Ҷумлаҳо аз ҳакимони дунё...
- Дақиқаҳоеро, ки ба айбҷуии дигарон мегузаронем, агар сарфи андешидан ба айбҳои худамон кунем, фоидаҳои зиёде мебарем, ки беҳтарини он худшиносист.
- Мушкилтарин кор ин аст, ки мардум худро бишносанд ва осонтарин кор ин аст, ки аз дигарон айбҷуи кунанд.
- Вақте мардум аз касе таъриф мекунанд, камтар касе бовар мекунад, вале вақте аз касе бадгуи мекунанд, ҳамаги боварашон мешавад.
- Агар мо касеро дар сахтиҳо ва гирифториҳо дилдори диҳем, худ низ ором мешавем.
- Ва агар инсон як руз аз худхоҳияш бигзарад, ҳама уро нек хоҳанд гуфт.
Бисмиллаҳир Раҳманир Раҳим
Инна анзалнаҳу фӣ лайлати-л-қадр
Ва ма адрока ма лайлату-л-қадр
Лайлату-л-қадри хайрум-мин алфи шаҳр
Таназзалу-л-малаъикату ва-р-Рӯҳу фиҳа би изни Раббиҳим-мин кулли амр
Саламун ҳия ҳатта матлаъи-л-фаҷр
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
Мо дар шаби қадраш нозил кардем! (Қуръонро)
Ва ту чӣ донӣ, ки шаби қадр чист?
Шаби қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст.
Дар он шаб фариштагону рӯҳ ба фармони Парвардигорашон барои анҷом додани корҳо мефароянд.
Он шаб то тулӯъи бомдод ҳама салому эминӣ аст.
Инсон дар зиндаги ба се чиз ғурур мекунад:
Насаби бузург;
Либоси зебо;
Хонаи пурҳашам.Аммо баъд аз марг номаш марҳум, либосаш кафан ва хонааш қабр аст.
Бар чархи фалак маноз, ки камаршикан аст,
Бар ранги либос маноз, ки охир кафан аст.
Мағрур машав, ки зиндагӣ чанд руз аст,
Дар зери замин шоҳу гадо як рақам аст.
Ё раб, сабабе соз, ки ёрам ба саломат
Бозояду бирҳонадам аз чанги маломат.
Хоки раҳи он ёри сафаркарда биёред,
То чашми ҷаҳонбин кунамаш ҷои иқомат.
Фарёд, ки аз шаш ҷиҳатам роҳ бибастанд
Он холу хату зулфу руху оразу қомат.
Имрӯз, ки дар дасти туам, марҳамате кун,
Фардо, ки шавам хок, чӣ суд ашки надомат.
Эй он, ки ба тақриру баён дам занӣ аз ишқ,
Мо бо ту надорем сухан, хайру саломат.
Дарвеш, макун нола зи шамшери ахиббо,
К-ин тоифа аз кушта ситонанд ғаромат.
Дар хирқа зан оташ, ки хами абруи соқӣ,
Бармешиканад гӯшаи меҳроби имомат.
Ҳошо, ки ман аз ҷавру ҷафои ту бинолам,
Бедоди латифон ҳама лутф асту каромат.
Кӯтаҳ накунад баҳси сари зулфи ту Ҳофиз,
Пайваста шуд ин силсила то рӯзи Қиёмат.
#ҲОФИЗ
Баҳри гиря омад Одам бар замин,
То бувад гирёну нолону ҳазин.
Одам аз Фирдавсу аз болои ҳафт
Поймочон аз барои узр рафт.
#МАВЛОНО
Бале, дўстам, чун Худованди доно дар Ояти қуръонӣ гуфтааст: “Лақад халақна ал-инсона фӣ кабадин” (Сураи “Ал-балад”), яъне, яқин бидон, ки ба таҳқиқ, инсонро дар машаққат офаридаанд ва ин дунёи фонӣ ва пурмакр ҷойи хандаву бозӣ нест, балки чун Низомии Ганҷавӣ ҳам ба писараш Муҳаммад Низомӣ панд дода буд “… на вақти бозист!”, яъне, ҷойе будааст, ки инсон бояд бо чанд азобу машаққат илмро андўзад, ҳунарро аз худ кунад, маош ёбад, дар назди оилааш масъулиятро ҳис кунад ва ҳоказо.
Ва ҳеҷ гоҳ аз хотир мабарор, ки умуман роҳи Худо осону саво нест ва дар он санҷишҳо, чун Мавлоно Балхӣ навишта буд, андаруни санҷишҳост ва печутоби зиёде дорад, ки чунин васл исботи дӯстиву ишқи ҳақиқиро талаб мекунад.
Барои ҳамин чунин аҳволу афъоли писандидаи Худо ба мисли сабр ва ё ҳақиқат, ҳамеша талханд, вале, хушбахтона “бари ширин” доранд.
Оре, баъзан ва агарчи дар дониш аз Бўалӣ Сино "беҳтару бештар ва фузун (зиёда)" бошем ҳам, вале дар кори одӣ ақламон намегирад ва назди омм, бо ин ҳама доногиямон пойхўрдаву забонбаста мегардем, чун аз сирри ин кор хабаре надошта бошем, пас, чӣ фойида дар боби он сухан гуфтан?
Чун гуфтем, ки ҳоли нобиноро нобино медонаду бас, пас, нобиноро таъна задан бо ин ҳама биногӣ аз чист? О, нобино нобино ҳам бошад, вале дар кору ҳоли худ вай аз мо дида, бинотар аст!
Дилатро хонаи ман кун, мусаффо карданаш бо ман,
Ба ман дарди дил ифшо кун, мудово карданаш бо ман.
Биафшон қатраи ашке, ки ман ҳастам харидораш,
Биёвар қатрае ихлос, ки дарё карданаш бо ман.
Агар гум кардаи ҷоно, калиди хонаи моро,
Биё як лаҳза бо мо бош, ки пайдо карданаш бо ман.
Агар дарҳо ба рӯят баста шуд, дил бад макун боз ой,
Дар ин хона ту қуфл боз кун, ки ҳам воз карданаш бо ман.
Ба мо гуй ҳоҷати худро, иҷобат мекунам онро,
Талаб кун ончиро хоҳӣ, муҳайё карданаш бо ман.
Биё қабл аз вуқӯъи марг, ту равшан кун ҳисобатро,
Биёвар неку бадро ҷамъ, ки минхо карданаш бо ман.
Агар умре гунаҳ кардӣ, машав навмед аз раҳмат,
Ту тавбаномаро бинвис, ки имзо карданаш бо ман!
#РАМАЗОН
Навмед машав банда, аз раҳмати мо ҳаргиз,
Зеро ки ба ғайр аз мо кас нест туро ҳаргиз.
Хоҳам, ки дар ин олам ту пок шавӣ аз ҷурм,
В-арна ба ту нафристам, эй банда бало ҳаргиз.
Чун сӯхтаи имрӯз аз дарди фироқи мо,
Дар сӯхтанат фардо надҳем ризо харгиз.
Ман бо туам эй ошиқ,ту низ ба мо мебош,
Ҳаргиз чу нашояд дӯст аз дӯст ҷудо ҳаргиз.
Ҳарчанд, ки рӯ аз мо бартофтиву рафтӣ,
Рӯ аз ту наметобад худ раҳмати мо ҳаргиз.
Аз дарди фироқи мо як шаб чу ба рӯз орӣ,
Дидор напӯшонам, дар рӯзи лиқо ҳаргиз.
Гар бар дили худ моро рӯзе гузарони ту,
Дар Дӯзахи пуроташ н-орем туро ҳаргиз.
Эй ҷамъи тиҳидастон, Ҳаққо, ки нахоҳам баст,
Ман ин дари раҳматро бар рӯи шумо ҳаргиз.
Аз бими чудо будан, аз давлати ҷовидон,
Мухий набувад як дам бе ёди Худо ҳаргиз.
#РАМАЗОН
Сад шукри Худо аз нав, моҳи Рамазон омад,
Хушнудиву пирӯзӣ, бар пиру ҷавон омад.
Дилҳо зи фараҳ саршор, к-омад маҳи истиғфор,
Озодӣ зи сӯзи нор, бар пиру ҷавон омад.
Ин моҳи сафо бошад, ҳам моҳи дуо бошад,
Олам ҳама нурафшон, чун ҷони ҷаҳон омад.
Фарз аст азизи ман, ин рӯза ба марду зан,
Ҳам қуввати ҷисму тан, ҳам роҳати ҷон омад.
Овози азон омад, моҳи Рамазон омад,
Шайтон ба фиғон омад, моҳи Рамазон омад.
Масҷид мунаввар шуд, аз ишқ муаттар шуд,
Хуршеди замон омад, моҳи Рамазон омад.
Ёрон ба бари ёрон, яктан шудаву якҷон,
Ислом ба миён омад, моҳи Рамазон омад.
Аз булбули хушилҳом, чаҳ-чаҳ бишунав Қуръон,
Шури дилу ҷон омад, моҳи Рамазон омад.
Аз ҳарфи Ҳақу Аҳмад, нур аст ба дил беҳад,
Имон ба амон омад, моҳи Рамазон омад.
Бар хайру сахо бингар, бар рӯзӣ шаке н-овар,
Сад файз ба хон омад, моҳи Рамазон омад.
Дар сина такон бишнав, илҳоми ниҳон хамрав,
Шеърат бихонам акнун, моҳи Рамазон омад.
#РАМАЗОН
Тақво се гуна аст:
1. Тақвои гурез
2. Тақвои парҳез
3. Тақвои ситез
▪️Гурез он аст, ки аз муҳити пур аз гуноҳ дурӣ кунӣ
▪️Парҳез он аст, ки битавонӣ дар муҳити пур аз гуноҳ худро пок нигаҳ дорӣ.
▪️Ситез он аст, ки дар саҳна бимонӣ ва ба бо гуноҳ мубориза барӣ ва муҳити солиме эҷод намоӣ.
🔸️ Гоҳо монанди Юсуф алайҳиссалом бояд аз муҳити гуноҳ фирор кунӣ ва роҳи гурезро интихоб намоӣ
🔸 ️Гоҳо бояд монанди Мусо алайҳиссалом дар кохи Фиръавн бимонӣ, сукут кунӣ ва фақат худро ҳифз намоӣ.
🔸️ Ва гоҳе ҳам монанди Иброҳим алайҳиссалом бо гуноҳу ширку бутпарасӣ муборизаву ситеза кунӣ ва бутшикан шавӣ.
#ОДОБИ_ДУО
1. Бо таҳорат дуо кардан.
2. Пас аз намозҳои фарз дуо кардан.
3. Ба тарафи қибла даст бардошта дуо кардан.
4. Бо овози маҳин дуо кардан.
5. Худро оҷиз дониста, дуо кардан.
6. Бо боварии иҷобат, дуо кардан.
7. Такрор ба такрор дуо кардан. Ҳадди ақал се маротиб.
8. Дар аввал ва охири дуо салавот хондан.
9. Бо тавбаю истиғфор дуоро ифтитоҳ кардан.
10. Бо сифатҳои бузурги Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) дуоро идома додан: Ё Рабал оламин.
11. Хулоса ба таври зерин дуо тавсия дода мешавад:
Баъди намозҳо ва ё берун аз намоз (бо таҳорат афзал аст) ба тарафи қибла дастҳоро бардошта бо садои оҷизона ва маҳин "бисмиллоҳирраҳмонирраҳим" гуфта, баъдан саловот бар Расулуллоҳ (с.а.с.) хондан, пас аз он "Ё Рабал оламин ба Ҳурмати асмои ҳусно ва ба ҳурмати тамоми пайғамбарон алалхусус Нигини пайғамбарон ҳазрати Расулуллоҳ (с.а.с.) ва асҳобу бандаҳои дӯстдор" гуфта истиғфору тавбаву надомат ва рози дилу дарди дил намуда, дар охир боз як салавоти дигар бар Расули Акрам (с.а.с.) хонда "Аллоҳу Акбар" гуфта анҷом бахшидан.
12. Дар вақтҳои зерин дуо карданро тавсия додаанд:
Вақти хондани азон
Байни азон вақомат
Вақти тиловати Қуръон
Вақти хатми Қуръон
Вақти дидори Каъба
Вақти боридани борон
Вақти дучори зулм
Баъди намозҳо
Рӯз ва шаби ҷумъа
Рӯзи аввали моҳи Раҷаб
Шаби понздаҳуми моҳи Шаъбон
Шабҳои иди Рамазон ва Қурбон
Рӯзи Арафа
Рӯзҳо ва шабҳои моҳи Рамазон
Вақти ифтор...
М а р д и _ П а р ҳ е з г о р
Марде буд, бисёр парҳезгор ва салоҳ ва зане дошт афифа ва мастура ва бо ҷамолу камол. Ҳаргиз хиёнате аз у зоҳир нагашта буд. Рузе зан назди шавҳари худ нишаста буд ва бо забони миннат гуфт: Ту қадри иффтати ман чи донӣ ва қимати салоҳи ман чи шиносӣ, ки ман дар салоҳу покдомани Зубайдаи вақтам.
Мард гуфт: Рост мегуӣ, аммо иффати ту ба натиҷаи иффати ман аст. Чун ман дар назди Парвардигор афиф бошам, Ӯ туро дар исмат нигоҳ медорад.
Зан хашмгин шуду гуфт: Ҳеҷ кас занро нигоҳ натавон дошт ва агар ман афифа ва покдоман набудам, ҳарчӣ мехостам мекардам.
Мард гуфт: Туро иҷозат додам, ба ҳарҷое мехоҳӣ, бирав ва ҳарчӣ мехоҳӣ, бикун.
Рузи дигар зан худро биёрост ва чодар бар сар кард ва аз хона берун шуд ва то шаб дар гашт буд, аммо ҳеҷ касе ба у аҳамият надод, магар як мард, ки танҳо чодари уро кашид ва рафт.
Чун зан ба хона даромад, мард гуфт: Ҳама руз гашти ва ҳеҷ кас ба ту назар накард, магар як мард, ки ӯ низ раҳоят карду рафт.
Зан гуфт: Ту аз куҷо медонӣ? Магар маро таъқиб доштӣ?
Мард ҷавоб дод: Ман дар хона будам, аммо дар умри худ ба ҳеҷ зане бо чашми бад нигоҳ накардам, магар замонеки навҷавон будам, гушаи чодари занеро гирифтам ва дарҳол пушаймон шудам ва уро раҳо кардам. Донистам, агар касе қасди ҳарами ман кунад, беш аз ин набошад.
Зан дар пойи шавҳар афтоду гуфт: 'Маро маълум шуд, ки иффати ман аз иффати ту аст.
Дар тафсир чунин омадааст, дўстам, ки Худованд бо ин шаҳри Маккаи мукаррама, ки нишонаи озодагисту ҳифзу ҳимоят ва муқаддас, дар назди Муҳаммад (с.а.в.) савганд ёд карда, мегўяд, ки ин шаҳрро барои зисти вай ва барои муборизаи минбаъда вай, ҳалол сохта, амон гардонидааст.
Баъдан, қасаме бо “зоянда ва баҳри чӣ зодааст”, яъне, ба номи Одам (а.с.) ва ба номи зурриёти минбаъдааш хонда, мегўяд, ки ба таҳқиқ, Худованд инсонро дар машаққат офаридааст, яъне, Худованд инсонро бо чунин каромоти зиёда, бо чунин қаду қомат ва ҳусни зебанда офариду мехоҳад, ки инсон сипосгузор бошаду босабру ботаҳаммул ва ин ҳама имтиҳоноти сахти ҳаётиро бо сари баланд гузарад ва шоистаи охирати нек гардад.
Яъне, чун пештар гуфта будем, ҳаёт дар ин замин барои бозии бекора насиб нашуда будааст, балки пурмашаққату сахт аст ва балову имтиҳоноти зиёд дорад, ки инсон онро бояд гузарад ва ганҷро дарёбад (охирати некро), вагарна мисли он нодон ошиқи ранҷ мемондааст, на ошиқи ганҷ.
М У Ф Л И С И _ О Х И Р А Т
Боре Расули Акрам (с) аз саҳобаи киром пурсиданд:
- Мустаманд кист?
Саҳоба (р) дар ҷавоб арз намуданд:
- Ҳамон касе, ки пул ва сармояе надошта бошад.
Расули Акрам (с) фармуданд:
На! Ман барои шумо тавзеҳ медиҳам, ки мустаманд ва муфлис кист? Рузи қиёмат афроде ҳозир мешаванд, ки ибодатҳои зиёде аз қабили: намоз, руза, закот, ҳаҷ, садақот ва ғайра доранд, аммо замонеки ҳисоб оғоз мешавад, аз як ҷониб шахсе баланд шуда мегуяд: Парвардигоро! Ин шахс моли маро хурдааст. Аллоҳ Таъоло қисмате аз ибодатҳои таҷовузгарро гирифта дар номаи аъмоли мазлум сабт мекунад. Боз шахси дигаре иддао мекунад: Ё Аллоҳ! Ин шахс нисбат ба ман ситам раво доштааст. Парвардигор қисмати дигаре аз ибодатҳои обиди золимро гирифта дар парвандаи мазлум сабт мекунад. Ба ҳамин сурат инсонҳои дигаре шикоят мекунанд ва Худованд ҳуқуқи ҳамаи ин шикояткунандвгонро аз аъмол ва ибодатҳои золим ҷуброн менамояд. То ҷоеки ибодоташ тамом шуда, вале бозҳам сафи муддаион хатм намешавад. Онгоҳ (ҷиҳати ба ҷо овардани ҳаққи муддаиёни мазлум) гуноҳони шикояткунандагонро дар номаи аъмоли золим сабт мекунанд ва дар ниҳоят ин шахс равонаи дузах мегардад. Ин аст муфлис ва мустаманди воқеи. (Ривояти Муслим)
Файзи қадами баҳор дорад шаби қадр,
Бас муждаи хушгувор дорад шаби қадр!
Якро бадал оварад ҳазорон подош,
Шаҳҷоиза сад ҳазор дорад шаби қадр!
#РАМАЗОН
Кош то дил мегирифту мешикаст,
Дӯст меомад, канораш менишаст!
Кош мешуд рӯи ҳар рангинкамон
Менавиштам, Меҳрубон бо ман бимон!
Кош мешуд қалбҳо обод буд,
Кинаву ғамҳо ба дасти бод буд.
Кош мешуд дил фаромӯшӣ надошт,
Нам нами борон ҳамоғӯшӣ надошт.
Кош мешуд кошҳои зиндагӣ,
То шавад дар пушти қоби зиндагӣ.
Кош мешуд кошҳо меҳмон шаванд,
Дар миёни ғуссаҳо пинҳон шаванд.
Кош мешуд осмон ғамгин набуд,
Дар пойи кинаҳо рангин набуд...
Кош мешуд зиндагӣ такрор дошт...
Лоақал такрорро якбор дошт...
Соатам баръакс мечархиду ман,
Бар танам мешуд кушод ин пираҳан...
Он дабистон, кӯдакӣ, сармашқи об...
Пои модар ҳам бароям ҷои хоб...
Худ берун мекардам аз дилвопаси...
Умру ҳастӣ, хубу бад бисёр нест,
Ҳайф ҳаргиз қобили такрор нест...
#НЕМО_ЮШИҶ
مناجات خواجه عبدالله انصاری
بارالها
از كوی تو بیرون نشود
پای خیالم
نكند فرق به حالم
چه برانی
چه بخوانی
چه به اوجم برسانی
چه به خاكم بكشانی
نه من آنم كه برنجم
نه تو آنی كه برانی..
نه من آنم كه ز فیض نگهت چشم بپوشم
نه تو آنی كه گدا را ننوازی به نگاهی
در اگر باز نگردد
نروم باز به جایی
پشت دیوار نشینم چو گدا بر سر راهی
كس به غیر از تو نخواهم
چه بخواهی چه نخواهی
باز كن در كه جز این
خانه مرا نیست پناهی
#خواجه_عبدالله_انصاری
Муноҷоти Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ
Бор илоҳо
Аз кӯи ту берун нашуд пои хаёлам
Накунад фарқ ба ҳолам чи биронӣ
Чи бихонӣ
Чи ба авҷам бирасонӣ
Чи ба хокам бикашонӣ
На ман онам ки биранҷам
На ту они ки бирони
На ман онам ки зи файзи нигоҳат чашм бипӯшам
На ту они ки гадоро нанавози ба нигоҳе
Дар агар боз нагардад
Наравам боз ба ҷое
Пушти девор нишинам чу гадо бар сари роҳе
Кас ба ғайр аз ту нахоҳам
Чи бихоҳи чи нахоҳи
Боз кун дар ки ҷуз ин хона маро нест паноҳе....
#Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ
Дуруст мегўянд, ки хушбахттарин шахс он аст, ки охирон бихандад. Бибин, ки ин ҳам асосу далели худро аз Қуръон гирифтааст: “… ва йанқалибу ило аҳлиҳӣ масруран” ва қиёс бо “… иннаҳу кона фӣ аҳлиҳӣ масруран”, яъне, он, ки номаи аъмолаш ба дасту китфи рост дода мешавад, пас, хурсанд шуда, бо аҳли худ мепайвандад, вале он, ки номаи аъмолаш “… вараъа заҳриҳӣ”, яъне, ба китфи чаппаш, аз ақиб дода мешавад, ин он шахсе будааст, ки дар вақти худ бо аҳли хеш “хурсандӣ” мекард, яъне, ин дунёро авлотар аз дигар меҳисобид, фармонгурезӣ мекард, бадкорӣ мекард ва ҳоказо.
Дигараш он, ки дўстам, бибин, ки чун нофармонӣ шуд, Одамро бо Ҳавво ба замин фиристоданд, на барои он, ки “хурсандӣ” кунанд, балки, барои “узр хостан” аз Худованд. Гуноҳ агар содир намешуд, пас, эҳтиёҷ бар замин ҳам набуд, ҳамту не?
Вале, боз ҳам Худованд бар бандагони аслиаш “… раъуфун бил-ъибод” гуфтааст, яъне, бар бандагони хеш меҳрубон аст, гуфтааст. Пас, инсон бояд хурсанд бошаду хурсандӣ кунад, вале ин хурсандӣ набояд, ки дар асоси ғаму андўҳу мусибати дигарон бошад, чун дар урфият ҳам гуфтаанд, ки дар асоси ин омилҳо, хушбахт шудан номумкин аст.
Хурсандии инсон бояд дар бандагӣ дар назди Худованду дар хидмат назди мардумаш бошад.
Ин аст хурсандие, ки Худованд бар он иҷозат додааст ва онро пазируфтааст.
Ҳар касе дар сар аз ин гуна ҳавасҳо доранд,
Ки чу мо чашми яқину дили доно доранд.
Шеваи аҳли сафо ҳеч надониста ҳанӯз,
Хештанро ҳама сӯфивашу раъно доранд.
Қавли эшон ҳама ин, к-аҳли яқинему шинохт,
Ба Худо, гар сари мӯе худ аз инҳо доранд.
Ҳусн нашнохтаву дард надониста, ки чист,
Ҳаваси ишқу висолу рухи зебо доранд.
Fофил аз дилкашии холу хати лоларухон,
Барги ошуфтадиливу сари савдо доранд.
Бо чунин мояи пастӣ, ки худ он толеърост,
Дар дил андешаи он қомату боло доранд.
Орифон воқифи ин нукта нагаштанд, Камол,
Хоса ин қавм, ки фаҳми сухани мо доранд.
#КАМОЛИ_ХУҶАНДӢ
Манишин туруш аз гардиши айём, ки сабр,
Талх аст, валекин бари ширин дорад!
#САЪДӢ
Бале, чун Ҳофиз ҳам гуфта буд: “Оё гуле бе хор шуда метавонад?!”, “гардиши айём” (зиндагонӣ ва натоиҷу имконоту маҳсулоти ҳаррӯза ва интизории рӯзи фардо ҳам) бо пастиву баландиҳои мухталифу рангоранг дорад, ки аз “... мин ҳайсу лам яҳтасибу” (аз Қуръон) ҷойе, ки онҳо (ва ё мо) ҳатто фикр накарда будем, ки ба мо мерасад, меояд, чун Худо фармудааст, ки “Инналлоҳа маъас собирин” Худо сабркунандагонро дӯст медорад ва “... ланаблуваннакум би шайин...” бо чиз, яъне, “талхиҳо” онҳоро меозмояд.
Пас, аз ин “талхӣ”, яъне, аз озмоиши собирон “туршрӯёна машин” ва бидон, ки “... ва башширис собирин”, ки Худо собиронро башорат додааст ва гарчанде роҳи сабр талх ҳам бошад, маҳсули он “бари ширин” дорад, яъне, охири кори он нек аст.
Ҳоли нодонро зи нодон беҳ намедонад касе,
Гарчи дар дониш фузун аз Бўалӣ Сино бувад.
Таъни нобино мазан, ай дам зи биноӣ зада,
З-он ки нобино ба кори хештан бино бувад.
#ҶОМӢ
Бале, дўстам, дили озурдаро дилозурдае, дили шикастаро дилшикастае... ва ҳоказо медонаду бас. Куҷо ва кай, мегўянд, шикамсер ғаму ҳоли шикамгуруснаро дониста бошад?!
Чун дар пешгоҳи ин қитъа, мутоябае (ҳикояи шўхиомез) аз Мавлоно Ҷомӣ омадааст, нобиное дар шаби торик ҷароғе дар даст ва сабўе (кўза) бар дўш дар роҳ мерафт. Фузуле (пургў, сергап) ба ў расиду гуфт:
- Ай нодон, рўзу шаб пеши ту яксон аст ва равшанию торикӣ дар чашми ту баробар. Ин чароғро фоида чист?
Нобино бихандид, ки:
- Ин чароғ на аз баҳри худ аст, аз барои чун ту кўрдилони бехирад (бефаҳм, беақл, беилм) аст, то ба ман паҳлў назананду сабўи маро нашикананд.
Қ И С С А И _ Т А Ъ С И Р Б А Х Ш
Мегӯянд дарвеше буд, ки дар кӯчаву маҳалла роҳ мерафт ва мехонд:"Ҳарчи кунӣ ба худ кунӣ,гар ҳама неку бад кунӣ..."
Иттифоқан зани маккоре ин дарвешро диду хуб гӯш дод, то бушнавад, ки чи мегӯяд. Вақте шеърашро шунид гуфт:
-Ман ба ин дарвеш нишон медиҳам!
Ин зан ба хона рафту хамир дуруст кард ва як фатири ширин пухту каме заҳр дар он омехта кард ва оварда ба дарвеш доду ба хонааш рафт ва ба ҳамсояҳо гуфт:
-Ман ба ин дарвеш собит мекунам ки ҳарчӣ кунӣ, ба худ намекунӣ.
Аз қазо зан як писар дошт, ки ҳафт сол буд гум шуда буд. Як замон писар пайдо шуду бо дарвеш бархӯрд ва саломе карду гуфт:
-Ман аз роҳи дур омадааму гуруснаам. Дарвеш ҳам ҳамон фатири ширини заҳролудро ба ӯ дода гуфт:
-Зане барои савоб ин фатирро барои ман пухтааст, бигир ва бихур, эй ҷавон!
Писар фатирро хӯрда ҳолаш хеле бад шуд ва ба дарвеш гуфт:
- Дарвеш! Ин чи буд ки сӯхтам? Дарвеш фавран рафта занро хабар кард. Зан давон-давон омад ва дид ки писари худаш аст, ӯ бар сараш мезаду ларзон мегуфт:
- Ҳаққан, ки ту рост гуфтӣ, ҳарчӣ кунӣ бар худ кунӣ,гар ҳама неку бад кунӣ.
Фикру рафтори бадро аз худ дур кунед!
Дар асрҳои миёна ба шаҳрҳое ки ҳамчун маркази рушди ислом шуҳрат доштанд мақоми "Шариф"ро медоданд.
Инҷо мехоҳам бароятон маълумотҳоро доир ба шаҳрҳои Шариф тақдим кунам.
🌱МАККАИ ШАРИФ- шаҳри муқаддас , арабҳо Маккаро Уммул Қуро , Уммул Мадоин , яъне модари шаҳрҳо низ меноманд , барои мусалмонон муқаддастарин зиёратгоҳ Каъба дар ин шаҳр ҷойгир аст.
🌱МАДИНАИ ШАРИФ- шаҳри дуюми муқаддас барои мусаллмонон, номи қадимааш Ясриб , ин шаҳрро бо номҳои Мадинаи Мунаввара, Дорул ислом, Дорус сунна низ меноманд. Равзаи Мубораки Расулаллоҳ дар ин шаҳр ҷойгир аст ва бисёр саҳобаҳои киромин дар ин шаҳр дафн карда шудаанд.
🌱МАЗОРИ ШАРИФ- ин шаҳр дар шимоли Афғонистон , дар валояти Балх ҷойгир аст.
Дар ин шаҳр қабри Ҳазрати Али , домод ва яке аз чаҳор ёрони босафои Расулаллоҳ ҷой дорад.
🌱БАҒДОД ШАРИФ - пойтахти Ироқ.
Ин шаҳрро яке аз намояндагони сулолаи Аббосиён Халифа Мансур соли 762 барпо кардааст.
🌱ҚУДДУСИ ШАРИФ- ин шаҳр дар Фаластин ҷойгир аст арабҳо Ал - Қудс меноманд
Ин шаҳрро намояндагони се дин насрониён, мусалмонон ва яҳудиён барои худ муқаддас меҳисобанд. Дар ин шаҳр ду масҷиди бузург Қуббатус Саҳро ва Ал Ақсо ҷой доранд.
🌱ДАМАШҚИ ШАРИФ - номи дигараш Шом пойтахти Сурия аст. Яке аз шаҳрҳои зебову босафо буда аммо ҳазор афсус дар замони мо муқаддасоти ин шаҳр аз асари ҷангҳо ба харобот табдил ёфтанд
🌱БУХОРОИ ШАРИФ - ин шаҳр зодгоҳи муҳаддиси бузург Имом ал Бухори мебошад .
Бухороро дар олами ислом Қуббатул Ислом ҳам меноманд дар баъзе асарҳои қадима ба ин шаҳри зебо номи Фохираро низ додаанд.
🍃🌹🍃🌹🍃🌹
ДАР БАЁНИ Ш А Х С И Б А Х И Л
Як рӯз Расули Акрам (с) тавофи Каъба мекард. Дид, ки шахсе даст дар ҳалқаи дари Каъба зада мегуфт: «Худовандо, ба иззати ин хона гуноҳи маро биёмурз».
Расул (с) аз ӯ пурсиданд:
-Гуноҳи ту чист?
гуфт: -Гуноҳи ман чунон бузург аст, ки васф карда намешавад.
Паёмбар гуфтанд:
-Гуноҳи ту бузург аст ё замин?
-Гуфт: гуноҳи ман.
-Боз гуфтанд: гуноҳи ту азимтар аст ё арш?
-Гуфт: гуноҳи ман.
Боз гуфтанд:
-Гуноҳи ту бузургтар аст ё Ҳақ Таъоло?
-Гуфт: Ҳақ Таъоло.
Паёмбар гуфтанд: Пас гуноҳи ту чист, ки ин қадар аз раҳмати Худованд ноумед шудаӣ?
-Гуфт: моли бисёр дорам, аммо вақте гадое меояд, гумон мекунам, ки оташе омаду дар ман меафтад ва як тангаро аз дил берун карда бахшида наметавонам.
Расул(с) гуфтанд:
Дур шав аз ман, то маро низ ба оташи худ насӯзӣ. Қасам ба он Худое, ки маро ба роҳи рост фиристод, агар миёни хонаи Каъба ҳазор сол намоз хонӣ ва чандон гиря кунӣ, ки аз оби чашмат ҷӯй равон шавад ва дарахтон бирӯяд ҳам, ҷои ту дӯзах аст.
Зеро бахил нотавонбин аст. Ҳаёти худро дар фикри дигарон сипарӣ мекунаду аз ҳаёти худ лаззате намебарад.
Яҳё ибни Закариё (а) шайтонро диду гуфт:
-Кадом касро душман медонӣ ва кадом касро дӯст медорӣ?
-Шайтон гуфт:
-Порсои бахилро дӯст медорам, ки ҷон меканаду ибодат мекунад ва бахилиаш қиммати ибодати ӯро бекор мегардонад. Ва фосиқи саховатмандро бад мебинам, ки хуш мегардаду хуш мепӯшад ва метарсам, ки Ҳақ Таъоло бо сабаби саховати вай ӯро раҳмат мекунад ва ҳидоят медиҳад.
Он кас, ки бидонад ва бидонад, ки бидонад,
Асби хирад аз гунбади гардун биҷаҳонад.
Он кас, ки бидонад ва надонад, ки бидонад,
Бедораш намоед, ки бас хуфта намонад.
Он кас, ки надонад ва бидонад, ки надонад,
Лангон хараки хеш ба манзил бирасонад.
Он кас, ки надонад ва надонад, ки надонад,
Дар ҷаҳли мураккаб абдуддаҳр бимонад.
Он кас, ки надонад ва нахоҳад, ки бидонад,
Ҳайф аст, чунин ҷонваре, зинда бимонад!
#РАМАЗОН
#САЪДИИ_ШЕРОЗӢ
Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ,
Аҳд нобастан аз он беҳ, ки бибандию напоӣ.
Дӯстон айб кунандам, ки чаро дил ба ту додам,
Бояд аввал ба ту гуфтан, ки чунин хуб чароӣ?
Эй ки гуфтӣ, марав андар паи хубони замона,
Мо куҷоем дар ин баҳри тафаккур, ту куҷоӣ?
Он на хол асту занахдону сари зулфи парешон,
Ки дили аҳли назар бурд, ки сиррест худоӣ.
Парда бардор, ки бегона худ ин рӯй набинад,
Ту бузургию дар оинаи кӯчак нанамоӣ.
Ҳалқа бар дар натавонам задан аз бими рақибон,
Ин тавонам, ки биёям ба маҳаллат ба гадоӣ.
Ишқу дарвешию ангуштнамоию маломат
Ҳама саҳл аст, таҳаммул накунам бори ҷудоӣ.
Рӯзи саҳрову самоъ асту лаби ҷӯю тамошо,
Дар ҳама шаҳр диле нест, ки дигар бирабоӣ.
Гуфта будам, чу биёӣ, ғами дил бо ту бигӯям,
Чӣ бигӯям, ки ғам аз дил биравад, чун ту биёӣ.
Шамъро бояд аз ин хона бурун бурдану куштан,
То ба ҳамсоя нагӯяд, ки ту дар хонаи моӣ.
Саъдӣ он нест, ки ҳаргиз зи камандат бигурезад,
Ки бидонист, ки дар банди ту хуштар, ки раҳоӣ.
Халқ гӯянд, бирав, дил ба ҳавои дигаре деҳ,
Накунам, хоса дар айёми Атобак дуҳавоӣ.
#سعدی شیرازی
من ندانستم از اول که تو بی مهر و وفایی
عهد نابستن از آن به که ببندی و نپایی
دوستان عیب کنندم که چرا دل به تو دادم
باید اول به تو گفتن که چنین خوب چرایی
ای که گفتی مرو اندر پی خوبان زمانه
ما کجاییم در این بحر تفکر تو کجایی
آن نه خالست و زنخدان و سر زلف پریشان
که دل اهل نظر برد که سریست خدایی
پرده بردار که بیگانه خود این روی نبیند
تو بزرگی و در آیینه کوچک ننمایی
حلقه بر در نتوانم زدن از دست رقیبان
این توانم که بیایم به محلت به گدایی
عشق و درویشی و انگشت نمایی و ملامت
همه سهلست تحمل نکنم بار جدایی
روز صحرا و سماعست و لب جوی و تماشا
در همه شهر دلی نیست که دیگر بربایی
گفته بودم چو بیایی غم دل با تو بگویم
چه بگویم که غم از دل برود چون تو بیایی
شمع را باید از این خانه به دربردن و کشتن
تا به همسایه نگوید که تو در خانه مایی
سعدی آن نیست که هرگز ز کمندت بگریزد
که بدانست که دربند تو خوشتر که رهایی
خلق گویند برو دل به هوای دگری ده
نکنم خاصه در ایام اتابک دو هوایی
Як шабе Маҷнун намозашро шикаст,
Бе вузӯ дар кӯчаи Лайло нишаст.
Ишқи он шаб масти масташ карда буд,
Фориғ аз ҷоми аласташ карда буд.
Саҷдае зад бар лаби даргоҳи ӯ,
Пур зи Лайло шуд дили пур оҳи ӯ.
Гуфт Ё Раб! Аз чи хорам кардаӣ?
Бар салиби ишқ дорам кардаӣ.
Ҷоми Лайлоро ба дастам додаӣ,
В-андарин бози шикастам додаӣ.
Нештари ишқаш ба ҷонам мезанӣ,
Дардам аз лайлост онам мезанӣ.
Хастаам з-ин ишқ, дилхунам макун,
Ман ки Маҷнунам ту маҷнунам накун.
Марди ин бозича дигар нестам,
Ин туву Лайлои ту, ман нестам.
Гуфт: эй девона лайлоят манам,
Дар раги пинҳону пайдоят манам.
Солҳо бо ҷаври Лайло сохтӣ,
Ман канорат будаму нашнохтӣ.
Ишқи Лайло дар дилат андохтам,
Сад қимори ишқ якҷо бохтам.
Кардамат овораи саҳро нашуд,
Гуфтам оқил мешавӣ аммо нашуд.
Сӯхтам дар ҳасрати як "Ё Рабат",
Ғайри Лайло барнаёмад аз лабат.
Рӯзу шаб ӯро садо кардӣ вале,
Дидам имшаб бо манӣ, гуфтам: бале.
Мутмаин будам ба ман сар мезанӣ,
Дар ҳарими хонаам дар мезанӣ.
Ҳол ин Лайло, ки хорат карда буд,
Дарси ишқаш беқарорат карда буд.
Марди роҳаш бош то шоҳат кунам,
Сад чу Лайло кушта дар роҳат кунам"
#РАМАЗОН
Ошиқи ранҷ аст нодон то абад,
Хез, “Ло уқсим…” бихон, то “… фӣ кабад”.
#МАВЛОНО
Бале, дўстам, “нодон ошиқи ранҷ” будаасту оқил ошиқи ганҷ! В-он ганҷ бебаҳову беканор асту (меҳру раҳму латофат) в-он соҳибаш, ки Худованди бузург аст, сахидасту ризқафшон!
Валекин он “нодон, ки ошиқи ранҷ аст”, пас, дарак аз ин Ояти карима, аз Сураи “Балад”, Қуръони карим надоштааст, ки Худованд фармуд: “Ло уқсиму бӣ ҳоза ал-балад. Ва анта ҳиллун(м) бӣ ҳоза ал-балад. Ва волидин ва мо валад. Лақад халақна ал-инсона фӣ ал-кабадин”, яъне, “На, қасам мехўрам бо ин шаҳр (яъне, бо Маккаи мукаррама). Ва ту ҳалол хоҳӣ шуд бо ин шаҳр (яъне, дар Маккаи мукаррама). Ва қасам мехўрам ба зоянда ва баҳри чӣ зодааст. Ҳар ойина офаридем одамеро дар машаққат”.
#ҚИССАИ_ИБРАТБАХШ
Панди ҳазрати Алӣ (разияллоҳ таоло ва анҳ)
Мегӯянд ҳазрати Алӣ (р) дар бистари марг хоб буд, ки садои гиряи писараш Ҳасан (р) ба гӯшаш расид, гуфт:
Барои чӣ гиря дорӣ?
Гуфт:
Чӣ гуна гиря накунам, вақте ту дар бистари марг хобӣ?
Ҳазрати Алӣ (р.а) гуфт:
Ҳашт пандe ҳаст ба ту мегӯям агар бо чортои он амал карда аз чортои дигараш худдори намоӣ, пас ягон касе ба ту наметавонад зараре расонад.
Онҳо чӣ будаанд, гуфта пурсид Ҳасан (р).
Ҳазрати Алӣ (р) гуфт:
1. Беҳтарин сарват - ақл аст.
2. Бадтарин нодорӣ - ҷоҳилист.
3. Танҳотарин шахс - такаббуру худписанд аст.
4. Беҳтарин хислати инсон - хулқи хуб аст.
Ҳасан (р) гуфт:
Чортои дигараш чӣ?
Ҳазрати Алӣ (р) гуфт:
1. Аз дӯсти бо одамони нодон худдорӣ намо, зеро онҳо ба ҷои фоида ба ту зарар меоранд.
2. Бо одамони дурӯғгӯй дӯсти макун.
3. Бо мумсикон дӯстӣ макун туро дар айёми тангдастият танҳо мегузоранд.
4. Бо хоинҳо дӯстӣ макун. Онҳо туро хоҳу нохоҳ рӯзе мефурушанд...