adabiyoti_klassiki | Unsorted

Telegram-канал adabiyoti_klassiki - 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

796

¤ Ирфон ¤ Ҳикмат ¤ Панд ¤ Шеър ¤ Байт ¤ Ғазал ¤ Андеша (аз бузургони олами классикӣ ва ҷадид) http/t.me/ADABIYOTI_KLASSIKI

Subscribe to a channel

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

То ба кай, дар зиндагӣ саргаштаву овораам?
То куҷо, бечораву дар ҷустуҷӯӣ чораам?

Дар масири зиндагӣ омад шикасте пушти ҳам,
Бо тани нимҷонаму ҳам бо дили садпораам.

Мардии ғам аз ҳама номардиҳо болотар аст,
Чунки ғам ҳарҷо, ки рафтам, буд дар пуштораам.

Дӯстони хешро нафрӯхтам бар нархи ҷон,
Бар ду сомонӣ фурӯхтанд, ҳамчу оҳанпораам.

Навду нӯҳ дар сад агар дорад бароям эътимод,
Бар яке маҳқул намегардад, гаҳе истораам.

Баъди модар бар кӣ гӯям аз ғаму сӯзи дилам?
Хоки буду хок гардид, модари ғамхораам.

Дод гӯям, бо тамоми ҳастиям Маҳкампурӣ,
Бар Сурайё мерасад, фарёду оҳу зораам.
✍️
#Ҷамшеди_Маҳкампур

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Балое чун расад бар ту, махӯр ғам, ҳикмате дорад,
Чу дардеро Худо бахшад, яқинан қимате дорад.

Яке розӣ зи тақдиру яке ҳам норизо аз он,
Ки ҳар одам ба ҳар чизе насибу қисмате дорад.

Яке афтода аз ғамҳо, ки нолидан бувад кораш,
Яке фориғ зи заҳматҳо, ки бахту роҳате дорад.

Марав бар кӯи сармастӣ, ки охар оварад пастӣ,
Ба некӣ кўш, эй ҷонам, ки дунё фурсате дорад.

Даво кун хастаҳолеро чу мебинӣ ки ранҷур аст
Ки бадбахтии ў ҳатман замону муддате дорад.

Биёбӣ ганҷи беранҷе, чу аз каф рафт, меранҷӣ,
Бидон, ҳар кас диҳад ноне, ба рӯзе миннате дорад.

Зи нодорӣ чӣ менолӣ, қаноат пеша кун, зеро
Дами ҷон канданаш доро ба молаш лаънате
дорад.
@adabiyoti_klassiki

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ҳ И К О Я Т
Подшоҳе ба вазираш гуфт:
– Се суол мекунам, фардо ҷавоб додӣ, дар мансаб бимонӣ ва илло аз мақомат барканор мешавӣ!
Суоли аввал: Худованд чӣ мехӯрад?
Суоли дуввум: Худованд чӣ мепӯшад?
Суоли саввум: Худованд чӣ кор мекунад?
Вазир, ки ҷавоби суолҳоро намедонист, нороҳат шуд. Ғуломи донову зираке дошт, ба ӯ гуфт:
– Шоҳ се суол аз ман пурсидааст. Агар ҷавоб пайдо накунам, аз мансабам барканор мешавам. Ғулом гуфт:
– Ҷавоби суолҳоро медонам, вале ҳоло ду ҷавобро мегӯям: Ҷавоби аввалӣ: Худованд чӣ мехӯрад? Худованд ғами бандагонашро мехӯрад. Ҷавоби дуввум: Худованд чӣ мепӯшад? Худованд айби бандагонашро мепӯшад. Аммо посухи саввумро бо иҷозаи шумо фардо назди подшоҳ мегӯям.
Фардо вазир ва ғулом назди подшоҳ рафтанд. Вазир ба ду суол ҷавоб дод. Шоҳ гуфт:
– Дуруст аст! вале бигӯ, ки ҷавобҳоро худат пайдо кардӣ ва ё аз касе пурсидӣ? Вазир гуфт:
– Ин ғуломи ман инсони бофазлу доноест, ҷавобҳоро ӯ дод. Шоҳ гуфт:
– Пас либосҳои вазириатро бикаш ва ба ӯ бидеҳ! Ғулом низ либоси навкариашро ба вазир дод. Сипас вазир ба ғулом гуфт:
– Пас суоли саввум чӣ шуд? Ғулом гуфт:
– Оё ҳанӯз нафаҳмидӣ, ки Худованд чӣ кор мекунад? Худованд дар як лаҳза ғуломро вазир мекунаду вазирро ғулом!

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

ХУДОЁ
Гузаштагонӣ моро раҳмат, бозмондагонӣ моро мағфират, муъминонро истиқомат, беморонро тани сиҳат, хонаводаҳоро меҳру муҳаббат, аҳли ҳақро сабру нусрат, аҳли ботилро шикасту зиллат, зиндониёнро халосиву офият, муҳоҷиронро саломату амният, қарздоронро халлоси аз миннат, ҷавононро тақвову маърифат, мардонро ғайрату ҳиммат ва занонро покдоманиву иффат ато бикун!!
ОМИН🤲🤲
СУБҲИ САИДИ ҶУМЪА МУБОРАК ДУСТОН.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Биҳишти ҷовидон хоҳӣ, биё Қуръон тиловат кун,
Ҳузури ломакон хоҳӣ, биё Қуръон тиловат кун.

Зи гулҳои гулистонаш, муаттар кун димоғи дил,
Сафои ҷисму ҷон хоҳӣ, биё Қуръон тиловат кун.

Бувад то ҳафтсад аз даҳ, савоби ҳар ҳуруфи он,
Ту ганҷи шойгон хоҳӣ, биё Қуръон тиловат кун.

Сифоти Холиқи ҷонро румузи аҳли инсонро,
Агар шарҳу баён хоҳӣ, биё Қуръон тиловат кун.

Агар сад муддао дорӣ, тариқи илтиҷо дорӣ,
Ту коми дил аён хоҳӣ, биё, Қуръон тиловат кун.

Чу хоҳӣ бо Худо гӯӣ сухан, рӯй бар намоз овар,
Каломи безабон хоҳӣ,биё Қуръон тиловат кун.

Чаро Наққош мағрурӣ, зи ҳикматҳои ҳақ дурӣ,
Зи дӯзах гар амон хоҳӣ, биё Қуръон тиловат кун.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Хабарат ҳаст, ки бе рӯи ту оромам нест?

Тоқати бори фироқ ин ҳама айёмам нест?
#Саъдӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Гар маро ҳеҷ набошад на ба дунё, на ба уқбо,

Чун ту дорам ҳама дорам, дигарам ҳеҷ набояд...
#Саъдӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ҳар киро дил мубталои чун ту ҷононе бувад,
Ҳам фидо созад гараш ҳар мӯ ба тан ҷоне бувад.
Чун хаёл орам кашидан он тани нозук ба бар,
Ман ки ҳар сӯ карда сар аз сина пайконе бувад.
Эй мусалмонон, чӣ хонедам ба масҷид, чун ба дайр
Рахна дар динам фиканда номусалмоне бувад.
Кай мани маҷнун тавонам дид рӯи он парӣ,
К-аш ба дидан ақли кул мадҳушу ҳайроне бувад.
Ашки хун пайдо ба рӯям ронду в-он к-андар дилаш,
Аз фироқи лоларӯе доғи пинҳоне бувад.
3-ӯ ҷудо гаштам, надонистам, ки аз бетоқатӣ
Оҳу ашкам дар ғамаш ҳар лаҳза тӯфоне бувад.
Манъи Фонӣ кард носеҳ аз ҷунуну ошиқӣ,
Кай бувад бовар, ки ӯ ин навъ нодоне бувад.
#АМИР_АЛИШЕР_НАВОӢ_ФОНӢ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Инсоф дар ҷабиллати олам наёмадаст,
Роҳат насиби гавҳари одам наёмадаст.

Аз модари замона назодаст ҳеҷ кас,
К-ӯ ҳам зи даҳр номзади ғам наёмадаст.

Аз мавҷи ғам наҷот касерост, к-ӯ ҳанӯз
Бар шатти кавну фурзаи олам наёмадаст.

Аз соғари замона кӣ нӯшид шарбате,
К-он нӯш ҷонгизойтар аз сам(м) наёмадаст.

Гетӣ туро зи ҳодисае эмин куҷо кунад?
К-ӯро зи ҳодисот амон ҳам наёмадаст.

Дуздест чарх нақбзан андар сарои умр,
Оре, ба ҳарза қомати ӯ хам наёмадаст.

Осудагӣ маҷӯй, ки касро ба зери чарх
Асбоби ин мурод фароҳам наёмадаст.

Бо хастагӣ бисоз, ки моро зи рӯзгор
Захм омадаст ҳосилу марҳам наёмадаст.

Дар ҷомаи кабуди фалак бингару бидон,
К-ин чарх чуз сарочаи мотам наёмадаст.

Хоқониё, фиреби ҷаҳонро мадор гӯш,
К-ӯро зи даҳ ду қоида маҳкам наёмадаст.
#ХОҚОНИИ_ШЕРВОНӢ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ман ғуломи қамарам ғайри қамар ҳеҷ магӯ,
Пеши ман ҷуз сухани шаҳду шакар ҳеҷ магӯ.

Сухани ранҷ магӯ, ҷуз сухани ганҷ магӯ,
Вар аз ин бехабари ранҷ мабар ҳеҷ магӯ.

Дӯш девона шудам ишқ маро диду бигуфт,
Омадам наъра мазан, ҷома мадар, ҳеҷ магӯ.

Гуфтам: ай ишқ, ман аз чизи дигар метарсам,
Гуфт: он чизи дигар нест дигар ҳеҷ магӯ.

Ман ба гӯши ту суханҳои ниҳон хоҳам гуфт,
Сар биҷунбон, ки бале, ҷуз ки ба сар ҳеҷ магӯ.

Қамари ҷон сифате дар раҳи дил пайдо шуд,
Дар раҳи дил чи латиф аст сафар ҳеҷ магӯ.

Гуфтам: ай дил, чи маҳ аст, ин дил ишорат мекард,
Ки на андозаи туст ин бигзар ҳеҷ магӯ.

Гуфтам: ин рӯи фариштаст аҷаб ё башар аст,
Гуфт: ин ғайри фариштасту башар ҳеҷ магӯ.

Гуфтам: ин чист бигӯ зеру забар хоҳам шуд,
Гуфт: мебошӣ чунин зеру забар ҳеҷ магӯ.

Ай нишаста ту дар ин хонаи пурнақшу хаёл
Хайр аз ин хона бирав, рахт бибар ҳеҷ магӯ.

#Мавлоно_Ҷалолиддини_Румӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ҳаргиз бахилро сутуда набинӣ, на хашмгинро шодон ва на хирадмандро ҳарис ва на каримро ҳасуд ва на ҳавасбозро тавонгар ва на малулро дӯст.
#ҳикмати_рӯз

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

ҲУКАМО ГУФТААНД: се чиз бо се чиз зам гардад, давои он номумкин аст.

1) Ба пирӣ - беморӣ.
2) Ба душманӣ - ҳасадгӯӣ.
3) Ба камбағалӣ - танбалӣ.

#ҳикмати_рӯз

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дар ин оят барои муъминон башорати ниҳоят бузург аст. Чунки мувофиқи мазмуни он бартарият ва ғолибият аз сифатҳои муносиби муъминон аст. Чунки майдони ин дунё барои муъминон ҷойи санҷишу имтиҳон аст. Агар мусулмонон мақоми муъмини ростинро ҳифз карда тавонанд, сабаби ҳар корро дар вақташ омода кунанд, дар он ки ғалабаи ниҳоиро ба даст меоваранд, ҷойи ҳеҷ шакку шубҳа нест.
#таърихи_Муҳаммадӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ту шеъри Саъдӣ мехондию ман руи ту медидам,
Ман аз ҳар байти Саъдӣ байти абруи ту медидам.

Чу шеъри дард мехонди, зи ишқу аз шикасти бахт,
Дили худро шикаста дар сари кӯи ту медидам.

Ту они, ки тавони бо дили ман ҳамнаво боши,
Балои ҷони ман бошию худ дур аз бало боши.

Ту битвонӣ диламро рӯи каф гирию бинвози,
Агарчанде ба ҳукми сарнавишт аз ман ҷудо боши.
.
Туро ман бо ҳама сӯзу навоят дӯст медорам,
Туро ман бо бисоти дардҳоят дӯст медорам.

Бимон бо дардҳои ишқ то дар сина дил дори,
Туро ман бо дили дардошноят дӯст медорам.
#Лоиқ_Шералӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ҳар касе, ки бо талаби илм ба роҳ мебарояд, Худованд роҳи расидан ба биҳиштро ба ӯ осон мегардонад. Фариштагон аз амали толибилм хушнуд мешаванд ва болҳои худро зери қадамҳои ӯ паҳн мекунанд.

#дурдонаҳои_ҳақиқат

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Субҳи дӯстони гиромӣ, ба хайр!
Бо арзи эҳтиром , ғазале аз ашъори султони ишқ #Мавлоно_Румӣ тақдими азизон!

Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест,
Мо таҷруба кардем, касе ёри касе нест.

Ҳар марди шутурдор, Увайси қаранӣ нест,
Ҳар шишаи гулранг, ақиқи яманӣ нест.

Ҳар сангу гиле гавҳари ноёб нагардад,
Ҳар Аҳмаду Маҳмуд расули маданӣ нест.

Бар мурдадилон панд мадеҳ хеш маёзор,
Зеро, ки Абӯҷаҳл мусалмон шуданӣ нест.

Бо марди Худо панҷа маяфкан чу Намруд,
Ин ҷисми Халил аст, ки оташ заданӣ нест.

Хушнуд машав душман агар кард муҳаббат,
Хандидани ҷаллод зи ширинсуханӣ нест.

Ҷое, ки бародар ба бародар накунад раҳм,
Бегона барои ту бародар шуданӣ нест!

Сад бор агар доя ба тифли ту диҳад шир,
Ғофил машав, эй дӯст, ки модар шудани нест!

Мавлоно Балхӣ-Румӣ.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Эй Қодири Қудратнамо, ҷонам фидои номи Ту ,
В-эй Роҳими мушкилкушо, вирди забонам номи Ту.

Номи Ту ҳар шому саҳар бар синаам дорад шарар,
Ширинтар аз шаҳду шаккар андар даҳонам номи Ту,

Ҳоҷатбарори кори ман, осонгари душвори ман.
Ҳам ёри ман, ғамхори ман дар ду ҷаҳонам номи Ту ,

Ё Раб ба сӯят гаштаам, дар
ҷустучӯят гаштаам.
Бо гуфтугӯят гаштаам, оҳу фиғонам номи Ту,

Булбулсифат дорам фиғон, гум карда роҳи ошиён.
Ҳам Кавсару боғи ҷинон, ҳам гулситонам номи Ту.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Гар ишқ набудиву ғами ишқ набудӣ,

Чандин сухани нағз ки гуфтӣ, ки шанидӣ?

В-ар бод набудӣ, ки сари зулф рубудӣ,

Рухсораи маъшуқ ба ошиқ ки намудӣ?

#Шаҳобуддин_Саҳравардӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Эй бо ману пинҳон чу дил, аз дил саломат мекунам,
Ту Каъбаӣ, ҳар ҷо равӣ, қасди мақомат мекунам.
Ҳар ҷо, ки ҳастӣ, ҳозирӣ, аз дур дар мо нозирӣ,
Шаб хона равшан мешавад, чун ёди номат мекунам.
Гаҳ ҳамчу бози ошно бар дасти ту пар мезанам,
Гаҳ чун кабӯтар парзанон оҳанги бомат мекунам.
Гар ғоибӣ ҳар дам чаро осеб бар дил мезанӣ,
В-ар ҳозирӣ пас ман чаро дар сина домат мекунам.
Дурӣ ба тан, лек аз дилам андар дили ту равзанест,
3-он равзани дуздида ман чун маҳ саломат мекунам.
Эй офтоб, аз дур ту, бар мо фиристӣ нур ту,
Эй ҷони ҳар маҳҷур ту, чонро ғуломат мекунам.
Ман ойнай дилро зи ту ин ҷо саққолӣ медиҳам,
Ман гӯши худро дафтари лутфи каломат мекунам.
Дар гӯши ту, дар ҳуши ту в-андар дили пурҷӯши ту,
Инҳо чӣ бошад, ту манӣ в-ин васфи омат мекунам.
Эй дил, на андар моҷаро мегуфт он дилбар туро,
Ҳарчанд аз ту кам шавад, аз худ тамомат мекунам.
Эй чора, дар ман чорагар, ҳайроншаву наззорагар,
Бингар, к-аз ин ҷумла сувар ин дам кадомат мекунам.
Гаҳ рост монанди алиф, гаҳ гаж чу ҳарфи мухталиф,
Як лаҳза пухта мешавӣ, як лаҳза хомат мекунам.
Гар солҳо раҳ мебарӣ чун мӯҳрае дар дасти ман,
Чизе ки ромаш мекунам, з-он чиз ромат мекунам.
Эй Шаҳ Ҳисомиддин Ҳасан, мегӯй бо ҷонони ман:
Ҷонро гуломи маърифат баҳри Ҳисомат мекунам.
#МАВЛОНО

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ба ин дунёи баргардон чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Ҳавасмандону дилбандон чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Яке обод мехонад, яке вайрона медонад,
Ба ин вайронаободон, чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Ба меҳмонии серӯза, ба дӯшат заллаву кӯза,
Қатори ошу обу дон чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Сафо ҳам доштӣ боре, вафо ҳам коштӣ боре?
Ба фарзандону пайвандон чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Касе аз ҳикмати одам, гираҳ накшод дар олам,
Ту эй донотарин нодон, чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Ҳар он чӣ додаӣ, ояд, ҳам он чӣ бурдаӣ, бояд,
Ба даҳчандону садчандон чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Расидӣ аз дурахши худ мисоли Озарахши худ,
Гаҳе гирён, гаҳе хандон, чӣ овардӣ, ки хоҳи бурд?
#ОЗАРАХШ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Он чунон меҳри туам дар дилу ҷон ҷой гирифт,

Ки агар сар биравад, аз дилу аз ҷон наравад...
#Ҳофиз

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Оё шумо Забони Русиро омӯхтан мехоҳед⁉️
Он гоҳ ба мо қӯш шавед 🇹🇯🇷🇺

🇹🇯 Омӯзиши Забони Руси 🇷🇺

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

A very strong and instructive social video. Watch and judge!

Don't try to raise your children perfectly because they will be like you anyway. Better educate yourself!

/channel/zaboni_anglisiii

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Мағрур машав, хоҷа, ба сомони касофат,
Бар пушти харон мў чӣ қадар ҷул шуда бошад.

Халқе ба адам дуди дилу доғи ҷигар бурд,
Хоки ҳама сарфи гулу сунбул шуда бошад.

Аз қатраи мо даъвии дарё чӣ хаёл аст?
Ин ҷузъ, ки гум гашт, магар кул шуда бошад.
#Бедил

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Хуш хиромон меравӣ, эй ҷони ман, бе ман марав,
Эй ҳаёти дўстон, дар бўстон бе ман марав.
Эй фалак бе ман магарду эй камар бе ман матоб,
Эй замин бе ман мабошу эй замон бе ман марав.
Ин ҷаҳон бо ту хуш асту он ҷаҳон бо ту хуш аст,
Ин ҷаҳон бе ман мабошу он ҷаҳон бе ман марав.
Эй инон, бе ман марону эй забон бе ман махон,
Эй назар, бе ман мабину эй равон бе ман марав.
Шаб зи рўят моҳ рўйи хештан бинад сафед,
Ман шабам, ту моҳи ман, бар осмон бе ман марав.
Хорро бин руст зоташ дар паноҳи лутфи гул,
Ту гулӣ, ман хори ту, дар гулситон бе ман марав
Дар хами чавгонт мебозад, чу чашмат бо ман аст,
Ҳамчунин дар ман нигар, бе ман марон, бе ман марав.
Чун ҳарифи шоҳ бошӣ, эй тараб, бе ман мабош,
Чун ба поси шаҳ равӣ, эй посбон, бе ман марав.
Войи он кас, кў дар ин раҳ бе нишони ту равад,
Чун нишони ту манам, эй бенишон, бе ман марав.
Вой онро, кандар ин раҳ меравад бедонише,
Оташи роҳам туӣ, эй роҳдон, бе ман марав.
Дигаронат ишқ мехонанду ман султони худ,
Эй ту волотар зи ваҳми ину он бе ман марав.
#МАВЛОНО_ҶАЛОЛИДДИНИ_РУМӢ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Эй хуш он рӯзе, ки дар дил меҳри ёре доштам,
Синаи пурсӯзу чашми ашкборе доштам.

Ёд бод он гаҳ, ки фориғ будам аз боғу баҳор,
Дар канор аз ашки гулгун лолазоре доштам.

Кӯр бодо дидаи бахтам, хуш он рӯзе, ки ман,
Дида бар роҳи саманди шаҳсаворе доштам.

Боз рӯ гардондӣ аз ман, чунки оям сӯйи ту,
Охир, эй паймоншикан, бо ту қароре доштам.

Шукр гар нола бурун шуд аз дилам якборагӣ,
Гар ҳам аз хавфу хатар хотирузоре доштам.

Ноумеде кардӣ аз худ, эй хуш он рӯзе, ки ман
Орзуи бӯсу уммеди каноре доштам.

Гар касе пурсад: чӣ мекарди ту, Муҳйӣ? Дар ҷавоб
Гӯям: он ҷо бо касе як лаҳза коре доштам.
#АБДУЛҚОДИРИ_ҶЕЛОНӢ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Рӯзе Исо (алайҳиссалом) чанд нафари аҳмақсифатро дида, рӯй гардониданд ва гурехтанд. Шогирдон ин ҳолро дида гуфтанд:
- Ё Расулуллоҳ, аз нафаси мубораки шумо чандин гунгу кар шифо ёфтанд, бо иродаи Худованд якчанд мурдагон дар дасти шумо зинда гаштанд. Пас чунин ба ин аҳмақон як дам занед, ки онҳо низ аз балои аҳмақӣ наҷот ёбанд ва ин барояшон хуб хоҳад буд. Расулуллоҳ дар ҷавоби онҳо гуфтанд:
-Нафаси ман бо хоҳиши Худованд мурдаро ҷон мебахшад, ба ҳар дардманд шифо ато мекунад, аммо ба аҳмақон асар надорад. Чунки аҳмақӣ - қаҳри Худованд аст.


#маснавии_маънавӣ
#МАВЛОНО

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи вассаллам) гуфт: Он рӯзе, ки қиёмат бувад, ҳеҷ соя ва паноҳгоҳ намонда бувад, ба ҷуз соя ва паноҳгоҳи Худои таъоло ки ҳафт кас дар он соя бошад:

1) Султон, ки ба раияти хеш адл кунад.
2) Ҷавоне, ки ба ибодати Худои таъоло барояд.
3) Марде, ки дар бозор бошаду дилаш бо масҷид бувад.
4) Ду касе, ки дӯстӣ кунанд барои Худой.
5) Марде, ки Худоро дар хилват ёд кунад ва ашк аз чашм фурӯ барад.
6) Марде, ки ӯро зане бо ҷамолу мол ба худ хонад вай гӯяд "ман аз Худо метарсам".
7) Марде, ки ба дасти рост садақа медиҳад, чунон ки дасти чапи вай хабар надорад.

#насиҳат_ул_мулук
#МУҲАММАД_ҒАЗОЛӢ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Сухандони парварда, пири куҳан,
Бияндешад, он гаҳ бигӯяд сухан.
Мазан, то тавонӣ, ба гуфтор дам,
Накӯ гӯӣ, гар дер гӯӣ, чи‌ ғам?!
Бияндешу он гаҳ баровар нафас,
В-аз он пеш бас кун, ки гӯянд бас!
Ба нутқ одамӣ беҳтар аст аз давоб,
Давоб аз ту беҳ, гар нагӯӣ савоб!

《☆《☆《●♡●》☆》☆》

Сухан он гаҳ кунад ҳаким оғоз,
Ё сарангушт сўйи луқма дароз.
Ки зи ногуфтанаш халал зояд,
Ё зи нохўрданаш ба ҷон ояд.
Лоҷарам, ҳикматаш бувад гуфтор,
Хўрданаш тандурустӣ орад бор.
#САЪДӢ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ассалому алайкум,
Рӯзи дӯстони гиромӣ пур аз сафову самимият бод!
Ғазале аз ашъори безаволи одамушшуаро #Рӯдакӣ тақдими дӯстони азиз.

Дило, то кай ҳамеҷӯйӣ манеро,
Чӣ дорӣ дӯст ҳарза душманеро?!

Чаро ҷӯйӣ вафо аз бевафое.
Чӣ кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро?!

Аё савсан, баногӯше, ки дорӣ,
Ба рашки хештан ҳар савсанеро!

Яке з-ин барзане нороҳ баршав,
Ки бар оташ нишонӣ барзанеро.

Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе.
Чӣ сойӣ зери кӯҳе арзанеро?!

Бибахшо, эй писар, бар ман бибахшо,
Макуш дар ишқ хира чун манеро!

Биё, инак нигоҳ кун Рӯдакиро,
Агар беҷон равон хоҳӣ танеро.

Читать полностью…
Subscribe to a channel