adabiyoti_klassiki | Unsorted

Telegram-канал adabiyoti_klassiki - 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

796

¤ Ирфон ¤ Ҳикмат ¤ Панд ¤ Шеър ¤ Байт ¤ Ғазал ¤ Андеша (аз бузургони олами классикӣ ва ҷадид) http/t.me/ADABIYOTI_KLASSIKI

Subscribe to a channel

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Диле дорам чу мурғи паршикаста,
Чу кишти бар лаби дарё нишаста.
Ҳама гӯянд Тоҳир тор бинвоз,
Садо кай медиҳад тори шикаста?

Наздики ҳазор сол пеш, дарвеши дилсӯхтае мулаққаб бо Бобо Тоҳири урён дар узлати худ мезист.
Мегӯянд пас аз марг чунон машҳур буд ки , Ҳамидуллоҳ Мустафӣ дар "Сафарнома"- аш ки сесад сол пас аз вай навишта, шаҳри Ҳамадонро Ҳамадони Бобо Тоҳир номидааст.
Мазмуни бештари абёти Бобо Тоҳир ёди марг , дуо, ишқ ва дарвеши аст.
Ҳеҷ яке аз шоироне ки ба забону лаҳҷаи маҳаллӣ шеър сурудаанд ба андозаи Бобо Тоҳир машҳур нестанд.

Азизам косаи чашмум сароят,
Миёни ҳар ду чашмум ҷои поят,
Аз он тарсам ки ғофил по ниҳӣ ту,
Нишинад хори мужгонам ба поят...

*

Ду зулфонат бувад тори рубобам,
Чи мехоҳӣ, аз ин ҳоли харобам,
Ту ки бо ма сари ёрӣ надорӣ,
Чаро ҳар нимашав оӣ ба ховам?

*

Гуле ки хувум бидодам печу тобаш,
Ба оби дидагонам додам обаш?
Ба даргоҳи илоҳӣ кай раво буд?
Гул аз ма, дигари гира гулобаш....

*

Ма ки афсурда ҳолум чун нанолум?
Шикаста пару болум чун нанолум?
Ҳама гӯянд фалонӣ, нола кам кун,
Та оӣ дар хаёлум чун нанолум?

*

Яке дарду яке дармон писандад,
Яке васлу яке ҳиҷрон писандад,
Ма аз дармону дарду васлу ҳиҷрон,
Писандам он чиро ҷонон писандад....

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

✍#Шайх_Фаридуддини_Аттор
📚#Мусибатнома

Дар зимистон паррандагонро фаромӯш накунед, Худо мебинад ва ҳамин кофист....

Гуфт чун саҳро ҳама пурбарф гашт,
Рафт Зуннун дар чунин рузе ба дашт,

Дид габреро зи имон бехабар,
Домани арзан дарафканда ба сар.

Барф мерӯфту ба саҳро медавид,
Дона мепошиду ҳар ҷо медавид.

Гуфт , Зуннунаш ки , эй деҳқони роҳ,
Аз чи мепоши ту ин арзан пагоҳ?

Гуфт:
Дар барф аст олам нопадид,
Чиннаи мурғон шуд ин дам нопадид.

Мурғаконро чинна пошам ин қадар,
То Худо раҳмат кунад бар ман магар..

Гуфт, Зуннунаш ки чун бегонаи,
Кай пазирад !Тту магар девонаӣ?

Гуфт:
Гар напазирад ин бинад, Худо?
Гуфт:
Бинад!
Гуфт:
Бас бошад маро!!


*Зуннун - зоҳид ва сӯфии бузург
*Габр - зардуштӣ, маҷусӣ
, ба маънои кофар
*Чинна- дон, арзан

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Афсӯс, ки сармоя зи каф берун шуд,
В-аз дасти аҷал басе ҷигарҳо хун шуд.
Кас н-омад аз он ҷаҳон, ки орад хабаре,
Аҳволи мусофирон бигӯяд, чун шуд.

#Умар_Хаëм.✍️

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Чун ҳосили одамӣ дар ин дайри дудар,
Ҷуз дарди дилу,додани ҷон нест дигар.
Хуррам дили он,ки як нафас беш набуд,
В-осуда касе, ки худ назод аз модар.

#Умар_Хаëм.✍️

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Шодӣ биталаб, ки ҳосили умр ғамест,
Ҳар зара зи хоки Кайқубодеву Ҷамест.
Аҳволи ҷаҳону мулки гетӣ як сар,
Хобеву, хаёлеву, фиребеву дамест.
#Умар_Хаём✍️

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ҳеҷ мӯъмин набудааст аз гузаштагон ва нахоҳад буд аз ояндагон, илло ки бар худ меларзанд, ки набояд, ки мунофиқ бошем.

#ҳикмат #андеша
#ҲАСАНИ_БАСРӢ
#тазкирату_л_авлиё

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дӯстии аҳли инзамонаро чун хӯрдании бозор ёфтам: ба бӯй хуш ба таъм нохуш.

#панд #андеша #ҳикмат
#МОЛИКИ_ДИНОР
#тазкирату_л_авлиё

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ман бе ту даме қарор натвонам кард,
Эҳсони туро шумор натвонам кард.
Гар бар тани ман забон шавад ҳар мӯе,
Як шукри ту аз ҳазор натвонам кард.

#байт
#абулқосими_гургонӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Маргро зери болин дор, чун ки бихуфтӣ ва пеши чашм дор ки бархезӣ, ва дар хурдии гуноҳ манигар, дар бузургии он нигар, ки дар вай осӣ шавӣ, ки агар гуноҳ хурд дорӣ, Худовандро хурд дошта бошӣ ва агар бузург дорӣ, Худовандро бузург дошта бошӣ...

#ҳикмат #панд
#увайси_қаранӣ
#тазкирату_л_авлиё

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ораз аст ин, ё қамар, ё лолаи ҳумро-ст ин?
Ё шуои шамс, ё оинаи дилҳост ин?

Қомат аст ин, ё алиф, ё сарв, ё нахли мурод?
Ё магар гулдастаи боғи ҷаҳонорост ин?

Ё Раб, ин хуршеди тобон аст, ё моҳи тамом?!
Ё фаришта, ё парӣ, ё шӯхи бепарвост ин?

Зулфи ту занҷир, ё қуллоб, ё мушки Хутан?
Сунбули тар, ё суман, ё анбари сорост ин?

Чашми ту оҳуст, ё ҷодуст, ё сайёди халқ,
Ё ду бодоми сияҳ, ё наргиси шаҳлост ин?

Кӯйи ту Каъба-ст, ё фирдавс, ё хулди барин,
Ё гулистони Ирам, ё ҷаннатулмаъво-ст ин?

Ҳуққаи лаъли лабат, ё чашмаи оби ҳаёт,
Ё даҳан, ё мим, ё тӯтии шаккархост ин?

Қумрии боғи ҷинон, ё тӯтии шаккарфишон,
Булбули бехонумон, ё Ҷомии шайдост ин?

#Абдураҳмони_Ҷомӣ ✍️

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Гуфтам ай дил наравӣ?
Хор шавӣ, зор шавӣ!
Бар сари он дор шавӣ, бебару бебор шавӣ!

Накунад дом ниҳад?
Хом шавӣ, ром шавӣ?
Напари ҷалд шавӣ, бепару бебол шавӣ!

Накунад ҷом диҳад?
Ком диҳад, аз лаби худ вом диҳад?
Дар барат соз занад, рақс кунад, кофару беор шавӣ!

Накунад маст шавӣ,
Фориғ аз ин ҳаст, шавӣ!
Баъди он кӯр шавӣ, шоиру бемор шавӣ.

Накунад дил наканад,
Дил биканад,
Баҳри ту дил дил накунад?
Биравад бари ёри дигар, субҳ ки бедор шавӣ!...
#Мавлоно_Румӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Биё, ай ашк, то бар ҳоли зори хештан гирям,
Чу шамъ аз меҳнати шабҳои тори хештан гирям.

Надорам меҳрубоне, то ба ҳоли ман кунад гиря,
Ҳамон беҳтар, ки худ бар ҳоли зори хештан гирям.

Маро ҳам дар ғарибӣ шӯхчашме офати ҷон шуд, Нагӯйӣ, к-аз ғами ёру диёри хештан гирям.

Набошад дар баҳорон дур аз абри чаман гиря,
Ман он абрам, ки дур аз навбаҳори хештан гирям.

Мадад фармо, бихон, ай дил, чу дар чашмам намонд обе,
Ки хоҳам имшаб аз ҳиҷрони ёри хештан гирям.

Зи ҳиҷрон буд гиря бештар аз ваъдаи васлат, Кунун аз дарду доғи интизори хештан гирям.

Магӯ, Ҷомӣ, нашояд гиря аз бедоди маҳрӯён,
Ки ман чандин зи бахти хоксори хештан гирям.

#Абдураҳмони_Ҷомӣ ✍️

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

📚#Ҳикмати_орифон

Имом Содиқ раҳматуллоҳи
алайҳ фармуданд:

Банда миёни се чиз қарор гирифта аст;
Миёни бало ва қазо ва неъмат.

Дар баробари балои худо вазифа сабр аст;
Дар баробари қазои худо вазифа таслим аст.
Дар баробари неъмати худо вазифа шукр аст.

Байт аз #Роҳим_Табрезӣ.
Ҳар чи бар худ нигарам ҷуз ту касе нест маро,
Ман ниҳон андар туам ,ҳарчи айён аст туӣ....

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ба сина гар ғаматро ҷо набошад,
Ба олам ҳамчу ман танҳо набошад.
Чароғи зиндагонӣ аз ту равшан,
Чунин шамъе ба маҳфилҳо набошад.
Биё, дар чашми ман чун нур ҷо кун,
Ки бе ту мардумакро ҷо набошад.
Ба дарди ишқ, эй шӯхи ҷаҳонсӯз,
Касеро ақлу по барҷо набошад.
Зи бас нолам зи дарди ҳаҷр Махфӣ,
Чу ман мурғе ба гулшанҳо набошад.
#ЗЕБУННИСО

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Аҷал парвои молу зар надорад,
Ки ҷуз фармудае бар сар надорад.

Ҳамон соъат, ки фармонаш расонанд,
Нигоҳе бар ду чашми тар надорад.

Аҷал дар ихтиёри кирдигор аст,
Худо ҳаст, ки дами охар надорад.

Ҳар он, ки аз Адам бар ҳасти омад,
Мудом сайлону болу пар надорад.

Агар гӯи малак низ ҳамчунин аст,
Малак низ аз сифоти ҳай надорад.

Нишин як дам биандеш панди Иқбол,
Ки оҳангаш ба ҷуз аз най надорад.

Муҳаммадиқболи Раштӣ✍️

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

✍#Мавлоно
📚#Фийҳо_мо_фийҳ

Олам бар мисоли кӯҳ аст...
Ҳар чи гӯйи , аз хайр ва шарр , аз кӯҳ ҳамон шунавӣ.
Ва агар гумон бари ки ман хуб гуфтам кӯҳ зишт ҷавоб дод, маҳол бошад, ки булбул дар кӯҳ бонг кунад, аз кӯҳ бонги зоғ ояд, ё аз бонги одамӣ бонги хар.
Пас яқин дон , ки бонги хар карда бошад....

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ин дунё аҷиб ҷоест, муҳаббат ҳаст саодат нест,
Таваллуд гашта аз ишқ сад ҷиноят ҳаст, адолат нест.
Дар ин дунё адолатхоҳ ҳама инсон бояд донад,
Дар ин роҳ сад балоҳову мусибат ҳаст, шикоят нест.
Адолатсоҳиб дар вақте ибодат ӯ шаҳид гаштаст,
Чунин аст қонуни адл шаҳодат як маъният нест.
Агар инсон худро аз хок баланд донист, шайтон аст,
Такаббур дар қиёмат азоб дорад, шафоат нест.
Бефарқ боши ту эй одам, бархез дарҳол аз ин ғафлат,
Шароби ҳақ бинӯши гар, хуб лаззат аст, машаққат нест
.
#ҳикмат

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ишқат, ки бувад каъбаи арбоби саломат,
Реки ҳарамаш нест ба ҷуз санги маломат.

Шаҳре, ки на ҷои ту, дар у хона нагирам,
Дар бодия касро нашавад ҷои иқомат.

Завқе расад аз номаи ту рӯзи фироқат,
Гар номаи тоъат нарасад рӯзи қиёмат.

Аз оташи дил сар ба фалак бурда алам бин,
Бар хоки шаҳиди ғамат ин аст аломат.

Ноҷуста диҳад пири муғон бода ба риндон,
Бо муътақидон мекунад изҳори каромат,

Гар вақти намозе гузарӣ суи муаззин.
Қад -қомати у паст шавад з-он қаду қомат.

Ҳар нақш, ки Ҷомӣ на ба савдои хатат баст,
Шуст он ҳама чашми тараш аз ашки надомат.

#Абдураҳмони_Ҷомӣ.✍️

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ҳар кӣ Худойро шинохт, ӯро дӯст дорад, ҳар кӣ дунёро шинохт, ӯро душман дорад.
Ва агар хоҳӣ, ки дунёро бинӣ, ки баъди ту чун хоҳад буд, бингар, ки баъд аз марги дигарон чун аст.

#ҳикмат #андеша
#ҲАСАНИ_БАСРӢ
#тазкирату_л_авлиё

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Асрори азалро на ту дониву на ман,
В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман.
Ҳаст аз паси парда гуфтугӯйи ману ту,
Чун парда барафтад, на ту мониву на ман.
#Умар_Хаём.✍️

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Гардиши даврон аҷаб ногӯфтаҳо аз мо гирифт,
Хомҳоро ҳадя карда, пухтаҳо аз мо гирифт.

То ба худ оем зи дасти мо рабуд фармудаҳо,
Пеша бинмудем мудом аз роҳи нофармудаҳо.

Оқибат андар ҳузури Кирдигор хомӯшу лол,
Чун дар он соъат зи ҳар як неку бад созанд суол.

Роҳи рушанро надида торики кардем қабул,
Бар ту аз фавқи само Қуръон ҳаме кардем нузул.

Неку бадро андар ӯ осон баёнат кардаам,
Олимонро ҳадяе андар замонат кардаам.

Ин ҳама равшангариҳоро ту пушти по задӣ,
Пеша карди норавоҳову мудом роҳи бадӣ.

Ҷони Иқбол аз фиреби ин замон ғофил машав,
Роҳи ахлоқ пеша созу бандаи ҷоҳил машав.

#Муҳаммадиқболи_Раштӣ.✍️

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Мӯъҷизаҳои Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи вассаллам)

1. «Ду тақсим шудани моҳ». (шаққи қамар)

Маълум аст, ки дар байни мўъҷизаҳои Паёмбар ду тақсим шудани моҳ («Шаққи қамар») ҷои хос дорад. Воқеа чунин аст: Сардорони Қурайш ба монанди Валид ибни Муғира, Абӯҷаҳл ва Ос ибни Воил ба назди Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи вассаллам) гирд омаданд ва гуфтанд: «Эй Мухаммад, муъҷизаи пурсидаамонро нишон дода тавонӣ, ба ту имон меоварем. Агар ту дар ҳақиқат фиристодаи Худо бошӣ, моҳи дар болои сарамон бударо ишорат кун, то ба ду тақсим шавад. Баъд мо ба сухани ту бовар мекунем».

Шаби чаҳордаҳуми моҳ буд, чун онҳо ин талабро карданд, бо амри Худованд паёмбар (с) ба моҳ ишора намуданд ва моҳ ба ду тақсим шуд. Як қисми он дар ҷояш монд, қисми дигараш ба болои кӯи Ҷароа омад. Ҳарчанд ин муъчизаро бо чашмони худ диданд, ба Худо имон наовар- данд. Ва гуфтанд, ки: «Муҳаммад моро сеҳр ва чашмбандӣ кард». Дар байни онхо нафаре гуфт: «Аз мардуми атроф мепурсем, моро сеҳр карда бошад ҳам, онҳоро сеҳр накардааст». Мардуме, ки аз ҳар тараф омаданд, гуфтанд: «Ин шаб дар фалон соат мо дар фалон ҷой будем. Шоҳиди он шудем ки моҳ ду тақсим шуд».

Бо ин ҳам тавфиқ наёфтанд. Аммо имони муъминон боз ҳам зиёдтар шуд. Шахсони шақӣ заррае баҳра набардоштанд.

Ин воқеа панҷ сол пеш аз ҳиҷрат дар шаҳри Макка ба вуқуъ пайваста буд. Моҳи тақсимшуда якчанд муддат аз ҳам чудо буд ва баъд ба ҳам омад. Инро ҳам дида, имон наоварданд. Дар ин вақт ин оят нозил шуд:

اقْتَرَبَتِ السَّاعَةُ وَأَنشَقَّ الْقَمَرِ

«Иқтарабати-с-соату ваншаққа-л-қамар» (Қамар, 1). Тарчума: «Қиёмат наздик шуд ва моҳ ду пора гардид». Аз ин оят маълум гардид, ки ин муъҷиза нишонаи қиёмат низ ҳаст. Шак овардан ба ин мӯъҷиза дуруст нест. Барои он ки ҳақ будани ин бо оят ва ҳадис собит гаштааст. Инкор кардани ин мӯъҷиза ба инкор кардани Қуръон баробар аст.
#таърихи_муҳаммадӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ ДУСТОНИ ГИРОМИҚАДР!!

СУБҲИ САИДИ ҶУМЪА МУБОРАК БОШАД.
Аз Аллоҳи меҳрубонӣ пок хоҳони онам, ки ҳамаи бандаҳои мусалмони руйи дунёро аз ҷумла шумоёни азизро аз паноҳи исматаш нигоҳ дорад.
Тансиҳатӣ хотирҷаъмӣ ва хушбахтиро насибатон гардонад ва аз раҳматаш бенасиб нагардонад.

РӮЗИ БОБАРОРЕ ДОШТА БОШЕД ДУСТОНИ АЗИЗ!!

ҶУМЪА РӮЗИ ҲАМДИЛИВУ ҲИММАТ АСТ,
РӮЗИ ТАНЗИЛИ ҲУМОИ РАҲМАТ АСТ.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Эй фарзанди ман ба Худо ширк наёр, ба дурусти ки ширк гуноҳи бузургест.


#андеша
#луқмони_ҳаким

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Як қадам гар аз шариъат дур гӯям вои ман,
Оташи афрӯхтаи Ҳақ мешавад маъвои ман.

Ман ба ҷуз мағзи калому в-аз ҳадис бегонаам,
Гирди шамъи гуфтаҳои кирдигор парвонаам.

Ман фидои номи ту эй навҷавон исён макун,
Қиммати дурдонаро дону варо арзон макун.

Пушти по зан нафси шайтониро, ки то ёби мурод,
То насози он ҳама аслу суботи худ ба бод.

Доми шайтон бас амиқ аст дур кун худро зи ӯ,
Месӯзони ин қаду қомат мудом бе гуфтугу.

Шарм бинмову ҷавони бо ҳаё шав ҷони ман,
Эй бародар ҳадяе аз даргаҳи Яздони ман.

Панди Иқбол гуш дору бо Худованд роз кун,
Қасри Худро бо шукуҳу бо шаҳомат соз кун.

#Муҳаммадиқболи_Раштӣ✍️

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Хуш он ки висоли ту муяссар шуда бошад,
Чашмам ба ҷамоли ту мунаввар шуда бошад.

Резам зи мижа ашк дамодам, ки бишӯям,
Гар ғайри ҷамоли ту мусаввар шуда бошад.

Бо ҳеҷ баробар накунам, он ки сари ман,
Дар пойи ту бо хок баробар шуда бошад.

З-ин беш макун саркашӣ, эй моҳ, бияндеш,
З-он лаҳза, ки оҳам ба фалак бар шуда бошад.

Шуд қомати ман ҳалқа дар он фикр, ки дастам,
Дар ҳалқаи он зулфи муанбар шуда бошад.

Ҳаргиз ба вафо бо дигаре аҳд набандам,
Гар худ зи ҷафо аҳди ту дигар шуда бошад.

Ҷомӣ, макун андеша, ки тағйир наёяд,
Дар ҳукми азал ҳар чӣ муқаддар шуда бошад.

#Абдураҳмони_Ҷомӣ ✍️

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

📚#Маҷолиси_саъба
✍#Мавлоно_Ҷалолуддини_Румӣ

Касеро ки дар андарун андаке рӯшанӣ набвад, панди берунаш суд надорад.

Ва ҳар киро дар андарун андаке рӯшноӣ бувад, рӯшноии каломи орифон аз гӯши ӯ дарояд, то андар вай пайвандад.
Нур сӯи нур давад.

Агар хоҳӣ, ки дар зери хок наравӣ,
Дар нур гурез, ки нур зери хок наравад...

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Қуръон аз яксаду чаҳордаҳ сура иборат буда, бо ривояте шаш ҳазору шашсаду шасту шаш оят дорад.
Аз байни он ҳазор ояти амрӣ вуҷуд дорад, яъне фармудаҳои Худованд, ки иҷрои ин ба ҳамаи муъминон ҳатмист.
Ҳазор ояти дигар наҳйкунанда аст, яъне мӯъминонро аз баъзе корҳо манъ мекунад. (Аз ин бармеояд, ки Худованд инсонро ба амалҳои муфид ҳидоят мекунад ва аз корҳои бад боз медорад.)
Ва боз ҳазор ояти дигар ваъда аст. (Яъне Худованд касонеро, ки ба Қуръон амал мекунанд, подоши нек ваъда додааст.)
Ҳазор ояти дигар бошад ваъид аст. (Дар ин оятҳо Худованд барои шахсоне, ки ба Қуръон амал намекунанд, азоби охиратро муайян кардааст.)
Ҳазор ояти баъди таърихи паёмбарони гузаштаро қисса мекунад.
Панҷсад оят баёнкунандаи ҳалолу ҳаром аст. (Бо ин оятҳо амалҳои ҳалолу ҳароми шариати ислом ҷудо карда шудааст.)
Сад ояти дигар дуоҳои субҳу шом ва зикру тасбеҳ ба Худовандро баён мекунад.
Шасту шаш оятҳои боқимондаро оятҳои Мансух (ҳукми ин оятҳо эътибор надорад) мегӯянд. (Яъне оятҳои пасон омада ҳукми пеширо бекор кардааст.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дар талаб то чанд резӣ обрӯи комро?
Як сабақ шогирди истиғно кун ин ибромро.
Доғ будан дар хумори матлаби ноёб чанд?
Пухта натвон кард аз оташ орзуи хомро.
Магзар аз мавқеъшиносӣ, варна, дар арзи ниёз
Беш аз оруғ аст нафрат оҳи беҳангомро.
Мехиромад пешпеши дил тапишҳои нафас,
Ваҳшат аз нахчир ҳам беш аст ин ҷо домро.
Монеи сайри сабукрав пойи хоболуд нест,
Боли парвоз аст зиндони нигинҳо номро.
Дурии васлат ба қадри дастгоҳи ҷустуҷӯст,
Қатъ кун ваҳму хиёли қосиду пайғомро.
Ҳусни мутлақ доштам, худбиниям оина кард,
Ин қадарҳо ҳам асар мебудааст авҳомро.
Чун ғубори шишаи соат тасаллидушманем,
Аз мизоҷи хоки мо ҳам бурдаанд оромро.
Зиндагӣ то кай ҳалоки Каъбаву дайрат кунад?
Беҳ, ки аз дӯш афканӣ ин ҷомаи эҳромро.
Аз тағофул то нигоҳи чашми хубон фарқ нест,
Нашъа якранг аст ин ҷо дурду софи ҷомро.
Ҳалқаи он зулф равнақ аз ғубори дил гирифт,
Дуди оҳи сайди мо шуд сурма чашми домро.
Кай равад фикри мазаррат аз мизоҷи аҳли кин?
Мор натвонад ҷудо аз заҳр дидан комро.
Арзи маънӣ дигару изҳори сурат дигар аст,
Бедил, аз оина натвон хост вазъи ҷомро.

#БЕДИЛ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Агар андар ғариби аз либоси зар ба тан дорӣ,
Агар сад булбули гуёи хушхон дар чаман дорӣ,

Агар сад нозу неъмат рӯи хон дур аз Ватан дорӣ,
Дилат майли Ватан дорад, ҳавои он чаман дорад.

Агар гирди ҷаҳон гардӣ,
Замину осмон гардӣ.
Агар бо васфи номи хеш,
Ҳамеша дар забон гардӣ.

Агар ғарқи маишатҳову нозу обу дон гардӣ,
Дилат майли Ватан дорад, ҳавои он чаман дорад.

Агар Искандаре бошӣ, ҷаҳонро сарваре бошӣ,
Агар аз мушкили фориғ ба сад болу паре бошӣ,

Агар дар мулки бегона, чу тоҷе бар саре бошӣ,
Дилат майли Ватан дорад, ҳавои он чаман дорад.

Агар чун шоири Раштӣ зи ҳар қисса қалам созӣ,
Агар дар ҷодаӣ ашъор ба лутфи ҳақ қадам созӣ.

Агар баҳри ризои ёр дили бишкаста нам созӣ,
Дилат майли Ватан дорад, ҳавои он чаман дорад.

Муҳаммадиқболи Раштӣ. ✍️

Читать полностью…
Subscribe to a channel