adabiyoti_klassiki | Unsorted

Telegram-канал adabiyoti_klassiki - 𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

796

¤ Ирфон ¤ Ҳикмат ¤ Панд ¤ Шеър ¤ Байт ¤ Ғазал ¤ Андеша (аз бузургони олами классикӣ ва ҷадид) http/t.me/ADABIYOTI_KLASSIKI

Subscribe to a channel

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Эй ғунчаи хобида чу наргис нигарон хез,
Кошонаи мо рафт ба тороҷи замон хез.
Аз нолаи мурғи чаман, аз бонги азон хез,
Аз гармии ҳангомаи оташнафасон хез.
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез,
Аз хоби гарон хез!

Хуршед, ки пироя ба симои саҳар баст,
Овеза ба гӯши саҳар аз хуни ҷигар баст.
Аз дашту ҷабал қофилаҳо рахти сафар баст,
Эй чашми ҷаҳонбин ба тамошои ҷаҳон хез.
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез,
Аз хоби гарон хез!

Ховар ҳама монанди ғубори сари роҳест,
Як нолаи хомӯшу асарбохта оҳест.
Ҳар зарраи ин хок гиреҳхӯрда нигоҳест,
Аз Ҳинду Самарқанду Ироқу Ҳамадон хез.
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез,
Аз хоби гарон хез!

Дарёи ту дарёст, ки осуда чу саҳрост,
Дарёи ту дарёст, ки афзун нашуду кост.
Бегонаи ошӯбу наҳанг аст, чӣ дарёст?
Аз синаи чокаш сифати мавҷи равон хез.
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез,
Аз хоби гарон хез!

Ин нукта кушояндаи асрори ниҳон аст,
Мулк аст тани хокиву дин рӯҳи равон аст.
Тан зиндаву ҷон зинда зи рабти тану ҷон аст,
Бо хирқаву саҷҷодаву шамшеру синон хез.

Номуси азалро ту аминӣ, ту аминӣ,
Дорои ҷаҳонро ту ясорӣ, ту яминӣ.
Эй бандаи хокӣ ту замонӣ, ту заминӣ,
Саҳбои яқин баркашу аз дайри гумон хез.
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез,
Аз хоби гарон хез!

Фарёд зи афрангу диловезии афранг,
Фарёд зи ширинию парвизии афранг.
Олам ҳама вайрона зи чингизии афранг,
Меъмори ҳарам, боз ба таъмири ҷаҳон хез.
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез,
Аз хоби гарон хез!

#МУҲАММАД_ИҚБОЛ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Эй, ки мепурсӣ нишони ишқ чист,
Ишқ чизе ҷуз зуҳури меҳр нест!

Ишқ, яъне меҳри бе аммою агар,
Ишқ, яъне рафтан бо пои сар!

Ишқ, яъне дил тапидан баҳри дӯст,
Ишқ, яъне ҷони ман Қурбони Ӯст!

Ишқ, яъне мастӣ аз чашмони Ӯ,
Белабӯ, беҷуръа, бемай, бесабӯ!

Ишқ, ранҷи меҳрубонӣ доштан,
Захми дарки осмонӣ доштан!

Ишқ, яъне гул ба ҷои хор бош,
Пул ба ҷои ин ҳама девор бош!

Ишқ, яъне чун Муҳаммад (с) по ба роҳ,
Ишқ, яъне ҳамчу Юсуф (а) қаъри чоҳ!

Ишқ, яъне шаб нахуфтан то саҳар,
Ишқ, яъне саҷда бо чашмони тар!

Ишқ, яъне интизору интизор,
Ишқ, яъне ҳар чӣ бинӣ акси ёр!

Ишқ, яъне дида бар дар дӯхтан,
Ишқ, яъне дар фироқаш сӯхтан!

Ишқ, яъне як нигоҳи ошно,
Дидани афтодагони зери по!

Ишқ, озодӣ, раҳоӣ, эминӣ,
Ишқ, зебоӣ, зулолӣ, равшанӣ!

Эй, тавоно нотавони ишқ бош,
Паҳлавоно паҳлавони ишқ бош!

Ишқ, яъне зоҳири ботиннамо,
Ботине оганда аз нури Худо!

Солик, оре ишқ рамзе дар дил аст,
Шарҳу васфи ишқ коре мушкил аст!

Ишқ, яъне шӯри ҳастӣ дар калом,
Ишқ, яъне шеър, мастӣ, вассалом...

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дар Самарқанду Бухорои Шариф чанде касиф мактаби Тоҷикиро дар бастаанд,
Махзани Тоҷикро дуздиданд, синаи таърихро бибридаанд,
Дар Самарқанди самарманд аз ғурури тоҷикӣ тарсидаанд.

Дар Самарқанду Бухорои Шариф бар Тоҷикон дода бас аснодҳои зӯракӣ,
Бар ҷигаргоҳи нумӯи Ориён, захмҳо зад кордҳои зӯракӣ.
Дар Самарқанду Бухорову Хуҷанд, ошиқи лафзи дарӣ бисёр буд,
Форсӣ хонданд намози хештан дар замоне ки Араб ҷаррор буд.
Эй Хуҷанди Бостон шаҳри азизи ростон эй диёри Рӯдакӣ эй сарзамини Суғдиён.
Эй дилу ҷонам Самарқанд, эй дилу ҷонам Бухоро,
Эй дӯст, эй Самарқанд, эй Биҳишт.
Эй махзани ирфону илм хуфта дар зери лиҳофи ғафлатат бинам чаро - бинам чаро.

Ман Самарқандии бе майхонаам, ман Самарқандии бе майхонаам,
Гашта чун дил шаҳри манзил вайронаам.
Ман намедонам Худованд баҳри чи дур намуд аз Осмонҳо нолаам,
Ман намозамро ба номат мегузорам Тоҷикӣ,
Ифтихорам Тоҷикӣ дору надорам Тоҷикӣ,
Атромезу фараҳ афзо ҳавои Кишварам,
Лафзи ширину забони ширадорам Тоҷикӣ.
Аҳли Сомонам мусулмонам имонам комил аст,
Аз Худойи меҳрубон умедворам Тоҷикӣ.
@ADABIYOTI_KLASSIKI

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Аз кӯҳ санге чун фитад, сад сангро беҷо кунад,
Марде чу номардӣ кунад, сад мардро расво кунад.

Нодон чу доноӣ кунад, аҳсан бигӯемаш ҳама,
Аммо чӣ битвон кард агар нодоние доно кунад?

Шавқе агар саркӯб шуд, нохуб шуд, нохуб шуд,
Аз кӯрзавқе дод, агар истеза бо бино кунад!

Ҳар кас тавонад рӯдро бо ҷӯйҳо созад ҷудо,
Он кист, к-аз дарёдилӣ як қатраро дарё кунад?

Ҳар кас тавонад мурдаро бар хок биспорад, вале,
Он кист, хоки мурдаро тоҷи сари дунё кунад?

Ман бо касе ҳамдостон, эй дӯстон, эй ростон,
К-имрӯзи худро зинае то қуллаи фардо кунад.

197
3

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

وقت است که بنشینی و گیسو بگشایی
تا با تو بگویم غم شب های جدایی

بزم تو مرا می طلبد ، آمدم ای جان
من عودم و از سوختنم نیست رهایی

تا در قفس بال و پر خویش اسیرست
بیگانه ی پرواز بود مرغ هوایی

با شوق سرانگشت تو لبریز نواهاست
تا خود به کنارت چه کند چنگ نوایی

عمری ست که ما منتظر باد صباییم
تا بو که چه پیغام دهد باد صبایی

ای وای بر آن گوش که بس نغمهٔ این نای
بشنید و نشد آگه از اندیشهٔ نایی

افسوس بر آن چشم که با پرتو صد شمع
در اینه ات دید و ندانست کجایی

آواز بلندی تو و کس نشنودت باز
بیرونی ازین پرده ی تنگ شنوایی

در اینه بندان پریخانه ی چشمم
بنشین که به مهمانی دیدار خود آیی

بینی که دری از تو به روی توگشایند
هر در که براین خانه ی ایینه گشایی

چون سایه مرا تنگ در آغوش گرفته ست
خوش باد مرا صحبت این یار سرایی


#هوشنگ_ابتهاج

Вақтестки биншиниву гесӯ бигшойи,
То бо ту бигӯяи ғами шабҳои ҷӯдойи.

Базми ту маро металабад , омадам эй ҷон
Ман удаму аз сухтанам нест раҳойи.

То дар қафаси болу пари хеш асираст
Бегонаи парвоз буд мурғи ҳавойе

Бо шавқи сарангушти ту лабрези навоҳост
То худ ба канорат чи кунад чангу навойе

Умрест ки мо мунтазири боди сабойем
То бӯ ки пайғом диҳад боди сабойе

Эй вой бар он гӯш ки бас нағмаи ин ной
Бишниду нашуд огаҳ аз андешаи нойе.

Афсӯс бар он чашм ки бо партави сад шамъ
Дар оинаат дида надонист куҷойе.

Овози баланди туву кас нашнавадат боз
Беруни аз ин пардаи танги шунавои.

Дар оина бандони парихонаи чашмам
Биншин ки ба меҳмонии дидори худ ойи.

Бини ки даре аз ту ба рӯи ту кушоянд
Ҳар дар ки дар ин хонае оина кушойи.

Чун соя маро танг дар оғуш гирифтаст
Хуш бод маро сӯҳбати ин ёри саройи.

Ҳушанг Ибтиҳоҷ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дубайтиҳои дилошӯб аз ашъори султони ишқ
#МАВЛОНО_РУМӢ

Қ И С М А Т И С А В В У М

-21-
Чун дид рухи зарди ман он шӯҳранигор,
Гуфто, ки дигар ба васлам уммед мадор.
Зеро, ки туро зидд шудӣ дар дилдор,
Ту ранги хазон дорию ман ранги баҳор.

-22-
Гуфтам: Чашмам! Гуфт: Ба роҳаш медор,
Гуфтам: Ҷигарам! Гуфт: ба оҳаш медор!.
Гуфтам, ки дилам! Гуфт: чӣ дорӣ дар дил?
Гуфтам: Ғами ту! Гуфт: Нигоҳаш медор!

-23-
Ҷоно сифати қадам зи абрут бипурс,
Ошуфтагиям зи зулфи ҳиндут бипурс.
Ҳоли дилам аз даҳони тангат биталаб,
Бемории ман зи чашми ҷодут бипурс.

-24-
Бечораи дилсӯхтаи меҳнаткаш,
Дар оташи ишқи ту ҳамесӯзад к-аш.
Ишқат ба мани сӯхтадил афтод,
Оре ҳама дар сӯхта гирад оташ.

-25-
Бар дил чу шугуфта гашт асрори ғамаш,
Надҳам ба гули ҳама ҷаҳон хори ғамаш.
Мо пушт сӯви ҷаҳони шодӣ кардем,
З-ин пас рухи зарди мову девори ғамаш.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дубайтиҳои дилошӯб аз ашъори султони ишқ
#МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ

Қ И С М А Т И А В В А Л

-1-
Бар раҳгузари бало ниҳодам дилро,
Хос аз пайи ӯ пой кушодам дилро.
Аз бод маро бӯи ту омад имрӯз,
Шукронаи он ба бод додам дилро!

-2-
Парвард ба нозу неъмат он дӯст маро,
Бардӯхт мураққаъ зи рагу пӯст маро.
Тан хирқаву андар дили ман сӯфист,
Олам ҳама савмаасту теғ ӯст маро.

-3-
То аз ту ҷудо шудаст оғӯш маро,
Аз гиря касе надида хомӯш маро.
Дар ҷону дилу дида фаромӯш наӣ,
Аз баҳри худо макун фаромӯш маро.

-4-
Эй дил, ду-се рӯз то саҳаргоҳ махусб,
Дар фурқати офтоб чун моҳ махусб.
Чун далв дар ин зулмат роҳи чаҳ мекун,
Бошад, ки барои ба сари чоҳ махусб.

-5-
Султони малоҳат маҳи мавзуни манаст,
Дар силсилааш ин дили маҷнуни манаст.
Бар хоки дараш хуни ҷигар мерезам,
Ҳарчанд, ки хоки ӯ беҳ аз хуни манаст.

-6-
Ишқат ба дилам даромаду шод бирафт,
Боз омаду рахти боз бинҳод, бирафт.
Гуфтам ба такаллуф ду-се рӯзе биншин,
Биншасту кунун рафтанаш аз ёд бирафт.

-7-
Ҳошо, ки ба олам аз ту хуштар ёрест!
Ё хубтар аз дидани рӯят корест?
Андар ду ҷаҳон дилбару ёрам ту басе,
Ҳам партави туст, ҳар куҷо дилдорест!

-8-
Мегиряму зору ёр гуяд зарқ аст,
Чун зарқ бувад, ки дида дар хун ғарқ аст?
Ту пиндорӣ, ки ҳар диле чун дили туст,
Ней-не санамо, миёни дилҳо фарқ аст!

-9-
Дилтангаму дидори ту дармони манаст,
Бе ранги рухат замона зиндони манаст.
Бар ҳеҷ диле мабоду бар ҳеҷ тане,
Он-ч аз ғами ҳиҷрони ту бар ҷони манаст.

-10-
То бо ғами ишқу ту маро кор афтод,
Бечора дилам дар ғами бисёр афтод.
Бисёр фитода буд дил дар ғами ишқ,
Аммо начунин зор, ки ин бор аф
тод!

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ишқат на сарсарист, ки аз сар бадар шавад,
Меҳрат на оразист, ки ҷои дигар шавад.
Ишқи ту дар вуҷудаму меҳри ту дар дилам,
Бо шир дар дарун шуду бо ҷон бадар шавад.
Дардест дарди ишқ, ки андар илоҷи ӯ,
Ҳарчанд саъй беш намоӣ, батар шавад.
Аввал яке манам, ки дар ин шаҳр ҳар шабе
Фарёди ман зи ишқ бар афлок бар шавад.
Гар з-он, ки ман сиришк фишонам ба Зиндарӯд.
Кишти Ироқ ҷумла ба якбор тар шавад.
Дӣ дар миёни зулф бидидам рухи нигор,
Бар ҳайъате, ки абр муҳити қамар шавад.
Гуфтам, ки: «Ибтидо кунам аз бӯса», Гуфт: «на!
Бигзор то, ки моҳ зи ақраб бадар шавад!»
Эй дил, ба ёди лаъли вай ар бода мехурӣ,
Магзор, ҳон, ки муддаиёнро хабар шавад.
Ҳофиз сар аз лаҳад ба дар орад ба пойбӯс,
Гар хоки ӯ ба пои шумо пою пар шавад.
#ҲОФИЗ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Хун гиря кунед, ки Рамазон мегузарад,
Тасбеҳу таровеҳу дуъо мегузарад!

Иди рамазон омади моҳи рамазон рафт!
Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт!!!

Сад дареғо моҳи моҳон меравад,
Моҳи эҳсон моҳи Раҳмон меравад!!!

Карда моро ҳамчун тифли бе гуноҳ,
Моҳи ҳақ аз хони эҳсон меравад!!!

Ҷисму ҷонро пок карда аз гунаҳ,
Поксози қалби инсон меравад!!!

Даҳаи аввал ки раҳмат бор буд,
Раҳм фузун карда хандон меравад!!!

Буд гунаҳсӯз даҳаи мағфираташ,
Карда фориғ аз гуноҳ он меравад!!!

З-оташи дӯзах раҳо карда ҳама,
Итқум_минан_нор алъон меравад!!!

Мӯъҷизаофар шаби қадраш чи хуш,
Моҳи имон моҳи Қуръон меравад!!!

Меҳрубонӣ карда баҳри муслимин,
Моҳи покӣ, моҳи моҳон меравад!!!

#РАМАЗОН

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Файзи қадами баҳор дорад шаби қадр,
Бас муждаи хушгувор дорад шаби қадр!
Якро бадал оварад ҳазорон подош,
Шаҳҷоиза сад ҳазор дорад шаби қадр!

#РАМАЗОН

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Кош то дил мегирифту мешикаст,
Дӯст меомад, канораш менишаст!
Кош мешуд рӯи ҳар рангинкамон
Менавиштам, Меҳрубон бо ман бимон!
Кош мешуд қалбҳо обод буд,
Кинаву ғамҳо ба дасти бод буд.
Кош мешуд дил фаромӯшӣ надошт,
Нам нами борон ҳамоғӯшӣ надошт.
Кош мешуд кошҳои зиндагӣ,
То шавад дар пушти қоби зиндагӣ.
Кош мешуд кошҳо меҳмон шаванд,
Дар миёни ғуссаҳо пинҳон шаванд.
Кош мешуд осмон ғамгин набуд,
Дар пойи кинаҳо рангин набуд...

Кош мешуд зиндагӣ такрор дошт...
Лоақал такрорро якбор дошт...

Соатам баръакс мечархиду ман,
Бар танам мешуд кушод ин пираҳан...
Он дабистон, кӯдакӣ, сармашқи об...
Пои модар ҳам бароям ҷои хоб...
Худ берун мекардам аз дилвопаси...
Умру ҳастӣ, хубу бад бисёр нест,
Ҳайф ҳаргиз қобили такрор нест...
#НЕМО_ЮШИҶ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

مناجات خواجه عبدالله انصاری

بارالها
از كوی تو بیرون نشود
پای خیالم
نكند فرق به حالم
چه برانی
چه بخوانی
چه به اوجم برسانی
چه به خاكم بكشانی
نه من آنم كه برنجم
نه تو آنی كه برانی..
نه من آنم كه ز فیض نگهت چشم بپوشم
نه تو آنی كه گدا را ننوازی به نگاهی
در اگر باز نگردد
نروم باز به جایی
پشت دیوار نشینم چو گدا بر سر راهی
كس به غیر از تو نخواهم
چه بخواهی چه نخواهی
باز كن در كه جز این
خانه مرا نیست پناهی


#خواجه_عبدالله_انصاری

Муноҷоти Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ

Бор илоҳо
Аз кӯи ту берун нашуд пои хаёлам
Накунад фарқ ба ҳолам чи биронӣ
Чи бихонӣ
Чи ба авҷам бирасонӣ
Чи ба хокам бикашонӣ
На ман онам ки биранҷам
На ту они ки бирони
На ман онам ки зи файзи нигоҳат чашм бипӯшам
На ту они ки гадоро нанавози ба нигоҳе
Дар агар боз нагардад
Наравам боз ба ҷое
Пушти девор нишинам чу гадо бар сари роҳе
Кас ба ғайр аз ту нахоҳам
Чи бихоҳи чи нахоҳи
Боз кун дар ки ҷуз ин хона маро нест паноҳе....

#Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дуруст мегўянд, ки хушбахттарин шахс он аст, ки охирон бихандад. Бибин, ки ин ҳам асосу далели худро аз Қуръон гирифтааст: “… ва йанқалибу ило аҳлиҳӣ масруран” ва қиёс бо “… иннаҳу кона фӣ аҳлиҳӣ масруран”, яъне, он, ки номаи аъмолаш ба дасту китфи рост дода мешавад, пас, хурсанд шуда, бо аҳли худ мепайвандад, вале он, ки номаи аъмолаш “… вараъа заҳриҳӣ”, яъне, ба китфи чаппаш, аз ақиб дода мешавад, ин он шахсе будааст, ки дар вақти худ бо аҳли хеш “хурсандӣ” мекард, яъне, ин дунёро авлотар аз дигар меҳисобид, фармонгурезӣ мекард, бадкорӣ мекард ва ҳоказо.

Дигараш он, ки дўстам, бибин, ки чун нофармонӣ шуд, Одамро бо Ҳавво ба замин фиристоданд, на барои он, ки “хурсандӣ” кунанд, балки, барои “узр хостан” аз Худованд. Гуноҳ агар содир намешуд, пас, эҳтиёҷ бар замин ҳам набуд, ҳамту не?

Вале, боз ҳам Худованд бар бандагони аслиаш “… раъуфун бил-ъибод” гуфтааст, яъне, бар бандагони хеш меҳрубон аст, гуфтааст. Пас, инсон бояд хурсанд бошаду хурсандӣ кунад, вале ин хурсандӣ набояд, ки дар асоси ғаму андўҳу мусибати дигарон бошад, чун дар урфият ҳам гуфтаанд, ки дар асоси ин омилҳо, хушбахт шудан номумкин аст.

Хурсандии инсон бояд дар бандагӣ дар назди Худованду дар хидмат назди мардумаш бошад.

Ин аст хурсандие, ки Худованд бар он иҷозат додааст ва онро пазируфтааст.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ҳар касе дар сар аз ин гуна ҳавасҳо доранд,
Ки чу мо чашми яқину дили доно доранд.
Шеваи аҳли сафо ҳеч надониста ҳанӯз,
Хештанро ҳама сӯфивашу раъно доранд.
Қавли эшон ҳама ин, к-аҳли яқинему шинохт,
Ба Худо, гар сари мӯе худ аз инҳо доранд.
Ҳусн нашнохтаву дард надониста, ки чист,
Ҳаваси ишқу висолу рухи зебо доранд.
Fофил аз дилкашии холу хати лоларухон,
Барги ошуфтадиливу сари савдо доранд.
Бо чунин мояи пастӣ, ки худ он толеърост,
Дар дил андешаи он қомату боло доранд.
Орифон воқифи ин нукта нагаштанд, Камол,
Хоса ин қавм, ки фаҳми сухани мо доранд.

#КАМОЛИ_ХУҶАНДӢ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Манишин туруш аз гардиши айём, ки сабр,
Талх аст, валекин бари ширин дорад!

#САЪДӢ

Бале, чун Ҳофиз ҳам гуфта буд: “Оё гуле бе хор шуда метавонад?!”, “гардиши айём” (зиндагонӣ ва натоиҷу имконоту маҳсулоти ҳаррӯза ва интизории рӯзи фардо ҳам) бо пастиву баландиҳои мухталифу рангоранг дорад, ки аз “... мин ҳайсу лам яҳтасибу” (аз Қуръон) ҷойе, ки онҳо (ва ё мо) ҳатто фикр накарда будем, ки ба мо мерасад, меояд, чун Худо фармудааст, ки “Инналлоҳа маъас собирин” Худо сабркунандагонро дӯст медорад ва “... ланаблуваннакум би шайин...” бо чиз, яъне, “талхиҳо” онҳоро меозмояд.

Пас, аз ин “талхӣ”, яъне, аз озмоиши собирон “туршрӯёна машин” ва бидон, ки “... ва башширис собирин”, ки Худо собиронро башорат додааст ва гарчанде роҳи сабр талх ҳам бошад, маҳсули он “бари ширин” дорад, яъне, охири кори он нек аст.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

نه هر کس از محبت مایه دار است
نه با هر کس محبت سازگار است

بروید لاله با داغ جگر تاب
دل لعل بدخشان بی شرار است

دل من روشن از سوز درون است
جهان بین چشم من از اشک خون است

ز رمز زندگی بیگانه تر باد
کسی کو عشق را گوید جنون است


#اقبال‌لاهوری

На ҳар кас аз муҳаббат моядор аст,
На бо ҳар кас муҳаббат созгор аст.

Бирӯяд лола бо доғи ҷигартоб,
Дили лаъли бадахшон бешарор аст.

Дили ман равшан аз сӯзи дарун аст,
Ҷаҳон бин, чашми ман аз ашк хун аст.

Зи рамзи зиндагӣ бегонатар бод,
Касе к- ӯ ишқро гӯяд ҷунун аст.

#Иқбол Лоҳурӣ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

🍃🍃🍃🍃🌸🍃🍃🍃🍃

Рузи ҷумъа рузи ҳаҷҷи мискин аст,

Рузи саййид, рузи бахти рангин аст.

Рузи тавба рузи аҷр асту савоб,

Рузи мақбули дуои муъмин аст.

Рузи ҷумъа рузи нек, айёми нек,

Рузи ҷумъа рузи садҳо таҳсин аст.

Сураҳои поку таскинсози дил,

Рузи оромии қалби муҳсин аст.

Хутбаҳои панду ҳикматофарин,

Амру наҳяш ҷумла аҳкоми дин аст.

Аз ҳадису фиқх ёбем огаҳи,

Рузи илҳомовару фазли дин аст.

Ҷаннатулмаъво биҳиште дар Замин,

Рузи ҷумъа явми атри мушкин аст...

Асадуллоҳи Ниҳон

🍃🍃🍃🍃🌸🍃🍃🍃🍃

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дилогоҳон, дилогоҳон, дилам танг аст, медонед?
Ҳадисам аз мақоли шишаву санг аст, медонед?

Нафасгирӣ чӣ душвор аст ҳангоми нафасгирӣ!
Ҳамин ҳангома бо ҷонам ҳамоҳанг аст, медонед?

Гурўҳе дар найистони замона ранг мерезанд,
Най андар ранг чун омехт, найранг аст, медонед?

Бисўзад решаи он оштӣ, к-аз ҷанг бархезад!
Ҷаҳон бо ҷони ман дар оштиҷанг аст, медонед?

Ба чашми танги Чингизӣ само хунрез метобад,
Ба пои ланги Темурӣ замин ланг аст, медонед?

Чӣ ҷои осмони тираи таърихи инсонӣ!
Замин як пора гўристони фарҳанг аст, медонед?

Садо ояд ба гўшам, Озарахш, аз Зуҳраи чангӣ,
Навои чангатон дар чанги харчанг аст, медонед?!

#ОЗАРАХШ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Имрӯз зодрӯзи устод Лоиқ Шералӣ, гӯяндаи беҳтарин шеъри ноби тоҷикӣ, ошиқтарин шоир ва шоиртарин ошиқи асри 20-ро ба ҳар яки шумо самимона шодбош мегӯям. Рӯҳатон шод бод устоди бузургвор.

* * *
Туӣ буду набудам, миллати ман,
Туӣ самти суҷудам, миллати ман.
Суруди умри ман поён пазирад,
Ту мехонӣ сурудам, миллати ман.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Эй карда зи ҳоли ман фаромӯш,
Чун ҷон, ки кунад зи тан фаромӯш.
Гуфтам, ки бари ту қисса гӯям,
К-он гуна макун зи ман фаромӯш.
Дидам рӯҳи ту зи дуру кардам,
Аз қиссаи хештан фаромӯш.
Бо ҷонканиям замона кардааст,
Аз меҳнати кӯҳкан фаромӯш.
Ҳар ҷо, ки мусофирест карда,
Дар кӯи ту аз ватан фаромӯш.
Бо бӯи ту карда ҷони Яъқуб,
Аз Юсуфу пироҳан фаромӯш.
Карда ба ҳавои тарфи бомат,
Мурғи чаман аз чаман фаромӯш.
Ҷоми суханат шуниду бар вай,
Шуд қоидаи сухан фаромӯш.
#АБДУРАҲМОНИ_ҶОМӢ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Дубайтиҳои дилошӯб аз ашъори султони ишқ
#МАВЛОНО_РУМӢ

Қ И С М А Т И Д У В В У М

-11-
Аз шабнами ишқ хоки одам гил шуд,
Сад фитанаву шӯр дар ҷаҳон ҳосил шуд.
Сад наштари ишқ бар раги рӯҳ заданд,
Як қатра аз ӯ чакиду номам дил шуд,

-12-
Мастони ғамат бори дигар шӯриданд,
Девонадилонат сари маҳро диданд.
Омад сари моҳ, силсила ҷунбониданд,
Пероҳани сабру ақлро бидриданд,

-13-
Дар синаи ҳар касе ки заррае дил бошад,
Бе ишқи ту зиндаги-ш мушкил бошад.
Бо зулфи чу занҷир гиреҳ дар гиреҳат,
Девона касе бувад, ки оқил бошад.

-14-
Ёди ту кунам дилам тапидан гирад,
Хуноба зи дидагон чакидан гирад.
Бо номи ту ором кунам з-ин пас ман,
То ғайри ту аз дилам рамидан гирад.

-15-
Онон, ки муҳаққиқони ин даргоҳанд,
Назди дили аҳли дил чу барги коҳанд.
Аҳли дили хосагон шоҳаншоҳанд,
Боқӣ ҳама ҳар чи ҳаст, ҳарҷи роҳанд

-16-
Хун дар дили ошиқон чу ҷайҳун гардад,
Ошиқ чу кафе бар сари он хун гардад.
Ҷисми ту чу осиёву обаш ошиқ,
Чун об набошад, осиё чун гардад?

-17-
Ҳар лаҳза, ки ғамза он диловез кунад,
Ошиқ зи бало чӣ гуна парҳез кунад?
Бод аст насиҳати ҷаҳон бар гӯшам,
Аммо боде, ки оташам тез кунад!

-18-
Лабҳои ту он гаҳ, ки боситез бувад,
Дар ҳар ду ҷаҳон аз ту шакаррез бувад.
Гар дар дили танги худ ту моҳе бинӣ,
Аз ман бишнав, ки Шамси Табрез бувад.

-19-
Шӯри аҷабе дар сари мо мегардад,
Дил мурғ шудасту дар ҳаво мегардад.
Ҳар зарраи мо ҷудо-ҷудо мегардад,
Дилдор магар дар ҳама ҷо мегардад?!

-20-
Рузе, ки хаёли дилситон рақс кунад,
Як ҷон чӣ кунад, ки сад ҷаҳон рақс кунад.
Ҳар парда, ки мезананд, дар хонаи дил,
Мискинтани бенаво ҳамон рақс кунад.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Санамо, бо ғами ишқи ту чӣ тадбир кунам,
То ба кай дар ғами ту нолаи шабгир кунам.
Дили девона аз он шуд, ки насиҳат шунавад,
Магараш ҳам зи сари зулфи ту занҷир кунам.
Он чӣ дар муддати ҳиҷри ту кашидам, ҳайҳот,
Дар яке нома муҳол аст, ки таҳрир кунам.
Бо сари зулфи ту маҷмӯи парешонии хеш
Ку маҷоле, ки саросар ҳама тақрир кунам?
Он замон, к-орзуи дидани ҷонам бошад,
Дар назар нақши рухи хуби ту тасвир кунам.
Гар бидонам, ки висоли ту бад-ин даст диҳад.
Дину дилро ҳама дарбозаму тавфир кунам.
Дур шав аз барам, эй воизу беҳуда магӯй,
Ман на онам, ки дигар гӯш ба тазвир кунам.
Нест уммеди салоҳе зи фасоди Ҳофиз,
Чунки тақдир чунин аст, чӣ тадбир кунам?
#ҲОФИЗ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Аз боғи ибодат гули хушбуи ҷаҳон рафт,
Он моҳи иҷобат, моҳи меҳр зуду давон рафт.
Ё Раб, ҳама моҳат хубу фархунда бароям,
Аммо, моҳи фархундатаринат-Рамазон рафт.
То соли дигар фурсати ҳастӣ талаби мо,
Ҳар касро насиб созӣ, Худоё нигарон рафт.
Ҳар каф ба дуо дар ҳаққи онҳо, ки набошанд,
То соли дигар гуфта шавад, он ки фалон рафт.
Мо ҳам биравем пас паси ҳам аз пайи тақдир,
Рузе, ки гусаст риштаи умре, ки ба ҷон рафт.
Эй дӯст манол пеши касон аз аҷалу марг,
Зеро, касеро, ки Худо хост, ҳамон рафт...
#РАМАЗОН

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ҷумлаҳо аз ҳакимони дунё...

- Дақиқаҳоеро, ки ба айбҷуии дигарон мегузаронем, агар сарфи андешидан ба айбҳои худамон кунем, фоидаҳои зиёде мебарем, ки беҳтарини он худшиносист.

- Мушкилтарин кор ин аст, ки мардум худро бишносанд ва осонтарин кор ин аст, ки аз дигарон айбҷуи кунанд.

- Вақте мардум аз касе таъриф мекунанд, камтар касе бовар мекунад, вале вақте аз касе бадгуи мекунанд, ҳамаги боварашон мешавад.

- Агар мо касеро дар сахтиҳо ва гирифториҳо дилдори диҳем, худ низ ором мешавем.

- Ва агар инсон як руз аз худхоҳияш бигзарад, ҳама уро нек хоҳанд гуфт.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Бисмиллаҳир Раҳманир Раҳим
Инна анзалнаҳу фӣ лайлати-л-қадр
Ва ма адрока ма лайлату-л-қадр
Лайлату-л-қадри хайрум-мин алфи шаҳр
Таназзалу-л-малаъикату ва-р-Рӯҳу фиҳа би изни Раббиҳим-мин кулли амр
Саламун ҳия ҳатта матлаъи-л-фаҷр


Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
Мо дар шаби қадраш нозил кардем! (Қуръонро)
Ва ту чӣ донӣ, ки шаби қадр чист?
Шаби қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст.
Дар он шаб фариштагону рӯҳ ба фармони Парвардигорашон
барои анҷом додани корҳо мефароянд.
Он шаб то тулӯъи бомдод ҳама салому эминӣ аст
.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Инсон дар зиндаги ба се чиз ғурур мекунад:
Насаби бузург;
Либоси зебо;
Хонаи пурҳашам.
Аммо баъд аз марг номаш марҳум, либосаш кафан ва хонааш қабр аст.

Бар чархи фалак маноз, ки камаршикан аст,
Бар ранги либос маноз, ки охир кафан аст.
Мағрур машав, ки зиндагӣ чанд руз аст,
Дар зери замин шоҳу гадо як рақам аст.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ё раб, сабабе соз, ки ёрам ба саломат
Бозояду бирҳонадам аз чанги маломат.
Хоки раҳи он ёри сафаркарда биёред,
То чашми ҷаҳонбин кунамаш ҷои иқомат.
Фарёд, ки аз шаш ҷиҳатам роҳ бибастанд
Он холу хату зулфу руху оразу қомат.
Имрӯз, ки дар дасти туам, марҳамате кун,
Фардо, ки шавам хок, чӣ суд ашки надомат.
Эй он, ки ба тақриру баён дам занӣ аз ишқ,
Мо бо ту надорем сухан, хайру саломат.
Дарвеш, макун нола зи шамшери ахиббо,
К-ин тоифа аз кушта ситонанд ғаромат.
Дар хирқа зан оташ, ки хами абруи соқӣ,
Бармешиканад гӯшаи меҳроби имомат.
Ҳошо, ки ман аз ҷавру ҷафои ту бинолам,
Бедоди латифон ҳама лутф асту каромат.
Кӯтаҳ накунад баҳси сари зулфи ту Ҳофиз,
Пайваста шуд ин силсила то рӯзи Қиёмат.

#ҲОФИЗ

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Баҳри гиря омад Одам бар замин,
То бувад гирёну нолону ҳазин.
Одам аз Фирдавсу аз болои ҳафт
Поймочон аз барои узр рафт.
#МАВЛОНО

Бале, дўстам, чун Худованди доно дар Ояти қуръонӣ гуфтааст: “Лақад халақна ал-инсона фӣ кабадин” (Сураи “Ал-балад”), яъне, яқин бидон, ки ба таҳқиқ, инсонро дар машаққат офаридаанд ва ин дунёи фонӣ ва пурмакр ҷойи хандаву бозӣ нест, балки чун Низомии Ганҷавӣ ҳам ба писараш Муҳаммад Низомӣ панд дода буд “… на вақти бозист!”, яъне, ҷойе будааст, ки инсон бояд бо чанд азобу машаққат илмро андўзад, ҳунарро аз худ кунад, маош ёбад, дар назди оилааш масъулиятро ҳис кунад ва ҳоказо.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Ва ҳеҷ гоҳ аз хотир мабарор, ки умуман роҳи Худо осону саво нест ва дар он санҷишҳо, чун Мавлоно Балхӣ навишта буд, андаруни санҷишҳост ва печутоби зиёде дорад, ки чунин васл исботи дӯстиву ишқи ҳақиқиро талаб мекунад.

Барои ҳамин чунин аҳволу афъоли писандидаи Худо ба мисли сабр ва ё ҳақиқат, ҳамеша талханд, вале, хушбахтона “бари ширин” доранд.

Читать полностью…

𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Оре, баъзан ва агарчи дар дониш аз Бўалӣ Сино "беҳтару бештар ва фузун (зиёда)" бошем ҳам, вале дар кори одӣ ақламон намегирад ва назди омм, бо ин ҳама доногиямон пойхўрдаву забонбаста мегардем, чун аз сирри ин кор хабаре надошта бошем, пас, чӣ фойида дар боби он сухан гуфтан?

Чун гуфтем, ки ҳоли нобиноро нобино медонаду бас, пас, нобиноро таъна задан бо ин ҳама биногӣ аз чист? О, нобино нобино ҳам бошад, вале дар кору ҳоли худ вай аз мо дида, бинотар аст!

Читать полностью…
Subscribe to a channel