ҶАВОНИ УЗБЕКИСТОНӢ ГУФТААСТ, 10 САРБОЗИ УКРАИНИРО КУШТААСТ. ӮРО ДАР ВАТАНАШ БОЗДОШТ ВА ЗИНДОН КАРДАНД. https://smarturl.click/3kOkg
Читать полностью…Дар Тоҷикистон як додраси дигарро барои "беобрӯ" кардани ҳамкорони дигараш аз кор ронданд. Ҷузъиёти дар бораи ӯ ва кори ҳамкоронашро дар инҷо дар вебсайти Радиои Озодӣ бихонед:
https://smarturl.click/B6nx5
“Ҳамин рубобакро, то ки умрам ҳаст, нигоҳ мекунам. Агар фарзандонам нигоҳ карданд, хонаашон обод, агар фурӯхтанд, ҳам хонаашон обод. Мегӯянд, Худо мурдаро бе гиря, тӯйхонаро бе соз накунад.”
https://smarturl.click/YzMmj
Нозирони байналмилалӣ ва аз Аврупо ба Тоҷикистон мераванд, то бубинанд, ки имсол интихобот демократӣ сурат мегирад, ё не? Ду коршиносашон чанде пеш аз Душанбе рафтанд, то бубинанд, ки барои чунин интихобот муҳаё ҳаст? Дидаҳояшонро навиштаанд ва дар хулосаҳои онро инҷо бихонед:
https://smarturl.click/vwMQQ
Дороии 500 шахси сарватмандтарини сайёра дар соли 2024 аз 10 триллион доллар ҳам гузашт.
Дар ин бора хабаргузории Bloomberg рӯзи 2-юми январ хабар дод.
Ин пул бо Маҷмӯи маҳсулоти дохилии якҷояи Олмон, Ҷопон ва Австралия дар соли гузашта баробар аст.
Се шахси бойтарини ҷаҳон Илон Маск – молики Tesla ва SpaceX, Ҷефф Безос – муассиси Amazon ва Марк Тсукерберг – раҳбари ширкати Meta мебошанд.
Ҳашт намояндаи пешгоми соҳаи фанновариҳо дар умум дар давоми як соли гузашта 600 миллиард доллар ба даст овардаанд.
Ба навиштаи Bloomberg, Илон Маск ба шарофати наздикиаш бо президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп тавонист қисми калони даромади ширкатҳояшро таъмин кунад.
Дар давоми як сол дороиҳои Маск 213 миллиард доллар афзуда, дар умум аз 442 миллиард доллар гузашт.
Волидони як ҷавон дар ноҳияи Зафаробод (вилояти Суғд) аз шиканҷаи фарзандашон дар идораи милиса шикоят доранд. Наврӯз Нурзода бо иттиҳоми саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ дастгир шудааст.
Читать полностью…Зеленский гуфтааст, ки Владимир Путин аз Доналд Трамп метарсад ва мумкин аст, қотеияти Трамп ба ҷанг дар Украина поён диҳад. Ҷузъиётро дар ин гузориши Радиои Озодӣ бихонед: https://smarturl.click/YzLdj
Читать полностью…Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи домодаш Ашрафҷон Гулов, маъмурияти сафириаш ба поён расидааст, каси дигарро сафири Тоҷикистон дар Туркия таъйин кард. Ҷузъиётро инҷо бихонед:
https://smarturl.click/mpMx5
"Пас мешавад гуфт, мақомоти рус ҳам хуб мекунанд, мо тоҷиконро таҳқир карда, депорт мекунанд!" Аз Тоҷикистон рондани як духтари афғонистонӣ, корбарони зиёдеро ба хашм овардааст ва ба ҳадде ки гуфтаанд, аз тоҷикон набояд аз бераҳмии пулиси Русия шикоят кунанд. Ҷузъиётро инҷо бихонед:
https://smarturl.click/baMpl
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, касе Муҳибаи 20-соларо, ки аз хона фирор карда буд, назадааст. Иддаои Муҳиба дуруст аст ва ё гуфтаи афсарони вазорат. Ҷузъиёт инҷост:
https://smarturl.click/M16p2
Шумори қурбониёни тирпаронӣ дар шаҳри Тсетине дар Черногория ё Монтенегро ба 12 нафар расид. Ду нафари онҳо кӯдак ҳастанд. Чор каси дигар маҷруҳ шудааст.
Шумори қурбониёни тирпаронӣ дар шаҳри Тсетине дар Черногория ё Монтенегро ба 12 нафар расид. Ду нафари онҳо кӯдак ҳастанд. Чор каси дигар маҷруҳ шудааст.
Ҳодиса рӯзи 1-уми январ рух дод.
Бахши Балкании Радиои Озодӣ бо такя ба вазири корҳои дохилии Черногория, Данило Шаранович, хабар дод, ки гумонбари ҳамла Атсо Мартинович даст ба худкушӣ зад.
Муфаттишон гуфтаанд, Мартинович аввал чор касро дар як ошхона дар маркази шаҳр кушт ва сипас ба гӯшаҳои дигари шаҳр рафта, чанд узви хонаводаи худро ба қатл расонд.
Мақомоти полис гуфтанд, ҷиноят ба ихтилофҳои эҳтимолии миёни гурӯҳҳои ҷиноӣ рабт надорад.
Таҳқиқ сар шудааст.
Аз 2 то 4-уми январ дар Черногория ё Монтенегро мотами миллӣ эълон шудааст.