Эй карда зи ҳоли ман фаромӯш,
Чун ҷон, ки кунад зи тан фаромӯш.
Гуфтам, ки бари ту қисса гӯям,
К-он гуна макун зи ман фаромӯш.
Дидам рӯҳи ту зи дуру кардам,
Аз қиссаи хештан фаромӯш.
Бо ҷонканиям замона кардааст,
Аз меҳнати кӯҳкан фаромӯш.
Ҳар ҷо, ки мусофирест карда,
Дар кӯи ту аз ватан фаромӯш.
Бо бӯи ту карда ҷони Яъқуб,
Аз Юсуфу пироҳан фаромӯш.
Карда ба ҳавои тарфи бомат,
Мурғи чаман аз чаман фаромӯш.
Ҷоми суханат шуниду бар вай,
Шуд қоидаи сухан фаромӯш.
#АБДУРАҲМОНИ_ҶОМӢ
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт.
Ин теғ на аз баҳри ситамкарон карданд,
Ангур на аз баҳри набиз гашта ба чархушт.Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сарангушт.
Гуфто, ки: 《Киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?
То боз кӣ ӯро бикушад он ки туро кушт?》
Ангушт мазан ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас мазанад ранҷа ба даркӯфтанат мушт!
#РӮДАКӢ
•○•《Забони Тоҷикӣ》•○•
Ҳарчӣ ӯ аз моли дунё дошт, дод,
Хитаи Балху Бухоро дошт, дод,
Суннати волою девон дошт, дод,
Тахти Сомон дошт, дод.
Душмани донишгадояш «Дониш»-и Сино гирифт,
Душмани бесуннаташ девони Мавлоно гирифт.
Душмани санъатфурӯшаш санъати Беҳзод бурд,
Душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт.
Дод ӯ аз даст гурзи Рустаму Сӯҳробро,
Барбарони нотавонеро тавоно кард ӯ.
Номи худро ҳамчу гӯри Рӯдакӣ аз ёд бурд,
Қотилони хешро машҳури дунё кард ӯ.
Қомати кӯтоҳи манғит,
Аз манори каллаи аҳли Хуросон шуд баланд,
Пастии саҳрои Қипчоқ
Аз баландии Бадахшон шуд баланд.
Халқи тоҷик,
Халқи армон,
Об дар чашм,
Чун ятимон,
Дар лабаш хашм,
Чун асирон,
Аз ватан то бар кафан ҳар буду нобуде, ки буд,
Бар кафанталбу ватанталбандаҳо бахшиду дод,
Душмани дарвеши худро,
Шоҳу доро карду худ дарвеш шуд.
Дар миёни тангчашмоне, ки дар чашмонашон
Солҳои тангиро медид ӯ,
Гаҳ дар оташ,
Гоҳ дар об,
Таҳ ба таҳ бо сӯхтанҳои манори суғдиёнаш сӯхт, сӯхт,
Бо харабиҳои девору дари Афросиёбаш шуд хароб.
Лек лафзи модарияш,
Ҳамчу номи модараш,
Дар забону дар даҳонаш монд, монд.
Ҳар сухан бо шири модар,
Сахт шуд дар устухонаш монд, монд.
Худ ба худ дар гӯшаи хоки диёр
Аз ҷудоӣ, аз ғарибӣ,
Ӯ гиристу гиряҳо бар обшорон ёд дод,
Лафзи куҳистоние бар боду борон ёд дод.
Рӯдҳоро Рӯдакидон кард ӯ,
Бодҳоро Анварихон кард ӯ.
Рӯзи ноободиаш тоҷик забон обод кард,
Дар забонаш давлати бедавлатӣ бунёд кард:
Давлате аз ҳарфи вазнин,
Давлате аз шеъри рангин,
Аз чунон шеъре, ки ҳар як мисрааш
Ҷӯяе аз хуни сарбозони ӯст,
Тораи нуре аз оташҳои зардуштони ӯст.
Гӯиё чун сайди маҷрӯҳ
Ӯ ҷароҳатҳои худро
Гаштаю баргашта лесид,
Бо забони худ даво кард.
Дар сарояш тоҷик аз бахти нагун
Гарчӣ бо габру мусулмон
Ҳамсаро буд,
Ҳамрасулу ҳамхудо буд,
Дар забон, аммо ҷудо буд.
Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,
То наафтанд аз забони хештан.
Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,
То наафтад бар замин қадри сухан...
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад ватандор аст ӯ,
То забондор аст бисьёр аст ӯ.
#БОЗОР_СОБИР
Ин сурати як дӯкондорест ки ,дар шаҳри Зинҷони Эрон умр ба сар бурдааст.
Як каси ношинос дучархаашро ( велосипед) ба ӯ амонат мегузорад , ва барои бурданаш намеояд.
Дӯкондор ҳар рӯз бо умеди он ки соҳибаш меояду амонаташро мебарад дучархаро бурун мебаровард, аммо соҳибаш наомад.
Ин ҳол 45 сол давом кард.
Дӯкондор фавтид.
Ҳокимияти шаҳр ҳамчун рамзи вафову амонатдори ҳайкали дӯкондорро сохтанд.
Яке аз беҳтарин амали мусалмонон ин амонатдорӣ, хиёнат накардан ба амонат аст
Мағрур машав ба мол чун бехабарон,
Зеро ки бувад мол чу абри гузарон.
Абри гузарон, агарчи гавҳар борад,
Хотир наниҳад марди хирадманд бар он.
#Ҷомӣ
Оинаи дил соф бояд то дар ӯ,
Вошиноси сурати зишт аз накӯ....
✍#Мавлоно_Румӣ
📖#Шарҳ:
Инсон агар дили худро аз нохолисиҳо соф кунад, қудрати ташхиси хубу бадро хоҳад ёфт....
Заҳр аст, атои халқ ҳарчанд даво бошад,
Ҳоҷат зӣ ки мехоҳӣ, ҷое, ки Худо бошад...?!
#Воъиз_Қазвинӣ
Эй кош, бидидаме, ки ман кистаме?
Гар муқбилам, осудаву хуш зистаме.
Саргашта ба олам аз пайи чистаме?
Варна ба ҳазор дида бигристаме!
__<<1>>__
Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.
Хар бош, ки ин чамоа аз фарти хари,
Ҳар к-у на хар аст, кофираш мехонанд.
__<<2>>__
Дар пара сухан нест, ки маълум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафхум нашуд.
Дар маърифаташ чу нек фикре кардам,
Маълум шуд, ки хеч маълум нашуд.
__<<3>>__
Хак-чони ҷаҳон асту ҷаҳон чумла-бадан,
Ачноси малоика – хавоси ин тан.
Ачром – аносиру маволид – аъзо,
Тавхид хамин асту дигархо хама –фан.
__<<4>>__
Эй зоти ту мар вучудро буда асос,
Ҷуз зоти ту нест хеч кас зотшинос.
Касро ба камолу кунхи зотат ах нест,
Бар феъли ту мекунад зоти ту киёс.
__<<5>>__
Ҳар ҳайату ҳар нақш, ки шуд маҳв кунун,
Дар махзани рӯзгор гардад махзун.
Рафт он гуҳаре, ки буд пирояи умр,
В-овард замона токи сармояи умр.
__<<6>>__
Эй нафс ки бастаи ҳавои ҳаваси,
Биштоб, ки дар ҳимояти як нафаси.
Дунё маталаб, чоҳ маҷӯ, ишва махар,
К-аз дӯст бароиву ба душман бираси.
__<<7>>__
Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,
Як муй надонист, вале муй шикофт.
Андар дили ман ҳазор хуршед битофт,
В-охир ба камоли заррае рох наёфт.
__<<8>>__
Бо ҳар хасе зи руи ҳаво дӯсти мадор,
Дар куи мардумон зи паи дӯсти мапуи.
Гар боядат, ки кам нашавад обруи ту,
Фармону ихтилоти фурумоягон маҷуй,
__<<9>>__
Куфри чу мане газофу осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад
#Абӯалӣ_Ибн_Сино
Ҳар кӣ гардан ба даъвӣ афрозад,
Хештанро ба гардан андозад.
Саъдӣ афтодаест озода,
Кас наёяд ба чанги афтода.
Аввал андеша в-он гаҳе гуфтор,
Пойбаст омадасту пас девор.
#Саъдӣ
Маёсой з-омӯхтан як замон,
Зи дониш маяфган дил андар гумон.
Ба манзил расид, он ки гӯянда буд,
Беҳӣ ёфт он кас, ки ҷӯянда буд.
Ба фардо мамон кори имрӯзро,
Бари тахт маншон бадомӯзро.
Аз имрӯз коре ба фардо мамон,
Чӣ донӣ, ки фардо чӣ созад замон?!
Ба гетӣ беҳ аз ростӣ пеша нест,
Зи кажжӣ батар ҳеч андеша нест.
Машав дар ҷавонӣ харидори ганҷ,
Ба беранҷ кас ҳеҷ манмой ранҷ.
#Фирдавсӣ
Мурғи бевақтӣ, сарат бояд бурид,
Узри аҳмақро намешояд шунид.
Узри аҳмақ бадтар аз ҷурмаш бувад,
Узри нодон заҳри ҳар дониш бувад.
Узрат, эй харгўши аз дониш тиҳӣ,
Ман на харгўшам, ки дар гўшам ниҳӣ.
#Мавлоно
Эй тамошогоҳи хубон тоқи абрӯйи Шумо,
Нест моро тоқате бе дидани рӯйи Шумо.
Судаи алмосро бар захми мо марҳам ниҳед,
Хунбаҳои мо нигоҳи чашми ҷодуйи Шумо.
Чашми он дорем аз баҳри Худо афзун кунанд,
Дарди моро, эй табибон, ҳаққи доруйи Шумо.
Хуни мо бар гардани боди сабо хоҳад шудан,
Гар димоғи мо шавад маҳрум аз бӯйи Шумо.
Аз сари бунёди ғам бигзаштани мо дур нест,
Гар ба мо ёрӣ кунад як лаҳзае хӯйи Шумо.
Ҳирзи мо аз бӯсаи лаъли лабе таъйин кунед,
То яке девона созад чашми ҷодуйи Шумо.
Дониш, аз гарданкашӣ ҳаргиз намеёбад халос,
То замоне хок гардад бар сари кӯйи Шумо.
#Аҳмади_Дониш
Худ гунаҳкорему аз дунё шикоят мекунем,
Ғофил аз худ дигаронро ҳам қазоват мекунем.
Кӯдаке ҷон медиҳад аз дарду фақру мо ҳанӯз,
Чашм мебандему ҳар шаб хоби роҳат мекунем....
#Шайх_Баҳоӣ.
Гуфт Пайғамбар, ки доим баҳри панд
Ду фаришта хуш мунодӣ мекунанд.
К-эй Худоё, мунфиқонро сер дор,
Ҳар дирамшонро иваз деҳ сад ҳазор.
Эй Худоё, мумсиконро дар ҷаҳон
Ту мадеҳ илло зиён андар зиён.
#Мавлоно
Дӯстони азиз, вақт ба бозии байтбарак (касе хоҳишманд аст дар коментария метавонед нависед)
Як нафар шеър мегуяд ва дигар нафар бошад бо ҳарфи охирони он шеър, шеъри дигар мегӯяд...
Масалан:
Нафари якум:
"Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст,
Ҳам лоиқи душман асту ҳам лоиқи дӯст."
Нафари дигар:
"То тавони дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.."
Шаб хез, ки ошиқон шаб роз кунанд,
Гирди дари боми дӯст парвоз кунанд.
Ҳарҷо, ки даре бувад ба шаб дарбандан,Илло дари дӯстро, ки шаб боз кунанд.
@ADABIYOTI_KLASSIKI
Эй, дил ғами ин ҷаҳони фарсуда махӯр,
Беҳуда наӣ, ғамони беҳуда махӯр.
Чун буда гузашту нест нобуда падид,
Хуш бош, ғами будаву нобуда махӯр...
#Умар_Хайём
Навмед машав, банда, аз раҳмати мо ҳаргиз,
Зеро ки ба ғайр аз мо кас нест туро ҳаргиз.
Хоҳам, ки аз ин олам ту пок шавӣ аз ҷурм,
В-арна ба ту нафристам, эй банда, бало ҳаргиз.Чун сӯхтаи имрӯз аз дарди фироқи мо,
Дар сӯхтанат фардо надҳем ризо ҳаргиз.
Ман бо туам, эй ошиқ, ту низ ба мо мебош,
Ҳаргиз чу нашояд дӯст аз дӯст ҷудо ҳаргиз.Ҳарчанд ки рӯ аз мо бартофтиву рафтӣ,
Рӯ аз ту наметобад худ раҳмати мо ҳаргиз.
Аз дарди фироқи мо як шаб чу ба рӯз орӣ,
Дидор напӯшонам дар рӯзи лиқо ҳаргиз.Гар бар дили худ моро рӯзе гузарони ту,
Дар дӯзахи пуроташ н-орем туро ҳаргиз.
Эй ҷамъи тиҳидастон, ҳаққо, ки нахоҳам баст,
Ман ин дари раҳматро бар рӯйи шумо ҳаргиз.
Аз бими ҷудо будан аз давлати ҷовидон,
Муҳйӣ набувад як дам бе ёди Худо ҳаргиз.
#Муҳйиддин_Абдулқодири_Ҷелонӣ
Яке аз шартҳои амонатдорӣ ин супурдаҳоро дар ҳамон шакле ки қабул карда шуда буд , ба соҳибаш баргардонидан аст . Монанди рафтори паёмбар (саллаллоҳу алайҳи вассаллам), ки ҳатто мушрикон супурдаҳояшонро дар назди ӯ мегузориданд то аз онҳо нигаҳдорӣ намояд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи вассаллам)-ро ҳамчу фарди ростгӯ ва амину амонатнигаҳдор дар байни аҳли Макка мешинохтанд, Ҳангоме, ки паёмбар (саллаллоҳу алайҳи вассаллам) аз Маккаи мукаррама ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат кард ҳазрати Алӣ (разияллоҳу анҳу)-ро масъул гардонид, то амонатҳои мушриконро, ки назди ӯ буданд боз гардонад.
Читать полностью…#Аз_ганҷинаи_хирад
Агар бастаи ишқи халосӣ маҷӯ,
Ва гар куштаи ишқи қасос маҷӯ...
Ки ишқ оташи сӯзон асту баҳри бекарон аст,
ҳам ҷон асту ҷонро ҷонон аст,
ва қиссаи бепоён асту дарди бедармон аст,
ақл дар идроки вай ҳайрон ва дил аз дарёфти вай нотавон аст .
Ниҳонкунандаи аён асту аёнкунандаи ниҳон аст..
Агар хомӯш бошад дилро чок кунад ва аз ғайри худаш пок кунад...
Ишқ дард нест ,вале ба дард орад...
Бало нест вале балоҳо ба сар орад....
Чунон ки иллати ҳаёт аст, ҳамчунон сабаби мамот аст...
Муҳаббат муҳибро сӯзад на маҳбубро
Ишқ толибро сӯзад на матлубро....
Шарҳи ишқро ман бигӯям бардавом,
Сад қиёмат бигзарад он нотамом.
📖#Муҳаббатнома_Боби_Ишқ
✍#Хоҷа_Абдуллоҳи_Ансорӣ
Ҷаҳон ба маҷлиси мастони бехирад монад!
Ки дар шиканҷа бувад ҳар кас ки ҳушёраст...
#Соиб_Табрезӣ
Шаби сӯҳбат ғанимат дон, ки баъд аз рӯзгори мо,
Басе гардиш кунад гардун, басе лайлу наҳор орад.
Баҳори умр хоҳ , эй, дил вагарна ин чаман ҳар сол,
Чу насрин сад гул орад бору чу булбул ҳазор орад...
#Ҳофиз
Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,
Ки бо ман ҳар чӣ кард, он ошно кард.
#Ҳофиз
Хештан нашнохт мискин одамӣ,
Аз фузунӣ омаду шуд дар камӣ.
Хештанро одаме арзон фурӯхт,
Буд атлас, хеш бар далқе бидӯхт.
#Мавлоно
Чанд гӯйӣ, ки бадандешу ҳасуд,
Айбҷӯёни мани мискинанд?!
Гаҳ ба хун рехтанам бархезанд,
Гаҳ ба бад хостанам биншинанд?!
Нек бошию бадат гӯяд халқ,
Беҳ, ки бад бошиву некат бинанд!
#Саъдӣ
Раҳм бар қорунсириштон кун, ки аз афсуни ҳирс,
Ин харон зери замин ҳам бори дунё мекашанд.
#Бедил
Дил мутеъ гашт чароғи назар шавад,
Фарзанди нек ҷойнишини падар шавад.
Нахле, ки бар надод, шавад боғбон кабоб,
Хун мехӯрад падар, чу писар беҳунар шавад.
#САЙИДО
#Ғазале_аз_Аттор_Нишопурӣ
Эй, дил агар ошиқи, дар паи дилдор бош,
Бар дари дил , рӯзу шаб , мунтазири ёр бош.
Дилбари ту ҷовидон бар дари дил ҳозир аст,
Равзани дил баргушо, ҳозиру бедор бош.
Нест кас огаҳ ки ёр кай бинмояд ҷамол,
Лек ту боре ба нақд ,сохтаи кор бош.
Лашкари хоб оварад бар дилу ҷонат шикаст,
Шаб ҳама шаб , ҳамдами дидаи бедор бош.
Гар дилу ҷони туро дурру бақо орзуст,
Дам мазану дар фано, ҳамдами Аттор бош....
Дидори ёри ғоиб
, донӣ, чи завқ дорад,
Абре, ки дар биёбон бар ташнае биборад.
Эй бӯйи ошноӣ, донистам,
аз куҷоӣ,
Пайғоми васли ҷонон пайванди рӯҳ дорад.
Савдои ишқ пухтан ақлам
намеписандад,
Фармони ақл бурдан ишқам намегузорад.
Бошад, ки худ ба раҳмат ёд оваранд моро,
В-арна кадом қосид пайғоми мо гузорад.
Ҳам орифони ошиқ донанд ҳоли мискин,
Гар орифе бинолад,
ё ошиқе бизорад.
Заҳрам
чу нӯшдору
аз дасти ёри ширин,
Бар дил хуш асту нӯшам бе ӯ намегуворад.
Пое, ки барнаёяд рӯзе ба санги ишқе,
Гӯем ҷон надорад, ё дил намесупорад.
Машғули ишқи ҷонон гар ошиқест содиқ,
Дар рӯзи тирборон бояд, ки сар нахорад.Бе ҳосил аст,
ёро, авқоти зиндагонӣ,
Илло даме, ки ёре, бо ҳамдаме барорад.
Донӣ, чаро нишинад Саъди ба кунҷи хилват,К-аз дасти хубруён берун шудан наёрад.
#Саъдӣ
Ман он мўрам, ки дар поям бимоланд,
На занбўрам, ки аз дастам биноланд!
Куҷо худ шукри ин неъмат гузорам,
Ки зўри мардумозорӣ надорам.
#Саъдӣ
Дар даргаҳи Мо дилро, якдила кун, Он чи ғайри Мост, онро яла кун.
Як субҳ ба ихлос рӯ ор, бар дари Мо,
Гар кори ту барнаомад, он гаҳ гила кун!
Ғафлат охир медиҳад дилро ба бод,
Занг ҷуз болу пари оина нест.
Дўстон, бояд ғами дил хўрду бас,
Фаҳми маънӣ ҷавҳари оина нест.
Худнамоӣ то ба кай, ҳушёр бош,
Олам аст ин, манзари оина нест.
#Бедил
Ба печу тоби нафас дил мабанд, фориғ бош,
Ки ин ғубори тапиш кокули парешонист.
Ғурур шеваи аҳли адаб намебошад.
Саре, ки мавҷи гуҳар мекашад, гиребонист.
#Бедил