Дарвешу ғанӣ бандайи ин хоки даранд,
В-онон, ки ғанитаранд, мӯҳтоҷтаранд.
#САЪДӢ
Бале, дуруст мехонанд, ки «На дарвеш бе кафан мондаст дар гӯр, на подшоҳ бурдаст аз як кафан беш!», ки инсон ҳамчун инсон аз ҳамон «як каф хок» офарида шуда, бе мақоми хосаи иқтисодиву иҷтимойӣ ба дунё меояду бо ин ҳама «Сумма аматаҳу фаақбаро» (Сураи «Абаса»), яъне, миронида мешаваду ба қабр монда ва аз он хок «... нухриҷукум таротан ухро» (Сураи «Тоҳо»), яъне, бори дигар дар Рӯзи Қиёмат барангехта (офарида, хориҷ карда) мешавад.
Пас, гарчанде касе дарвешу фақир бошад ва ё молику замир, вай аз хок буду ба хок мубаддал мешавад ва ин бояд панди онро кунад, ки дарвеш ҳасади ғанӣ макунад, чун ағниё ба неъмати зиёда эҳтиёҷ доранду дарвеш ба як бурда нони ҳалолу пок. Ин беҳтар аст!
Аз #РОБИА 7 ғазал, 4 дубайтӣ ва 2 фардбайт боқӣ мондааст;
Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,
Чаман ранги «Аржанг»-и Моно гирифт.
Сабо нофаи мушки Тиббат надошт,
Ҷаҳон бўи мушк аз чӣ маъно гирифт?!
Магар ҷашми Маҷнун ба абр-андар аст,
Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт.
Ҳаме монад андар ақиқин қадаҳ,
Сиришке, ки дар лола маъво гирифт.
Қадаҳ гир чандею дунё магир,
Ки бадбахт шуд, он ки дунё гирифт.
Сари наргиси тоза аз зарру сим,
Нишони сари тоҷи Кисро гирифт.
Чу раҳбон шуд андар либоси кабуд
Бунафша, магар дини тарсо гирифт?!
#ФИРДАВСӢ ва маҷлиси шуаро
Фирдавсии бузург ба воситаи зулми ҳокими Тӯс аз хонаву кошонаи худ ҷудо шудаву ба Ғазнӣ рафт. Чун ба канори шаҳр расид дар боғе фуруд омад.
Аз иттифоқоти рӯзгор он рӯз шуарои ғазнавӣ, яъне Унсурӣ, Фаррухӣ, Масҷадӣ дар боғ сӯҳбат медоштанд. Чун Фирдавсӣ хост ба эшон наздик шавад, шуаро ки вазъи рустоиёнаи ӯро диданд бо худ гуфтанд, беҳтар ин аст, ки ин зоҳиди хушкро дафъи музоҳимат кунем.
Унсурӣ гуфт:
-Мо шоирем, моро нашояд дил биёзорем. Беҳтар аст, ки ӯро ба шеър имтиҳон кунем, агар тамом аёр омад бо ӯ суҳбат бидорем вагарна узри ӯ бихоҳем.
Пас Унсурӣ рӯ ба Фирдавсӣ карда гуфт:
-Бародар мо шоиронем ва дар маҷлиси шуаро ҷуз шоир намеғунҷад, ҳар як мисраъе мегӯем, ту мисраъи чаҳорум бигӯ.
Пас Унсурӣ гуфт:
ЧУН ОРАЗИ ТУ МОҲ НАБОШАД РӮШАН,
Масҷидӣ гуфт:
МОНАНДИ РУХАТ ГУЛ НАБУВАД ДАР ГУЛШАН,
Фаррухӣ гуфт:
МИЖГОНТ ҲАМЕ ГУЗАР КУНАД АЗ ҶАВШАН,
Сипас Фирдавсӣ гуфт:
МОНАНДИ СИНОНИ ГЕВ ДАР ҶАНГИ ПАШАН.
Моро биҳишт суҳбати ёрони ҳамдам аст,
Дидори ёри номутаносиб ҷаҳаннам аст!
Ҳар дам, ки дар ҳузури азизе ба сар барӣ,
Дарёб, к-аз ҳаёти ҷаҳон ҳосил он дам аст!
На ҳар кӣ чашму гӯшу даҳон дорад одамист,
Бас девро, ки сурати фарзанди одам аст.
Он аст одамӣ, ки дар-ӯ ҳусни сират аст,
Ё лутфи суратест, дигар ҳашви олам аст.
Онон, ки дар баҳор ба саҳро намераванд,
Бӯи хуши рабеъ бар эшон муҳаррам аст.
В-он сангдил, ки дида бидӯзад зи рӯи хуб,
Пандаш мадеҳ, ки ҷаҳл дар ӯ нек маҳкам аст!
Ором нест дар ҳама олам ба иттифоқ,
В-ар ҳаст, дар муҷовирати ёри маҳрам аст.
Гар хуни тоза меравад, аз реши аҳли дил,
Дидори дӯстон, ки бубинанд, марҳам аст!
Дунё хуш асту мол азиз асту тан-шариф,
Лекин рафиқ бар ҳама чизе муқаддам аст.
Мумсик барои мол ҳамасола тангдил,
Саъдӣ ба руи дӯст ҳамарӯза хуррам аст!
#САЪДӢ
Ҳофиз кушодаам, чи зебост фоли ту,
Ҳатмо қашанг мешавад имсол ҳоли ту.
Бо он забони фохири форсии асил,
Фархунда бод рӯзу шабу моҳу соли ту.
Дуруд бар обуначиёни шабака!
Ҳамаи шумоёнро бо омадани "Наврӯзи Аҷам" табрику таҳният гуфта, бароятон саломативу хушбахтӣ ва сарсабзу хуррамро орзумандем.
Соли наватон лабрез аз лабханд, шодмонӣ, ишқ ва ормиш бошад.
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод,
Наврӯзатон фирӯз бод!
🍃🌹🍃🌹🍃
Дар сӯҳбат ба шоҳ Файсал Бобоҷон Ғафуров ояте аз сураи Қуръон оварда, боз илова мекунад, ки ҳеч як пирӯзӣ бе дӯстию рафоқат даст надодааст.
Дар ин ҷо ҳадиси ҷаноби пайғамбар (с)-ро овада гуфтааст:»
Мӯъминон дар дӯстӣ ва раҳму шафқат монанди як ҷисманд, узве агар ба дард ояд ҳамаи узвҳои дигар низ дард мекашад». Мо бояд мамлакатҳои ба ҳам тифоқ бошем, сулҳу салоҳро сиёсати хирадмандонаим худ донем. Ҳар як инсони хирадманд барои бунёди бинои дӯстӣ, барио манфиати сулҳу салоҳ бояд кори аз дасташ меомадагӣ ва аз ӯҳдааш мебаромадагиашро иҷро кунад. Каъба хонаи Худо муқаддастарин ҷои мусулмонони олам аст, ман, ки фарзанди мусулмон ҳастам, тавофи Каъбаро ҳанӯз аз овони ҷавонӣ сидқан ва самимона мехостам.
Вале нуқси поям имконият намедод, ки ин рукни муқаддасотро иҷро намоям. Ҳоло ҳам дар андешаам, ки бо ин пои ланг дар ин сину сол ин қадар масофаро чӣ тавр ҳаҷ мекунам?
Аз ин сӯҳбат, аз ин ҷавобҳои пурмаъно ва хирадмандонаи Бобоҷон Ғафуров шоҳ Файсал ба ваҷд омада, як луқмае мепартояд:
-Во аҷабо, агар коммунистон ин хел муътақиди дини ислом бошанд, сад офарин!
Баъди сӯҳбат шоҳ Файсал ба Бобоҷон Ғафуров рӯ оварда мегӯяд, ки барои шумо боз аробаи дучарха пайдо мекунем ва ба аробача мешинед ва ҳаҷро адо мекунед.
Рӯзи дигар зиёрати хонаи Каъбаро адо карданд.
Усмонҷон Ғаффоров
Дар акс: Бобоҷон Ғафуров соли 1974 дар Арабистони Саудӣ.
#Аз ҳикоёти исломӣ
Ҳайфи умри мард, агар дар бистари зан бигзарад,
Ҳайфи умри зан агар бо оҳу шеван бигзарад.
Олимон дар базми май дасту гиребон мешаванд,
Ҳайфи он дониш, ки дар баҳси тую ман бигзарад.
Тарсуе тарсида аз пилла ба пилла по ниҳад,
Ҳайфи умре, ки фақат бо бими мурдан бигзарад.
Ҳайфи он кавдан, ки бошад тирамағзу тирадил,
Тира дида манзари дунёи равшан, бигзарад.
Ҳайфи он дасте, ки гирад аз гиребони падар,
Ғофил аз кайфияти дастобагардан бигзарад.
Ҳайфи он ошиқ, ки танҳо васл хоҳад, асл не,
Бехабар аз асли дил аз кӯчаи фан бигзарад.
#ЛОИҚ_ШЕРАЛӢ
🔶Чаҳор нуни роҳкушо
Барои робита хуб ва иҷоди оромиш:
✨набин
✨нагӯ
✨нашнав
✨напурс
Дар чи маврид, чи гуна?
🍁 Набин
1 -айби мардумро набин;
2 -масоили ҷазои дар зиндагӣ, хонаводагиро набин;
3 -корҳои хуби худатро, ки барои дигарон анҷом медиҳӣ, набин;
4 -гоҳе бояд вонамуд кунӣ, ки надидӣ;
🍁 Нагӯ
1 -ҳар чи шунидӣ нагӯ;
2 -ба касе, ки ҳарфат дар ӯ таъсир надорад нагӯ;
3 -сухане, ки диле наёзорад нагӯ;
4 -ҳар сухани ростеро, ҳар ҷо нагӯ;
5 -ҳар хайре, ки дар ҳаққи дигарон карди нагӯ;
6 -розро нагӯ, ҳатто ба наздиктарин афрод;
🍁 Нашнав
1 -ҳар сухан арзиши шунидан надорад;
2 -вақте ду нафар оҳиста сухан мегӯянд, сайъ кун нашнавӣ;
3 -ғайбатро нашнав;
4 -гоҳе вонамуд кун, ки нашнидӣ;
🍁 Напурс
1 -он чиро, ки ба ту марбут нест напурс;
2 -он чи ки шахс аз гуфтанаш шарм дорад напурс;
3 -ончи боиси озори шахс мешавад, напурс;
4 -он пурсише, ки дар он фоидае нест напурс;
5 -он чи ки муҷиби ихтилоф ва низоъ мешавад, напурс;
🌸🌸
🖌Шеърҳои устод Рӯдакӣ ба забони қазоқӣ тарҷума мешаванд.
Дар ин бора президенти Академияи байналмилалии туркӣ ва сафири ҶТ дар Қазоқистон гуфт.
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ - асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик аст. Ӯ бо хатту забони форсӣ эҷод кардааст.
Манбаъ: Спутник 'Таджикистан
@ADABIYOTI_KLASSIKI
Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,
Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт!
Ман агар некаму гар бад, ту бирав худро бош,
Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт!
#ҲОФИЗ
Дар аҳодиси набавӣ омадааст, Паёмбари акрам, Муҳаммад (с.а.в.) боре чунин фармудааст: “Куллу масъулун лил ар-раъиятиҳи…”, яъне ҳама (ҳар шахс) ба раъияти (гирду атрофи) худ ҷавобгар аст. Яъне, масоили масъулият (ҷавобгарӣ) дар шариъати исломӣ яке аз асоситарин вазоифи (вазифаҳои) ҳар як фарди мусалмон аст ва чун тобеъу мутеъи суннати Расулуллоҳ бар ҳар яки мо воҷиб гаштааст, пас, мо бояд ин ҷавобгариро бар уҳда дошта бошему аз он “Ин кори ман не!” гуфта, нагурезем.
Дигар он аст, ки ин масъулият дар чӣ зоҳир мешавад ва ҳадду канори вай то куҷост? Ҷавоб дар Қуръон аст. Шояд борҳо онро хондаед ва начандон ба он аҳамият дода бошед.
ای که راز دیگران را زود افشا میکنی
رازهای خویشتن را از چه حاشا میکنی
قلب من یا تو ندارد آبرو بازیچه نیست
عیب ونقص دیگران را از چه انشا میکنی
ستر عیب دیگران کردن مرام حق بود
با چه رویی عیب مردم را تماشا میکنی
غافل از عیب خودی وغرق درعیب همه
درمسیر عیب جویی سعی کوشا میکنی
خانه ی یکتا پرستان حرمتش چون کعبه است
زندگی بر مردمان اینگونه نوشا میکنی؟!
Эй ки рози дигаронро зуд ифшо мекунӣ,
Розҳои хештанро аз чи ҳошо мекунӣ?
Қалб ман ё ту надорад, обрӯ бозича нест,
Айбу нуқси дигаронро аз чи иншо мекунӣ.
Сатри айби дигарон кардан мароми Ҳақ буд,
Бо чи руйи айби мардумро тамошо мекунӣ.
Ғофил дар айби худиву, ғарқ дар айби ҳама,
Дар масири айбҷуйи сайъ кӯшо мекунӣ.
Хонаи яктопарастон ҳурматаш чун Каъба аст,
Зиндагӣ бар мардумон ингуна нӯшо мекунӣ.
@ADABIYOTI_KLASSIKI
Изофа:
Нисбати “…ва мим ма ахроҷна лакум минал арз…”,яъне “… ва аз он чизе, ки парваридем барои шумо дар рўйи замин”: мегўянд, ки:
Ҳар гиёҳе, ки аз замин рўяд,
“Ваҳдаҳу! Ло шарика лаҳ!” гўяд.
Яъне, аз ин ҷост, ки ин ҳама рустаниҳо дар замин Худоро ба покӣ ёд мекунанд, ўро тасбеҳ мехонанд ва дар ин рўиданиҳо на танҳо ризқи инсон, балки “… ва лианъамикум” (аз Қуръон), ризқи ҷонварони дигар будааст ва ин ҳама, ризқи нек (тайиба) ва ҳалол аст.
Ҷон бе ҷамоли ҷонон майли ҷаҳон надорад,
Ҳар кас ки ин надорад ҳаққо, ки он надорад.
Бо ҳеҷ кас нишоне з-он дилситон надидем,
Ё ман хабар надорам ё ӯ нишон надорад.
Ҳар шабнаме дар ин роҳ сад баҳри оташин аст,
Дардо, ки ин муаммо шарҳу баён надорад.
Сарманзили фароғат натвон зи даст додан,
Эй сорбон, фурӯкаш, к- ин роҳ карон надорад.
Чанги хамидақомат, мехондат ба ишрат,
Бишнав, ки панди пирон ҳеҷат зиён надорад.
Эй дил тариқи риндӣ, аз муҳтасиб биёмӯз,
Маст асту дар ҳаққи ӯ, кас ин гумон надорад.
Аҳволи ганҷи Қорун к-айём дод бар бод,
Дар гӯши дил фурӯхон то зар ниҳон надорад.
Гар худ рақиби шамъ аст, асрор аз ӯ бипӯшон,
К-он шӯхи сарбурида, банди забон надорад.
Кас дар ҷаҳон надорад як банда ҳамчу Ҳофиз,
Зеро ки чун ту шоҳе, кас дар ҷаҳон надорад.
#ҲОФИЗ
Вомаш мадеҳ, он ки бенамоз аст,
Гарчӣ даҳанаш зи фоқа боз аст!
К-ў фарзи Худо намегузорад,
Аз қарзи ту низ ғам надорад!
#САЪДӢ
“Ҳой бародар! О, вай аз Худо наметарсаду... Фикр намудӣ, ки аз ту, пас, метарсида бошад?!” Шахси “ботақво” касест, ки аз кори ноҷоизу макруҳу ҳаром фармудаи Худованд парҳез мекунад, дур меистад (кал. “тақво” – аз феъли арабии “виқоя” гирифта шудааст, яъне, парҳез намудан, дур истодан, накардани он чизе, ки нисбаташ накун гуфта амр кардаанд).
Ҳама рӯз рӯза будан, ҳама шаб намоз кардан,
Ҳама сола Ҳаҷ намудан, сафари Ҳиҷоз кардан
Зи Мадина то Макка сару по бараҳна рафтан
Ду лаб аз барои лаббайк, ба вазифа боз кардан.
Ба маъобаду масоҷид, ҳама эътикоф ҷустан,
Зи маноҳиву малоҳӣ, ҳама иҳтироз кардан.
Шаби ҷумъаҳо нахуфтан, ба Худо роз кардан
Зи вуҷуди бениёзаш, талаби ниёз кардан.
Ба Худо ки ҳеҷ якро , самар он қадар набошад ,
Ки ба руи ноумеде, дари баста боз кардан.
#Шайх Баҳоӣ
Моҳи нуру раҳмату ғуфрон куҷо ҳастӣ биё,
Моҳи шавқу лаззати имон куҷо ҳастӣ биё.
Моҳи пурфайзу ниёйишҳо ҳаросонем биё,
Мо ҳама бар суфраат меҳмон куҷо ҳастӣ биё.
Эй шабистони қалби муслимин охар биё,
Эй гузаргоҳи мусалмонон куҷо ҳастӣ биё.
Мо ҳавои тоза мехоҳему дилтанги туем,
Эй баҳори тозаи қуръон куҷо ҳастӣ биё.
Аз гуноҳу маъсиятҳо хаставу дармондаем,
Моҳи авфу бахшиши Раҳмон куҷо ҳастӣ биё.
Мо ҳама муштоқи ҳар лаҳза зи шабҳои туем,
Эй фазилатҳои бепоён куҷо ҳастӣ биё.
Дар фироқат ҳамчу мурғе нолаҳо сардодаем,
Мо чу шамъи дар ғамат сузон куҷо ҳастӣ биё.
Эй маҳи некон биёву дасти шайтонро бибар,
Моҳи итқ аз оташи нийрон куҷо ҳастӣ биё.
Муслимин дар хоби ғафлат моҳи бедори биё,
Эй моҳи бедории виҷдон куҷо ҳастӣ биё.
Моҳи руза моҳи тамрини убудият биё,
Моҳи сабру тарки ҳар усён куҷо ҳастӣ биё .
Эй шаби қадрат шаби таҷдиди паймон асту амн,
Мо пур аз дарду туӣ дармон куҷо ҳастӣ биё.
Шавқи ифтору саҳаргоҳат басардорем биё,
Моҳи шаъбон асту мо ҳайрон куҷо ҳасти биё!
#РАМАЗОН
#РОБИАИ_БАЛХӢ
Робиа духтари Каъби Қуздорӣ аввалин суханварест аз ҷумлаи занон, ки номи ў дар радифи шоирони форсӣгўй зикр шудааст. Ў аз муосирони Рўдакӣ буд. Шайх Аттор дар маснавии «Илоҳинома» достоне аз зиндагии ў нақл кардааст, ки беасос буданаш ба ҳақиқат наздиктар менамояд, вале мазмунаш ғзалҳои шўрангезу равони Робиаро тавзеҳ медиҳад.
Ба гуфтаи Аттор Робиа духтари ҳокими Балх буд. Баъди марги падар бародари бузургаш Ҳорис ўро сарпарастӣ мекард. Робиа ба Бектош ном ғуломи бародараш ошиқ шуда ва дар ишқи ў шеър мегуфт. Вақте ки асрори ошиқон фош гардид, бо фармони Ҳорис Робиаро дар ҳаммоми тафсон андоҳта, раги ҳунашро буриданд ва ў ҳалок шуд. Ризоқулиҳони Ҳидоят ҳам дар ин мавзўъ манзумае ба номи «Гулистони Ирам» навиштааст.
Биё, то қадри якдигар бидонем,
Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.
Чу муъмин оинаи муъмин яқин шуд,
Чаро бо оина мо рӯгаронем.
Каримон ҷон фидои дӯст карданд,
Сагӣ бигзор, мо ҳам мардумонем.
Фусуни қул аъузу қулҳуваллаҳ,
Чаро дар ишқи ҳамдигар нахонем.
Ғаразҳо тира дорад дӯстиро,
Ғаразҳоро чаро аз дил наронем.
Гаҳе хушдил шавӣ аз ман, ки мирам,
Чаро мурдапарасту хасми ҷонем.
Чу баъд аз марг хоҳӣ оштӣ кард,
Ҳама умр аз ғамат дар имтиҳонем.
Кунун пиндор мурдам оштӣ кун,
Ки дар таслим мо чун мурдагонем.
Чу бар гӯрам бихоҳӣ бӯса додан,
Рухамро бӯса деҳ, к- акнун ҳамонем.
Хамуш кун мурдавор ай дил азеро,
Ба ҳастӣ муттаҳам, мо з-ин забонем.
#МАВЛОНО_РУМӢ
🌹ابیاتی که مصراع دوم آنها مشهورتر است
🌹Абёте ки мисраъи дуввуми онҳо машҳуранд:
گر دایرهی کوزه ز گوهر سازند
از کوزه همان برون تراود که در اوست
( بابا افضل )
Гар доираи кӯза зи гавҳар созанд
Аз кӯза ҳамон берун таровад, ки дар ӯст.
#БОБО_АФЗАЛ
با سیه دل چه سود گفتنِ وعظ
نرود میخ آهنین در سنگ
( سعدی)
Бо сияҳдил чи суд гуфтани вазъ
Наравад мехи оҳанин дар санг.
#ҲОФИЗ
هر دم که دل به عشق دهی ، خوش دمی بود
در کار خیر حاجت هیچ استخاره نیست
( حافظ)
Ҳар дам ки дил ба ишқ диҳи, хуш даме бувад,
Дар кори хайр ҳоҷати ҳеҷ истихора нест.
#ҲОФИЗ
چنین است رسم سرای درشت
گهی پشت به زین و گهی زین به پشت
( فردوسی )
Чунин аст расму сарои дурушт
Гаҳе пушт ба зину, гаҳе зин ба пушт.
#ФИРДАВСӢ
امیدوار بُوَد آدمی به خیر کسان
مرا به خیر تو امید نیست ، شر مرسان
( سعدی)
Умедвор бувад одамӣ ба хайри касон
Маро ба хайри ту уммед нест, шарр марасон.
#САЪДӢ
صوفی نشود صافی ، تا در نکشد جامی
بسیار سفر باید ، تا پخته شود خامی
( سعدی )
Суфӣ нашавад софӣ, то дар накашад ҷоме,
Бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме.
#САЪДӢ
در تنگنای حیرتم از نخوت رقیب
یارب !
مباد آن که گدا معتبر شود
( حافظ)
Дар тангнои ҳайратам аз нахвати рақиб.
Ё раб! Мабод ки гадо муътабар шавад.
#ҲОФИЗ
در محفل خود راه مده همچو منی را
افسرده دل ، افسرده کند انجمنی را
( قائم مقام )
Дар маҳфили худ роҳ мадеҳ, ҳамчу манеро
Афсурда дил, афсурда кунад анҷуманеро.
#ҚОИМ_МАҚОМ
مرو به هند و بیا با خدای خویش بساز
به هر کجا که روی ، آسمان همین رنگ است
( عليرضا جلالی )
Марав ба Ҳинду биё бо Худои хеш бисоз,
Ба ҳар куҷо ки рави осмон ҳамин ранг аст.
АЛИРИЗО_ҶАЛОЛӢ
خلوت دل نیست جای صحبت اضداد
دیو چو بیرون رود فرشته در آید
( حافظ )
Хилвати дил нест ҷои суҳбати аздод
Дев чу берун равад фаришта дарояд
#ҲОФИЗ
زلیخا مُرد از این حسرت که یوسف گشته زندانی ؛
چرا عاقل کند کاری که باز آرد پشیمانی
( صائب اصفهانی )
Зулайхо мурд аз ин ҳасрат ки Юсуф гашт зиндонӣ
Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ.
#СОИБ_ИСФАҲОНӢ
زلیخا گفتن و یوسف شنیدن
شنیدن کی بُوَد مانند دیدن . . .
( عطار )
Зулайхо гуфту Юсуф шунидан
Шунидан кай бувад монанди дидан....
#АТТОР
از دشت به عاشقان نوید امده است,
فصل گل و عاشقی پدید امده است.
ای یار بیا دوباره از عشق بگو,
یک بار دگر بهار و عید امده است.
اسماعیل حاج علیان
Аз дашт ба ошиқон навид омадааст,
Фасли гулу ошиқи падид омадааст.
Ай ёр биё дубора аз ишқ бигӯ,
Як бори дигар баҳору ид омадааст.
🍃🌹🍃🌹🍃
АКАДЕМИК БОБОЧОН ҒАФУРОВ
РАИСИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ЗИЕРАТИ КАЬБА КАРДА БУД...
…Соли 1974 ба Бобоҷон Ғафуров имкон даст медиҳад, ки барои зиёрати хонаи Худо ба Макаю Мадина ба ҳаҷ равад.
То академик Бобоҷон Ғафуров ҳеч як намояндаи мусулмонони шӯравӣ ва ҳеч як донишманд ва замоне котиби ҳизби ҷумҳурӣ ба ин сафари ҳаҷ нарафта буд.
Бобоҷон Ғафуров соли 1974 сафари муборакро дар Арабистони Саудӣ аз шаҳри Ҷидда оғоз мекунад.
Подшоҳи он Файсал ибни Абдулазиз ас-Суудшоҳ эшонро қабул мекунад.
Яке аз аввалин суоли шоҳ ин буд, ки «Оё Шумо Каъбаро тавоф карданиед?
Оё коммунистон ба ин эътиқодманданд?» ва дигар чизҳоро пурсид.
Бобоҷон Ғафуров, ки аз ҳамаи сураҳои Қуръон ва ҳадисҳо бохабар буд, бадоҳатан ҷавоб дод:
-Каъбаро тавоф кардан, пеш аз ҳама, шарт аст, ҳазрат.
Ҳар як фарде, ки худро мусулмон мешуморад, бояд аз ҳақиқати ислом бохабар бошад.
Мо, ки алҳамдулилоҳ мусулмон ҳастем, бояд вазифаи мусулмониро аз худ кунем ва аз рӯи нишондоди он амал намоем.
Бо ту гар хоҳӣ сухан гӯяд Худо, Қуръон бихон,
То шавад рӯҳи ту бо Ҳақ ошно, Қуръон бихон.
Эй башар ёди Худо оромиши дил медиҳад,
Дардмандонро бувад шифо, Қуръон бихон.
Иззати Аҳмад зи қуръонаш намегардад ҷудо,
То биёбӣ маънии ин нуктаро, Қуръон бихон.
Нақши Қуръон то дар ин олам нишаст,
Нақшҳои коҳину Попо шикаст.
Фош гӯям он чи дар дил музмар аст,
Ин китобе нест чизи дигар аст.
@ADABIYOTI_KLASSIKI
Фалсафаи зиндагӣ тарҷеҳашро дигар кард,
Танҳоиро зи минбаъд бо хонумон асар кард.
Ба гетӣ шоҳигарӣ ҷуз халқият ҷуз маъно,
Ин тавону иқтидораш ғуломеро басар кард.
@ADABIYOTI_KLASSIKI
Мутаваҷҷеҳ бошед, ки роҳу меҳнату машаққати рисолати паёмбарии Муҳаммад (с.а.в.) на савову (роҳи ҳамвор) пур аз гулу райҳон, қанду шакар ва ё иддаои бемонеъ буд; на, на… Балки ин роҳро барояш каҷ карданд, дар роҳаш на гулҳо, балки хорҳо коштанд, ҳар ҷо, ки бо даъват баромад мекард, онро саҳнаи таҳқиру масхара гардониданд, борҳо бар сараш аз боло лаққу лути дарунии ҳайвони куштаро мерехтанд, дар муҳориба лату кўб намуда, дандонашро шикастанд ва ҳоказо… Ин ҳаёти сахттарин ва аз санҷишҳои оҳанин буд. Ва оё пас аз ин ҳама, мо ҳоло ҳам дар фикри он ҳастем, ки “ҳабиби Худо” гаштан осон буд? Оё шумо фикр мекунед, ки Паёмбар дилгир намешуд, гиря намекард, оҳи дил намебаровард, ба Худо шикоят намекард? О, чӣ қадар бар ин бовар мекунем, агарчанде дар Қуръон Худо кушоду рўшан мегўяд, ки “… ва ў ҳам мисли шумо аз ҷинси башар аст”, яъне одам аст ва тамоми эҳсосоте, ки инсон онҳоро дорост, ҳамоно Паёмбар ҳам дорост…
Дигараш ин аст, ки дар баъзе аз амрҳое, ки Худо бар Паёмбар кардааст, чун вай нишонаи ҷинсияти мосту аз башар аст ва симои мост ва намояндаи мост, пас, дар он ҳар яки мо бояд он амрро барои худ бинему барои худ донем; на он ки “Инро ба Муҳаммад (с.а.в.) гуфтаасту бас” гуфта, аз масъулият дур бошем. Ва бинед, ки миёни вазоифи он Ҳазрат башорат (хабар аз неку бад , аз ҳалолу ҳаром) додану нозирӣ (огаҳ кардану таъкид намудан, бим кардану пеши роҳ гирифтан) ҳам буд: “Иннама анта мунзирун…” (аз Қуръон),яъне (бе чуну чаро) ту аз огаҳкунандагон ҳастӣ.
Вале “… ва ласта ъалайҳим бимусайтир” (аз Қуръон), яъне ту бар онҳо (бар он чизе, ки онҳо мекунанду мегўянд) каминагир (ҷавобгар) нестӣ!
Аз ин ҷост, ки вазифаи ҳар як фарди мусалмон – ин огаҳ намудан аст, пешгирӣ аст, вале агар ашхоси огаҳшуда онро ба худ нагиранд, ин пас, айби огаҳкунанда нест, чунки: “Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт!”, яъне ҳар кас ҷазову мукофоти худро худаш мегирад ва “… гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт!”, яъне дар Номаи Аъмоли ҳар шахс аъмоли ҳамон шахс навишта мешаваду бас.
Пас, “эй зоҳиди покизасиришт”, яъне, эй марди порсову парҳезгор, парҳез кун ва “айби риндон” макун, яъне дар озодфикрии мо, дар зиракии мо, дар айёшии мо айбе маҷўй, ки агар дар ин роҳ чизеро кошта бошем, ҳатман, онро худамон “дар оқибати кор медаравем”.
شکسپیر می گوید :
وقتی میتوانستم صحبت کنم
گفتند گوش کن...
وقتی میتوانستم بازی کنم
مرا کار کردن آموختند...
وقتی کاری پیدا کردم ازدواج کردم...
وقتی ازدواج کردم بچه ها آمدند...
وقتی آنها را درک کردم مرا ترک کردند...
وقتی یاد گرفتم چگونه زندگی کنم زندگی تمام شد!
زیبا زندگی کنید...
Шекспир мегӯяд;
Вақте, метавонистам сӯҳбат кунам гуфтанд гӯш кун...
Вақте, метавонистам бозӣ кунам маро кор кардан омӯхтанд....
Вақте, коре пайдо кардам издивоҷ кардам...
Вақте, издивоҷ кардам бачаҳо омаданд...
Вақте, онҳоро дарк кардам маро тарк карданд...
Вақте, ёд гирифтам чигуна зиндагӣ кунам зиндагӣ тамом шуд!
Зебо зиндагӣ кунед...
Мурғи беболу паре дидам, дилам омад ба ёд,
Нолаи чуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд.
Аз фиребу ваъдаҳои ў шудам розӣ ба марг,
Шаб ҳама шаб дасту теғи қотилам омад ба ёд.
Дар талоши баҳр чун гирдоб саргардон шудам.
Ҳасрати лабҳои хушки соҳилам омад ба ёд.
Сар назад аз киштзори умри ман ғайр аз сипанд,
Сўхтам, чун мазраи беҳосилам омад ба ёд.
Сайидо, дидам ба хок афтода барги лолагун,
Теғи ноҳақхўрда сайди бисмилам омад ба ёд.
#САЙИДОИ_НАСАФӢ
Луқмае, к-он нур афзуду камол,
Он бувад оварда аз касби ҳалол.
#МАВЛОНО
“Ё айюҳал лазина аману! Анфиқу мин тайибати мо касабтум ва мимма ахраҷна лакум минал арз…” (аз Сураи “Бақара”: эй муъминон, харҷ кунед аз покизаҳои он чизе, ки шумо касб намудаед ва аз он чизе, ки парваридем барои шумо дар рўйи замин.
Пас, луқмаи ҳалол он луқмаест, ки ҳосилу натиҷаи касбу меҳнати ҳалоли мост ва мо метавонем онро на танҳо барои худ, балки барои дигарон ҳам, дар роҳи Худо, харҷ намоему ҳамеша дасткушодона арзонӣ дорем. Ва дар кору маҳсулоти ҳалол Худованд “нуру камолро” афзудааст. Дар ҷое аз Қуръон фармуда: “… валлоҳу юзоъифу лиман яшаъ…”, яъне Худо неъматро ба ҳар шахсе, ки хостааст, чанд маротиба зиёдтар медиҳад.
Пас, “касби ҳалолро”, яъне ҳунари ҳалол, ки маоши ҳалолро меоварад, пеша гирему аз ҳосилу натиҷаи он истеъмол намоему ба дигарон арзонӣ дорем, ки дар он нуру камоли Худо афзуда шудааст.
Пас, шахси ботақво шахсест, ки аз тарси огаҳонидани Худованд гуфтаҳои ўро мекардаасту дур меистодаасту парҳез мекардааст, яъне, “худотарс” будааст. Валекин, мутаассифона, ҳастанд онон, ки бетақвогӣ менамоянд, агарчанд имрўз калимаи “бенамоз”-ро танҳо нисбати занҳо дар вақти ҳайзи моҳонаашон истифода мебаранд, “бенамоз” гуфта, аслан мардҳоро ҳам мегўянд ва ё инсонеро бидуни муносибат ба ҷинси мухталиф, ки бетақвову худонотарс аст.
Пас, чун Саъдӣ насиҳат кард “гарчанд даҳанаш аз фоқа боз” бошад ҳам, яъне, аз гуруснагиву нодорӣ кушодаву талабанда бошад ҳам, чунинро “вом”, яъне, кумаки молӣ ва ё моддӣ, ки дертар бояд бозгардонида шавад, марасон, ки вай “бенамоз” аст, яъне, шахсе, ки ботақво нест, худонотарс аст, фиребгару маккору айбҷўяндаву аҳдшикану мағруру мутакаббиру ҳоказост. Ва бидон, ки чунинон гар “фарзи Худо”-ро ба ҷо наёранд, пас, чӣ гуна онҳо воми туро бозмегардонанд?! О, бандаи худонотарс чӣ гуна аз бандааш метарсад?!
مرا گفت برخیز و دل شاددار
روان را ز درد و غم آزاد دار
نگر تا که دل را نداری تباه
ز اندیشه و داد فریاد خواه
جهان چون گذاری همی بگذرد
خردمند مردم چرا غم خورد
#فردوسی
Маро гуфт бархез ва диле шод дор,
Равонро зи дарду ғам озод дор.
Нигар то ки дилеро надори табоҳ,
Зи андешаву дод фарёд хоҳ.
Ҷаҳон чун гузорӣ ҳаме бигзарад,
Хирандманд мардум чаро ғам хурад.
#ФИРДАВСӢ
-Эй писараки ман, бар ту бод иқбол, ба аъмоли хайру иҷтиноб аз аъмоли шарр. Чи амали хайр хомӯшкунандаи шарр аст. Он кас, ки гӯяд, шарр боиси хомӯшии шарр аст, дурӯғ гуфта, зеро ки агар оташе паҳлӯи оташи дигаре бияфрӯзанд, бар шӯълаи он афзун шавад. Пас он чи шарро хомӯш кунад, аъмоли хайр аст, ҳамон гуна ки хомӯшкунандаи оташ об аст...
Бар мусиботу номулоимотии дунё сабр пеша кун ва аз ҳисоби нафс ғафлат маварз. Қабл аз он ки ҳисоби туро бикшоянд, роҳи хато аз савоб бишинос, то аз лағзиш эмин монӣ...
-Эй писараки ман, талаб кун ҳикматро, мутаваҷҷеҳ соз нафси худро ба сӯйи он ҳар замон, ки ҷомеи ҳикмат шавӣ, чашми басирати ту равшанӣ гирад, ахлоқи ту некӯ шавад. Ва бидон, ки ҳикмат бидуни тадбир ва тафаккур ба манзилаи матоест, ки дар дасти хозини ӯ набошад ва ё гӯсфанде, ки дар марбизи худ дохил нагардад. Ва дар ин ҳол ҳар соат дар маҳалли офат аст ва дучори ҳалокат.
Бидон, ки изҳорккнандаи ҳикмат забон аст. То метавонӣ онро ҳифз кун, зеро ҳар гоҳ фосид гардад, забони ту табоҳ шавад...
#ЛУҚМОН