¤ Ирфон ¤ Ҳикмат ¤ Панд ¤ Шеър ¤ Байт ¤ Ғазал ¤ Андеша (аз бузургони олами классикӣ ва ҷадид) http/t.me/ADABIYOTI_KLASSIKI
Ханда ҳам доруст мегӯянд хато аст ин сухан,
Фош мегӯям хато аст ин сухан.
Хандаи бисёр мемиронад дилро андар бадан,
Дур месозад зи ҳушу гуши мо ёди кафан.
Муҳаммадиқболи Раштӣ ✍️
Кушодам чашм то бинам фазоро,
Вафодории ин халқи Худоро.
Ба гӯшам инчунин омад садое,
Намеёби аз ин мардум вафоро.
Ҳақиқат пушти дарҳо банд гаштааст,
Ба дунё одами побанд гаштааст.
Касеро дар дилаш тарси Худо нест,
Дареғо он, ки оҳанги садо нест.
Хиёнат бо иҳонат ҳамнишин аст,
Ба зоҳир одамӣ побанди дин аст.
Вале фармони шайтон мекунад гӯш,
Ба ҳар гӯша ҷавонон масту майнуш.
Куҷост тарсу ҳаросе аз қиёмат,
Ки то кай мекунанд бо шар иқомат.
Иллоҳо қалби моро ту во кун,
Дили торикӣ сангашро даво кун!
✍️
Ё Муҳаммад дар фироқи рӯи ту девонаам,
Рӯзу шаб атрофи шамъу ғуссаҳо парвонаам.
Бе ту ин олам надорад зебу зиннат ё Расул,
Худ шафоъат кун, ки гардад ҳазрати ҳақро қабул.
В-арна бо ин ҷурму исён бандаи шармандаам,
Рӯзу шаб андар хатоҳо ман чунин як бандаам.
Дур гаштам аз шариъат по ба роҳи нораво,
Оҳ набинмудам замоне ин ҷаҳон кори раво.
Ё Муҳаммад ман ғуломи ҳазрати Ҷонони ту,
Саъй месозам, ки бошам дар раҳи яздони ту.
Умматонат ғарқи дунё гаштаанд ғофил зи Раб,
Бе хабар аз роҳи дину додаи савту тараб.
Ё илоҳо ҷумларо боби ҳидоят боз кун,
Ин гили каҷ рафтаро бори дигар худ соз кун.
То, ки бигзаштанд масири Мустафо дар зиндагӣ,
Бар ту меорем паноҳ аз он дами шармандагӣ.
Қалби моро ту рӯшан кун ба дастури Наби,
То наафтад андар олам дар фиреби аҷнабӣ.
✍️#Муҳаммадиқболи_Раштӣ
✍#Мавлоно_Румӣ
📚#Маснавии_маънавӣ
Мӯрчаи кӯчак дид ки, қаламе рӯи коғаз ҳаракат мекунад ва нақшҳои зебо расм мекунад.
Ба мӯри дигаре гуфт;
Ин қалам нақшҳои зебо ва аҷибе расм мекунад, нақшҳое ки монанди гули ёсуман ва савсан аст.
Он мӯр гуфт:
Ин кори қалам нест, фоъили аслӣ ангуштон ҳастанд ки қаламро ба нигориш водор месозанд.
Мӯри саввум гуфт:
На, фоили аслӣ ангушт нест;
балки бозу аст, зеро ангушт аз неруи бозу кӯмак мегирад.
Мӯрчагон ҳамчунон баҳсу гуфтугӯ мекарданду баҳс ба боло ва болотар кашида шуд, ҳар мурча назари олимонатаре медод то ин ки масъала ба бузурги мӯрчагон расид, ӯ ки бисёр донову боҳуш буд, гуфт:
Ин ҳунар аз олами моддӣ , сурат ва зоҳир нест, ин кори ақл аст.
Тани моддии инсон бо омадани хобу марг , беҳушу бехабар мешавад, тан либос аст, ин нақшҳоро ақли он мард расм мекунад.
Аммо...Он мӯрчаи оқил ҳам ҳақиқатро намедонист , ақл бидуни хости худованд мисли санг аст. Агар худо як лаҳза ақлро ба ҳоли худ раҳо кунад, ҳамин ақли зираку бузург, нодониҳо ва хатоҳое дардноке анҷом медиҳад!
#Ғазал
#Соиб_Табрезӣ
Ваҳшат бувад , зи мардум, аз хеш бехабарро,
Пайванд нест ҳоҷат ин нахли бесамарро.
Хунин диле ,ки бо ишқ як кӯчаро рафтааст,
Киштии Нӯҳ донад дарёи пурхатарро.
Аз силии муаллим гардад равон сабақҳо,
Афзун шавад равоӣ аз сикка симу зарро.
Дил чун расад ба ҷонон , безори ҷисм гардад,
Кай пеши шамъ хоҳад парвона болу парро.
Ҳиҷрон ба дил гуворо з- уммеди васл гардад,
Шаҳдаст оби дарё лабташнаи гуҳарро.
Аз гуфтугӯи ширин дил аз ҷаҳон намебурд,
Тӯти агар намедошт , дар чошнӣ шакарро.
Ҷони ту ломакону рӯҳи ту осмонист,
То кай куни иморат , ин ҷисми мухтасарро?
Матлаб зи ишқбозӣ, таҳсили хоксорист,
Афтодагист ҳосил аз пухтаги самарро.
Чанд обрӯ тавон рехт бар остони хуршед,
Ки аз калаф сиёҳ аст пайваста дил қамарро....
*калаф-доғи сурх
*равоӣ - ривоҷу равнақ
Гуфтанд: Ҳақ таолоро дар дунё биҳишт аст ва дӯзах аст. Биҳишт офият ва дӯзах балост; офият он аст, ки кори худ бо Худой гузорӣ ва дӯзах он аст, ки кори Худой бо нафси хеш гузорӣ.
#ҳикмат
#тазкирату_л_авлиё
Зинда шавад ҳар кӣ пеши дӯст бимирад,
Мурдадил аст он кӣ ҳеҷ дӯст нагирад!
Ҳар кӣ зи завқаш даруни сина сафо нест,
Ҷамъи дилаш рози шоҳиде нагузирад.
Ғолиби ишқӣ, диле чу мум ба даст ор!
Санги сияҳ сурати нигин напазирад.
Сад чу мани хаста дар фироқи ту мирад,
В-он ки туро бинаду ба дӯст нагирад!
Сурати сангиндиле кушандаи Саъдист,
Ҳар кӣ бад-ин сураташ кушанд, намирад!
#САЪДӢ
Ошиқона, содиқона дӯст медорам,
Аз таҳи дил, бе баҳона дӯст медорам.
Ишқи ман оғозу анҷоме надорад, лек
Мутмаинам, ҷовидона дӯст медорам!
Қиссаи ман қиссаи Лайливу Маҷнун не,
Дар ҳақиқат бефасона дӯст медорам.
Мӯйи мушкини туро бо панҷаҳои хеш,
Шона карда, дона-дона дӯст медорам.
Чун зи расми Амрикову Аврупо дурам,
Тоҷикам ман, тоҷикона дӯст медорам.
Ман туро дар маҳфили руъёи шеъри худ,
Бо суруду бо тарона дӯст медорам.
Ошиқат аз ҳарфи хушат илҳом мегирад,
Шоират ман, шоирона дӯст медорам.
✍️
Ақбае дигар набошад рӯҳи аз тан растаро,
Нест бими сӯхтан дуди зи оташ ҷастаро.
Шиква аз гардун далели тангдастиҳои мост,
Нола дар парвоз бошад тоири парбастаро.
Интизоми офият аз олами касрат махоҳ,
Бесабот аст эътибори рангу бӯ гулдастаро.
Ҳамчу сарв озодагонро қайди улфат ростист,
Хатти мистар дом бошад мисраи барҷастаро.
Аз забони чарбу нарми халқ дорам ваҳшате,
К-аз даҳони шер нашносам даҳони пистаро.
Аз шикастан дил намеафтад зи чашми эътибор,
Кас намехоҳад таҳи по шишаи бишкастаро.
Мавҷ чун бо якдигар ҷӯшид, гавҳар мешавад,
Дил тавон гуфтан нафасҳои ба ҳам пайвастаро.
Ғунчаҳо дар бистари захми ҷигар осудаанд,
Эй насим, оташ мазан дилҳои улфатхастаро.
Ҷавҳари ворастагон мушкил, агар монад ниҳон,
Роҳ дар чашм аст гарди бар замин наншастаро.
Бо каломи обдорат кай расад лофи гуҳар?
Бедил, ин ҷо эътиборе нест ҳарфи бастаро.
#БЕДИЛ
Ба руҳи Рудакиву Ибни Сино,
Ба тоҷу тахти сомонии воло.
Ба хишти қасри "шоҳи зинда" савганд,
Ки моем аз Самарқанду Бухоро.
Тааҷҷуб дар ҷавононӣ замона,
Ба зоҳир марду рафтори занона.
Худо накнад, ки корат банд гардад,
Таку танҳо бимони, чун ягона.
Иллоҳо бар касе мӯҳтоҷ нагардам,
Ки меорад ҳазору як баҳона.
Раҳи марди ба ҷои гул, зи хор аст,
Ба зоҳир дӯсти ҷоният қатор аст.
Вале бе шак касе ғампарварат нест,
Зи пой мони, агар кас ёварат нест.
Макун бовар баин айёми пуршар,
Ба ҷуз соя касе андар барат нест.
Ҳазорон ҷон диҳи гар баҳри ёрон,
Касе андар ғами дарди сарат нест.
Кушо чашму бихон ин гуфтаҳоро,
Замона ғамбари чашми тарат нест,
Мани Иқбол,ғами даврон кашидам.
Вале дидам касе болу парат нест.✍️
То ҷавон ҳастӣ, ҷавониро намедонӣ, ки чист,
Хуш равон ҳастӣ, равониро намедонӣ, ки чист.
Шоми ғам ҳаргиз набинад рӯзгори хуррамат,
Шод монӣ, шодмониро намедонӣ, ки чист.
Хуш замоне, бар замин по монданат безаҳмат аст,
Ранҷҳои осмониро намедонӣ, ки чист.
Мисли он кӯдак, ки аз дунёи модар ғофил аст,
Дар амон астӣ, амониро намедонӣ, ки чист.
Нозҳои инзамониро ба ҷон парвардаӣ,
Розҳои инзамониро намедонӣ, ки чист.
Чашми бад дур аз муҳаббатҳои ёри ҳамдилат,
Лаззати ин ҳамзабониро намедонӣ, ки чист.
Озарахшо, қадри давлат баъди давлат гуфтаанд,
Зинда бошӣ, зиндагониро намедонӣ, ки чист.
#ОЗАРАХШ
Дар дӯзах агар васли ту бар чанг ояд,
Моро зи ҳоли биҳиштиён нанг ояд.
Гар бе ту ба саҳрои биҳиштам хонанд,
Саҳрои биҳишт бар дилам танг ояд.
Он кас ки туро шинохт, ҷонро чӣ кунад?
Фарзанду аёлу хонумонро чӣ кунад?
Девона кунӣ, ҳар ду ҷаҳонаш бахшӣ,
Девонаи Ту ҳарду ҷаҳонро чӣ кунад?
Хушо онон, ки бо иззат зи гетӣ,
Ба соти хеш барчиданду рафтанд.
Зи колохоти ин ошуфтабозор,
Муҳаббатро пасандиданду рафтанд.
Ассалому алейкум дустони хубам оғози субҳи нав аз ҳамаи шумо ба хайру шоди бошад!!
Биёен ҳамакаса дар ин субҳи босафо ба Пайғамбарамон Муҳаммад (с.а.в) салавот фиристоданро фаромӯш насозем.
Эй садру бадри олам, ё Мустафо Муҳаммад,
Эй нури ҳарду олам, ё Мустафо Муҳаммад.
Ман, ки туро надидам, номи хушат шунидам,
Дини ту баргузидам, ё Мустафо Муҳаммад.
Дар осмон фаришта, меҳрат ба ҷон сиришта,
Бар тоқи Арш навишта, ё Мустафо Муҳаммад.
Фардо ба рӯзи маҳшар, монӣ кулоҳ бар сар,
Сардори ҳавзи Кавсар, ё Мустафо Муҳаммад.
Мурғони марғзорӣ, кабкони кӯҳсорӣ,
Васфат кунанд баҳорӣ, ё Мустафо Муҳаммад.
Хазонам гул кунад рӯзе, ки хандӣ, эй баҳори ман,
Нағунҷам дар ҳама олам, чу ғунҷӣ дар канори ман.
Вале афсӯсу вовайло, ки аз васли ту маҳрумам,
Чу тиллои Зарафшон нестӣ дар ихтиёри ман.
Зи дастам барнамеояд, ки дастат гираму гӯям:
Гули оташпарасти ман, зи сар то по шарори ман,
Маро аз сӯхтан боке набошад, лек метарсам,
Ки оташбозии ишқат бисӯзад ёдгори ман.
Туӣ оташ, манам оташ, кунад оташ зи оташ гул,
Ки баъди мо гули оташ бирӯяд аз мазори ман…
✍️#Лоиқ_Шералӣ
Ҳаргиз ту дили нозӯки хоҳар машикан,
Аз баҳри занат аҳди бародар машикан.
Зан ёфт шавад хоҳару додар зи куҷо?
Ҷон деҳу вале ду тоҷи бар сар машикан.
Ин хона бассо ғуссаву дарде дорад,
Аз одамизот ба ном марде дорад.
Ё раб чи шудааст раъияти моёнро,
Ин кулба чаро оташи сарде дорад.
Не аҳду вафову не раҳи сидқу сафо,
Ин дӯсти қарин бодаи зарде дорад.
Он кас, ки чу соя дар барам қоим буд,
Андар сари худ фикри набарде дорад.
Ё Раб зи ту ман паноҳи хеш металабам,
Ин орзуро ҳазор фарде дорад.
Иқбол махур ғуссаи ҳар гургу шағол,
Ин аср чунин шеваву гарде дорад.
✍️Муҳаммадиқболи Раштӣ
Бар мазорам гиря кун ашкат маро ҷон медиҳад,
Нолаҳоят буи ишқу буи борон медиҳад.
Даст бар қабрам бикаш то ҳис куни марги маро,
Дастҳоят дардҳоямро тасалло медиҳад.
Бо мани дармондаву шайдо суханро тоза кун,
Ҳарфҳоят таъми ширини баҳорон медиҳад.
Вақти рафтан лаҳзае баргарду қабрамро бубин,
Ин нигоҳи охират умеди мондан медиҳад.
Рафтиву чашмам ба дунболи қадамҳоят гирист,
Захмҳои мурдаамро рафтанат ҷон медиҳад.
Нест аз ман қудрати бусидани чашмони Ту,
Бод мебусад ба ҷоям қалб имон медиҳад.
✍️
Дар дарвозаи Қабристон чунин нависта шуда буд:
Эй марди шариф агар дилат огоҳ аст,
Умри ману ту дар ин ҷаҳон кӯтоҳ аст.
Инҷо ба дуо бош, ки оромгоҳ аст,
Хоки тани дарвешу вазиру шоҳ аст.
Эй роҳгузар аз мо шунав арзу садо,
Мо шоҳу вазирему ҳақирему гадо.
Моро ту агар бипурси аз баҳри Худо,
Муҳтоҷи дуоему дуоему дуо.
✍️
Рӯзи ҷумъа барои дӯстони гиромӣ пурфайзу барокат бод!
Ғазали зебое аз ашъори #Ҳофизи_Шерозӣ тақдими азизон...
Ҳумои авҷи саодат ба доми мо афтад,
Агар туро гузаре бар мақоми мо афтад.
Ҳубобвор барандозам аз нишот кулоҳ,
Агар зи рӯи ту аксе ба ҷоми мо афтад.
Шабе, ки моҳи мурод аз уфуқ шавад толеъ,
Бувад, ки партави нуре ба боми мо афтад.
Ба боргоҳи ту чун бодро набошад бор,
Кай иттифоқи маҷоли саломи мо афтад?
Чу ҷон фидои лабаш шуд, хаёл мебастам,
Ки қатрае зи зулолаш ба коми мо афтад.
Хаёли зулфи ту гуфто, ки «Ҷон васила масоз,
К-аз ин шикор фаровон ба доми мо афтад!»
Ба ноумедӣ аз ин дар марав, бизан фоле,
Бувад, ки қуръаи давлат ба номи мо афтад.
Зи хоки кӯи ту ҳар гаҳ ки дам занад Ҳофиз,
Насими гулшани ҷон дар машоми мо афтад.
Хирадро кору боре чун сухан нест,
Ҷаҳонро ёдгоре чун сухан нест.
Гаҳе лабро нишоти ханда орад,
Гаҳ аз дида нами андӯҳ борад.
Аз ӯ хандад лаби андӯҳмандон,
В-аз ӯ гирён шавад лабҳои хандон.
#Абдураҳмони_Ҷомӣ
Гуфтанд: Аз суҳбати панҷ кас ҳазар кунед:
СУБҲ БА ХАЙР ДУСТОН
РӮЗИ ХУБЕ ДОШТА БОШЕД!!
ХУДОЁ ХУДОВАНДО
Шармандаи ин дунёву бозори қиёмат накӯнӣ, аз туҳмати ногаҳону балои охирузамон, аз марги мафоҷот ва қазои муаллақ Худат дар паноҳи исматат нигоҳ дорӣ. Намозу рӯзаи ҷумла бандагони калимагӯю уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро ба даргоҳат қабул гардонӣ. Аз дасти гирову пойи равон, аз чашми бинову забони гӯёву гуши шунаво намононда барӣ, муҳтоҷи касу нокас нагардонӣ, гуноҳони кардаи моро мағфират кунӣ, оқибати корҳоро бахайр гардонӣ, пешомади корҳоро нек гардонӣ, баракати оби равону донаи деҳқон ва тинҷии замону ободии маконро диҳӣ, моро аз ризқу рӯзии ҳалолу фаровони Худ ато намоӣ, ҷумла уммати калимагӯйро фарзандони боодобу оқилу солеҳ ато фармуда, хизматгузори падару модаронашон гардонӣ ва ҳамаро феълу хӯи нек ато фармоӣ.
ОМИН🤲🤲
Ҷумъа – боз омад чӣ қадар бобаракат аст,
Ҷумъа – сар то сар шукӯҳу неъмат аст.
Ҷумъа – иди аҳлу имону сафост,
Ҷумъа – рӯзе дар ҳузури Мустафост.
Рӯзи такбиру дуруду ваъзат аст,
Рӯзи ихлос асту рӯзи ваҳдат аст.
Ҷумъа – рӯзи ҳамдиливу ҳиммат аст,
Рӯзи танзили ҳумои раҳмат аст.
Рӯзи хуршед асту, нур асту сафост,
Рӯзи ҷумъа рӯзи хосони Худост.
Рӯзи иқбол ва қабули дуъост,
Рӯзи неки истимоъи хутбаҳост.
Рӯзи панду ваъзу рӯзи раббаност,
Рӯзи ҷуду раҳмати бемунтаҳост.
Ҷумъа – мухтаси ҳабиби кибриёст,
Рӯзи васли хешу вораҳми шумост.
Ҷумъаро Аҳмад чӣ зебо васф кард,
Ҷумъаро, иди мусокин расм кард.
Ассалому алейкум ба кулли мардуми ин канал, Субҳи Саиди ҶУМЪА муборактон бошад.
Ё Раб Ту маро даст бигир ёрам бош,
Дар рӯи ҷаҳон ягона ғамхорам бош.
Ҷуз ту ба касе такя набитвонам кард,
Донандаи сад гуфтаву асрорам бош.
Танҳо ба ту ман роз кушои созам,
Малҳам ба тану синаи беморам бош.
Шаб, ки ҳама дар хоби ширин хобиданд,
То субҳи саҳар ҳамраҳи бедорам бош.
Ҷуз ту ба касе нест маро бовари худ,
Бар қулф калиде ба ҳама корам бош.
Гарчи ҳама чун шаб ба сиёҳи рафтанд,
Худ шамъу чароғе ба шаби торам бош.
Ин банда ба ҷӯз,суи ту роҳе наравад,
Хушҳолии ин қомати афгорам бош.
Муҳаммадиқболи Раштӣ. ✍
#Ҳикмате_аз_Мавлоно
Банд бигсал, бош озод, эй писар,
Чанд бошӣ банди симу банди зар.
Гар бирезӣ баҳрро дар кӯзае,
Чанд ғунҷад? Қисмати як рӯзае...
#Шарҳ
Эй туе, ки дар масири огоҳӣ ҳастӣ, бандҳо ва занҷирҳои тааллуқоти дунёро аз пои хеш боз кун.
Агар бикӯшӣ дарёро дар кӯзае биғунҷонӣ, дар ниҳоят, саҳми ту ба қадри ғунҷоиши он кӯза аст.
Баҳраи одамӣ ҳам аз моддиёт ба қадри саҳми ӯ аз дунёст.
Бинобарин одамӣ ҳар чи қадар ҳам бикӯшад, бештар аз ончӣ саҳму рӯзии ӯст, наметавонад баҳрае ҳосил кунад
Аё Модар дилу ҷонам фидои хандаҳои ту,
Фидои он ҳама панду нигоҳи бебаҳои ту.
Равонам бар масири гуфтаат эй нури чашмонам,
Аё эй Модари ҷонам маро воҷиб дуои туст.
Ба ҳар ҷое, ки по монам, туро пеши назар дорам,
Кунам ҳар лаҳзае ёди дуову ҳам садои ту.
Иллоҳо қомати нозат набинад, ҳусни пириро,
Набинам то дами маргам иллоҳо гиряҳои ту.
Шабу рӯз аз барои мо кашиди ранҷу душвори,
Агар қадрад намедонам, намебахшад Худои ту.
Ҳамон гарди раҳат Модар, ки болои ду чашмон аст,
Чун сурма мекашам зеро, ки нур аст аз фазои ту.
Худо умри дарози беғаме баҳрат Ато созад,
Надорам тоқати оҳу фиғону нолаҳои ту.
Дуоям деҳ, ки то гардам дар ин олам зи офат дур,
Аё эй Модари ҷонам маро воҷиб дуои туст.✍️
Ҷаҳон пур аз рафиқони ба зоҳир марду номард аст,
Чи созам ин дили бечораро пур аз ғаму дард аст.
Ба ҷуз некӣ чи бинмудем аз ин мардони занпайкар,
Зи дасти нокасони давр тану ҷонам яхи сард аст.
Шабу рӯз паҳлуи ағёр нишаста аз забон ғайбат,
Худоё раҳнамои кун, ки дустам ин чунин фард аст.
Ба пеши ӯ баровардам тамоми сири пинҳонӣ,
Куҷо донам, ки ханҷар мезанад ӯ инчунин мард аст.
Машав ғамгин, ту ай Иқбол Худо дорӣ чӣ ғам дорӣ,
Агар чи аз ҷафои нокасон қалби ту пурдард аст.
✍️
Аз ҳукамое шахси ориф кист гуфта пурсиданд ва дар ҷавоб гуфта шуд:
-Шахси Аллоҳро шиносанда, ки ӯ дорои 6 нишона аст:
Ҳар суханат сахо кунад ҷоизаи ниҳониям,
Ҳар нигаҳат ато кунад қуввати осмониям.
Аз ҳама нодири манӣ, эй ки бурун кашидаӣ,
Ин ҳама бозёфтро аз дили бостониям.
Аз кӣ ба кист хаткашон роҳи кабӯтаронаам,
Номаи нонавиштаам, қосиди бенишониям.
Шукр, ки ёфтам туро дар бадали сулуки дил,
Шукр, ки ёфтам туро, одами ормониям.
Чашми баҳоркеши ту ҳеч набахшад ин гуноҳ,
Ин ки шикояте кунам аз талафи ҷавониям.
Бахш маро, ки як туӣ бахшиши Офаридгор,
Бош, ки буданат шавад ҳуҷҷати зиндагониям.
#Фарзонаи_Хуҷандӣ