adabiyoti_klassiki | Unsorted

Telegram-канал adabiyoti_klassiki - 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

796

¤ Ирфон ¤ Ҳикмат ¤ Панд ¤ Шеър ¤ Байт ¤ Ғазал ¤ Андеша (аз бузургони олами классикӣ ва ҷадид) http/t.me/ADABIYOTI_KLASSIKI

Subscribe to a channel

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

📚#Каломи_орифон
✍#Соиб_Табрезӣ

Мешаванд аз сардмеҳри
дӯстон аз ҳам ҷудо,
Баргҳоро мекунад боди хазон аз ҳам ҷудо.

Қатра шуд селобу восил шуд ба дарёи муҳит,
То ба кай бошед , эй беғайратон аз ҳам ҷудо.

Гар ду бенисбат ба ҳам сад сол бошад ошно,
Мекунад бенисбатӣ , дар як замон аз ҳам ҷудо.

Дар нагирад сӯҳбати пиру ҷавон бо якдигар,
То ба ҳам пайваст, шуд тиру камон аз ҳам ҷудо.

То туро аз дур дидам , рафт ақлу ҳуш зӣ ман,
Мешавад наздики манзил корвон аз ҳам ҷудо.

Дар хамӯши ҳарфҳои мухталиф як нуқтаанд.
Мекунад ин ҷамъро теғи забон аз ҳам ҷудо.

Пеши арбоби басират гуфтугӯи ишқу васл,
Ҳаст чун бедориву хоби гарон аз ҳам ҷудо....

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Зиндагӣ дарди туро донад, надонад, ғам махур,
Ҳамраҳат боре қадам монад, намонад, ғам махур.

Ҳарфи пинҳони дилатро бо касу нокас магӯ,
Дӯст ҳамрозат шудан тонад, натонад, ғам махур.

Гирумони донаи шатранҷ дар як қолаб аст,
Гар рақиб андешае ронад, наронад, ғам махур.

Эй хуш он марде, ки худ даҳмардаи моли худ аст,
Подабон гови туро бонад, набонад, ғам махур.

Озарахшо, аз Худованди сухан лутфе талаб,
Беғаме шеъри туро хонад, нахонад, ғам махур.


#шеър #ғазал
#ОЗАРАХШ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ман бандаи касеям, ки маро як ҳарф аз одоб таълим кардааст.

#андеша #панд #ҳикмат
#ИМОМ_ШОФЕӢ
#тазкирату_л_авлиё

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард,
Дареғ суд надорад, чу рафт кор аз даст.
Ба рӯзгори саломат силоҳи ҷанг бисоз,
Вагарна сел чу бигрифт, садд нашояд баст.


#ҳикмат #панд
#САЪДӢ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Зоҳид он аст, ки дар дунё зӯҳди худ ба феъл меорад ва мутазаҳҳид он аст, ки зӯҳди ӯ ба забон бувад.

#ҳикмат #андеша
#СУФЁНИ_САВРӢ
#тазкирату_л_авлиё

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Истиғфор бе он ки аз гуноҳ бозистӣ, тавбаи дурӯғзанон бувад.

#панд #ҳикмат
#ЗУННУНИ_МИСРӢ
#тазкирату_л_авлиё

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Чун шаб дарояд, шод шавам, ки маро хилвате бувад бе тафриқа бо Ҳақ; ва чун субҳ барояд, андӯҳгин шавам аз кароҳияти дидори халқ, ки набояд, ки дароянд ва маро аз ин хилват ташвиш диҳанд.

#андеша
#ФУЗАЙЛИ_АЁЗ
#тазкирату_л_авлиё

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

✍#Мавлоно
📚#Фийҳо_мо_фийҳ

Олам бар мисоли кӯҳ аст...
Ҳар чи гӯйи , аз хайр ва шарр , аз кӯҳ ҳамон шунавӣ.
Ва агар гумон бари ки ман хуб гуфтам кӯҳ зишт ҷавоб дод, маҳол бошад, ки булбул дар кӯҳ бонг кунад, аз кӯҳ бонги зоғ ояд, ё аз бонги одамӣ бонги хар.
Пас яқин дон , ки бонги хар карда бошад....

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ин дунё аҷиб ҷоест, муҳаббат ҳаст саодат нест,
Таваллуд гашта аз ишқ сад ҷиноят ҳаст, адолат нест.
Дар ин дунё адолатхоҳ ҳама инсон бояд донад,
Дар ин роҳ сад балоҳову мусибат ҳаст, шикоят нест.
Адолатсоҳиб дар вақте ибодат ӯ шаҳид гаштаст,
Чунин аст қонуни адл шаҳодат як маъният нест.
Агар инсон худро аз хок баланд донист, шайтон аст,
Такаббур дар қиёмат азоб дорад, шафоат нест.
Бефарқ боши ту эй одам, бархез дарҳол аз ин ғафлат,
Шароби ҳақ бинӯши гар, хуб лаззат аст, машаққат нест
.
#ҳикмат

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ишқат, ки бувад каъбаи арбоби саломат,
Реки ҳарамаш нест ба ҷуз санги маломат.

Шаҳре, ки на ҷои ту, дар у хона нагирам,
Дар бодия касро нашавад ҷои иқомат.

Завқе расад аз номаи ту рӯзи фироқат,
Гар номаи тоъат нарасад рӯзи қиёмат.

Аз оташи дил сар ба фалак бурда алам бин,
Бар хоки шаҳиди ғамат ин аст аломат.

Ноҷуста диҳад пири муғон бода ба риндон,
Бо муътақидон мекунад изҳори каромат,

Гар вақти намозе гузарӣ суи муаззин.
Қад -қомати у паст шавад з-он қаду қомат.

Ҳар нақш, ки Ҷомӣ на ба савдои хатат баст,
Шуст он ҳама чашми тараш аз ашки надомат.

#Абдураҳмони_Ҷомӣ.✍️

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ҳар кӣ Худойро шинохт, ӯро дӯст дорад, ҳар кӣ дунёро шинохт, ӯро душман дорад.
Ва агар хоҳӣ, ки дунёро бинӣ, ки баъди ту чун хоҳад буд, бингар, ки баъд аз марги дигарон чун аст.

#ҳикмат #андеша
#ҲАСАНИ_БАСРӢ
#тазкирату_л_авлиё

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Асрори азалро на ту дониву на ман,
В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман.
Ҳаст аз паси парда гуфтугӯйи ману ту,
Чун парда барафтад, на ту мониву на ман.
#Умар_Хаём.✍️

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Гардиши даврон аҷаб ногӯфтаҳо аз мо гирифт,
Хомҳоро ҳадя карда, пухтаҳо аз мо гирифт.

То ба худ оем зи дасти мо рабуд фармудаҳо,
Пеша бинмудем мудом аз роҳи нофармудаҳо.

Оқибат андар ҳузури Кирдигор хомӯшу лол,
Чун дар он соъат зи ҳар як неку бад созанд суол.

Роҳи рушанро надида торики кардем қабул,
Бар ту аз фавқи само Қуръон ҳаме кардем нузул.

Неку бадро андар ӯ осон баёнат кардаам,
Олимонро ҳадяе андар замонат кардаам.

Ин ҳама равшангариҳоро ту пушти по задӣ,
Пеша карди норавоҳову мудом роҳи бадӣ.

Ҷони Иқбол аз фиреби ин замон ғофил машав,
Роҳи ахлоқ пеша созу бандаи ҷоҳил машав.

#Муҳаммадиқболи_Раштӣ.✍️

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Мӯъҷизаҳои Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи вассаллам)

1. «Ду тақсим шудани моҳ». (шаққи қамар)

Маълум аст, ки дар байни мўъҷизаҳои Паёмбар ду тақсим шудани моҳ («Шаққи қамар») ҷои хос дорад. Воқеа чунин аст: Сардорони Қурайш ба монанди Валид ибни Муғира, Абӯҷаҳл ва Ос ибни Воил ба назди Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи вассаллам) гирд омаданд ва гуфтанд: «Эй Мухаммад, муъҷизаи пурсидаамонро нишон дода тавонӣ, ба ту имон меоварем. Агар ту дар ҳақиқат фиристодаи Худо бошӣ, моҳи дар болои сарамон бударо ишорат кун, то ба ду тақсим шавад. Баъд мо ба сухани ту бовар мекунем».

Шаби чаҳордаҳуми моҳ буд, чун онҳо ин талабро карданд, бо амри Худованд паёмбар (с) ба моҳ ишора намуданд ва моҳ ба ду тақсим шуд. Як қисми он дар ҷояш монд, қисми дигараш ба болои кӯи Ҷароа омад. Ҳарчанд ин муъчизаро бо чашмони худ диданд, ба Худо имон наовар- данд. Ва гуфтанд, ки: «Муҳаммад моро сеҳр ва чашмбандӣ кард». Дар байни онхо нафаре гуфт: «Аз мардуми атроф мепурсем, моро сеҳр карда бошад ҳам, онҳоро сеҳр накардааст». Мардуме, ки аз ҳар тараф омаданд, гуфтанд: «Ин шаб дар фалон соат мо дар фалон ҷой будем. Шоҳиди он шудем ки моҳ ду тақсим шуд».

Бо ин ҳам тавфиқ наёфтанд. Аммо имони муъминон боз ҳам зиёдтар шуд. Шахсони шақӣ заррае баҳра набардоштанд.

Ин воқеа панҷ сол пеш аз ҳиҷрат дар шаҳри Макка ба вуқуъ пайваста буд. Моҳи тақсимшуда якчанд муддат аз ҳам чудо буд ва баъд ба ҳам омад. Инро ҳам дида, имон наоварданд. Дар ин вақт ин оят нозил шуд:

اقْتَرَبَتِ السَّاعَةُ وَأَنشَقَّ الْقَمَرِ

«Иқтарабати-с-соату ваншаққа-л-қамар» (Қамар, 1). Тарчума: «Қиёмат наздик шуд ва моҳ ду пора гардид». Аз ин оят маълум гардид, ки ин муъҷиза нишонаи қиёмат низ ҳаст. Шак овардан ба ин мӯъҷиза дуруст нест. Барои он ки ҳақ будани ин бо оят ва ҳадис собит гаштааст. Инкор кардани ин мӯъҷиза ба инкор кардани Қуръон баробар аст.
#таърихи_муҳаммадӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ ДУСТОНИ ГИРОМИҚАДР!!

СУБҲИ САИДИ ҶУМЪА МУБОРАК БОШАД.
Аз Аллоҳи меҳрубонӣ пок хоҳони онам, ки ҳамаи бандаҳои мусалмони руйи дунёро аз ҷумла шумоёни азизро аз паноҳи исматаш нигоҳ дорад.
Тансиҳатӣ хотирҷаъмӣ ва хушбахтиро насибатон гардонад ва аз раҳматаш бенасиб нагардонад.

РӮЗИ БОБАРОРЕ ДОШТА БОШЕД ДУСТОНИ АЗИЗ!!

ҶУМЪА РӮЗИ ҲАМДИЛИВУ ҲИММАТ АСТ,
РӮЗИ ТАНЗИЛИ ҲУМОИ РАҲМАТ АСТ.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Агар ҳамаи умр дар дунё ба саҷдаи шукр машғул гардӣ, шукри он нагзорида бошӣ, ки ӯ дар азал ҳадиси дӯстон кард. Ҷаҳд кун, то аз дӯстон бошӣ!

#андеша #панд #ҳикмат
#БИШРИ_ҲОФӢ
#тазкирату_л_авлиё

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дар чаҳор мавзеъ нафси худро бозҷӯй: 'дар амали солеҳи бериё' ва "дар гирифтани бетамаъ" ва "'дар додани беминнат"' ва ""дар нигаҳ доштани бебухл.""

#панд #ҳикмат #андеша
#ҲОТАМИ_АСАММ
#тазкирату_л_авлиё

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Мардумон сухан бисёр гуфтаанд дар адаб ва наздики ман адаб шинохтани нафс аст.

#андеша #ҳикмат #панд
#АБДУЛЛОҲИ_МУБОРАК
#тазкирату_л_авлиё

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Сабр кун эй дил, ки сабр сирати аҳли сафост,
Шолаи ишқ эҳтимол, шарти муҳаббат вафост.
Молики раббу қабул, ҳар чи кунад подшост,
Гар бизанад ҳоким аст, в-ар бинавозад равост.

#панд #андеша #ҳикмат
#САЪДӢ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Аз боязидӣ берун омадам - чун мор аз пӯст - пас нигаҳ кардам: ошиқу маъшуқу ишқ яке дидам, ки дар олами тавҳид ҳама якӣ тавон буд.

#андеша #ҳикмат
#БОЯЗИДИ_БАСТОМӢ
#тазкирату_л_авлиё

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Агар дӯст дорӣ, ки халқ туро зоҳид донанд, ин дӯстӣ сари муҳаббати дунё бувад.

#ҳикмат #панд #андеша
#БИШРИ_ҲОФӢ
#тазкирату_л_авлиё

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Диле дорам чу мурғи паршикаста,
Чу кишти бар лаби дарё нишаста.
Ҳама гӯянд Тоҳир тор бинвоз,
Садо кай медиҳад тори шикаста?

Наздики ҳазор сол пеш, дарвеши дилсӯхтае мулаққаб бо Бобо Тоҳири урён дар узлати худ мезист.
Мегӯянд пас аз марг чунон машҳур буд ки , Ҳамидуллоҳ Мустафӣ дар "Сафарнома"- аш ки сесад сол пас аз вай навишта, шаҳри Ҳамадонро Ҳамадони Бобо Тоҳир номидааст.
Мазмуни бештари абёти Бобо Тоҳир ёди марг , дуо, ишқ ва дарвеши аст.
Ҳеҷ яке аз шоироне ки ба забону лаҳҷаи маҳаллӣ шеър сурудаанд ба андозаи Бобо Тоҳир машҳур нестанд.

Азизам косаи чашмум сароят,
Миёни ҳар ду чашмум ҷои поят,
Аз он тарсам ки ғофил по ниҳӣ ту,
Нишинад хори мужгонам ба поят...

*

Ду зулфонат бувад тори рубобам,
Чи мехоҳӣ, аз ин ҳоли харобам,
Ту ки бо ма сари ёрӣ надорӣ,
Чаро ҳар нимашав оӣ ба ховам?

*

Гуле ки хувум бидодам печу тобаш,
Ба оби дидагонам додам обаш?
Ба даргоҳи илоҳӣ кай раво буд?
Гул аз ма, дигари гира гулобаш....

*

Ма ки афсурда ҳолум чун нанолум?
Шикаста пару болум чун нанолум?
Ҳама гӯянд фалонӣ, нола кам кун,
Та оӣ дар хаёлум чун нанолум?

*

Яке дарду яке дармон писандад,
Яке васлу яке ҳиҷрон писандад,
Ма аз дармону дарду васлу ҳиҷрон,
Писандам он чиро ҷонон писандад....

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

✍#Шайх_Фаридуддини_Аттор
📚#Мусибатнома

Дар зимистон паррандагонро фаромӯш накунед, Худо мебинад ва ҳамин кофист....

Гуфт чун саҳро ҳама пурбарф гашт,
Рафт Зуннун дар чунин рузе ба дашт,

Дид габреро зи имон бехабар,
Домани арзан дарафканда ба сар.

Барф мерӯфту ба саҳро медавид,
Дона мепошиду ҳар ҷо медавид.

Гуфт , Зуннунаш ки , эй деҳқони роҳ,
Аз чи мепоши ту ин арзан пагоҳ?

Гуфт:
Дар барф аст олам нопадид,
Чиннаи мурғон шуд ин дам нопадид.

Мурғаконро чинна пошам ин қадар,
То Худо раҳмат кунад бар ман магар..

Гуфт, Зуннунаш ки чун бегонаи,
Кай пазирад !Тту магар девонаӣ?

Гуфт:
Гар напазирад ин бинад, Худо?
Гуфт:
Бинад!
Гуфт:
Бас бошад маро!!


*Зуннун - зоҳид ва сӯфии бузург
*Габр - зардуштӣ, маҷусӣ
, ба маънои кофар
*Чинна- дон, арзан

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Афсӯс, ки сармоя зи каф берун шуд,
В-аз дасти аҷал басе ҷигарҳо хун шуд.
Кас н-омад аз он ҷаҳон, ки орад хабаре,
Аҳволи мусофирон бигӯяд, чун шуд.

#Умар_Хаëм.✍️

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Чун ҳосили одамӣ дар ин дайри дудар,
Ҷуз дарди дилу,додани ҷон нест дигар.
Хуррам дили он,ки як нафас беш набуд,
В-осуда касе, ки худ назод аз модар.

#Умар_Хаëм.✍️

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Шодӣ биталаб, ки ҳосили умр ғамест,
Ҳар зара зи хоки Кайқубодеву Ҷамест.
Аҳволи ҷаҳону мулки гетӣ як сар,
Хобеву, хаёлеву, фиребеву дамест.
#Умар_Хаём✍️

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ҳеҷ мӯъмин набудааст аз гузаштагон ва нахоҳад буд аз ояндагон, илло ки бар худ меларзанд, ки набояд, ки мунофиқ бошем.

#ҳикмат #андеша
#ҲАСАНИ_БАСРӢ
#тазкирату_л_авлиё

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дӯстии аҳли инзамонаро чун хӯрдании бозор ёфтам: ба бӯй хуш ба таъм нохуш.

#панд #андеша #ҳикмат
#МОЛИКИ_ДИНОР
#тазкирату_л_авлиё

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ман бе ту даме қарор натвонам кард,
Эҳсони туро шумор натвонам кард.
Гар бар тани ман забон шавад ҳар мӯе,
Як шукри ту аз ҳазор натвонам кард.

#байт
#абулқосими_гургонӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Маргро зери болин дор, чун ки бихуфтӣ ва пеши чашм дор ки бархезӣ, ва дар хурдии гуноҳ манигар, дар бузургии он нигар, ки дар вай осӣ шавӣ, ки агар гуноҳ хурд дорӣ, Худовандро хурд дошта бошӣ ва агар бузург дорӣ, Худовандро бузург дошта бошӣ...

#ҳикмат #панд
#увайси_қаранӣ
#тазкирату_л_авлиё

Читать полностью…
Subscribe to a channel