАД_ИҚБОЛ
Ризқ агарчанд бегумон бирасад,
Шарти ақл аст ҷустан аз дарҳо.
Гарчи кас беаҷал нахоҳад мурд,
Ту марав дар даҳони аждарҳо!
#Саъдӣ
Намояд хирмани озодагон чун ранги коҳиро,
Зи чашми барқ ҳамчун доғ андозад сиёҳиро.
Ҷаҳон аз майпарастӣ чун харобам метавон кард,
Чи нуқсон аст, агар ронад касе дар об моҳиро.
Баландӣ пастфитратро ба андак мояи дунёст,
Ки меъроҷест ҳар шохи гиё мурғони чоҳиро.
Илоҳӣ, оташе дар хонаи мурги чаман афтад,
Ки шохи гул зи сар бигзорад ин соҳибкулоҳиро.
Дилам то хуфтагони анҷуманро дид, медонад,
Ки гиря аз барои чист шамъи субҳгоҳиро.
Ба меҳри осмон эмин машав, к-ин шаҳна дар охир
Кунад курсии зери дор тахти подшоҳиро.
Ба тарфи ҷӯйбор аз рақс натвон манъи ӯ кардан,
Ки маъшуқи хушовозе ба даст афтод моҳиро.
Салим, аҳли суханро безабонӣ айб мебошад,
Ки воҷибтар зи ҳарчи ҳаст шамшере сипоҳиро.
#САЛИМИ_ТЕҲРОНӢ
Эй дер ба дастомада, бас зуд бирафтӣ,
Оташ задӣ андар ману чун дуд бирафтӣ.
Чун орзуи тангдилон дер расидӣ,
Чун дӯстии сангдилон зуд бирафтӣ.
З-он пеш, ки дар боғи висоли ту дили манАз доғи фироқи ту баросуд, бирафтӣ.
Ногашта ман аз банди ту озод, биҷастӣ,
Нокарда маро васли ту хушнуд, бирафтӣ.Оҳанг ба ҷони мани дилсӯхта кардӣ,
Чун дар дили ман ишқ бияфзуд, бирафтӣ.
#АНВАРӢ
Баъд аз имрӯз ошкоро дӯст медорам туро,
Аз ту чун пӯшам, нигоро, дӯст медорам туро.
Дар вуҷуди ман зи ҳастӣ ҳар сари мӯе, ки ҳаст,
Дӯст медорад маро, то дӯст медорам туро.
Хоҳ дар дил бош сокин, хоҳ дар ҷон шав муқим,
Гар дар ин ҷоӣ в-ар он ҷо, дӯст медорам туро.
Орам ояд пеши сарву лола рафтан дар чаман,
То бад-он рухсору боло дӯст медорам туро.
Гар набошӣ дӯстдорам, дӯст дорам ҳамчунон,
З-он ки ман бе ҳеҷ таманно дӯст медорам туро.
Дидаву дил ҳар яке танҳо туро доранд дӯст,
Худ мани бедил на танҳо дӯст медорам туро.
Гуфтаӣ: Хун резамат, то душманам дорӣ, Камол,
Ман худ аз баҳри чунинҳо дӯст медорам туро.
#КАМОЛИ_ХУҶАНДӢ
Эй дил, чу пеш ояд ғаме, онро фараҳ медон, фараҳ,
Бархон пеши собирон: "ас-сабру мифтоҳал - фараҳ.
Гар ошиқӣ, овора шав, гар содиқӣ, бечора шав,
Гар собирӣ, ғамхора шав, "ас-сабру мифтоҳал - фараҳ".
Дар роҳ бошу роҳ рав, дар гоҳу дар бегоҳ рав,
Дар исмати он шоҳ рав, "ас-сабру мифтоҳал - фараҳ".
Бо ғам бисозӣ ҳон-ҳон, то зинда монӣ ҷовидон,
Дар гӯши ҷони худ бихон: "ас-сабру мифтоҳал - фараҳ".
Мо ҷон ба ҷонон додаем, аз ҳарду олам содаем,
Аз баҳри он истодаем, "ас-сабру мифтоҳал - фараҳ".
Гар пешат ояд заҳмате, бар хони худ неҳ миннате,
Аз Ҳақ шинос ин раҳмате, "ас-сабру мифтоҳал - фараҳ".
Қосим, агар ҷон ёфтӣ, он бӯи ҷонон ёфтӣ,
Дар сабри пинҳон ёфтӣ, "ас-сабру мифтоҳал - фараҳ".
#ҚОСИМИ_АНВОР
Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд,
Бо бӯйи гулу мушку насими суман ояд.
Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод,Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Не, не, зи Хутан бод чунин хуш навазад ҳеҷ,К-он бод ҳаме аз бари маъшуқи ман ояд.
Эй турки камарбаста, чунонам зи фироқат,Гӯянд, қабои ту маро пераҳан ояд
.
Ҳар шаб нигаронам ба Яман, то ту бароӣ,Зеро ки Суҳайлию Суҳайл аз Яман ояд.
Кӯшам, ки бипӯшам, санамо, номи ту аз халқ,То номи ту кам дар даҳани анҷуман ояд.
Бо ҳар кӣ сухан гӯям, агар хоҳаму гар не,Аввалсуханам номи ту андар даҳан ояд.
#РӮДАКӢ
Ҳар кӣ нақси хешро диду шинохт,
Андар истикмоли худ даҳаспа тохт.
З-он намепаррад ба сўйи Зулҷалол,
К-ў гумоне мебарад худро камол.
Иллате баттар зи пиндори камол,
Нест андар ҷони ту, ай зудлол.
《○•○》《●•●》 《○•○》 《●○●》
Нафси туст он модари бехосият,
Ки фасоди ўст дар ҳар ноҳият.
Ҳин, бикуш ўро, ки баҳри он данӣ,
Ҳар даме қасди азизе мекунӣ.
Аз вай ин дунёи хуш бар туст танг,
Аз пайи ў бо Ҳақу бо халқ ҷанг.
#Мавлоно
Бигзор то бигирям чун абр дар баҳорон,
К-аз санг нола хезад рӯзи видои ёрон.
Ҳар к-ӯ шароби фурқат рӯзе чашида бошад,
Донад, ки сахт бошад қатъи умедворон.
Бо сорбон бигӯед аҳволи оби чашмам,
То бар шутур набандад маҳмил ба рӯзи борон.
Бигзоштанд моро дар дида оби ҳасрат,
Гирён чу дар қиёмат чашми гуноҳкорон.
Эй субҳи шабнишинон, ҷонам ба тоқат омад,
Азбаскӣ дер мондӣ, чун шоми рӯзадорон.
Чандин ки баршумурдам аз моҷарои ишқат,
Андӯҳи дил нагуфтам, илло як аз ҳезорон.
Саъдӣ, ба рӯзгорон меҳре нишаста дар дил,
Берун наметавон кард, илло ба рӯзгорон.
Чандат кунам ҳикоят, шарҳ ин қадар кифоят,
Боқӣ наметавон гуфт, илло ба ғамгусорон.
#Саъдӣ
Бедор шав, эй дил, ки ҷаҳон мегузарад,
В-ин мояи умр ройгон мегузарад.
Дар манзили тан махуспу ғофил манишин,
К-аз манзили умр корвон мегузарад.
#МАВЛОНО
Эй гирифта такягоҳи ҳалқаи тадрисро,
Гар ҳамехоҳӣ ту ҷоҳу рутбати Идрисро.
Ҳамчу Одам гӯ "заламно", то қабули Ҳақ шавӣ,
Ҳар ки гӯяд ғайр аз ин, ӯ ҳамсар аст Иблисро.
Гар туро қувват надодӣ Ҳақ зи ту кай хостӣ,Хашяту савму салоту тоати тақдисро.
Дар раҳи Ҳақ ранҷ бояд баҳри Ҳақ дидан басе,
З-он ки куштанд андар ин раҳ борҳо Ҷирҷисро.
Гар улув хоҳӣ шариъат гиру бигзар з-ин ғулув,
В-арна худ монанда бошӣ роҳиби қабйисро.
Роҳи Ҳақ чун шуд аён, эй Пири Ансорӣ, ту рав
Дар амал овар ба ҷон ин санъати таҷнисро.
#Хоҷа_Абдуллоҳи_Ансорӣ
Ҷурме надорам беш аз ин, к-аз ҷон вафодорам туро,
В-ар қасди озорам кунӣ, ҳаргиз наёзорам туро.
З-ин ҷавр бар ҷонам кунун даст аз вафо шустӣ ба хун,
Ҷоно, чӣ хоҳад шуд фузун, охир, зи озорам туро?!
Рух гар ба хун шӯям ҳаме, об аз ҷигар ҷӯям ҳаме,
В-ар ҳоли худ гӯям ҳаме, ёде бувад к-орам туро.
Оби рухони ман мабар, дил рафту ҷонро дарнигар,
Тимори кори ман бих(в)ар, к-аз ҷон харидорам туро.
Ҳон, эй санам, хорӣ макун, моро фаро зоре макун,
Обам, буто, торӣ макун, то дарди сар н-орам туро.
Ҷоно, зи лутфи эзадӣ, Гар бар дилу ҷонам задӣ,
Ҳаргиз нагӯйӣ, Анварӣ, рӯзе вафодорам туро.
#Анварӣ ^Авҳадиддин Алӣ бинни Муҳаммад бинни Исҳоқ
Ва саллаллоҳ ало нурӣ, к-аз ӯ шуд нурҳо пайдо,
Замин аз ҳилми ӯ сокит, фалак аз ишқи ӯ шайдо.
Аз ӯ дар ҳар тане шавқе, аз ӯ дар ҳар диле завқе,
Аз ӯ дар ҳар забон зикре, аз ӯ дар ҳар саре савдо.
Мунаввар олам аз рӯяш, муаттар хулд аз бӯяш,
Муамбар ҳар ду гесуяш, ду зулф айнан шаби ялдо.
Муҳаммад, Аҳмаду Маҳмуд, ки вайро Холиқаш бистуд,
Аз ӯ шуд буди ҳар мавҷуд, аз ӯ шуд дидаҳо бино.
Агар номи Муҳаммадро, наёвардӣ Шафеъ он дам,
На Одам ёфти тавба, на Нӯҳ аз ғарқ наҷҷайно.
На Айюб аз бало роҳат, на Юсуф ҳурмату ҳамшат,
На Исоро Масеҳ омад, на Мусоро яди байзо.
Ду чашми наргисинашро, ки мо соғар басар хонӣ,
Ду зулфи анбаринашро, ки вал-лайли изо яғшо.
Зи сирри синааш Ҷомӣ, алам нашраҳ лака бархон,
Зи меъроҷаш хабар хоҳӣ, фасубҳонал - лазӣ асро.
#ҶОМӢ
Баски дар мо қолаб омад нафсаки бедоди мо,
Гашт шайтон ҳамнишинаш, то шавад Шаддоди мо.
Рухсати талбиси худро мезанад бар раққи дил,
Фурсати тақдиси Ҳақро мебарад аз ёди мо.
Нест моро духтарони биқиётус-солиҳот,
То магар лутфу қабули Ҳақ шавад домоди мо.
Пургуноҳему табоҳу нома шуд яксар сиёҳ,
Лек Қуръон раҳбари мо, зикри ӯ иршоди мо.
Мо ба нури 《ло илоҳ》-у зикри 《иллаллоҳ》равем,
Сӯи ҷаннат гар ба тоат мераванд автоди мо.
Гар фурӯ монем аз ин раҳ, Пири Ансорӣ, чӣ ғам?
Ғам махӯр, Эзид ҷинонро кард хулдободи мо.
#ХОҶА_АБДУЛЛОҲИ_АНСОРӢ
Эй ба ҷаҳон ниҳон чу ҷон, равшании ҷаҳон туӣ,
Аз ҳама дидаҳо ниҳон, дар ҳама ҷо аён туӣ.
Он кӣ зи ҷой мебарад ҳар нафас ин дили маро,
Мекашадаш ба ҳар тараф дар паи ину он туӣ.
Он кӣ чу азм мекунам аз паи мақсаде равам,
Мешиканад азиматам нонаҳу бегумон туӣ.
Он кӣ чу дев раҳ занад, то ба ҷаҳим афканад,
Дар дили ман нидо кунад: ҳай марав ончунон туӣ.
Он кӣ сафар чу мекунам ҳофизи аҳли манзил аст,
Боз маро дар он сафар ҳамдами инсу ҷон туӣ.
Он кӣ раҳам ба худ намуд, оинаи дилам зидуд,
То ки бидиҳам он чи буд дар тутуқи ҷаҳон туӣ.
Он кӣ зи меҳри дилбарон дар дилам оташе фиканд,
Хоки маро ба бод дод з-оби бути рухон туӣ.
Он кӣ зи нутфа офарид сарвқадони дилфиреб,
Кард зи чашмаи ҳаёт оби равон равон туӣ.
Дар рухи дилбарон ту об, дар дили бедилон ту тоб,
Ҷони ман ин дар ин туӣ, ҷони ту он дар он туӣ.
Дар дили беқарори ман мояи изтироб ту,
Дар сари бехумори ман мастии ҷовидон туӣ.
Новаки ғамза мезанад дар дили ман ниҳон касе,
Менакунам ғалат, ки он ғамзазани ниҳон туӣ.
Кист, ки ҳар нафас маро тоза ҳаёт медиҳад,
Гар ту нагӯӣ он манам, кист бигӯяд он туӣ.
Кист, ки зарра-зарра дил мебарад аз дилам ниҳон,
Ҳаст аён чу офтоб дилбари ман ниҳон туӣ.
Комилу ноқиси ҷаҳон сӯи ту карда рӯи ҷон,
Қиблаи орифон туӣ, мақсади соликон туӣ.
Мояи шӯриши ҷунун дар сари Файз ҷуз ту нест,
Ҳусну ҷамоли дилбарон бар рухи дилбарон туӣ.
#ФАЙЗИ_КОШОНӢ
Бар мисли нома бар худ чанд печонӣ маро,
Чун қалам то кай ба фарқи сар бигардонӣ маро.
Чанд бифребӣ ба тақриру ба таҳрирам дигар,
Инчунин нодон наям, охир ту медонӣ маро.
Шоҳбози васли мо дар дасти ту қадре надошт,
К-аз ҳаво дар домат овардӣ ба осонӣ маро.
З-оташи дил ҳамчу хокам чанд бар бодам диҳӣ,
В-аз ду дида дар миёни об биншонӣ маро.
Ман ҳам аввал рӯз донистам, ки дар савдои ту
Ҳосиле дигар набошад ҷуз парешонӣ маро.
Хоки раҳ гаштам, ки овезам магар дар доманат,
Та ба кай, ҷоно, чу гард аз доман афшонӣ маро.
Дардам аз ҳад рафт, биншин як дам, эй ҷони Ҷаҳон,
К-андар ин дардам ту дармонӣ, ту дармонӣ маро.
#ҶАҲОНМАЛИКХОТУН
Ғам махӯр, ёро, ки Ҳақ фарёди ғамхорон расад,
Ёри корафтодаро ёрӣ ҳам аз ёрон расад.
Давлати ҷовид хоҳӣ хезу шабро зинда дор,
Хуфта нобино бувад, давлат ба бедорон расад.
Гар ҳумоӣ, авҷи хирманро ба гунҷишкон супор,
В-ар дурустӣ, ғам махӯр шарбат ба беморон расад.
Ошиқон хӯрданд май з-он муфлисон гаштанд маст,
Бош то рӯзи пасин, навбат ба ҳушёрон расад.
Чун магас хӯрд ангубин, парвонаро шамъ аз чӣ сӯхт,
Кисса тарророн баранд, офат ба айёрон расад.
Ҷанги султонист ин ҷо тирборон чашм дор,
Он арӯсиҳо бувад, к-он ҷо шакарборон расад.
Гар даруни боргоҳат ёр набвад, з-он маранҷ,
Чун ба сайд омад малик, навбат ба сагдорон расад.
Эй Низомӣ, пой дарнеҳ, даст аз ин давлат бидор,
То магар з-он мамлакат коре ба бекорон расад.
#НИЗОМИИ_ГАНҶАВӢ
Чу гардид аз вуҷудаш рахна дар мулки адам пайдо,
Сазад з-ин рахна гар гардад миёни он санам пайдо.
Ҷаҳонеро фурӯ бурду ҳанӯзаш иштиҳо боқист,
Заминро гарчи ҳаст аз кӯҳ санге бар шикам пайдо.
Баро аз пардаи фонуси ҳастӣ, то шавад равшан,
Ки нури шамъи як ҳусн аст ҳам пинҳону ҳам пайдо.
Чу сайри олами мастӣ аз ин олам бувад берун,
Куҷо аҳволи майхорон шавад аз ҷоми Ҷам пайдо.
Сухан аз дигарон гуфтан баёни ҳоли худ бошад,
Бадиву некии шоир шавад аз мадҳу зам пайдо.
Сухансанҷони оламро ба худ санҷидаму дидам,
Ки ҳамчун ман сухансанҷе шавад дар даҳр кам пайдо.
Хамӯшонро сухан гуфтан мукаддар мекунад, Фонӣ,
Ки нам дар дидаи оина мегардад зи дам пайдо.
#Мулло_Муҳаммадмӯҳсин_Фонӣ
Инсоф дар ҷибиллати олам наёмадаст,
Роҳат насиби гавҳари одам наёмадаст.Аз модари замона назодаст ҳеҷ кас,
К-ӯ ҳам зи даҳр номзади ғам наёмадаст.
Аз мавҷи ғам наҷот касерост, к-ӯ ҳанӯз
Бар шатти¹ кавну фурзаи² олам наёмадаст.Аз соғари замона кӣ нӯшид шарбате
,
К-он нӯш ҷонгизойтар аз сам(м) наёмадаст.
Гетӣ туро зи ҳодисае эмин куҷо кунад?
К-ӯро зи ҳодисот амон ҳам наёмадаст.
Дуздест чарх нақбзан андар сарои умр,Оре, ба ҳарза қомати ӯ хам наёмадаст.
Осудагӣ маҷӯй, ки касро ба зери чарх
Асбоби ин мурод фароҳам наёмадаст.Бо хастагӣ бисоз, ки моро зи рӯзгор
Захм омадаст ҳосилу марҳам наёмадаст.
Дар ҷомаи кабуди фалак бингару бидон,
К-ин чарх ҷуз сарочаи мотам наёмадаст.Хоқониё, фиреби ҷаҳонро мадор гӯш,
К-ӯро зи даҳ ду қоида маҳкам наёмадаст.
#ХОҚОНӢ
Ҳар танеро рангу бӯе дода султони азал,
Ҳар сареро сарнавиште карда девони азал.
Ҳар вуҷуде дар ҳақиқат мазҳари сирре шуда,
То шавад пайдо зи сирраш илми пинҳони азал.
Ихтиёри мо чӣ санҷад пеши тақдири Илоҳ,
Ҷумларо чун гӯй гардон карда чавгони азал.
Ҳар чи корӣ дар баҳорон, тирамоҳ он бидравӣ,
То чи тухм андохт аввал дасти деҳқони азал.
Он чи бо вай хост шуд, пас мо ба ҳайрат мезанем,
Мушти ҷидду ҷаҳдро бар рӯи сандони азал.
То абед серӣ набинад, доимо ҷоеъ бувад,
Он дилу ҷоне, ки ҷомеъ монд дар хони азал.
Ғайри таслиму ризо, Ансориё, таълим нест,
Ақли оҷизро, ки хонад марди майдони азал.
#ХОҶА_АБДУЛЛОҲИ_АНСОРӢ
Дило, назди касе биншин, ки ӯ аз дил хабар дорад,
Ба зери он дарахте рав, ки ӯ гулҳои тар дорад.
Дар ин бозори атторон, марав ҳар сӯ чу бекорон,
Ба дӯкони касе биншин, ки дар дӯкон шакар дорад.
Тарозу гар надорӣ пас, туро з-ӯ раҳ занад ҳар кас,
Яке қалбе биёрояд, ту пиндорӣ, ки зар дорад.
Туро бар дар нишонад ӯ ба таррорӣ, ки меоям,
Ту маншин мунтазир бар дар, ки он хона ду дар дорад.
Ба ҳар деге, ки меҷӯшад, маёвар косаву маншин,
Ки ҳар деге, ки меҷӯшад, дарун чизе дигар дорад.
На ҳар килке шакар дорад, на ҳар зере забар дорад,
На ҳар чашме назар дорад, на ҳар баҳре гуҳар дорад.
Бинол, эй булбули дастон, азеро нолаи мастон,
Миёни сахраву хоро асар дорад, асар дорад.
Бинеҳ сар гар намеғунҷӣ, ки андар чашмаи сӯзон,
Агар ришта намеғунҷад, аз он бошад, ки сар дорад.
Чароғ аст ин дили бедор, ба зери доманаш медор,
Аз ин боду ҳаво бигзар, ҳавояш шӯру шар дорад.
Чу ту аз бод бигзаштӣ, муқими чашмае гаштӣ,
Ҳарифи ҳамдаме гаштӣ, ки обе бар ҷигар дорад.
Чу обат бар ҷигар бошад, дарахти сабзро монӣ,
Ки мева нав диҳад доим, даруни дил сафар дорад.
#МАВЛОНО
Эй акси рӯят аз маҳи тобон зиёдатар,
Нӯши лабат зи чашмаи ҳайвон зиёдатар.Тӯбо бад-он назокату хубӣ, ки гуфтаанд,
Ҳошо, бувад зи қомати ҷонон зиёдатар.
Наргис, ки шӯхчашмии олам насиби ӯст,
Набвад аз он ду наргиси фаттон зиёдатар.Аз ҷон азизтар набувад ҳеҷ чиз, лек
Назди ман аст васли ту аз ҷон зиёдатар.
Гашт аз баҳори муждаи васли ту синаам
Дар хуррамӣ зи соҳати бӯстон зиёдатар.Дар водии фироқи ту бедаступо касе
Раҳме, ки набвад аз мани ҳайрон зиёдатар.Шоҳин, маҷӯ табиб, ки ранҷури ишқро,
Рағбат бувад ба дард зи дармон зиёдатар.
#Шамсиддин_Муҳаммад_Шоҳин
Воқеан чун ба таърихи тамаддуни халқи хеш назар меафканем, возеҳ мебинем, ки ниёгони мо чи заҳматҳоеро дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ кашидаанд.
Дар охири солҳои 80-ум муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии ҷумҳурӣ барои истиқлоли Тоҷикистон сар шуд. 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, бори аввал «Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ» (ИҶШС) қабул шуда буд. Вале ин ҳуҷҷат, истиқлоли комили мамлакатро пурра таъмин карда наметавонист.
Эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябри ҳамон сол расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.
Солҳои соҳибистиқлоли барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Ба шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худошиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Ин нуктаро Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пай бурда, борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Агар дар дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти миллӣ дар вазъияти ором ба миён омада бошад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти миллии кишвар ба осонӣ ба даст наомадааст.
Бешубҳа, самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки ин мояи ифтихори ҳар як фарди тоҷик аст. Мо бояд аз ин миллати барӯманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.
Ва бошад, ки иди муқаддаси Истиқлолият, барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!
Растагорӣ хоҳӣ, эй дил, мардумозорӣ макун,
Бад нахоҳӣ оқибат, ғайр аз накӯкорӣ макун.
Ғайбати мардум ба маъно хуни одам хӯрдан аст,
Шеваи гургӣ зи каф бигзору хунхорӣ макун.
Сахттар захми забон аз захми тиру ханҷар аст,
Хотири бечорае захми ситамкорӣ макун.
Ҳар куҷо марҳам шудӣ, чашм аз хиёнат боздор,
Он чи мапсандӣ ба худ, бо дигарон оре, макун.
Ҳар чи корӣ, бидравӣ андар гулистони вуҷуд,
З-ин гулистон гул тамаъ, ар хор мекорӣ, макун.
#Хоҷа_Абдуллоҳи_Ансорӣ
Ҳеҷ ранҷе то абад монданӣ нест!
Ноумедӣ аз онҷо шурӯъ мешавад, ки одамизод дар даргири кутоҳмуддат бо ранҷҳо бовар мекунад, ки қарор аст то абад идомадор бошад.
Ва ин боварии абадӣ будани мушкилоту ранҷҳо якҷо ӯро аз пой меуфтонад.
Тафаккури абадӣ будани ранҷҳои зиндагиро канор бигзоред, то зиндагӣ рӯи хуши худро ба шумо нишон диҳад!Аллоҳ мададгоратон!
Гар хок шавад дил ба таманнои ту шояд,
В-ар хун чакад аз дида ба савдои ту бояд.Ку нохуни тадбир, ки сарпанҷаи тақдир,
То уқдаам аз кори фурӯбаста кушояд.
Ҳаргиз шуда бошад, ки чу ман ҳарзахаёле
Бо дилбари худ бе сабабе тунд барояд?!
Нодида гуноҳе паи андешаи ботил,
Беҳуда дили нозукаш озурда намояд.
Боз ой, ки Шоҳин накунад чеҳра пур аз хок,
То ҷабҳа ба хоки кафи пои ту насояд.
#Шамсиддин_Муҳаммад_Шоҳин
Эй писар, гар марди роҳӣ, бар дари дарюза бош,
Дар тавозӯъ хокбӯсу дар қадам чун мӯза бош.
Хешро афканда дору бор каш ҳамчун замин,
Аз дарун базми мунаввар в-аз бурун чун ғӯза бош.
Зоҳири ширину ботини талх чун хурмо машав,
Бар дари Ҳақ паст чун бар гунбади фирӯза бош.
Мутъими бечорагон чун коса шав бемунтаҳо,
Бетамаъ саққои ҳар тафсидадил чун кӯза бош.
Дар ҳаё афканда сар, дар зӯҳд лоғар ҳамчу чанг,
В-аз надам ҳар субҳидам дар нола чун чалғӯза бош.
Гар мусалмонӣ, зи хамру замр мекун иҷтиноб,
Гар вараъ варзидаӣ, ту дур низ аз юза бош.
Гар давоми нури имон боядат, шаб зинда дор,
В-ар амон хоҳӣ зи дӯзах, рӯзҳо дар рӯза бош.
В-ар ғино хоҳӣ зи мардум, Пири Ансорӣ, ту худ,
Қонеъу розӣ зи Ҳақ бар қисмати ҳаррӯза бош.
#Хоҷа_Абдуллоҳи_Ансорӣ