adabiyoti_klassiki | Unsorted

Telegram-канал adabiyoti_klassiki - 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

796

¤ Ирфон ¤ Ҳикмат ¤ Панд ¤ Шеър ¤ Байт ¤ Ғазал ¤ Андеша (аз бузургони олами классикӣ ва ҷадид) http/t.me/ADABIYOTI_KLASSIKI

Subscribe to a channel

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дар сӯҳбат ба шоҳ Файсал Бобоҷон Ғафуров ояте аз сураи Қуръон оварда, боз илова мекунад, ки ҳеч як пирӯзӣ бе дӯстию рафоқат даст надодааст.
Дар ин ҷо ҳадиси ҷаноби пайғамбар (с)-ро овада гуфтааст:»
Мӯъминон дар дӯстӣ ва раҳму шафқат монанди як ҷисманд, узве агар ба дард ояд ҳамаи узвҳои дигар низ дард мекашад». Мо бояд мамлакатҳои ба ҳам тифоқ бошем, сулҳу салоҳро сиёсати хирадмандонаим худ донем. Ҳар як инсони хирадманд барои бунёди бинои дӯстӣ, барио манфиати сулҳу салоҳ бояд кори аз дасташ меомадагӣ ва аз ӯҳдааш мебаромадагиашро иҷро кунад. Каъба хонаи Худо муқаддастарин ҷои мусулмонони олам аст, ман, ки фарзанди мусулмон ҳастам, тавофи Каъбаро ҳанӯз аз овони ҷавонӣ сидқан ва самимона мехостам.
Вале нуқси поям имконият намедод, ки ин рукни муқаддасотро иҷро намоям. Ҳоло ҳам дар андешаам, ки бо ин пои ланг дар ин сину сол ин қадар масофаро чӣ тавр ҳаҷ мекунам?
Аз ин сӯҳбат, аз ин ҷавобҳои пурмаъно ва хирадмандонаи Бобоҷон Ғафуров шоҳ Файсал ба ваҷд омада, як луқмае мепартояд:
-Во аҷабо, агар коммунистон ин хел муътақиди дини ислом бошанд, сад офарин!
Баъди сӯҳбат шоҳ Файсал ба Бобоҷон Ғафуров рӯ оварда мегӯяд, ки барои шумо боз аробаи дучарха пайдо мекунем ва ба аробача мешинед ва ҳаҷро адо мекунед.
Рӯзи дигар зиёрати хонаи Каъбаро адо карданд.

Усмонҷон Ғаффоров

Дар акс: Бобоҷон Ғафуров соли 1974 дар Арабистони Саудӣ.

#Аз ҳикоёти исломӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ҳайфи умри мард, агар дар бистари зан бигзарад,
Ҳайфи умри зан агар бо оҳу шеван бигзарад.

Олимон дар базми май дасту гиребон мешаванд,
Ҳайфи он дониш, ки дар баҳси тую ман бигзарад.

Тарсуе тарсида аз пилла ба пилла по ниҳад,
Ҳайфи умре, ки фақат бо бими мурдан бигзарад.

Ҳайфи он кавдан, ки бошад тирамағзу тирадил,
Тира дида манзари дунёи равшан, бигзарад.

Ҳайфи он дасте, ки гирад аз гиребони падар,
Ғофил аз кайфияти дастобагардан бигзарад.

Ҳайфи он ошиқ, ки танҳо васл хоҳад, асл не,
Бехабар аз асли дил аз кӯчаи фан бигзарад
.
#ЛОИҚ_ШЕРАЛӢ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

🔶Чаҳор нуни роҳкушо

Барои робита хуб ва иҷоди оромиш:
✨набин
✨нагӯ
✨нашнав
✨напурс

Дар чи маврид, чи гуна?

🍁 Набин

1 -айби мардумро набин;
2 -масоили ҷазои дар зиндагӣ, хонаводагиро набин;
3 -корҳои хуби худатро, ки барои дигарон анҷом медиҳӣ, набин;
4 -гоҳе бояд вонамуд кунӣ, ки надидӣ;

🍁 Нагӯ

1 -ҳар чи шунидӣ нагӯ;
2 -ба касе, ки ҳарфат дар ӯ таъсир надорад нагӯ;
3 -сухане, ки диле наёзорад нагӯ;
4 -ҳар сухани ростеро, ҳар ҷо нагӯ;
5 -ҳар хайре, ки дар ҳаққи дигарон карди нагӯ;
6 -розро нагӯ, ҳатто ба наздиктарин афрод;

🍁 Нашнав

1 -ҳар сухан арзиши шунидан надорад;
2 -вақте ду нафар оҳиста сухан мегӯянд, сайъ кун нашнавӣ;
3 -ғайбатро нашнав;
4 -гоҳе вонамуд кун, ки нашнидӣ;

🍁 Напурс
1 -он чиро, ки ба ту марбут нест напурс;
2 -он чи ки шахс аз гуфтанаш шарм дорад напурс;
3 -ончи боиси озори шахс мешавад, напурс;
4 -он пурсише, ки дар он фоидае нест напурс;
5 -он чи ки муҷиби ихтилоф ва низоъ мешавад, напурс;
🌸🌸

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

🖌Шеърҳои устод Рӯдакӣ ба забони қазоқӣ тарҷума мешаванд.

Дар ин бора президенти Академияи байналмилалии туркӣ ва сафири ҶТ дар Қазоқистон гуфт.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ - асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик аст. Ӯ бо хатту забони форсӣ эҷод кардааст.

Манбаъ: Спутник 'Таджикистан

@ADABIYOTI_KLASSIKI

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,
Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт!
Ман агар некаму гар бад, ту бирав худро бош,
Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт!
#ҲОФИЗ

Дар аҳодиси набавӣ омадааст, Паёмбари акрам, Муҳаммад (с.а.в.) боре чунин фармудааст: “Куллу масъулун лил ар-раъиятиҳи…”, яъне ҳама (ҳар шахс) ба раъияти (гирду атрофи) худ ҷавобгар аст. Яъне, масоили масъулият (ҷавобгарӣ) дар шариъати исломӣ яке аз асоситарин вазоифи (вазифаҳои) ҳар як фарди мусалмон аст ва чун тобеъу мутеъи суннати Расулуллоҳ бар ҳар яки мо воҷиб гаштааст, пас, мо бояд ин ҷавобгариро бар уҳда дошта бошему аз он “Ин кори ман не!” гуфта, нагурезем.

Дигар он аст, ки ин масъулият дар чӣ зоҳир мешавад ва ҳадду канори вай то куҷост? Ҷавоб дар Қуръон аст. Шояд борҳо онро хондаед ва начандон ба он аҳамият дода бошед.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

ای که راز دیگران را زود افشا میکنی
رازهای خویشتن را از چه حاشا میکنی

قلب من یا تو ندارد آبرو بازیچه نیست
عیب ونقص دیگران را از چه انشا میکنی

ستر عیب دیگران کردن مرام حق بود
با چه رویی عیب مردم را تماشا میکنی

غافل از عیب خودی وغرق درعیب همه
درمسیر عیب جویی سعی کوشا میکنی

خانه ی یکتا پرستان حرمتش چون کعبه است
زندگی بر مردمان اینگونه نوشا میکنی؟!


Эй ки рози дигаронро зуд ифшо мекунӣ,
Розҳои хештанро аз чи ҳошо мекунӣ?

Қалб ман ё ту надорад, обрӯ бозича нест,
Айбу нуқси дигаронро аз чи иншо мекунӣ.

Сатри айби дигарон кардан мароми Ҳақ буд,
Бо чи руйи айби мардумро тамошо мекунӣ.

Ғофил дар айби худиву, ғарқ дар айби ҳама,
Дар масири айбҷуйи сайъ кӯшо мекунӣ.

Хонаи яктопарастон ҳурматаш чун Каъба аст,
Зиндагӣ бар мардумон ингуна нӯшо мекунӣ.

@ADABIYOTI_KLASSIKI

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Изофа:

Нисбати “…ва мим ма ахроҷна лакум минал арз…”,яъне “… ва аз он чизе, ки парваридем барои шумо дар рўйи замин”: мегўянд, ки:

Ҳар гиёҳе, ки аз замин рўяд,
“Ваҳдаҳу! Ло шарика лаҳ!” гўяд.

Яъне, аз ин ҷост, ки ин ҳама рустаниҳо дар замин Худоро ба покӣ ёд мекунанд, ўро тасбеҳ мехонанд ва дар ин рўиданиҳо на танҳо ризқи инсон, балки “… ва лианъамикум” (аз Қуръон), ризқи ҷонварони дигар будааст ва ин ҳама, ризқи нек (тайиба) ва ҳалол аст.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ҷон бе ҷамоли ҷонон майли ҷаҳон надорад,
Ҳар кас ки ин надорад ҳаққо, ки он надорад.

Бо ҳеҷ кас нишоне з-он дилситон надидем,
Ё ман хабар надорам ё ӯ нишон надорад.

Ҳар шабнаме дар ин роҳ сад баҳри оташин аст,
Дардо, ки ин муаммо шарҳу баён надорад.

Сарманзили фароғат натвон зи даст додан,
Эй сорбон, фурӯкаш, к- ин роҳ карон надорад.

Чанги хамидақомат, мехондат ба ишрат,
Бишнав, ки панди пирон ҳеҷат зиён надорад.

Эй дил тариқи риндӣ, аз муҳтасиб биёмӯз,
Маст асту дар ҳаққи ӯ, кас ин гумон надорад.

Аҳволи ганҷи Қорун к-айём дод бар бод,
Дар гӯши дил фурӯхон то зар ниҳон надорад.

Гар худ рақиби шамъ аст, асрор аз ӯ бипӯшон,
К-он шӯхи сарбурида, банди забон надорад.

Кас дар ҷаҳон надорад як банда ҳамчу Ҳофиз,
Зеро ки чун ту шоҳе, кас дар ҷаҳон надорад
.
#ҲОФИЗ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Вомаш мадеҳ, он ки бенамоз аст,
Гарчӣ даҳанаш зи фоқа боз аст!
К-ў фарзи Худо намегузорад,
Аз қарзи ту низ ғам надорад!
#САЪДӢ

“Ҳой бародар! О, вай аз Худо наметарсаду... Фикр намудӣ, ки аз ту, пас, метарсида бошад?!” Шахси “ботақво” касест, ки аз кори ноҷоизу макруҳу ҳаром фармудаи Худованд парҳез мекунад, дур меистад (кал. “тақво” – аз феъли арабии “виқоя” гирифта шудааст, яъне, парҳез намудан, дур истодан, накардани он чизе, ки нисбаташ накун гуфта амр кардаанд).

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ҳама рӯз рӯза будан, ҳама шаб намоз кардан,
Ҳама сола Ҳаҷ намудан, сафари Ҳиҷоз кардан

Зи Мадина то Макка сару по бараҳна рафтан
Ду лаб аз барои лаббайк, ба вазифа боз кардан.

Ба маъобаду масоҷид, ҳама эътикоф ҷустан,
Зи маноҳиву малоҳӣ, ҳама иҳтироз кардан.

Шаби ҷумъаҳо нахуфтан, ба Худо роз кардан
Зи вуҷуди бениёзаш, талаби ниёз кардан.

Ба Худо ки ҳеҷ якро , самар он қадар набошад ,
Ки ба руи ноумеде, дари баста боз кардан.

#Шайх Баҳоӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

35 далел ё маълумоти ҷолиб дар бораи Паёмбар (с.а.в):

1. Паёмбар (с.а.в) вақте ки Одам (алайҳиссалом) ҳанӯз дар байни ҷон ва ҷасад буд набӣ буданд.

2. Дар насаби Паёмбар (с.а.в) то Одам (алайҳиссалом), аз ягон нафари онҳо, ҳеҷ амали фаҳш (бадахлоқона) содир накардаанд.

3. Паёмбар (с.а.в) Аҳмад номида шуданд. Маънои Аҳмад: “Бештар аз ҳама Худоро ситоиш кунанда” мебошад. Пеш аз он зоти бобаракот ҳеҷ касро чунин ном ниҳода нашудааст.

4. Паёмбар (с.а.в) шаб гурусна хобида субҳ сер бармехестанд. Худованд он зотро таом медод.

5. Паёмбари Худо (с.а.в) тарафи пушти сарро медиданд, чи тавре, ки тарафи пешро медиданд.

6. Паёмбари Худо (с.а.в) шаби торикро тавре медиданд, ки рӯзро медид.

7. Оби даҳони Паёмбар (с.а.в) оби шӯрро ҳам тоза ва ширин мекард.

8. Тарсу ҳаросро дар дили душманони Паёмбари Худо (с.а.в) аз масофаи як моҳа роҳ ҷой мегирифт.

9. Паёмбар (с.а.в) ҳеҷ гоҳ хамёза накардаанд.

10. Расулуллоҳ (с.а.в) ва дигар паёмбарон ҳеҷ гоҳ эҳтилом нашудаанд.

11. Арақи Паёмбар (с.а.в) аз мушк хушбӯйтар буд.

12. Паёмбари Худо (с.а.в) соя надоштанд. Он зот комилан нур будаанд.

13. Ҳеҷ гоҳ дар либоси Паёмбар (с.а.в) магасе нанишастааст.

14. Ҳеҷ гоҳ Паёмбари Худо (с.а.в) -ро кайк ва дигар ҳашарот неш зада азият надодааст.

15. Саворие, ки Паёмбар (с.а.в) нишастаанд ҳеҷ гоҳ пешоб ва бавл намекард.

16. Ҳаногми ба дунё омдани Паёмбар (с.а.в) коҳинон (рӯҳониёни насронӣ ва яҳудӣ) натавонистаанд аз осмон хабар гиранд.

17. Расулуллоҳ (с.а.в) дар шаби Меъроҷ ба тамоми паёмбарон ва фариштагон имом шуда намоз гузоридаанд.

18. Ба уммати Расулуллоҳ (с.а.в) тамоми замин ҳамчун масҷид дода шудааст.

19. Паёмбар (с.а.в) агар дар замони пайғамбарони пешин меомаданд, пайғамбарони дигар бар он зот уммат мешуданд.

20. Барои умматон Расулуллоҳ (с.а.в)ро бо ном хондан ҳаром гардонида шудааст (Нур-63).

21. Ба асҳоби Расулуллоҳ (с.а.в) аз овозашон баландтар сухан гуфтан манъ карда шудааст (Ҳуҷурот 2).

22. Фаришта Исрофил (а) назди Расули Худо (с.а.в) фуруд омада. Ин фаришта пеш аз ин ҳеҷ гоҳ дар назди ҳеҷ як паёмбар фуруд наомадаанд.

23. Гуноҳҳои қаблӣ ва баъдии Паёмбар (с.а.в) бахшида шуданд (Фатҳи 1-2).

24. Аз бандагон дар қабр дар бораи Пайғамбар (с.а.в) пурсида мешавад, на дар бораи паёмбарони дигар.

25. Касе, ки Паёмбари Худоро (с.а.в) дар хоб бинад, он зотро дар асл дидааст. Зеро шайтон ба сурати пайғамбар даромада наметавонад.

26. Вақте ки Паёмбар (с.а.в) касеро садо кунанд, агар он одам ҳатто дар намоз ҳам бошад барояш барояш ҷавоб додан воҷиб буд.

27. Вақте ки Расули Худо (с,а.в) ба дорулбақо реҳлат намуданд саҳобаҳо ҷанозаро бе имом, гурӯҳ-гурӯҳ анҷом доданд. Ва дар ин намоздуои машҳури ҷаноза хонда нашудааст.

28. Ҷасади мубораки Паёмбар (с.а.в) пӯсида намешавад.

29. Фариштае ба қабри Расулуллоҳ (с.а.в) муваккал гардонида шуда, дуруди тамоми дурудгӯяндагонро мерасонад.

30. Дар рӯзи қиёмат аввалин шуда қабри Паёмбар (с.а.в) кушода мешавад. Он зот рар охират дар иҳотаи ҳафтод ҳазор фаришта мешаванд.

31. Паёмбар (с.а.в) аввалин шуда аз пули Сирот убур мекунанд.

32. Паёмбар (с.а.в) ба Маҳшаргоҳ бо аспе бо ном Бурақ меоянд.

33. Паёмбар (с.а.в.) дар рӯзи қиёмат дар тарафи рости Арш хоҳанд истод, ба тавре ки касе ҷуз эшон дар он ҷо нахоҳад истод.

34. Паёмбар (с.а.в) аввалин шуда ба биҳишт дохил мешаванд.

35. Умматони Расулуллоҳ (с.а.в ) дар рӯзи қиёмат аввалин шуда пурсида мешаванд.

Манбаъ: асари "Сарвари ду ҷаҳон" - Сайид Муҳаммад Ҳасанӣ!!

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Сабаби қабул
нашудани дуо.

Иброҳими Адҳам дар Басра аз
хиёбоне мегузашт. Мардум аз ӯ
суол карданд:
- Чаро ба Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) дуо
мекунем, аммо дуоҳоямон қабул
намегардад.
Иброҳими Адҳам мефармояд:
- Барои он дуоҳоятон қабул
намегардад, ки қалбҳоятон аз ин
даҳ сабаб мурдаанд.

1. Аллоҳро медонед, аммо
бандагӣ намекунед.

2. Қуръон мехонед, аммо амал
намекунед.

3. Даъвои уммати ҳазрати
Муҳаммад (с.а.с.) мекунед, аммо
суннатҳояшро ба ҷо намеоред.

4. Неъматҳои Аллоҳро истифода
мекунед, аммо шукронаи Ӯро
намекунед.

5. Даъвои душманӣ бар шайтон
мекунед, аммо ӯро пайравӣ
мекунед ва хости ӯро амалӣ
мегардонед.

6. Даъвои рафтан ба ҷаннат
мекунед, аммо барои он коре
анҷом намедиҳед.

7. Ҷаҳаннамро ҳақ ва макони
даҳшат медонед, аммо аз ӯ
намегурезед.

8. Мегӯед, ки марг ҳақ, аммо
омодагӣ намегиред.

9. Аз хоб мехезед ва айби
дигаронро мекобед, аммо айбҳои
худро фаромӯш мекунед.

10. Мурдаҳоятонро гур мекунед,
аммо аз онҳо ибрат намегиред.
Пас, Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) чӣ гуна
дуоҳои шуморо қабул намояд!

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

НАЙНОМА²
Оташи ишқ аст, к-андар най фитод,
Ҷӯшиши ишқ аст, к-андар май фитод.

Най ҳарифи ҳар кӣ аз ёре бурид,
Пардаҳояш пардаҳои мо дарид.

Ҳамчу най заҳреву тарёқе кӣ дид?
Ҳамчу най дамсозу муштоқе кӣ дид?

Най ҳадиси роҳи пурхун мекунад,
Қиссаҳои ишқи Маҷнун мекунад.

Маҳрами ин ҳуш ҷуз беҳуш нест,
Мар забонро муштарӣ ҷуз гӯш нест.

Дар ғами мо рӯзҳо бегоҳ шуд,
Рӯзҳо бо сӯзҳо ҳамроҳ шуд.

Рӯзҳо гар рафт, гӯ: «Рав бок нест.
Ту бимон, эй он ки чун ту пок нест».

Ҳар кӣ ҷуз моҳӣ зи обаш сер шуд,
Ҳар кӣ берӯзист, рӯзаш дер шуд.

Дарнаёбад ҳоли пухта ҳеҷ хом,
Пас сухан кӯтоҳ бояд, вассалом
!
#МАВЛОНО_РУМӢ аз "МАСНАВӢ"

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Чу бар рӯйи замин бошӣ, тавоноӣ ғанимат дон,
Ки даврон нотавониҳо басе зери замин дорад!

#ҲОФИЗ

Бале, чун болотар аз ин мисраҳои олӣ, Ҳофиз оид ба “хотири маҷмўъ”, яъне, “хотири ҷамъ”-и урфиёна ва “ёри нозанин”, яъне, Худовандеро, ки дар “дили бе ғам” ҷой дорад, баён доштааст ва аз он “гуле, ки ба рўят” механдидаасту мафтун мекардааст, яъне, фасонаи дунёи фонӣ, ки ҳамагӣ оқибат бодрезу хазон мешудааст, ҳушдор додааст.

Ва ин тавоноиро бояд инсон то он даме, ки “... бар рўйи замин бошад” “ғанимат” донад, чунки “даврон”, яъне дунёву замона, ин “нотавониҳоро”, яъне, имконияти аз даст рафтаи ашхоси фавтидаро басе бо он нотавониҳояшон “зери замин” доштааст, яъне, мурдаву қабршуда.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Рузе Баҳлул вориди қасри Ҳорун шуд.
Ҳорун гуфт:
- Эй, Баҳлул маро панде деҳ.
Баҳлул гуфт:
- Агар дар биёбоне ҳеҷ обе набошад, ташнагӣ бар ту ғалаба кунад ва мехоҳӣ ба ҳалокат бирасӣ чи медиҳӣ, то туро ҷуръае об диҳанд, ки худро сероб кунӣ?
Гуфт:
- Сад динори тилло.
Баҳлул гуфт:
- Агар соҳиби об ба тилло ризоят надиҳад чи медиҳӣ?
Гуфт:
- Нисфи подшоҳии худро медиҳам.
Баҳлул гуфт;
- Пас аз онки ошомидӣ, агар ба маризи ҳиссилявм мубтало гардӣ ва натвони онро рафъ кунӣ, боз чи диҳӣ, то касе он маризиро аз байн бибарад?
Ҳорун гуфт:
- Нисфи дигари подшоҳии худро медиҳам.
Баҳлул гуфт:
- Пас мағрур ба ин подшоҳӣ набош, ки қимати он аз як ҷуръа об беш нест.
Оё сазовор нест, ки ба халқи Аллоҳ некуӣ кунӣ?!

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

АКАДЕМИК БОБОЧОН ҒАФУРОВ
РАИСИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ЗИЕРАТИ КАЬБА КАРДА БУД...

…Соли 1974 ба Бобоҷон Ғафуров имкон даст медиҳад, ки барои зиёрати хонаи Худо ба Макаю Мадина ба ҳаҷ равад.
То академик Бобоҷон Ғафуров ҳеч як намояндаи мусулмонони шӯравӣ ва ҳеч як донишманд ва замоне котиби ҳизби ҷумҳурӣ ба ин сафари ҳаҷ нарафта буд.
Бобоҷон Ғафуров соли 1974 сафари муборакро дар Арабистони Саудӣ аз шаҳри Ҷидда оғоз мекунад.
Подшоҳи он Файсал ибни Абдулазиз ас-Суудшоҳ эшонро қабул мекунад.
Яке аз аввалин суоли шоҳ ин буд, ки «Оё Шумо Каъбаро тавоф карданиед?
Оё коммунистон ба ин эътиқодманданд?» ва дигар чизҳоро пурсид.
Бобоҷон Ғафуров, ки аз ҳамаи сураҳои Қуръон ва ҳадисҳо бохабар буд, бадоҳатан ҷавоб дод:
-Каъбаро тавоф кардан, пеш аз ҳама, шарт аст, ҳазрат.
Ҳар як фарде, ки худро мусулмон мешуморад, бояд аз ҳақиқати ислом бохабар бошад.
Мо, ки алҳамдулилоҳ мусулмон ҳастем, бояд вазифаи мусулмониро аз худ кунем ва аз рӯи нишондоди он амал намоем.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Бо ту гар хоҳӣ сухан гӯяд Худо, Қуръон бихон,
То шавад рӯҳи ту бо Ҳақ ошно, Қуръон бихон.
Эй башар ёди Худо оромиши дил медиҳад,
Дардмандонро бувад шифо, Қуръон бихон.
Иззати Аҳмад зи қуръонаш намегардад ҷудо,
То биёбӣ маънии ин нуктаро, Қуръон бихон.
Нақши Қуръон то дар ин олам нишаст,
Нақшҳои коҳину Попо шикаст.
Фош гӯям он чи дар дил музмар аст,
Ин китобе нест чизи дигар аст.
@ADABIYOTI_KLASSIKI

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Фалсафаи зиндагӣ тарҷеҳашро дигар кард,
Танҳоиро зи минбаъд бо хонумон асар кард.
Ба гетӣ шоҳигарӣ ҷуз халқият ҷуз маъно,
Ин тавону иқтидораш ғуломеро басар кард.

@ADABIYOTI_KLASSIKI

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Мутаваҷҷеҳ бошед, ки роҳу меҳнату машаққати рисолати паёмбарии Муҳаммад (с.а.в.) на савову (роҳи ҳамвор) пур аз гулу райҳон, қанду шакар ва ё иддаои бемонеъ буд; на, на… Балки ин роҳро барояш каҷ карданд, дар роҳаш на гулҳо, балки хорҳо коштанд, ҳар ҷо, ки бо даъват баромад мекард, онро саҳнаи таҳқиру масхара гардониданд, борҳо бар сараш аз боло лаққу лути дарунии ҳайвони куштаро мерехтанд, дар муҳориба лату кўб намуда, дандонашро шикастанд ва ҳоказо… Ин ҳаёти сахттарин ва аз санҷишҳои оҳанин буд. Ва оё пас аз ин ҳама, мо ҳоло ҳам дар фикри он ҳастем, ки “ҳабиби Худо” гаштан осон буд? Оё шумо фикр мекунед, ки Паёмбар дилгир намешуд, гиря намекард, оҳи дил намебаровард, ба Худо шикоят намекард? О, чӣ қадар бар ин бовар мекунем, агарчанде дар Қуръон Худо кушоду рўшан мегўяд, ки “… ва ў ҳам мисли шумо аз ҷинси башар аст”, яъне одам аст ва тамоми эҳсосоте, ки инсон онҳоро дорост, ҳамоно Паёмбар ҳам дорост…

Дигараш ин аст, ки дар баъзе аз амрҳое, ки Худо бар Паёмбар кардааст, чун вай нишонаи ҷинсияти мосту аз башар аст ва симои мост ва намояндаи мост, пас, дар он ҳар яки мо бояд он амрро барои худ бинему барои худ донем; на он ки “Инро ба Муҳаммад (с.а.в.) гуфтаасту бас” гуфта, аз масъулият дур бошем. Ва бинед, ки миёни вазоифи он Ҳазрат башорат (хабар аз неку бад , аз ҳалолу ҳаром) додану нозирӣ (огаҳ кардану таъкид намудан, бим кардану пеши роҳ гирифтан) ҳам буд: “Иннама анта мунзирун…” (аз Қуръон),яъне (бе чуну чаро) ту аз огаҳкунандагон ҳастӣ.

Вале “… ва ласта ъалайҳим бимусайтир” (аз Қуръон), яъне ту бар онҳо (бар он чизе, ки онҳо мекунанду мегўянд) каминагир (ҷавобгар) нестӣ!

Аз ин ҷост, ки вазифаи ҳар як фарди мусалмон – ин огаҳ намудан аст, пешгирӣ аст, вале агар ашхоси огаҳшуда онро ба худ нагиранд, ин пас, айби огаҳкунанда нест, чунки: “Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт!”, яъне ҳар кас ҷазову мукофоти худро худаш мегирад ва “… гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт!”, яъне дар Номаи Аъмоли ҳар шахс аъмоли ҳамон шахс навишта мешаваду бас.

Пас, “эй зоҳиди покизасиришт”, яъне, эй марди порсову парҳезгор, парҳез кун ва “айби риндон” макун, яъне дар озодфикрии мо, дар зиракии мо, дар айёшии мо айбе маҷўй, ки агар дар ин роҳ чизеро кошта бошем, ҳатман, онро худамон “дар оқибати кор медаравем”.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

شکسپیر می گوید :

وقتی میتوانستم صحبت کنم
گفتند گوش کن...
وقتی میتوانستم بازی کنم
مرا کار کردن آموختند...
وقتی کاری پیدا کردم ازدواج کردم...
وقتی ازدواج کردم بچه ها آمدند...
وقتی آنها را درک کردم مرا ترک کردند...
وقتی یاد گرفتم چگونه زندگی کنم زندگی تمام شد!
زیبا زندگی کنید...

Шекспир мегӯяд;

Вақте, метавонистам сӯҳбат кунам гуфтанд гӯш кун...
Вақте, метавонистам бозӣ кунам маро кор кардан омӯхтанд....
Вақте, коре пайдо кардам издивоҷ кардам...
Вақте, издивоҷ кардам бачаҳо омаданд...
Вақте, онҳоро дарк кардам маро тарк карданд...
Вақте, ёд гирифтам чигуна зиндагӣ кунам зиндагӣ тамом шуд!
Зебо зиндагӣ кунед...

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Мурғи беболу паре дидам, дилам омад ба ёд,
Нолаи чуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд.
Аз фиребу ваъдаҳои ў шудам розӣ ба марг,
Шаб ҳама шаб дасту теғи қотилам омад ба ёд.
Дар талоши баҳр чун гирдоб саргардон шудам.
Ҳасрати лабҳои хушки соҳилам омад ба ёд.
Сар назад аз киштзори умри ман ғайр аз сипанд,
Сўхтам, чун мазраи беҳосилам омад ба ёд.
Сайидо, дидам ба хок афтода барги лолагун,
Теғи ноҳақхўрда сайди бисмилам омад ба ёд
.
#САЙИДОИ_НАСАФӢ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Луқмае, к-он нур афзуду камол,
Он бувад оварда аз касби ҳалол.

#МАВЛОНО

“Ё айюҳал лазина аману! Анфиқу мин тайибати мо касабтум ва мимма ахраҷна лакум минал арз…” (аз Сураи “Бақара”: эй муъминон, харҷ кунед аз покизаҳои он чизе, ки шумо касб намудаед ва аз он чизе, ки парваридем барои шумо дар рўйи замин.

Пас, луқмаи ҳалол он луқмаест, ки ҳосилу натиҷаи касбу меҳнати ҳалоли мост ва мо метавонем онро на танҳо барои худ, балки барои дигарон ҳам, дар роҳи Худо, харҷ намоему ҳамеша дасткушодона арзонӣ дорем. Ва дар кору маҳсулоти ҳалол Худованд “нуру камолро” афзудааст. Дар ҷое аз Қуръон фармуда: “… валлоҳу юзоъифу лиман яшаъ…”, яъне Худо неъматро ба ҳар шахсе, ки хостааст, чанд маротиба зиёдтар медиҳад.

Пас, “касби ҳалолро”, яъне ҳунари ҳалол, ки маоши ҳалолро меоварад, пеша гирему аз ҳосилу натиҷаи он истеъмол намоему ба дигарон арзонӣ дорем, ки дар он нуру камоли Худо афзуда шудааст.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Пас, шахси ботақво шахсест, ки аз тарси огаҳонидани Худованд гуфтаҳои ўро мекардаасту дур меистодаасту парҳез мекардааст, яъне, “худотарс” будааст. Валекин, мутаассифона, ҳастанд онон, ки бетақвогӣ менамоянд, агарчанд имрўз калимаи “бенамоз”-ро танҳо нисбати занҳо дар вақти ҳайзи моҳонаашон истифода мебаранд, “бенамоз” гуфта, аслан мардҳоро ҳам мегўянд ва ё инсонеро бидуни муносибат ба ҷинси мухталиф, ки бетақвову худонотарс аст.

Пас, чун Саъдӣ насиҳат кард “гарчанд даҳанаш аз фоқа боз” бошад ҳам, яъне, аз гуруснагиву нодорӣ кушодаву талабанда бошад ҳам, чунинро “вом”, яъне, кумаки молӣ ва ё моддӣ, ки дертар бояд бозгардонида шавад, марасон, ки вай “бенамоз” аст, яъне, шахсе, ки ботақво нест, худонотарс аст, фиребгару маккору айбҷўяндаву аҳдшикану мағруру мутакаббиру ҳоказост. Ва бидон, ки чунинон гар “фарзи Худо”-ро ба ҷо наёранд, пас, чӣ гуна онҳо воми туро бозмегардонанд?! О, бандаи худонотарс чӣ гуна аз бандааш метарсад?!

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

مرا گفت برخیز و دل شاددار
روان را ز درد و غم آزاد دار

نگر تا که دل را نداری تباه
ز اندیشه و داد فریاد خواه

جهان چون گذاری همی بگذرد
خردمند مردم چرا غم خورد

#فردوسی

Маро гуфт бархез ва диле шод дор,
Равонро зи дарду ғам озод дор.
Нигар то ки дилеро надори табоҳ,
Зи андешаву дод фарёд хоҳ.
Ҷаҳон чун гузорӣ ҳаме бигзарад,
Хирандманд мардум чаро ғам хурад.

#ФИРДАВСӢ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

-Эй писараки ман, бар ту бод иқбол, ба аъмоли хайру иҷтиноб аз аъмоли шарр. Чи амали хайр хомӯшкунандаи шарр аст. Он кас, ки гӯяд, шарр боиси хомӯшии шарр аст, дурӯғ гуфта, зеро ки агар оташе паҳлӯи оташи дигаре бияфрӯзанд, бар шӯълаи он афзун шавад. Пас он чи шарро хомӯш кунад, аъмоли хайр аст, ҳамон гуна ки хомӯшкунандаи оташ об аст...
Бар мусиботу номулоимотии дунё сабр пеша кун ва аз ҳисоби нафс ғафлат маварз. Қабл аз он ки ҳисоби туро бикшоянд, роҳи хато аз савоб бишинос, то аз лағзиш эмин монӣ...
-Эй писараки ман, талаб кун ҳикматро, мутаваҷҷеҳ соз нафси худро ба сӯйи он ҳар замон, ки ҷомеи ҳикмат шавӣ, чашми басирати ту равшанӣ гирад, ахлоқи ту некӯ шавад. Ва бидон, ки ҳикмат бидуни тадбир ва тафаккур ба манзилаи матоест, ки дар дасти хозини ӯ набошад ва ё гӯсфанде, ки дар марбизи худ дохил нагардад. Ва дар ин ҳол ҳар соат дар маҳалли офат аст ва дучори ҳалокат.
Бидон, ки изҳорккнандаи ҳикмат забон аст. То метавонӣ онро ҳифз кун, зеро ҳар гоҳ фосид гардад, забони ту табоҳ шавад...

#ЛУҚМОН

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ё бирав ҳамчун занон рангею бӯе пеш гир,
Ё дарою ҳамчу мардон гӯй дар майдон фикан!

#САНОӢ

Мард бояд ё марди мард ё зане аз занҳо бошад. Дар сифот марди ҳақиқӣ, мисли табиъати худододааш, мард бояд бошад, вагарна ин нозу ниёзҳо, ин карашмаҳо, ин фитнаву чораҷӯйиҳо ва ғайра, ки ба зан мезебад, мард аз ин сифот озод бояд бошад.

Дар сухан ва ваъда ва иҷроиш ҳам, марди ҳақиқӣ чунин бояд бошад; гуфтӣ, кардӣ! Вагарна, ҳар се аломати мунофиқ дар ин мард, чун дар ҳадиси набавӣ омадааст: «Иза ҳадаса, казаба, иза ваъада, ахлафа ва иза уътумина хона», яъне, вақте, ки сухан гуфт, дурӯғ гуфт, вақте, ки ваъда дод, хилоф кард ва вақте, ки ба амонати шахси дигар хиёнат кард», зоҳир мегаштааст.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ҳамчунин бераҳму сангиндил, ки ҷонони ман аст,
Кай дили ӯ сӯзад аз доғе, ки бар ҷони ман аст.

Носеҳо, беҳуда мегӯӣ, ки дил бардор аз ӯ,
Ман ба фармони дилам кай дил ба фармони ман аст.

Дар илоҷи дарди дил кушиш мафармо, эй табиб,
З- он ки ҳар дарде, ки аз ишқ аст, дармони ман аст.

Бедилонро нест, ғайр аз ҷон супурдан мушкиле,
Он чи эшонрост мушкил, кори осони ман аст.

Ман кӣ бошам, то занам лафзи ғуломӣ бар дараш?
Бандаи онам, ки давлатхоҳи султони ман аст.

Он ки бар домони чокам таъна мезад, гӯ, бизан,
К-ин чунин сад чоки дигар дар гиребони ман аст.

Ҳар чи мегӯяд Ҳилолӣ, дар баёни зулфи ӯ,
Ҳасби ҳоли тирабахту дилпарешони ман аст.

#БАДРИДДИН_ҲИЛОЛӢ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият!
Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ,
Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Хӯру хобу хашму шаҳват шағаб асту ҷаҳлу зулмат,
Ҳаявон хабар надорад зи ҷаҳони одамият!
Ба ҳақиқат одамӣ бошу гарна мурғ бошад,
Ки ҳамин сухан бигӯяд ба забони одамият.
Магар одамӣ набудӣ, ки асири дев мондӣ?
Ки фаришта раҳ надорад ба макони одамият.
Агар ин дарандахӯйӣ зи табиатат бимирад,
Ҳама умр зинда бошӣ ба равони одамият...
Таярони мурғ дидӣ, ту зи пойбанди шаҳват
Бадар ой, то бубинй таярони одамият!
На баёни фазл кардем, ки насиҳати ту гуфтем,
Ҳам аз одамӣ шунидем баёни одамият.
#САЪДӢ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ишқро бе маърифат маъно макун,
Зар надорӣ мушти худро во накун.

Гар надорӣ дониши таркиби ранг,
Байни гулҳо, зишт ё зебо накун.

Пайрави хуршед ё оина бош,
Ҳарчӣ урён дидаӣ ифшо макун.

Эй ки аз ларзидани дил огаҳӣ,
Ҳеҷ касро ҳеҷ ҷо расво макун.

Дил шавад равшан зи шамъи эътироф.
Бо касе бад кардаӣ ҳошо макун.

Зар ба дасти тифл додан аблаҳист,
Ашкро назри ғами дунё макун.

Хуб дидан шарти инсон будан аст,
Айбро дар ину он пайдо макун
.
#МАВЛОНО

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дур аз ту дар ин шаҳр маро ҳамнафасе нест,
Фарёд кунам аз дилу фарёдрасе нест.

Дил шод ба меҳри дигаре кай шавад, эй дӯст,
Гулшан, ки иқоматгоҳи ҳар хору хасе нест.

Моро нафас аз ҳаҷр ба лаб омаду мардум,
Гӯянд ки ин ишқи ту ҳам ҷуз нафасе нест.

Эй, оҳ бисӯзон зи шарар синаи моро,
К-ин сина барои дили мо ҷуз қафасе нест.

Гуфтам ба дил аз ҳамҳама дар сина чу ғавғост,
Гуфто ки дар ин хона ба ҷуз дӯст касе нест.

Ман ғарқи таманнову ту дар соҳили ғафлат,
Афсӯс дигар бар ту маро дастрасе нест
.
#БЕЖАН_ТАРИҚӢ

Читать полностью…
Subscribe to a channel