tajeducation07 | Unsorted

Telegram-канал tajeducation07 - Ирфон🎩

-

Дониш талабу бузургӣ омӯз, То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.

Subscribe to a channel

Ирфон🎩

Ҳаёт ин бозӣ аст. Лекин вақте ки аз ин бозӣ дилгир мешавем, аз бозӣ баромада наметавонем. Сар кардӣ – то охир рав

Читать полностью…

Ирфон🎩

Нархи нафт боло равад, нархи бензин боло меравад;
Нархи нафт арзон шавад, нархи бензин боло меравад;
Нархи нафт тағйир наёбад, нархи бензин боло меравад.

Ҳамеша мисли бензин бошед: ягон чиз шуморо афтонда натавонад!

#мотивэйшн

Читать полностью…

Ирфон🎩

Мухтасар дар бораи моҳи августи соли 2021

#happeningofthismonth #August

Читать полностью…

Ирфон🎩

https://youtu.be/14ToLMhJSNo

Читать полностью…

Ирфон🎩

Нахустин мошини парвозкунандаро аз санҷиш гузаронданд.

Ширкати Klein Vision барои ихтирои аэромобил тахминан 2млн евро сарф намуда, ноил гашт, ки аввалин парвози мошинро дар фурӯдгоҳи Нитра (Братислава, Словакия) бо суръати 170км/соат ба роҳ монад.

💭Шумо чӣ фикр доред, дар бораи мошине, ки ҳам мепараду ҳам дар роҳ мегардад?

Читать полностью…

Ирфон🎩

asiaplustj.info/tj Ҳушдор аз гармтарин сол дар таърихи инсоният: яке аз солҳои 2021

Читать полностью…

Ирфон🎩

Дар бораи тахфифҳои ғайриоддӣ

1) Канада як кишвари хунукест, ки мо медонем. Яке аз тарабхонаҳо дар ин мамалакат тахфифи аҷоиберо ҷорӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳарорати ҳаво гармтар шавад, тахфиф баландтар шавад. Масалан, имрӯз +5 дараҷа гарм аст, яъне тахфифи ба даст овардаи шумо низ 5% -ро ташкил медиҳад. Аммо агар рӯз хунук шавад, нарх изофа намешавад :)

2) Боре нашриёти итолиёвии Монаддори 30% тахфиф эълон кард. Плакати таблиғотие, ки инро ифода мекард, эҷодкорона буд - дар плакат китобҳои гуногун ҷой дода шуда, 30% аз номи онҳо хориҷ карда шуданд. Масалан, "2.1 мушкетёр", "70 соли танҳоӣ" ё "1388.8" (асари "1984").
Тасаввур кунед, ки агар мо ҳамин тахфифро медоштем, чӣ гуна мешуд: "700,7 шаб", "2.1 нозанини Шарқ", "Алибобо ва 28 роҳзан"...

3) Тахфифҳои ширкати Burger King, ки бо сиёсати маркетингии худ фарқ мекунанд, боз ҳам таъсирбахштаранд. Агар шумо ба ягон ресторани McDonald's, ки рақиби асосии Burger King мебошад, рафта маҳсулоти Burger King-ро аз он ҷо фармоиш диҳед, лазизтарин маҳсулоти Burger King - воппер бароятон пешниҳод мегардад))

Читать полностью…

Ирфон🎩

Эҳсон дар Аврупо

Моҳи майи соли гузашта, яъне дар авҷи карантин як миллиардери аврупоӣ барои кӯмак ба инсонҳои камбизоат эҳсон ташкил кардааст. Ӯ дар яке аз ҷойҳои ҷамъиятӣ 100 млн евро монда, тақсими пулро ба ӯҳдаи худи одамҳо гузоштааст.

Эътибор диҳед, роҳгузарон бе ҷангу ҷанҷол бо пули хайршуда домонашонро пур накарда, танҳо маблағи барои рӯзгузаронӣ зарур бударо гирифта истодаанд.

Одатан аврупоиҳоро танқиду сарзаниш мекунем, аммо баъзе рафтори мардуми худамон ошкор месозад, ки аз маданияти онҳо асрҳо қафо мондаем.

Читать полностью…

Ирфон🎩

Иқтисодчиҳо калимаи "рушд" (growth)-ро хеле дӯст медоранд. Маънои аслии сухани "иқтисодиёт нисбат ба соли гузашта -0.8 фоиз рушд кард" 0.8 фоиз паст шудани иқтисодиётро мефаҳмонад.

👉@TajEducation07

Читать полностью…

Ирфон🎩

Соҳибкорӣ дар муддати вақти дароз ташаккул меёбад. Ҳоло манбаи асосии ин фаолият маҳсули меҳнати фикронӣ, яъне захираҳои номоддӣ аст. Барои мисол ба ширкатҳои муваффақтарин ва фаолияти онҳо таваҷҷӯҳ кардан кофист:

Amazon
мағоза надорад,
Uber автомобил надорад,
Facebook контент надорад,
Alibaba бор надорад,
Аirbnb мулки ғайриманқул надорад,
Booking меҳмонхона надорад,
Bitcoin купюра надорад,
Netflix ТВ-канал надорад.

Инчунин каналҳои телеграмро ҳам, ки имрӯзҳо дар мо ҳам паҳн шуда истодаанд, ба ин рӯйхат ворид намудан мумкин аст. Зеро онҳо ба манбаи даромади воқеӣ табдил ёфта истодаанд, аммо дар асл, бо дастрас намудани молҳои мавҳум (ахборот) машғуланд. Яъне ки маҳсули меҳнати зеҳнӣ ҳастанд.

Шумо ҳам дар бораи платформаи молҳои бофта як андеша кунед. Бизнеси замонавӣ дар асоси савдои молҳои мавҷуднабуда бунёд шуда истодааст.

Манбаъ: @iqtisodplus
👉 @TajEducation07

Читать полностью…

Ирфон🎩

Имрӯз – 5-март, аз вафоти Иосиф Сталин 68 сипарӣ гашт.

Сиёсатмадори украин, роҳбари ҳаракати қрим-тотор Мустафо Ҷалилов дар бораи овони хурдияш менависад:

Дар ёдам ҳаст. Рӯзе ҳамсинфам ба дарс пиёз овард (маҷбуран овардааст). Баъд мо ҳам фаҳмидем, ки ҳамон рӯз "даҳои бузург" – Сталин фавтидааст. Мо бачаҳо аҳамияти ин воқеаро дарк накарда бошем ҳам, лек дар "маросими ашкрезӣ" нагиристанамон оиламонро ба азобҳои номаълум дучор карданашро медонистем. Аз ин рӯ, ба чашмонамон пиёз молида ашк резондан даркор буд...

———

Мафҳуми шахспарастӣ дар асри гузашта барои даҳҳо мамлакатҳо симои мафкураи миллиро дар худ касб карда буд. Дар он давре, ки зиёди вакилони забардасти мамлакатҳои гуногун нобуд гаштанд ва хуни бегуноҳон ба замин рехтанд – даври тарсӣ оммавӣ ном ба ҳисоб мерафт ва дар марказ танҳо ақидаи "тарсонда соҳиби ҳурмат шудан" ҳукмфармо буд. Ин мисоли хурдест дар бораи ташаккули ин масъала ҳатто дар кӯдакӣ.

Шукрона ки ин давр дар пас монд. Аммо психологияи баъзеҳо ҳоло ҳам дар солҳои 50-ум боқӣ мондааст. Касеро ҳурмат кардан, барои ӯ қарсак задан, аз суханҳояш иқтибос овардан на ҳамавақт маънои дӯст доштани он шахсро ифода мекунад. Шояд ин аз таъсири тарс ҳам бошад.
Манбаъ: @iqtisodplus

👉 @TajEducation07

Читать полностью…

Ирфон🎩

Соли 1518 эпидемияи вабои рақс паҳн шудааст, дар натиҷа тақрибан 400 нафар беихтиёр то дами марг рақс кардаанд.

#ҷолиб 👉 @TajEducation07

Читать полностью…

Ирфон🎩

Намунаҳои радшудаи манораи Эйфел

Читать полностью…

Ирфон🎩

📹 Психологический эксперимент, смотрите!!!
👤 #Psyonline

This material may be protected by copyright. massbots/r1oh2ppur">More details. If this material infringes your rights, please report: sy.tgbot@gmail.com

@SaveYoutubeBot: 📹480p

Читать полностью…

Ирфон🎩

" Аз Андулисияи мусулмонҳо ба мо 30 китоб мерос монд. Ҳамон китобҳоро хонда, муваффақ шудем, ки атомҳоро тақсим кунем. Агар мо ним миллион китоби сӯзондагиамонро, ки ба тамаддуни ислом тааллуқ доштанд, боқӣ мегузоштем, чӣ мешуд?
Воқеан, агар ҳамон китобҳоро намесӯзондем, ҳоло дар байни галактикаҳо сайр карда мегаштем."
©Пйэр Кюри

👉 @TajEducation07

Читать полностью…

Ирфон🎩

Рӯйдодҳои соли 2021

#happeningsofthisyear #2021

👉@TajEducation07

Читать полностью…

Ирфон🎩

❗Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки рӯзҳои 15-18-уми сентябри соли 2021, дар шаҳри Душанбе баргузории ҷаласаҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар назар дошта шудааст.

🚖 Бинобар ин ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбонҳои А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ ва кӯчаҳои Айнӣ - А.Дониш маҳдуд карда мешавад🚦

🛣️ Аз ин лиҳоз, аз шаҳрандон хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳои мазкур аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.

🚕 Инчунин аз сокинони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки безарурият бо воситаҳои нақлиёт ба шаҳри Душанбе ворид нашаванд.

РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать полностью…

Ирфон🎩

https://kitobz.com/index.php?route=product/special&sort=ps.price&order=ASC

Читать полностью…

Ирфон🎩

🦋🦋🦋🦋🦋🦋🦋🦋
Аллоҳ зи раҳматаш шодӣ хост ба ту
Дар олами қалб ободӣ хост ба ту
Дар иди муслимон аз шарри муҷримон,
Аз васвасаи шайтон озодӣ хост ба ту
🦋🦋🦋🦋🦋🦋🦋🦋
Ҳамаи мусалмонони Тоҷикистон ва ҷаҳонро бо фарорасии иди Адҳо аз самими қалб табрику таҳния намуда, аз Парвардигор илтиҷо мекунам, ки умрамонро пурбаракат ва макони охирамонро Ҷаннат кунад.
🐏Қурбониҳои бериёи моро ба даргоҳаш қабул намояд.
🌿🌿🌿

Читать полностью…

Ирфон🎩

Мухтасар дар бораи моҳи майи соли 2021

#happeningofthismonth #May

Читать полностью…

Ирфон🎩

Ассалому алейкум.

Он ҳиссиёте, ки ҳоло аз сар гузаронида истодаам, бо 35 ҳарфе, ки дар саҳфакалидам (клавиатура) ҳастанд, баён карда наметавонам. Аммо ҳаминаш аён аст, ки шумо ҳам ҳамин ҳиссиёти таърифнопазирро аз сар гузаронида истодаед.

Имрӯз рӯзи шодӣ аст, пас шод бошед, ғаму ғуссаро фаромӯш кунед ва агар бо касе алоқаро канда бошед, имрӯз айни муддао аст, ки бо ҳам оштӣ шавед. Бовар кунед, онҳо ҳам интизоранд, ки бо Шумо алоқаро хуб кунанд.

Дар паноҳи Худо😉

Читать полностью…

Ирфон🎩

Дилгирӣ ё мондагӣ Шуморо азоб диҳад, пас ба Шумо ин ботро тавсия медиҳам. Вақтатонро бо шариконатон ва телеграм хуш гузаронед. Дар бозӣ бояд Шумо бурд намоед;)

@inlinegamesbot

Читать полностью…

Ирфон🎩

asiaplustj.info/tj Нархҳоро бо фишор овардан танзим карда намешавад: иқтисоди

Читать полностью…

Ирфон🎩

Дар бизнес нахуст фалсафа, баъд пул нақш мебозад.

Нақши асоситарини ҳаргуна бизнес ин ҷавоб ба саволи "Чаро ман айнан ҳамин бизнесро пеш мебарам?"-аст.

Умуман, ин қоидаро дар ҳаргуна ҳолат истифода бурдан мумкин аст. Ман кӣ ҳастам ва дар ин бизнес чӣ кор дорам ё ин ки ҳамин кор ба ман лозим аст? – ин саволро инсон бояд ҳадди ақал дар як рӯз як бор аз худаш пурсад.

Намунаи мукаммалтари ҳамин саволро Стив Ҷобс ҳар рӯз ба худ медодааст, яъне:
"Агар ба ман умри дуюм дода шавад, ман шуғли ҳоло карда истодаамро такрор мекардам?

Агар ҷавоб "бале" бошад, пас роҳи дурустро интихоб кардаед, агар "не" бошад, бояд коре кунед, ки "ҳа" гуфта тавонед.

Тасаввур кунед, ки хонаи нав бино кардед, онро бо мебелу дастгоҳҳои навтарин муҷаҳҳаз кардед, деворҳоро бо зардеворҳои гаронтарин оро додед, зоҳиран ҳамааш мувофиқи талаб аст, лекин Шумо дар хона нороҳатед ва ором нестед.

Чунки пойдевори хона аз лой аст — аз он нигаронед, ки рӯзе хона ба болои Шумову наздиконатон чаппа мешавад.

Инро дар бизнес ҳам мушоҳида кардан мумкин аст: бизнеси бе фалсафа гӯё хонаи аз лой бунёдшуда аст.

Манбаъ: @tentakminds

👉@TajEducation07

Читать полностью…

Ирфон🎩

Дар ҷаҳон 7174 забон вуҷуд дошта, дар ҳар 2 ҳафта як забон ба забони мурда мубаддал мегардад. Агар забонеро 70%и вакилони ҳамон забон омӯхта истода бошанд, пас он ба забони мурдаистода дохил мешавад
Манбаъ: @xatoliklar

👉@TajEducation07

Читать полностью…

Ирфон🎩

Фарди имондор ва итоаткор то қадре, ки Парвардигораш хостааст омӯхтани илм ва аҳкоми диниро ба худ касб мекунад. Орзӯи муъмин ба камолоти динӣ расидан ва арзандаи роҳати абадӣ (Биҳишт) шудан аст. Илмдӯстон баҳри омӯзиши дин аз роҳи дуруст ҳамавақт дар кӯшишанд, мехоҳанд, ки Худоро амиқтар шиносанд, чунки онҳо муштоқи ҷамоли Ӯ ҳастанд.

Агар Шумо ҳам аз қабили ҳамин гуна одамон бошед, пас ин бот баҳри такомулатон фоидаовар хоҳад буд. Маълумотҳои дар ин бот оварда шуда аз сарчашмаҳои боваринок гирифта шудаанд ва дар бисёр мавридҳо роҳнамои диндорон аст.
Барои маълумоти иловагӣ гирифтан ба бот дароед ва шинос шавед.

@Muslim_simple_bot

Читать полностью…

Ирфон🎩

Барои харидани iPhone 12 Pro (128 GB) чанд рӯз бояд кор кард.

👉 @TajEducation07

Читать полностью…

Ирфон🎩

asiaplustj.info/tj Кумитаи забон ахиран тарҳи тағйири номи рутбаҳои

Читать полностью…

Ирфон🎩

🍟Роликҳои рекламавии шавқовар ҳамеша харидоронро ба худ ҷалб мекунанд.

Дар ин намои хандаовар падаре, ки чипсиҳои "Doritos"- ро тановул карда истодааст, ба фарзанди ҳоло таваллуднашудааш чипси таклиф мекунад ва давомашро худатон тамошо кунед...😁

👉 @TajEducation07

Читать полностью…

Ирфон🎩

Дар осмон парвоз карданро дӯст медоред?

Тибқи гуфтаи рӯҳшиносҳо инсон ҳадди ақал 30% умрашро бо орзу кардан мегузаронад. Баъзеҳо аз ин ҳам бисёртар вақтро бо ин машғулот мегузаронанд, ки ин он қадар ҳам бад нест. Мувофиқи таъкиди тадқиқотчиён, одамоне, ки орзу карданро дӯст медоранд, қоидатан, бисёр фикр мекунанд ва мушкилиҳои гуногунро осонтар ҳал мекунанд.

#fact 👉 @TajEducation07

Читать полностью…
Subscribe to a channel