26009
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад. Сайт: http://www.president.tj Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳун бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи таълимии мазкур барои 1300 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои 28 синфхонаи барҳаво, маҷлисгоҳ, толори фарҳангию варзишӣ, ошхона бо 50 ҷойи нишаст, китобхона, бунгоҳи тиббӣ ва хонаҳои методӣ мебошад.#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon #Ҷайҳун #Джайхун #Jaihun
Дар ҳамин ҷо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 иншооти соҳаи маорифро дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ва 3 корхонаи саноатиро дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Панҷ ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ифтитоҳи як қатор иншооти нав дар шаҳри Душанбе
24.12.2025
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | emomalirahmontjk">Youtube
24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон, ки ҷузъи Гурӯҳи Анадолу мебошад, оғози расмӣ бахшиданд.
Иқтидори корхона дар як сол истеҳсоли 170 миллион литр нӯшокиҳои ташнашикан буда, дар зарфҳои гуногунҳаҷм пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардад.Ҳоло дар корхона 7 намуд нӯшокиҳои брендӣ барои қонеъсозии талаботи мизоҷон истеҳсол мешавад.24 декабря Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон и Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустами Эмомали дали официальный старт деятельности Общества с ограниченной ответственностью “Кока-Кола Нушокихои Точикистон”, входящей в состав Анадолу Груп Турции.
Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани марҳилаи нави ин иншооти саноатӣ беш аз 600 кас бо кор таъмин гардиданд. Васли хатти нави истеҳсолӣ, ба афзоиши иқтидор, номгӯи маҳсулот ва шумораи кормандон мусоидат кард.
Производственная мощность компании составляет 170 миллионов литров прохладительных напитков в год, которые поставляются на потребительский рынок в посуде различных объёмов.#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe #CocaCola
В настоящее время на предприятии 7 видов прохладительных напитков обладают брендом продукции, которые направлены на удовлетворение потребностей клиентов.
С созданием и запуском нового производственного объекта было обеспечено работой более 600 человек. Установка новой производственной линии способствовала увеличению мощности, ассортимента продукции и численности рабочих.
24 декабр бинои нави боз як иншооти дар рушд ва шукуфоии пойтахт нақшгузор – Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши Душанбе низ дар ҳамин рӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ шуд.
Бунёд ва ба истифода супоридани бинои нави Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши Душанбе замина гузошт, ки шумораи кормандон аз 40 каси қаблӣ ба 70 кас расонида шавад.
Толори маҷлис бо 130 ҷойи нишаст барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани ҷамъомаду вохӯриҳо пешбинӣ шуда, истифода аз китобхонаи электронӣ воситаи рушди дониш ва огоҳии кормандон аз навгониҳои илмӣ хоҳад буд.
Строительство и сдача в эксплуатацию нового здания Государственного учреждения Наружная реклама и оформление города Душанбе заложило основу для увеличения численности персонала с прежних 40 до 70 человек.#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe
Конференц-зал на 130 мест предназначен для проведения встреч и совещаний на должном уровне, а использование электронной библиотеки станет средством развития знаний и осведомленности сотрудников о научных новинках.
Сафари корӣ ба Туркманистон ва иштирок дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод дар Ашхобод
11-12.12.2025
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Туркманистон #Туркменистан #Turkmenistan #PeaceAndTrustYear
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | emomalirahmontjk">Youtube
12 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод, ки дар доираи “Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод, 2025” баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози сухан Сарвари давлати мо ба роҳбарияти Туркманистон ва Созмони Милали Муттаҳид барои роҳандозии ин ҳамоиши байналмилалии муҳим арзи сипос намуда, мардуми Туркманистонро бо 30-солагии бетарафии доимии кишвар табрику таҳниат гуфтанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз рӯбарӯшавии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо рақобати печидаи геосиёсӣ ва заиф шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ёдовар шуда, изҳор намуданд, ки болоравии таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир боиси коҳиши суръати пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ мегардад.
Таъкид гардид, ки “сулҳ ва эътимод дар пешбурди муносибатҳои байналмилалӣ, коҳиш додани таҳдиду хатарҳо, муҳайёсозии шароити муносиб барои ҳамкорӣ ва рушди устувор дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳимтарин мебозанд”.
В начале своего выступления Глава государства выразил признательность руководству Туркменистана и Организации Объединенных Наций за проведение этого важного международного форума и поздравил народ Туркменистана с 30-летием установления постоянного нейтралитета страны.
В ходе своего выступления Эмомали Рахмон, напомнив о неоднозначной геополитической конкуренции и ослаблении норм международного права, заявил, что рост вызовов и угроз в современном мире приводит к замедлению темпов экономического и социального развития.
Было подчеркнуто, что «мир и доверие играют важнейшую роль в продвижении международных отношений, снижении угроз и рисков, создании благоприятных условий для сотрудничества и устойчивого развития на мировой арене».
11 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Ашқободи Туркманистон шуданд.
Дар саҳн ва толори фурудгоҳи байналмилалии Ашқобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбангули Бердимухамедов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
В международном аэропорту Ашхабада Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона тепло встретил Председатель Халк Маслахаты Туркменистана уважаемый Гурбангулы Бердымухамедов и другие официальные лица.
Суҳбати Пешвои миллат бо мактаббачагони фаъол дар шаҳри Турсунзода
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Турсунзода #Турсунзаде #Tursunzoda #маориф #образование #education
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | emomalirahmontjk">Youtube
9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода дар маркази шаҳр бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд.
Бинои зебои навбунёд аз 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, ошхона, толори варзишӣ барои пешбурди ҳаёти солим, хонаҳои истиқоматии хизматии дуҳуҷрагӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Красивое недавно построенное здание состоит из 10 рабочих кабинетов, библиотеки, конференц-зала, столовой, тренажёрного зала для здорового образа жизни, служебных кабинетов с двумя спальнями и других вспомогательных помещений.
9 декабр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳр дидан карданд. Дар он корхонаҳои маҳаллӣ маҳсулоти худ, навовариҳо ва имкониятҳои истеҳсолиашонро ба намоиш гузоштанд.
Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба рушди минбаъдаи саноат, коркарди ашёи хоми ватанӣ, ба хусус алюминии аввалия, ивази воридот ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти тайёр дастуру тавсияҳо доданд.
В ходе ознакомления Президент страны дал поручения и рекомендации ответственным лицам по дальнейшему развитию отрасли, переработке отечественного сырья, особенно первичного алюминия, выпуску импортозамещающей продукции и увеличению объёмов экспорта готовой продукции.
9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба истифода супоридани Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаҳои Истиқлол дар шаҳри Турсунзода, ҳамчунин кӯдакистони хусусии Дунёи ширин дар кӯчаи Ҷалолиддини Балхӣ, муассисаи томактабии Лабханди кӯдак дар деҳоти Регар, кӯдакистони Ҷони бобо дар шаҳри Турсунзода, боғчаҳои хусусии Шукуфа ва Лола”, ҳамчунин Муассисаи томактабии наздимуассисавии деҳаи Шӯрхокро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти 6 кӯдакистони хусусӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд дода, аз иқдомҳои созандаи соҳибкорони ватандӯст изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳаи маорифи шаҳри Турсунзода дастур доданд, ки кӯдаконро бо таълими босифат фаро гирифта, барои ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир, тарбияи ватандӯстӣ ва аз хурдӣ дар қалби онҳо ҷо кардани эҳтирому садоқат ба Ватан тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намоянд.
В ходе ознакомления с деятельностью 6 частных детских садов Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон высоко оценил качество выполненных работ и созданные возможности и выразил удовлетворение созидательными действиями патриотически настроенных предпринимателей.
Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон поручил ответственным лицам сферы образования города Турсунзаде обеспечить качественное образование детей, принять все меры для формирования личности, изучения современных знаний, воспитания патриотизма и привития уважения и верности Родине с раннего возраста.
9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи наву замонавии соҳаи маориф, аз ҷумла Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 дар деҳаи Роҳати деҳоти Турсун Туйчиев, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39 дар деҳаи Файзобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 дар деҳаи Шӯрхок, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 дар деҳаи Юлдош Ашуров, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар деҳаи Ҳуснобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №122 дар деҳаи Навобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №108 дар деҳаи Шулум ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 дар деҳоти 10-солагии Истиқлолиятро тариқи фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти наву замонавӣ дар умум 8000 хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, 400 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
С вводом в эксплуатацию новых и современных объектов в общей сложности 8000 учащихся получили образование, 400 человек получили работу и хорошую зарплату.
28 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар робита ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар асари сухтори шадид дар яке аз маҷмааҳои истиқоматии шаҳри Ҳонконг барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Чин ҳамдардӣ ва таслияти самимии хешро иброз менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам.
В связи с этим тяжелым горем выражаю искренние соболезнования и слова сопереживания Вам, родным и близким погибших, всему дружественному народу Китая. Всем пострадавшим желаю полного выздоровления.
27 ноябр дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистону Русия дар заминаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мунтазам рушд меёбад.
На встрече были обсуждены вопросы, связанные с многоплановым сотрудничеством двух стран. С удовлетворением было отмечено, что сотрудничество Таджикистана и России на основе стратегического партнёрства и союзничества стабильно развивается.
26 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қирғизистон #Кыргызстан #Kyrgyzstan #СААД #ОДКБ #CSTO
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | emomalirahmontjk">Youtube
25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Боздиди кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бо ифтитоҳи Корхонаи Шири Ҷайҳун оғоз ёфт.
Дар ин корхонаи нави саноатӣ, ки дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи Комбинати шири Душанбе бунёд гардидааст, истеҳсоли зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, кефири мевагӣ, дуғоб ва маска ба роҳ монда шудааст.
24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Вазорати мудофиаи кишвар ташриф оварда, майдони танкронии машқгоҳи Ҳарбмайдон ва 4 дидбонгоҳи сарҳадиро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Зимни шиносоӣ бо имконоти фарохи ин машқгоҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ дастур доданд, ки бо истифода аз имконоти ин майдон мутахассисони техникии дахлдори худро дар сатҳи баланд омода намоянд.24 декабря Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон вместе с Председателем Маджлиси миллии Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председателем города Душанбе уважаемым Рустамом Эмомали посетили Министерство обороны страны и в дистанционном режиме ввели в эксплуатацию танкодром полигона «Харбмайдон», а также 4 пограничные заставы на границе Таджикистана и Афганистана.
Дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ин минтақаи баландкӯҳ ва душворгузари сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, ки қаблан ба таври зарурӣ муҳофизат намешуд, бори аввал сохта шуд ва барои фаъолияти бемонеаи онҳо дар ин мавзеъ ба масофаи зиёда аз 70 километр роҳи нави мошингузар бунёд ёфта, дигар инфрасохтори ёрирасон низ фароҳам оварда шуд.
Во время ознакомления с широкими возможностями этого полигона Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон поручил руководству Министерства обороны и других силовых структур готовить своих профильных технических специалистов на высоком уровне, используя возможности этого полигона.#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe
Пограничные заставы были построены впервые в этом высокогорном и труднопроходимом участке государственной границы с Афганистаном, который ранее не был должным образом защищён. Для их бесперебойной работы в этом районе построена новая автомобильная дорога протяжённостью более 70 километров, а также создана другая вспомогательная инфраструктура.
24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт корхонаи маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Покиза М-ро ба истифода доданд.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз то 7 тонна маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо саҳми корхонаро дар ғанӣ гардондани бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи кишвар боз ҳам назаррас мегардонанд.24 декабря Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон и Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустами Эмомали в районе Шохмансур столицы сдали в эксплуатацию предприятие по выпуску мясных и колбасных изделий Общества с ограниченной ответственностью «Покиза М».
Дар корхона 77 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ, шароити мусоиди меҳнат ва музди хуб таъмин гардидаанд. Тибқи дурнамо, бо васеъ гардидани иқтидори истеҳсолӣ шумораи кормандон то 280 кас расонида шуда, пас аз қонеъ гардондани талаботи бозори дохилӣ содироти маҳсулот ба кишварҳои хориҷӣ низ ба роҳ монда мешавад. Ин иқдом ба афзоиши иқтидори содиротии кишвар ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар бозорҳои минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.
Производственная мощность предприятия состоавляет до 7 тонн мясных и колбасных изделий в сутки. Этот показатель делает более значительным вклад предприятия в обогащение потребительского рынка страны отечественной продукцией и снижение их импорта из-за рубжа#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe
На предприятии 77 местных жителей обеспечены постоянной работой, благоприятными условиями работы и стабильной зарплатой. Согласно прогнозам, с увеличением производственных мощностей количество работников будет доведено до 280 человек, после удовлетворения потребностей внутреннего рынка будет налажен экспорт продукции за рубеж. Этот шаг будет способствовать увеличению экспортного потенциала страны и укреплению позиции Таджикистана на региональном рынке.
24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе дар маҷмуъ дорои 80 ҳуҷраи кории барҳаво буда, барои кормандони эҷодӣ ва техникӣ шароити муҳими кору фаъолият фароҳам оварда шудааст.
Телевизиони Душанбе дорои чор студияи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти соҳавӣ буда, калонтарини он студияҳои якум ва дуюм мебошанд, ки барои сабти барномаҳои консертӣ, ток-шоу ва барномаҳои калонҳаҷм пешбинӣ шудаанд.
В новом здании Государственного учреждения «Телевидение Душанбе» в общей сложности 80 просторных рабочих кабинетов, созданы необходимые условия для творческих и технических работников.#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe
«Телевидение Душанбе» располагает четырьмя студиями, оснащенными важнейшим отраслевым оборудованием, крупнейшими из которых являются первая и вторая студии, предназначенные для записи концертных программ, ток-шоу и программ большого объёма.
Маросими гулгузории сарони давлатҳои иштирокдори Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод дар назди муҷассамаи Бетарафии Туркманистон дар Ашхобод
Церемония возложения венков главами государств, участвующими в Международном форуме мира и доверия, к мемориалу нейтралитету Туркменистана в Ашхабаде.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Туркманистон #Туркменистан #Turkmenistan #PeaceAndTrustYear
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | emomalirahmontjk">Youtube
11 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сулҳ ва эътимод дар шаҳри Ашхобод бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд.
Дар мулоқот як зумра масоили вобаста ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори дар руҳияи шарикии стратегӣ рушд додани ҳамкорӣ бо Туркманистон мебошад.
На встрече был обсужден ряд вопросов, касающихся дальнейшего укрепления и расширения многостороннего сотрудничества между двумя странами.
Глава нашего государства, уважаемый Эмомали Рахмон, подчеркнул приверженность Таджикистана развитию сотрудничества с Туркменистаном в духе стратегического партнерства.
11 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод ба Туркманистон сафар карданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
В ходе этого визита Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона сопровождают Министр иностранных дел, помощник Президента Республики Таджикистан по вопросам зарубежных связей и другие официальные лица.
Дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор корхонаҳои саноатӣ, идораи маъмурӣ, маркази калони хизматрасонӣ, мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанпарвар бунёд шудааст, ифтитоҳ ёфт.
Танҳо имрӯз ду корхонаи саноатӣ бо 240 ҷои корӣ, маркази бузурги хизматрасонӣ бо 1670 ҷои корӣ, 9 мактаб бо беш аз 9000 ҷойи нишаст ва 7 муассисаи томактабӣ барои қариб 1000 кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Турсунзода #Турсунзаде #Tursunzoda
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | emomalirahmontjk">Youtube
9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ҶДММ Бозори Турсунзодаро, ки иншооти калони дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ аст, ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.
12 бино бо тарҳи милливу муосир ва 10 соябон дар масоҳати умумии 14 гектар замини бекорхобида ҷавобгӯй ба талаботи замон бунёд гардидааст. Дар асоси нишондоди лоиҳавӣ Бозори Турсунзода аз ду марҳилаи сохтмон иборат буда, марҳилаи аввал бо 1500 нуқтаи савдо ва ду таваққуфгоҳ ифтитоҳ гардид. Пас аз ба фаъолият оғоз намудани марҳилаи якуми Бозори Турсунзода зиёда аз 1670 сокини шаҳр ва ноҳияҳои атрофи он бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
В соответствии с требованиями времени построено 12 зданий национального и современного дизайна и 10 навесов на общей площади 14 гектаров залежных земель. Согласно проектным данным, «Бозори Турсунзода» состоит из двух этапов строительства, на первом этапе было открыто 1500 торговых точек и две автостоянки.
9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода корхонаи нави маҳсулоти алюминийи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Алюминийи аввалинро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нав дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бунёд шуда, яке аз корхонаҳои муҳими саноати коркарди алюминий дар мамлакат ба шумор меравад. Иттиллоъ доданд, ки корхона бо хатҳои пешрафтаи технологӣ муҷаҳҳаз буда, имконият дорад 40 намуд профилҳои алюминӣ ва дар як сол 10 ҳазор тонна маҳсулоти баландсифат истеҳсол намояд. Бо ба кор даромадани корхона барои сокинони маҳаллӣ 160 ҷойи кори доимӣ омода шудааст.
Новый объект построен на территории города Турсунзаде и является одним из важных предприятий алюминиевой перерабатывающей промышленности страны. Было сообщено, что предприятие оснащено передовыми технологическими линиями, имеет возможность производить 40 видов алюминиевых профилей и 10 тысяч тонн высококачественной продукции в год.
С запуском предприятия для местных жителей подготовлено 140 постоянных рабочих мест.
9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаҳои Истиқлолро дар деҳаи Исмоили Сомонӣ мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи зебои тозабунёд барои 250 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Дар иншоот барои инкишофи зеҳнии кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии боғча бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона таъмин буда, омӯзиш дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Недавно построенное красивое учреждение рассчитано на 250 детей. В нём созданы хорошие условия для интеллектуального развития детей, получения современных знаний и занятий различными весёлыми играми.
Все классы детского сада оснащены необходимым оборудованием, включая столы и стулья и всевозможные детские игрушки, а обучение ведётся на таджикском, русском и английском языках.
1 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар машварати корӣ доир намуданд.
Дар машварат вазъи кунунӣ дар сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва роҳҳои тақвияти ҳифзи он баррасӣ шуд.
Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД ва мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин
27.11.2025
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Русия #Россия #Russia #Путин #Putin
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | emomalirahmontjk">Youtube
27 ноябр дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан зикр гардид, ки СААД дар низоми амнияти минтақавӣ нақши муҳим бозида, кафили амну субот ва тақвияти имкониятҳои мудофиавии кишварҳои минтақа мебошад. “Тоҷикистон, ки дар сафи пеши самти ҷанубии мудофиаи дастҷамъӣ қарор дорад, ба талошҳо барои тақвияти субот ва таъмини амният дар минтақаи масъулияти Созмон дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи доимӣ дорад”, - таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
В частности, было отмечено, что ОДКБ играет важную роль в системе региональной безопасности, и служит целям обеспечения стабильности и укреплению обороноспособности стран региона. «Таджикистан, находясь на переднем крае южного направления коллективной обороны, постоянно уделяет внимание укреплению стабильности и обеспечению безопасности в Центрально-азиатской зоне ответственности Организации», – подчеркнул Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон.
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи даъват намудани ҷаласаи якуми якҷояи
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум
Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:
Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум 16 декабри соли 2025 соати 10-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
26 ноябри соли 2025
№1095